САМАД ВАЛӢ

 САМАД ВАЛӢ

ВАЛӢ САМАД 20 январи соли 1936 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара зода шудааст. Соли 1956 Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом, соли 1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, нахуст ба ҳайси референти Ҷамъияти «Дониш»-и вилоят, сипас ба сифати муаллими донишгоҳи мазкур фаъолият бурдааст.

Соли 1964 вориди аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, курси асосиро дар шуъбаи робитаҳои адабии Институти адабиёти ба номи Низомии АИ Озарбойҷон гузаронида, соли 1976 дар мавзӯи «Масъалаҳои умдаи пайванди адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Муаллифи 15 рисола ва 350 мақола доир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбек мебошад.

Китобу рисолаҳои «Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX» (ба забони русӣ; Боку-Душанбе, 1975), «Пайвандҳои адабӣ – омили муҳимми рушди адабиёт» (1976), «Тӯшаи ҳамдилӣ» (1989), «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал» (1992), «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар Қафқоз» (Теҳрон, 2000), «Дурахши як ахтари сӯзон» (ҷ.1, 2001; ҷ.2, 2013), «Бозгашт ба Ироншаҳр» (Ереван, 2003; дар ҳаммуаллифии Вика Аракелян), «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский» (2004, 2005), «Меҳрнома» (бахшида ба ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ; Теҳрон 2007) аз беҳин дастовардаҳои илмию адабии Валӣ Самад буда, рисолаи охир сазовори Ҷоизаи ҷаҳонии «Китоби сол»-и ҶИ Эрон (2005) гардидааст. Ҳамчунин, китоби мазкур дар «Озмуни дувуми байналхалқии давлатҳои муштаракулманофеъ дар боби фарҳанги китоб (Маскав, 9 сентябри 2005) сазовори дипломи дараҷаи 3 гардида, соли 2012 ба хатти форсӣ дар Теҳрон чоп шуд.

Валӣ Самад узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ (аз июли 1989), узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон (аз октябри 1993), узви ифтихории Ассотсиатсияи ховаршиносони Арманистон (аз марти 2003), узви раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон (аз марти 2003), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Эрон, 2000) ва маҷаллаи «Адаб» (Тоҷикистон, 2001) мебошад.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Валӣ Самад 24 октябри соли 2019 дунёро падруд гуфт.

Дигар хабарҳо