Номаи табрикии ИНТ ба Ҳақназар Ғоиб

 Номаи табрикии ИНТ ба Ҳақназар Ғоиб

Муҳтарам Ҳақназар Ғоиб!

Шумо дар радифи шоирони ҷавони кӯшову тозанафасе, ки охири солҳои шастуми асри гузашта вориди адабиёт шуданд, бо нахустин қаламиҳои пурҳарорат аз худ дарак додед ва таваҷҷуҳи гавҳаршиносро ба сӯи хеш ҷалб кардед. Устодон Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муъмин Қаноат ва Убайд Раҷаб бо хондани аввалин шеърҳои Шумо истеъдодатонро шинохтанд ва дарёфтанд, ки шоире бо ояндаи равшан ба арсаи шеър омадааст. Бо инояти ин устодон намунаҳои аввалини ашъоратон дар маҷаллаи бонуфузи «Садои Шарқ» ба табъ расиданд ва роҳи минбаъдаи эҷодии Шуморо ҳамвор намуданд.

Фаъолияти Шумо баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ (1960) ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1966) аз омӯзгорӣ шуруъ шуда, баъдан бо роҳи рӯзноманигорӣ идома ёфтааст. Ҳамчун раиси Кумитаи радио ва телевизиони вилояти Кӯлоб (аз соли 1974 то 1981) барои пешрафти ин соҳа ва густариши доираи маърифати мардуми вилоят хидматҳои босазо кардаед ва пояҳои рӯзноманигории касбиро дар он минтақа мустаҳкам намудаед.

Баъдан фаъолияти Шумо ба ҳайси котиби масъули бахши Иттифоқи нависандагон дар вилояти Кӯлоб (то соли 1989) вусъати бештар ёфт. Маҳз дар ҳамин давра, ба баракати талошҳои пайгиронаатон ҳавзаи адабии Кӯлоб мустаҳкам шуд ва ба мазҳари истеъдодҳои тозаву дурахшон табдил ёфт. Ҳамчун сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» (1990-1993) ва сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» (1993) барои рушду равнақи соҳаи матбуоти вилоят саҳми чашмрас гузоштаед ва шогирдони зиёдеро ба камол расонидаед.

Аз соли 2002 то ин замон бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб таҳти роҳбарии Шумо фаъолияти пурбор дорад ва як зумра шоирони ҳунарманду боистеъдодро ба хонандагон муаррифӣ кардааст.

Шумо аз ҷумлаи шоирони пуркору пуртакопӯ ҳастед ва то кунун бештар аз 30 китоби шеъратон ба дасти хонандагон расидааст. Мунаққидону адабиётшиносон мазмуну ғояи баланди ватандӯстӣ, рӯйкард ба рӯзгори содаи мардум ва тавсифи арзишҳои волои миллиро аз муҳимтарин вижагиҳои эҷодиётатон донистаанд ва ба Шумо ҳамчун ба шоири ватанпарасту мардумдӯст баҳои арзанда додаанд.

Ин сифатҳоро маҷмуаҳои ашъоратон – «Тӯшаи роҳ» (1972), «Рамзи ҳаёт» (1976), «Нигоҳи гарм» (1981), «Зинароҳ» (1983), «Атри гиёҳ» (1985), «Чашми саҳар» (1989), «Эҳёнома» (1991), «Барги сабзи ишқ» (1995), «Дардномае ба миллат» (1996), «Суруши Хатлон» (1998), «Ашки Офтоб» (1999), «Таронаҳои маҳтобї» (2001), «Аз қафои шишаи борон» (2002), «Хаймаи нур» (2004), «Сарнавишт» (2005), «Нафас то бар нафас овози вақт аст» (2005), «Навҳаи Фирдавсї бар марги Рустам» (2007), «Дар бистари нарми гул» (2009), «Муждаҳои ориёї» (2013) ва ғайра ба хубӣ рӯнамоӣ кардаанд. Дар тарҷума низ дасти қавӣ доред ва намунаҳои ашъори шоирони машҳур И.Бунин, И.В.Гёте, Е.Евтушенко, С.Есенин, Г.Абашидзе, Э.Межелайтис, Н.Баратинский, А.Мухтор, Махдумқулӣ, Я.Колас, А.Орифов ва дигаронро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаед. Ашъоратон низ бо забонҳои гуногун тарҷума ва берун аз кишвар нашр шудаанд.

Шеърҳои бисёратон дар иҷрои сарояндагони машҳур, аз ҷумла Одина Ҳошим, Нигина Рауфова ва дигарон ба сурудҳои писандидаи мардум табдил ёфтаанд ва пайваста аз радиову телевизион садо медиҳанд.

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакї (2000), Ҷозаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (1989), Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин (2013), унвони Шоири халқии Тоҷикистон (1996) ва аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед.

Ҷашни фархундаи 80-солагиятонро шодбош гуфта, ба Шумо сиҳатмандии комил ва рӯзгори хуш таманно мекунем.

                                                                 РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо