Тамаддуни беназири зеризаминӣ
Александр ПРОХАНОВ
Ҳангоми танаффуси фоҷиавӣ кишваре арғувонӣ барҳам хӯрд, ҷангҳо сар заданд, халқҳои аз дарду ғам ақлбохта ба ҳам дарафтоданд, заводҳову лабораторияҳои илмӣ нобуд шуданд, таҷрибаи бебаҳои бародарии умумихалқӣ аз даст рафт.
Имрӯз, баъди ин танаффуси фоҷиавӣ, Тоҷикистон сохтмони нави бузург – Неругоҳи барқи обии Роғунро ба анҷом мерасонад. Он аз Норак муқтадиртару дилработар аст. Сарбанди сарбафалак қуллаҳои кӯҳсори атрофро ба ҳам мепайвандад, пеши роҳи Вахши саркашро мебандаду қувваи белаҷоми онро ба қаъри кӯҳҳо, ба он ҷое равона месозад, ки таркишҳо ба амал меоянд, корвони беохири самосвалҳо равонанд, экскваторҳо дилу ҷони кӯҳҳоро рӯи каф меоранд, дар толори мошинҳо аллакай насби агрегатҳои олиҷаноб сурат мегирад, ҳазорон километр кабелҳо хобонда мешавад, чашмони шишагии ҳазорон таҷҳизоти гаронбаҳо медурахшанд.
Кӯҳсор пур аз садо, саршори ҷӯйбори кафшери барқӣ, ларзиши вибраторҳои бетонбур, ашхоси бешумори кулаҳхудҳои сафед бар сар аст. Дар ин нақбҳо ҳаракат карда, ҳадафи бузурги неругоҳро пай мебарӣ. Мекӯшӣ бифаҳмӣ, ки ин нақбҳои бешумор ба куҷо тӯл мекашанд, кадомаш аз об саршор мегардаду қад-қади кадомаш рагҳои мисин мегузаранд, сар-сари дасти кадомаш ба неругоҳ агрегатҳои нав ба нав оварда мешаванд.
Дар ин ҷо тамаддуни беназири зеризаминӣ бунёд меёбад. Дар ин ҷо устураи афсонавие умри дубора меёбад, ки тибқи он гӯё дар маркази Замин паҳлавонони қавиҳайкале зиндагӣ мекунанду ба хоки мурдаи Замин ҷон мебахшанд.
Ин неругоҳ ҳосили азму нияти бузургест. Он қудрати ҷаҳонии созандагӣ дорад. Неруи бузурги об – обшавии яхҳои кӯҳӣ, селборонҳо, ҷӯю рӯдҳои зеризаминиро зоҳир мекунад он. Об гоҳ хушк мешаваду гоҳ дар сурати сел ҷорӣ мегардад. Кӯҳҳо гоҳ дар сурати талу пуштаҳо сар мекашанду гоҳ ба ҷарҳо сарнагун мешаванд, аз зилзила дар худ меларзанд, дар сурати анбӯҳи ҷинсҳои кӯҳӣ бо ғарамҳои реги ларзону қабат-қабат намаки нозуку камҷон ба зуҳур меоянд. Ин падидаҳоро хирад ба ҷилва овардааст, хираде, ки баҳрҳои сунъӣ бунёд намудаву кӯҳҳои дастсоз барпо кардааст, хираде, ки бо неруи механизмҳои гаронбаҳо ин падидаҳои беруҳро ба сели ҷараёни барқ табдил медиҳад.
Неругоҳи барқи Роғун бо ҳусни содаву сохти мураккабаш мафтун месозад. Ҳазорон бинокорон, рӯзу шаб заҳмат кашида, ин ҳусну неруро меофаранд. Ин неругоҳ натанҳо зебоии табиатро дигаргун карда, натанҳо рамзи техносфераи бунёдкор аст. Ин неругоҳ рамзи пирӯзӣ бар қудрати харобкори ҷанг, кинаву адоват, тираақливу хирадбохтагист. Дар ин ҷо, дар пешу паҳлуи Роғун, ҷанги мудҳиши шаҳрвандие оғоз ёфт, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ тире ба дилу ҷони Тоҷикистон буд. Дар ин ҷо, дар пеши чашми Роғун, исломиҳо парчами исён боло карданд. Дар ин ҷо бародаркушӣ сар шуд, хуни аввалин рехт. Дар ин ҷо тӯпҳо бонг заданду танкҳо ба хазидан шуруъ намуданд. Аз ин ҷо исломиҳо ба Душанбе ҷиҳод сар карданд ва раҳбараҳ шаҳру боғҳоро сӯхтаву пулу сарбандҳоро тарконданд.
Ин неругоҳ рамзи пирӯзӣ, пайкараи қурбониён, аломати оштиест, ки халқи даҳшати бародаркуширо аз сар гузарондаро боз ба ҳам овард. Ин неругоҳ сохтмони ҷаҳонист, лоиҳаи онро муҳандисони бузурги шуравӣ сохтаанд, фаронсавиҳову италиявиҳову олмониҳову эрониҳо саҳм гузоштаанд. Дар ин ҷо мошинҳои Японияву Олмону Беларус ва Чин машғули коранд. Дар ин ҷо аврупоиҳову осиёиҳо заҳмат кашида, тифли нозанини фардосозеро баноз мепарваранд.
Ин неругоҳро тамоми халқи тоҷик месозад. На сарватмандону на ширкатҳои хусусӣ. Ин сохтмони умумихалқист. Сокини дурдасттарин деҳаи мамлакат ҳам як-ду ва ҳатто даҳ саҳмияе дорад, ки ӯро соҳибмулки неругоҳ месозад. Ин кори бузургу деринтизорест, ки бою камбағал, ҷавону пир, диндору даҳриро ба ҳам пайваст. Он кори муқаддас аст ин неругоҳ, ки мардум дар он некуаҳволии худ, амалишавии орзӯҳои неки деринаи хешро мебинад.
Неругоҳ давлатҳои ҷавони Осиёи Марказиро, ки аз дилу ҷони империяи шуравӣ пайдо шудаанд, ба ҳам қарин месозад. Кишварҳое, ки гоҳ-гоҳ дар байнашон оташи носозиҳои қадимаи гӯё батамом хомӯшшуда аз нав аланга мезанад. Давлатҳое, ки тухми нобоварӣ дар вуҷудашон сабз асту ба комёбиҳои бародарони дирӯзаашон ба ҳасад назар мекунанд. Давлатҳое, ки зери таъсири ҳамсояҳои қудрат- манду айёри хеш қарор доранд.
Шукри Худо, ки он замонҳо гузаштанд. Роҳбарияти нави Ӯзбекистон бо далелҳои тоҷикон, бо ҳисобу китоби гидрологу муҳандисон розӣ шуданд, ки обанбори Роғун оби яху боронҳоро ҷамъ ва дар давраи гармо оби барзиёдро оқилонаву тибқи нақша ба маҷро тавре равона мекунад, ки ҳам кори пурмаҳсули неругоҳҳои поёноб таъмин мешаваду ҳам ҳазорон гектар заминҳои нави Ӯзбекистон бо об таъмин. Тибқи ҳисобу китоби гидрологҳои тоҷик қисми ин об, аз ҷӯю обанборҳои ӯзбекон ҳам гузашта, ба Қазоқистон мерасад, баҳри ҷафокашидаи Аралро, ки дар пеши чашмон мехушкад, шодоб сохта метавонад.
Неругоҳи Роғун сохтмони президентист. Он фарзанди дӯстдоштаи Президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Вай онро чун ёдгории давраи давлатдории хеш бунёд мекунад. Президент аз тамоми дунё бинокорону муҳандисонро ҷамъ оварда, корро тавре ба роҳ мондааст, ки барои бунёди неругоҳ ягон доллари қарз сарф намешавад. Ҳама пулу воситаҳо тоҷикианд, онҳоро халқи Тоҷикистон ҷамъ кардааст. Ин халқ гоҳе аз баҳри чизҳои барои хеш бисёр зарур мегузарад, то ки неругоҳи беназирашро бисозад.
Президент Эмомалӣ Раҳмон пешвои маънавӣ ва сиёсиест, ки дар байни сӯхтори ҷанги шаҳрвандӣ тавлиду ташаккул ёфт, он оташи хонумонсӯзро хомӯш карду кишварро аз панҷаи хунини тундгароёни ақлбохта раҳонд. Ба ғолиби қасдгир табдил наёфт ӯ, балки халқашро барои бунёди кишвари нав муттаҳид намуд, пойтахти он – Душанберо ба шаҳри дилрабои донишгоҳҳову китобхонаҳову осорхонаҳо табдил дод.
Дар замони Эмомалӣ Раҳмон камонҳо хомӯш шуданд, бо амри ӯ кӯҳдоманҳои сӯхта ба токзору себзору гелосзор мубаддал гардиданд. Пешвои халқ тамоми кишварро бо роҳҳои олиҷаноб камарбандӣ кард, аз синаи кӯҳҳо нақбҳое бунёд намуд, ки деҳаҳои дурдасттарину душворгузартарини то ним сол аз одаму олам кандаро бо марказ пайвастанд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон артиши тоҷикро месозад, ки ҳа- мроҳи қӯшунҳои Созмони шартномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) ва пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия натанҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказиро, ки тундгароён ба он дандон тез мекунанду орзуи боз ғарқи хун диданашро доранд, муҳофизат менамояд.
Сохтмони Роғун орзуи тоҷи- кон дар бораи кишвари шукуфон, ҷомеаи серу пури одилона, мафҳумҳои олиест, ки ҳамеша ҷавҳари фарҳанг, шеър ва мусиқии тоҷикро ташкил медод.
Худо хоҳад, ин сохтмон ба анҷом мерасад, турбинаҳои муқтадир садо баланд мекунанд, нур фаввора мезанад, нуре, ки шоирону паёмбарони бузург пешгӯӣ намудаанд, нури эҳтироми беназире, ки халқи тоҷик ба равшаниву сафову бунёдкорӣ дорад.
Тарҷумаи Сурайё АҲМАДЗОД