Барои нақди созанда

 Барои нақди созанда

(Гузориши Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон)

Рӯйдоди таърихии даҳаи охири қарни бистум ва муяссар гардидани Истиқлоли давлатӣ барои ба миён омадани андешаи тоза, боло рафтани ҳисси худшиносӣ, омӯзиши амиқи таърихи гузашта, арҷгузорӣ ба фарҳангу суннат ва ташаккулёбии тафаккури миллии мо заминаи мусоид фароҳам овард. Нависандагони даврони Истиқлол имкон пайдо карданд, ки рӯзгори пешину имрӯзро бо диди наву тоза омӯзанд ва дар осори хеш таҷассуми бадеӣ бахшанд.

Вазъи нақди наср

Дар нимаи дуюми даврони соҳибистиқлолӣ чанд асари арзишманд ба нашр расид, ки романи «Ҳайҷо», «Дар ҳасрати кори ҳалол»-и Ӯрун Кӯҳзод, романҳои «Достони писари Худо», «Туғрал», «Зӯза», «Шаҳрбону», “Даричаи дил”- и Сорбон, романи “Садама ё Достони як марди саргардон”, ҳикояву қиссаҳои “Зимистони умр”, “Ҳасрат”, “Эътироз”-и Саттор Турсун, ҳикояҳову қиссаҳои “Чароғи дил”, “Асрори Хоҷамуъмин”, “Мистер”, романи “Гардиши девбод”-и Абдулҳамид Самад, романҳои “Марги бегуноҳ”, «Моҷарои зиндагӣ», “Ишқи сархӯр”-и Кароматулло Мирзо, романи «Бармакиён», қиссаҳои «Тӯфони Нӯҳ», «Ишқи Рӯдакӣ»-и Равшани Ёрмуҳаммад, “Ҳастӣ ибрат аст”, “Аз нишебӣ то фарозиҳо”, “Ормон”-и Муҳиддин Хоҷазод, қиссаву силсилароманҳои «Ангораҳои Бухоро», «Камбуҷия» ва «Дорои Бузург», «Куруш ва Томирис», “Искандар ва Спитамен», «Рухшона», “Нимароҳи аъроф”-и Бароти Абдураҳмон, ҳикоёти “Сармаддеҳ”, романи «Шоҳаншоҳ»-и Баҳманёр, романҳои “Шинак”, “Киштии Нуҳ”-и Юнус Юсуфӣ, қиссаи “Сагоҷак” ва романи сеҷилдаи “Саройи Санг”-и Ато Мирхоҷа, қиссаву ҳикояҳои “Пули сирот”, «Дили модар», “Лавҳи сангин», «Муҷозот”, “Шабе дар замини бетараф”-и Равшани Махсумзод, қиссаи «Шаби душвор», романи «Оташ дар хонаи қадим»-и Мирзонасриддин, романҳои «Умеди вопасин», “Қасами Гипократ”- и Маъруф Бобоҷон, “Қиссаи падару писар”, “Чакомаи кӯҳистон”-и Шераки Ориён, романи “Нигина ва Мирмалик”-и Додохони Эгамзод, романи “Спитамен”- и Ато Ҳамдам, романҳои «Ориёно 3. Сад соли ғазаб» (бо ҳаммуаллифии М.Карим), «Дар ҷустуҷӯи Ай Қю», қиссаи «Дар орзуи писар»-и Ҷумъа Қуддус, романи “Кайфар”, “Авҷи дилҳо — меъроҷи ман”-и Диловари Мирзо, қиссаи “Темурмалик”, романи “Хирс”- и Маҷид Салим, маҷмӯаи ҳикояҳои «Вақти гули зардолу», “Бачаи лалмӣ”, “Моҳмомо”, «Балогардон», «Макрӯҳ», «Шаби 13-ум…»-и Анвар Мирзоҳакими Олим, романи “Вахш”-и Саидаҳмади Зардон ва ғайра аз ин шуморанд. Тавре маълумоти фишурдаи оморӣ нишон медиҳад, нависандагони мо дар давраи мавриди назар аз иҷрои рисолати хеш то ҷое баромадаанд.

Дар давраи мавриди назар мунаққидону адабиётшиносони мо ба мисли Атахон Сайфуллоев, Худоӣ Шарифзода, Ҷӯрахон Бақозода, Юсуф Акбарзода, Худойназар Асозода, Абду- холиқ Набавӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Қодири Рустам, Сайфуллои Муллоҷон, Шамсиддини Солеҳ, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Матлубаи Мирзоюнус, Замира Улмасова, Хуршеда Ҳошимова ва дигарон ҳусну қубҳи осори насриро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, назари худро дар шакли мақола ва ё китоби алоҳида ироа доштанд. Дар тақвияти ин нукта метавон аз китобҳои Атахон Сайфуллоев «Уфуқҳои тозаи наср» (дар 3 ҷилд) ва Абдухолиқ Набавӣ «Ҷусторҳо ва ибтикорҳо дар наср» ном гирифт, ки дар онҳо натанҳо масоили нақду адабиётшиносӣ, балки осори даҳҳо нависанда мавриди таҳлилу тафсир қарор гирифтааст ва ин китобҳо метавонанд барои мунаққидони оянда ба сифати як дастури хеле муҳимму арзишманд хидмат бикунанд. Ҳамчунин дар ин давра дар мавзуи нақд даҳҳо мақола ба нашр расид, ки “Дастоварди тозаи наср”, “Дастоварди эҷодӣ”, “Ҳусну маънии романи иҷтимоӣ ва ахлоқӣ”-и Атахон Сайфуллоев, «Сухан аз адабиёти миллӣ», «Гузашти айём ва арзишҳои ҳунарӣ», «Озурдагон ва умедворон», “Даври печопеч”, “Баррасии як романи Сорбон”-и Худоӣ Шарифзода, «Истиқлол ва инкишофи романи таърихӣ»-и Замира Ӯлмасова, «Ба фикри ман»-и Маъруф Раҷабӣ, « Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» — и Рустам Ваҳҳобзода, «Девори Хуросон» — румони марҳилавӣ дар насри муосир», «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср», “Намунаи шоистаи насри ҷадиди тоҷик”, “Намунаи насри муқовимат”, “Савори аспи сафед”-и Абдухолиқ Набавӣ, «Диди таърихии романнависони имрӯзи тоҷик», “Ғамномаи нависандаи миллӣ”-и Мисбоҳиддини Назриқул, “Ҳамсафари Абдулҳамид ба гузашта”-и Иброҳим Усмонов, «Адабиёт ва шинохти он», «Бозтоби ваҳдат дар адабиёти муосир», “Сарнавишти инсон ва тасвири он”-и Шамсиддини Солеҳ, “Дар марзи дилҳо”-и Боймурод Шарифзода, «Таҷассуми таърих ва руҳи ватандӯстӣ дар насри даврони истиқлол», “Коснӣ ҳам гуле аз гулзор аст” (роҷеъ ба романи “Ҳайҷо”-и Ӯрун Кӯҳзод)-и Сайфулло Муллоҷонов, “Романи мароқангез”-и Сайфулло Маҳкамов, “Саройи санг”- воқеаи муҳими адабӣ”-и Шоҳзодамуҳаммад Маҳмадшерзодшоев, “Саробӯстони маънавии “Саройи санг””-и Ҳоким Қаландариён, “Як паҳлуи вижаи романи “Вахш”-и Мирзохӯҷа Шодиев, “Адиби тозаназар”-и Нурмуҳаммади Одина, “Насри андеша”-и Муҳаммадшарифи Рустам ва ғайра аз ин шумор ҳастанд.

Падидаи ҷолиб дар нақди ин давра он аст, ки гоҳо худи нависандагону шоирон низ ба нақд рӯ оварда, роҷеъ ба осори тозанашри ҳампешагони худ бо навиштани нақду тақриз ибрози назар намуда, дар баробари бурд аз камбудҳо низ гуфтаанд, ки “Достони родмардони кӯҳистон”-и Саттор Турсун, “Дар бораи романи “Саройи санг”-и Ато Мирхоҷа”-и Низом Қосим ва “Садое аз умқи таърих”-и Хушомади Алидод дар мавриди романи сеҷилдаи “Саройи санг”-и Ато Мирхоҷа, “Сарчашмаи меҳру андеша”-и Абдуғаффори Абдуҷаббор роҷеъ ба ҳикояҳои Равшани Махсумзод, “Нависандаи навовар”-и Диловари Мирзо дар мавриди осори Муҳаммадраҳими Сайдар, “Андешаҳои адиб роҷеъ ба ду қиссаи наҷиб”-и Рав-шани Ёрмуҳаммад оид ба қиссаҳои “Як қадам то варта” ва “Аз зулмот ба сафо”- и Сироҷиддин Икромӣ, “Саҳифаҳои пурифтихору андӯҳбор”-и Ато Ҳамдам оид ба китоби Ҷумъа Қуддус (бо ҳаммуаллифии М. Карим) «Сад соли ғазаб», “Дар ҳошияи як қиссаи чопнашуда”-и Сироҷиддин Икромӣ дар мавриди қиссаи “Хонае дар лаби ҷар”-и Равшани Ёрмуҳаммад ва ғайра аз ин қабил аст.

Як кори хайри дигаре, ки дар нақди мо сурат гирифт ва минбаъд низ бояд идома ёбад, ин дар шакли китоби алоҳида ба дасти хонанда расидани нақду тақризҳову мусоҳибаҳои марбут ба ин ё он нависандаамон аст. Метавон гуфт, ки ин гуна китоб натанҳо ҳуҷҷати тасдиқи ҳунари нависанда аст, балки барои мунаққидони ҷавон ҳамчун дастур ва барои пажуҳишгарону муҳаққиқон ҳамчун сарчашмаю манбаъ метавонад хидмат намояд. Аз ин зумра навиштаи Хуршеда Ҳошимова бо унвони “Гардиши девбод” дар нақди адабӣ” роҷеъ ба романи Абдулҳамид Самад омодаи чоп аст. Кароматулло Шукруллоҳӣ дар мавриди осори Сорбон китоберо бо номи “Нависандае, ки ба касе монанд нест” ба дасти хонанда расонид. Ҳамчунин “Шоире аз Сармаддеҳ” китобест бахшида ба нависанда Баҳманёр.

Боиси таассуф аст, ки то кунун нақди тоҷик дар мавриди асарҳое чун “Сакарот”-и Гулрухсор, “Нима- роҳи аъроф”-и Бароти Абдураҳмон, “Шоҳаншоҳ”-и Баҳманёр, “Киштии Нуҳ”-и Юнус Юсуфӣ, “Пойҳо ва рӯйҳо”-и Қодири Рустам, “Кайфар”-и Диловари Мирзо ва даҳҳо асари дигар ҳарфи худро нагуфтааст.

Дар давраи мавриди таҳлил нақди нақд ҳам сурат гирифт ва мунаққидону адабиётшиносонамон Абдуннабӣ Сатторзода (“Асли нақди асил”), Рустам Ваҳҳобзода (“Аслҳои нақди шеъри муосир”), Матлубаи Мирзоюнус (“Чашмандозе ба нақди наср ва мушкилоти нақди адабӣ”), Шодӣ Ҳасани Шарифниё (“Нақди адабӣ — оинаи тамомнамои адабиёт”), Қодири Рустам (“Нақди наср ва ояндаи адабиёт”) роҷеъ ба вазъи нақд ва мушкилоти ҷойдошта дар ин самт фикру андешаҳои худро тавассути ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” иброз намуданд.

Бояд иқрор кард, ки нақди наср дар адабиёти мо айни ҳол дар сатҳи матлуб нест. Борҳо гуфта шудааст, ки нақди осори ин ё он нависанда бештар вақти таҷлили ҷашни солгард ва ё пешниҳод ба дарёфти мукофот сурат мегирад. Ин ба як қоида табдил ёфтааст ва ҳамеша такрор ҳам меёбад. Дар ин ҳол нақди воқеӣ камтар сурат мегирад. Гоҳо чунон таърифу тавсиф боло мегирад, ки як нависандаи сатҳи миёна нобиға муаррифӣ мешавад. Сухани ҳақро дар ин маврид Абдхолиқи Набавӣ гуфтааст: “Дар матбуоти мо намунаҳои тақризи ҷиддӣ, танқиди ба муддао, мақолаҳои таҳлиливу тасвириро дар бораи ҳолати насри муосир мушоҳида намекунем… Ҳоло нақди наср ба баҳои мавридӣ ё мавсимӣ (гирифтани мукофотҳо) ва ё монографияи тавсифӣ табдил ёфтааст, ки дар ҳарду маврид ҷараёни зинда, пуртаҳрик, ҷӯстуҷӯ, комёбиву нокомии нависандаро нишон додан камтар ба назар мерасад”. Барои раҳоӣ аз ин ҳолат Абдунабӣ Сатторзода дар мақо- лаи “Асли нақди асил” чунин пешниҳод мекунад: “Роҳи боътимоди ба касодӣ расондани чунин нақду баррасиҳо ва пешгирӣ аз онҳо танҳо ва танҳо дар таълифи нақди асил ва ташвиқ ва ҳимоят аз ноқидони асил ва фароҳам овардани муҳити созгори илмию адабӣ барои рушди онҳо мебошад”.

Нақди воқеии наср, умуман асари бадеӣ, бар асоси пажуҳиши матни асли як асари мушаххас сурат мегирад ва ҳусну қубҳи онро ошкор намуда, барои беҳбуди он мусоидат мекунад. Аммо, мутаассифона, имрӯз бисёр мақолаҳои баном нақди мо аз суханони умумие иборат ҳастанд, ки ба ҷойи матни як асар метавон матни ҳар асари дигареро дар муҳити онҳо ҷойгузин кард.

Қодири Рустам дар мақолаи “Нақди наср ва ояндаи адабиёт” омили аслии заъфи нақд дар ин давраро дар умум коҳиши таваҷҷуҳи насли ҷадид ба адабиёт ва ба таври алоҳида дар ҳимояти моддӣ ва маънавӣ надоштани нақди адабӣ медонад.

Вазъи нақди шеър

Нақди шеър дар даҳ соли охир бо ҳама нуқсу камол ва фарозу фурудаш фаъол буд ва дар ин замина асарҳое рӯйи кор омаданд, ки бо истинод ба онҳо сатҳу сифати нақди шеърро метавон арзёбӣ кард.

Бештари ин нақдҳо ба сурати тақризу мақола дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – «Садои Шарқ», «Адабиёт ва санъат» ва «Помир» мунташир шуданд. Дар ин давра китобҳои алоҳида, маҷмуаи мақолаҳо дар бораи ашъори шоирони имрӯз низ ба табъ расиданд, ки манзараи умумии нақди шеърро дар ин марҳала бозтоб медиҳанд.

Бо таваҷҷуҳ ба фазои нақди шеър дар ин солҳо, касонеро, ки дар ин росто дастбакор буданд, ба ду даста метавон ҷудо кард: мунаққидону пажуҳишгарони ҳирфаӣ ва шоирон.

Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Абдураҳмони Абдуманнон, Абдушукури Абдусаттор, Юсуф Акбарзода, Аламхон Кӯчарзода, Рустам Ваҳҳобзода, Матлубаи Мирзоюнус, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Мубашшир Акбарзод, Нуралӣ Нурзод, Тоҷибой Султонӣ ва дигаронро метавон аз фаъолони нақди шеър дар давраи мавриди назар ба шумор овард.

Дар ҷилди ҳафтуми куллиёти осори Аскар Ҳаким нақдҳояш фароҳам омадаанд ва қисмате аз онҳо ба давраи мавриди баррасии мо тааллуқ доранд. Ин нақдҳо аз лиҳози касбӣ пухтаву нишонрас иншо шудаанд. Мунаққид равишҳо ва меъёру милокҳои нақди замони шуравӣ ва назариёти имрӯзиро омезиш дода, ки ин ба корҳояш қимати бештар бахшидааст.

Китоби дигаре, ки аз Аскар Ҳаким дар ин давра дастрас шуд, «Сухан аз шеъру адаб» мебошад, ки дар он низ мақолаҳои нақд ва адабиётшиносии муаллиф гирд омадаанд ва бештари онҳо бо ҳамон равиши зикршуда навишта шудаанд.

Аз Абдураҳмони Абдуманнон дар ин давра ду китоб – «Фурӯғи чеҳраҳо» ва «Пиндорҳо ва ингорҳо» ба дасти хонандагон расид, ки дар ҳарду ҳам нақдҳои арзишманде дар бораи вижагиҳои ашъори шоирон Муъмин Қаноат, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ ва дигар шоирон ҳастанд. Мунаққид бештар ба ҷанбаи ҳунарии ашъори ин шоирон диққат дода, хусусиятҳои услубӣ, мавзуӣ ва ҷаҳоншинохтии онҳоро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор додааст. Вижагии дигари нақдҳои Абдураҳмони Абдуманнон чеҳранигории шоирон зимни баррасии ашъори онҳост, ки ин равиш дар нақду адабиётшиносии мо таҷрибаи нисбатан тоза мебошад.

Ҳамчунин, ин мунаққид дар бораи ашъори баъзе шоирон, аз ҷумла Мастон Шералӣ, Камол Насрулло ва Муҳаммад Ғоиб дар нашрияҳои адабиямон мақолаҳо нашр намуда, хусусияти ҳунарии осори онҳоро ба таври мушаххас таҳлилу баррасӣ кард. Мақолаи муфассале, ки аз Абдураҳмони Абдуманнон дар бораи ҳусну қубҳи ашъори як соли ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» интишор ёфт, дорои аҳаммияти хос мебошад, зеро мунаққид дар баробари баршумурдани бозёфтҳои ҳунарии шоирон, айбу нуқси ашъори ононро низ ба таври мушаххас зикр кард. Ба ин навъи нақд имрӯз адабиёти мо хеле ниёз дорад.

Абдунабӣ Сатторзода чун мунаққиди варзида дар ин давра чанд матлабе ба нашр расонд, ки тарзу шеваи таҳлил ва масъалагузорӣ дар онҳо фарқкунан- даанд. Дар тарзу шеваи нақди номбурда меъёрҳои илмии танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ нақши равшан доранд. Мақолаи «Шеъри ҳолат» (дар мисоли ашъори Лоиқ Шералӣ) ва маърузаи илмии А. Сатторзода дар маҷлиси Садорати гузаштаи ИНТ ин назарро метавонад таъйид кунанд. Ҳарчанд дар ин маърӯза ашъори шоирони даврони Истиқлол ба таври гузаро ва иҷмолӣ ва бо овардани пораҳои кӯтоҳ баррасӣ шудаанд, вале дар мавриди ҳусну қубҳ ва сараву сақати шеъри шоирони имрӯз нукоти арзишманд ироа шудааст.

Пажуҳишгар ва шоир Рустам Ваҳҳобзода дар ин давра китобе бо номи «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба табъ расонд, ки нақдҳоеро ба ашъори шоирони муосирамон, аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор ва бархе шоирони имрӯз дар бар гирифтааст. Адиб ба осори устодони назми муосирамон бо нигоҳе тозаву мутафовит нигариста, бештар ба таҳлилу баррасии ҷанбаи милливу ватанпарваронаи онҳо пардохтааст ва чунин натиҷагирӣ кардааст, ки осори ин шоирон аз суннатҳои писандидаи ашъори классикон ва фарҳангу арзишҳои миллии тоҷикӣ обишхур доранд. Дар ин радиф бахусус нақдҳои «Арзиши бадеии осори Мирзо Турсунзода» ва «Ватандори забони модарӣ» (дар бораи ашъори Бозор Собир), чанд мақолаи алоҳида дар бораи ашъори Лоиқ Шералӣ шоёни зикри хос мебошанд, зеро дар онҳо ду навъи нақд – нақди илмии ҳунарӣ ва нақди маърифатӣ даст ба ҳам дода, арзишашонро афзудаанд.

Адабиётшиносон Юсуф Акбарзода, Аламхон Кӯчарзода, Мисбоҳиддин Нарзиқул, Шарифмурод Исрофилниё, Муртазо Зайниддинзода, Ҳафиз Раҳмон, Нурмуҳаммад Одинаев ва дига- рон, ки ашъори бархе шоирони имрӯзро нақд кардаанд, бештар кӯшиш ба харҷ додаанд, ки тавоноиҳо ва бозёфтҳои ҳунарии шоиронро бозкушоӣ кунанд. Дар ин миён нақде аз Мисбоҳиддин Нарзиқул дар бораи шеърҳои Баҳроми Раҳматзод нашр шуд, ки ба меъёрҳои нақди асил мутобиқат дошт ва нуқтаҳои қуввату заъфи шоирро нишон медод.

Ду мушкили умдаи шеъри имрӯзи мо ба ин қарор аст, ки мунаққид дар арзёбии ашъори шоир ба муболиға ва ҳатто ғулувв роҳ медиҳад ва гузашта аз ин, ҳатто дар матни тавсифҳои пурмуболиға намунаҳоеро аз ашъори шоири мавриди нақд манзури хонанда менамояд, ки бисёр заиф ва дорои камбуди фаннӣ ва маънавӣ буда, бар ноогоҳии шоир аз одитарин қоидаҳои шеър ва назм гувоҳӣ медиҳанд. Ба ин восита маълум мегардад, ки худи мунаққид ҳам аз он огоҳ нест.

Чунин ноҳамхонии тавсифу ситоиш бо мисолҳое, ки аз ҷониби мунаққид оварда мешаванд, дар ин давра фаровон нашр шудаанд ва ҳайратовар ин аст, ки бештари онҳо ба нашрияҳои адабии ИНТ роҳ ёфтаанд. Ин омил, бешубҳа, ба раванди рушду инкишофи нақди адабӣ таъсири зиёнбор дорад. Ин гуна сақатро сара, айбро ҳунар ва хазафро гавҳар қаламдод кардани баъзе мунаққидон ду сабаб дорад:

Огоҳии хуб надоштани мунаққид аз воситаҳои фаннии шеър;

Бехабарии ӯ аз махсусиятҳо ва ҳолу ҳавои шеъри муосир;

Бояд гуфт, ки дар тӯли даҳ соли охир шоиронамон дар муқоиса бо мунаққидони касбӣ дар арсаи нақди шеър бамаротиб фаъолтар буданд. Нақди шоиронро дар доираҳои илмӣ нақди завқӣ ё маърифатӣ ном мебаранд. Ин гуна нақд пойбанди меъёру усулҳои илмӣ набуда, ба хонанда дастрастару мафҳумтар мебошад ва барои муаррифии шеъру шоири асил хеле муҳимму корагар аст. Дар ин давра шоирон Гулназар, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Парда Ҳабиб, Салими Зарафшонфар, Муҳриддин Сабурӣ, Баҳроми Раҳматзод, Толиби Луқмон, Сурайё Ҳакимова, Шодӣ Шарифниё ва чанд шоири ҷавони дигар тақризу мақолаҳои зиёд роҷеъ ба ашъо-ри ҳамқаламонашон навишта, вобаста ба зарфияти донишу ҳунари худ ба онҳо баҳо доданд.

Китоби «Растохези сухан»-и шоири зиндаёд Гулназар, «Шаҳписари Хайём» ва «Шеър чист ва шоир кист?»-и Камол Насрулло, «Меҳру сеҳри шеър» ва “Аз ҳақиқат, аз маҳорат, аз ҷасорат”-и Низом Қосим, «Тафаккур ва ҳис дар шеър», «Аз калима то шеър»-и зиндаёд Муҳаммадалии Аҷамӣ ва «Шеър дар мизони ҳунар»-и Муҳриддин Сабурӣ бо дарназардошти тасаллути комил бар назокатҳои ҳунари шоирӣ ва завқи баланди ноқидияшон аз беҳтарин китобҳо дар ин замина маҳсуб мешаванд. Камол Насрулло аз пуркортарин шоиронест, ки дар ин марҳала ашъори шоирони бисёр, аз ҷумла Гулрухсор, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Доро Наҷот, Фарзона, Низом Қосим, Рустам Ваҳҳобзода, Озарахш, Озар, Давлат Сафар ва як гурӯҳ шоирони ҷавонро ба таври муфассал мавриди нақду баррасӣ қарор дод ва маҳорати шоирии онҳоро бар мабнои тасвиргарӣ, таркибсозӣ, маъниёбӣ ва дигар шигардҳои ҳунари шоирӣ матраҳ кард. Ин навъи нақд бар хилофи нақдҳои мавзуиву зоҳирнигарона, хеле муҳим буда, таваҷҷуҳи хонандаро ба шеърият ва бадеияти сухани шоир равона месозад.

Муҳаммадалии Аҷамӣ дар ин давра ду китоби хуби нақд – «Тафаккур ва ҳис дар шеър» ва «Аз калима то шеър»-ро таълиф намуд, ки ҳарду ҳам аз лиҳози тарзу шеваи нақд дар муҳити адабии мо тозагӣ доранд. Маъникушоӣ ва фурӯ рафтан ба рамзу рози калимоту ибораҳо ва бозкушоии ҷанбаҳои отифии шеър аз шеваҳои нақди ин шоир мебошанд.

Китоби «Меҳру сеҳри шеър»-и Низом Қосимро, ки соли 2016 чоп шуд, метавон аз ҷумлаи беҳтарин китобҳо дар заминаи нақди шеър ба шумор овард. Муаллиф дар он қисмати нақдҳое, ки ба ашъори шоирони ҳамзамонамон ихтисос доранд, фошофош айбу иллатҳои ашъорашонро ошкор намуда, аз таърифу тавсифҳои бебунёде, ки бархе мунаққидон ба ашъори заифу камарзиш «арзонӣ доштаанд», бонги изтироб задааст ва мӯшикофона, бо мисолҳои мушаххас беасос будани ситоишномаҳои ин мунтақидонро нишон додааст. Ин навъи нақд низ барои пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби нақди адабии имрӯз хеле муфиду муҳим аст. Вале, афсӯс, ки имрӯз чандон ривоҷ надорад. Ин сабаб шуда, ки танқиди адабӣ ба таърифи адабӣ табдил биёбад.

Низом Қосим вобаста ба ин иллати музмини нақди адабӣ чанд сол пеш возеҳу равшан масъалагузорӣ кардааст, ки ҳоло низ ба дарди мо мехӯрад: «Имрӯз танқиди адабии хоссае доман мегустарад, ки шартан «таърифи адабӣ» ё «танқиди дӯстона» номиданаш ғалат набудагист. Дар ин гуна навиштаҳо ҷойи таҳқиқу таҳлилҳои содаву фаҳмои заминиву дастрасро, ки ҷони нақданд, таърифу тавсифҳои осмонӣ гирифтааст, яъне, як чизи омехтаи андешаҳои адабиву иҷтимоиву сиёсӣ, як фалсафафурӯшии содалавҳона, ки зимнаш китобе ё муаллифе бе асосу бе далел таърифу тавсиф мешавад. Дар чунин навиштаҳо ҳама чиз ҳаст, ҷуз таҳлилу баррасиву баҳогузории воқеиву заминӣ ва бо далелу бурҳони навиштаҳое бо номи шеър, ки хармуҳра ё дур будани онҳоро собит бикунад ва ба ин васила завқи шеърфаҳмии хонандаро такон бубахшад» («Меҳру сеҳри шеър», с. 183). Муҳриддин Сабурӣ аз шоирони ҷавонест, ки дар чанд соли охир бо мақолаҳои хуби танқидияш дар нақди адабии мо ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Ӯ дар бораи ҷараёнҳои номатлуби шеъри имрӯз чун муғлақбаёнӣ, сирқат ва монанди инҳо, ки монеъи рушди шеър мешаванд, чандин нақдҳои хубу ҳирфаие навишт ва бо ҳузури равшани худ қолаби «таърифи адабӣ»-ро, ки чанд соли охир рокиду шахшуда буд, шикаст. Сабурӣ кӯшиш дорад, ки дар корҳои худ аз шеваҳои нақди имрӯзи адабиёти ҳамзабон суд ҷӯяд.

Дар ин самт ҳамчунин шоир Салими Зарафшонфар бо чандин мақолаи танқидии худ роҷеъ ба камбуди осори баъзе шоирон фаъол буд ва бештар ба навоқиси фаннии ашъори шоирон, аз қабили сактаи вазн, заъфи мантиқу таносуб диққат дода, ба ин васила танқиди адабиро аз ҷиҳате қувват бахшид. Шоирони дигар – Парда Ҳабиб, Муҳтарам Ҳотам, Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, Баҳроми Раҳматзод, Шодӣ Шарифниё, Сурайё Ҳакимова, Насимбек Қурбонзода ва Хуршеди Эҳсон низ ба нақди ашъори шоирони имрӯз пардохта, бештар ба нуқтаи қуввати шеърҳои онон ишора карданд ва шеваи нақдашон ба нақди комилу солим наздикӣ дошт. Сурайё Ҳакимова соли 2018 «Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ» ном китобе ба табъ расонд, ки дар он ҷанбаи иҷтимоии ашъори шоирон таҳлилу баррасӣ шудааст. Вале дар баъзе мақолаҳои ин китоб андешаҳои мавҳуме ҳам роҳ ёфтаанд. Масалан, ин тавсифу ситоиш ба мисоли овардаи мунаққид ҳеч созгорӣ надоранд: «…Тасвири аҷиби дорои маънии баланди фалсафӣ дар кӯтоҳсурудаи зер ба мушоҳида мерасад:

Аз шайтон бояд омӯхт

Рисолати буданро!

(«Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ», с. 256) Яке аз заъфҳои нақди шеъри мо бозгӯии одии мазмуни шеър ва танҳо ба мазмуну муҳтавои он диққат додан аст. Дар натиҷаи чунин бархӯрд ба нақд, ҳунари образофаринӣ, тасвиргарӣ, мазмунсозӣ ва дигар аносири халлоқият дар шеъри шоир ношинохта мемонанд.

Мушкили дигари нақди шеър дар давраи мазкур, кам ба нашр расидани яке аз муфидтарин жанрҳои нақд – тақриз мебошад. Албатта, манзури мо тақризи олимона, ноқидона ва мунси- фона мебошад, на тақризҳои дархостӣ ва фармоишӣ.

Вазъи нақди нақд

Пешрафт ва таҳаввули нақди адабӣ, пеш аз ҳама, ба раванди адабӣ, комёбиҳои осори ҳунарӣ вобаста аст. Бояд гуфт, ки дар солҳои охир нақди адабии тоҷик аз баъзе ҷиҳатҳо рӯ ба пешравӣ ниҳод. Адабиётшиносон ва мунаққидон Атахон Сайфуллоев, Худоӣ Шарифов, Юсуфи Акбарзода, Абдунабӣ Сатторзода, Худойназар Асозода, Аскар Ҳаким, Абдухолиқ Набавӣ, Абдураҳмони Абдуманнон, Абдушукури Абдусаттор, Аламхон Кӯчарзода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Кароматуллоҳ Шукруллоҳӣ, Шодимуҳаммад Сӯфизода, Азим Аминов, Шоҳзамон Раҳмонов, Боймурод Шарифзода, Зафари Мирзоён, Рустам Ваҳхобзода, Матлубаи Мирзоюнус, Қодири Рустам, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Шамсиддини Солеҳ, Мубашшири Акбарзод, Рустами Хомарахш ва дигарон ба тадқиқи адабиёти муосир, ҷанбаҳои назарӣ ва амалии он камар бастанд. Дар бисёре аз ин навиштаҳо асарҳои адибони маъруф ва ҷавони тоҷик аз дидгоҳҳои устувори суханшиносӣ нақду баррасӣ гардида, ҳусну қубҳи осори илмиву адабӣ воқеъбинона нишон дода мешавад.

Бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносии ИНТ дар давоми фаъолияти даҳсолаи худ, мавзуъҳои зиёдеро вобаста ба таҳкиму рушди ин соҳаи муҳим бо гузаронидани нишастҳои муҳимми илмиву адабӣ дар ҳамкорӣ бо маҷаллаву рӯзномаҳо ва ниҳодҳои илмиву фарҳангӣ густардаву фарогир ба роҳ монд.

Бояд эътироф кард, ки ба вазъи душвори имрӯза нигоҳ накарда, мунаққидон бори нақди адабиро мувофиқ ба шароиту имконияти дар ихтиёрдошта пеш бурдаанд. Дар даҳ соли охир натанҳо теъдоди асарҳои марбут ба нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, мақолаву гузориш ва нишастҳои илмиву адабӣ вусъат пайдо кард, балки муаллифон ҳам афзудаанд. Агар дар радифи адабиётшиносону мунаққидони варзида дар даҳ соли охир чеҳраҳое чун Нуралии Нурзод, Замира Улмасова, Субҳони Аъзамзод, Баҳром Мирсаидов, Анзурати Маликзод, Хуршеда Ҳошимова, Беҳрӯзи Забеҳулло, Умриддини Нӯшин ва ғайра фаъолияти хуб нишон дода бошанд, аз ҳисоби ҷавонон чеҳраҳое бар ин ҷода қадам ниҳодаанд, ки бо фаъолияти пурҳарорати худ моро ба ояндаи дурахшони нақду адабиётшиносии муосири тоҷик умедвор мекунанд.

Баҳроми Раҳматзод, Алишер Афғонов, Шодӣ Шокирзода, Сурайё Ҳакимова, Толиби Луқмон, Абдуҷалили Амон, Хуршеди Эҳсон, Ҳамза Собиров, Сорбон Азизов ва дигарон аз чеҳраҳои матраҳ дар миёни ҷавононанд, ки майл ба пажуҳишу таҳқиқ ва нақду баррасии осори ҳунарӣ доранд. Муваффақияти ин ҷавонон дар нақду баррасӣ бештар дар он зоҳир мегардад, ки аксарашон шоир ва нависандаанд ва аз назокати қавонини назму наср ба хубӣ воқифанд.

Бахши нақди адабӣ дар давоми даҳ соли фаъолияти худ 205 маҳфили илмиву адабӣ, вобаста ба раванди адабиёти имрӯз ва бурду бохти он баргузор намудааст, ки аз муҳимтаринашон инҳо мебошанд: «Истиқлол ва озодии андеша дар адабиёти бадеӣ», «Истиқлол ва адабиёти кӯдакон», «Қисса: таҳаввулот, пешрафт ва костиҳои он» (соли 2011), «Вазъи нақди адабӣ аз нигоҳи имрӯз», «Таҳаввулот, рушду костиҳои жанри роман дар даврони Истиқлол», «Назаре ба китобҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик», «Ғазали имрӯз: ковишҳо ва тобишҳо», «Инъикоси воқеият дар асарҳои адибон» (соли 2012), «Инъикоси муҳити зист дар осори адибони мустанаднавис дар мисоли бунёд ва истифодаи неругоҳҳои хурди обӣ-барқӣ», «Нақши зан дар осори бонувони носир», «Бурду бохти романнависии тоҷик», «Таърих ва шахсиятҳои таърихӣ дар эҷодиёти драманависони тоҷик», «Аслҳои нақди шеъри муосир», «Истиқлол ва инкишофи драмаи тоҷик», «Ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои эҷодӣ дар жанри ҳикоя», «Робитаҳои фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистону Эрон», «Қисса ва баррасии он дар панҷ соли охир», «Ҳунари қаҳрамонофаринӣ дар осори бадеӣ» (наср, очерк, драма), «Равандҳои ҳаёт ва масъалаҳои оила» (соли 2014), «Бозтоби таърих дар қисса ва романҳои даврони Истиқлолият», «Вазъи нақди адабӣ аз нигоҳи имрӯз», «Баррасии ҳикояҳои ҷавонон», «Баррасии шеъри шоирони ҷавон», «Нақди сара ва носара», «Пайравӣ, назира ва сирқоти адабӣ», «Симои инсони бунёдкор дар осори публитсистӣ» (соли 2015), «Истиқболи шоирон аз истиқлоли давлатӣ», «Мусаввирони даврони Истиқлол», «Мушкилоти нақди адабии имрӯз ва ҷалби ҷавонон ба нақди ада- бӣ» (соли 2017), «Бозтоби Ваҳдат дар шеъри шоирони тоҷик» (соли 2018), «Масъалаҳои калони адабиёти хурдсолон», «Инкишофи жанри қисса дар адабиёти даврони истиқлол», «Нақд ва шеър дар расонаҳои интернетӣ» (соли 2019), “Нигоҳе ба китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, “Бурду бохти адабиёти точик дар панч соли охир” (соли 2020) ва “Бозтоби замони истиқлол дар адабиёти муосири тоҷик” (соли 2021).

 Бахши нақди адабӣ мувофиқи нақшачорабиниҳои ИНТ дар давоми даҳ соли фаъолияти худ як қатор чорабиниҳои муҳимро вобаста ба солҷашни адибони шинохтаи муосир, дар ҳамкорӣ бо дигар бахшҳои ИНТ ва сохторҳои илмиву фарҳангии кишвар ба роҳ монд. Дар миёни солҷашни беш аз 430 адибе, ки ёдбуд ва милодашон (аз 60-солагӣ то 130-солагӣ) ҷашн гирифта шуд, 43 нафарро мунаққид ва адабиётшиносон ташкил медиҳанд. Муҳимтарин мавзуоте, ки вобаста ба солҷашни ёдбуд ва милоди адибон аз тарафи бахши нақди адабӣ ва ҳамкории он бо дигар бахшҳо матраҳ шуд, инҳо мебошанд:

«Таъсири шахсият ва мақоми устод С. Айнӣ ба худогоҳии миллӣ», «Саҳми устод С. Айнӣ дар ҳифзи асолати забон ва фарҳанги миллӣ», «Мирзо Турсунзода ва шеъри муосири тоҷик» (бахшида ба 100-солагии зодрӯзи шоир), «Шуҳрати ҷаҳонии Мирзо Турсунзода», «Таърих ва худогоҳии миллӣ дар осори С. Улуғзода» (Бахшида ба 100-сола- гии зодрӯзи нависанда), 100-солагии Абдусалом Деҳотӣ, 110-солагии Муҳаммадҷон Раҳимӣ, 100-солагии устодон Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Ғанӣ Абдулло, 100-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ, 110-солагии устод Шарифҷон Ҳусейнзода, 110-солагии адабиётшинос ва нависанда Раҳим Ҳошим, 110-солагии адабиётшинос Абдулғанӣ Мирзоев, 105 — солагии шоири шаҳир Ҳабиб Юсуфӣ, 90-солагии мунаққид ва адабиётшиноси маъруф Соҳиб Табаров, 80-солагии Аълохон Афсаҳзод ва ғайра.

Дар робита ба ин, солҷашни китобҳои илмиву адабӣ, аз қабили «90-солагии китоби безаволи «Намунаҳои адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ ва 50-солагии таълифи қиссаи «Дар он дунё»-и Фазлиддин Муҳаммадиев, 70-солагии таълифи «Қиссаи Ҳиндустон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода, «Китобе, ки арзиши як мактабро дорад» (ба муносибати таълифи китоби «Санъати сухан»-и Тӯрақул Зеҳнӣ), 50-солагии романи машҳури «Восеъ»-и нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода, “Инъикоси масъалаи муқовимат бо хурофот дар романи “Ситорае дар тирашаб”, маҳфили илмӣ-адабӣ ба муносибати 90-солагии нависанда ва адабиётшинос Расул Ҳодизода, “Чашмае, ки оғози рӯди нав гардид” (бахшида ба 100-солагии «Марши ҳуррият»-и С. Айнӣ), 70-солагии таълифи шоҳкори адабиёти тоҷик — «Ёддоштҳо», 70-солагии чопи романи «Вафо»-и Фотеҳ Ниёзӣ, 40-солагии ба чоп расидани «Марди роҳ»-и Лоиқ Шералӣ ва ғайра роҳандозӣ гардиданд, ки дар шиносонидани осори ин бузургон ба насли имрӯз хидмат карданд.

Теъдоди китобҳои дар зарфи даҳ сол ба табърасидаи марбут ба нақду адабиётшиносӣ ҳудуди беш аз 80 номгӯйро ташкил медиҳад, ки дар ин миён бештарашон ба масоили ҳамбастагии насру назми тоҷик ба раванди истиқлолияти миллӣ, таҷассуми иншоотҳои бузурги замони истиқлол ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дахл кардаанд..

Аз қабили мақолоти чопшуда дар маҷалла ва ҳафтавори ИНТ аз тарафи мунаққидону адабиётшиносон, ба таври умумӣ дар маҷаллаи “Садои Шарқ” 220 адад мақолаҳои тадқиқотӣ ва тақриз ва дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” беш аз 2000 мақолаи илмиву адабӣ ва тақризу китобиёт ба табъ расидаанд, ки ҳафтод дар садашон ба масъалаҳои муҳимми адабиёти муосир иртибот доранд.

Муҳимтарин осори таълифгардида дар бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик, дар даҳ соли охир инҳо мебошанд:

а) Китобҳо «Уфуқҳои тозаи наср»-и Атахон Сайфуллоев (иборат аз се ҷилд, 2014), «Маънавиёт ва ҷаҳони зоҳирӣ» (2012), «Сездаҳ мақола» (2013), «Назарияи наср дар адабиёти форсӣ»-и (Теҳрон, 1390)-и Худоӣ Шарифзода, «Шеъри тоҷикии нимаи дуюми асри ХХ»-и (2011) Юсуф Акбарзода, «Турсунзода: Маҳорат ва садоқат» (2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С. Айнӣ» (2013)-и Аламхон Кӯчаров, «Нақди адабӣ ва равандҳои адабиёт»-и (2012) Абдувалӣ Давронов, «Арзишҳои ваҳдати миллӣ» ва “Такмилаи бадеъи форсӣ”-и (2019) Абдунабӣ Сатторзода, «Ҷанги Ватанӣ ва афкори адабии тоҷик»-и (2015) Абдухолиқ Набавӣ, “Романи таърихӣ дар замони Истиқлол: тавсифи умумӣ, нақд ва таҳлил”-и (бо забони русӣ, соли 2017) Замира Улмасова, “Сабкшиносии насри муосир”, “Творческое взаимодействие писателей Центральной Азии” (2018), “Пушкин и Восток”-и (2018) Матлубаи Мирзоюнус, “Хусусиятҳои жанриву услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон”-и Дилбар Қаюмзода, “Ҷанбаҳои ахлоқӣ дар осори Ӯрун Кӯҳзод”-и Гулпарӣ Шарифова, «Меҳру сеҳри шеър»-и (2016) Низом Қосим, «Таърихи адабиёти навини тоҷикӣ»-и (2015) Ҷумъабой Ҳамроев, «Фурӯғи чеҳраҳо» (2015), “Ламҳае ба роҳи рӯзгор”- и (2017) Абдураҳмони Абдуманнон, “Дуруст бинависем”, “Шеър ва дониш”-и (2017) Рустам Ваҳҳобзода, «Аз калима то шеър»-и (2018) Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, «Торикравшани шинохт. Нигоҳе ба зиндагӣ ва масири эҷодии Баҳром Фирӯз»-и Умар Сафар, «Тоҷикнома», китоби донишманди маъруфи тоҷик, Иброҳим Усмонов (дар 3 ҷилд, 2 ҷилди тоҷикӣ ва 1 ҷилди русӣ, соли 2019), “Сеҳри ҳалол”-и (2018) Тоҷибой Султонӣ ва ғайра.

б) Мақолаҳо

(Пажуҳиш, тақриз, китобиёт ва мусоҳибаву мубоҳисаҳои адабӣ):

Атахон Сайфуллоев дар «Фурӯғи ишқ» ё дурӯғи ишқ?» (баррасии романи Маъруф Бобоҷон «Фурӯғи ишқ»), Худоӣ Шарифзода “Романи «Барзгар»-и Сорбон”, Юсуф Акбарзода «Ҳосили умр ё ғановати шеър» (тақриз ба китоби Низом Қосим «Аз ассалом то вассалом»), Абдунабӣ Сатторзода “Шеъри ҳолат дар мисоли ашъори Лоиқ Шералӣ”, Равшани Ёрмуҳаммад «Андешаҳои адиб роҷеъ ба ду қиссаи аҷиб» (перомуни қиссаҳои Сироҷиддин Икромӣ) ва “Асрори Сандуқ» (дар бораи қиссаи «Сандуқи почта»-и Юнус Юсуфӣ), Иброҳим Усмонов дар «Чашми хираду дили пурдард (дар ҳошияи «Гардиши девбод»)», Саидхоҷа Ализода «Асардуздӣ дар рӯзи равшан», Мисбоҳиддин Нарзиқул « Тасвири бадеии доду ситади зиндагӣ» (дар бораи «Шинак»-и Юнус Юсуфӣ), «Нақши бузурги мардони сутург» (мулоҳизаҳо перомуни романи Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин “Спитамен”), Мурод Муродӣ дар «Солномаи пирӯзиҳо» (чанд сухан доир ба асари Шералӣ Мӯсо «Ҷасорат») ва ғайра масъалаҳои муҳимми осори адабиро ба таҳлил гирифта, ҷанбаҳои муҳимми онро бозгӯ кардаанд.

Дар навиштани мақола ва тақризҳо ҳамчунин чеҳраҳои шинохтаи аҳли нақду адабиётшиносӣ ва адибон Атахон Сайфуллоев, Абдушукури Абдусаттор, Аскар Ҳаким, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, Низом Қосим, Ҳақназар Ғоиб, Абдураҳмон Абдуманнон, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Бадриддин Мақсудов, Рустам Ваҳҳобзода, Замира Ғаффорова, Парда Ҳабиб, Давлати Раҳмониён, Салими Зарафшонфар, Тоҷибой Султонӣ, Нуралӣ Нурзод, Беҳрӯзи Забеҳулло ва дигарон дар зарфи даҳ соли охир фаъолияти хуб нишон дода, матлабҳои зиёдеро ба хидмати хонанда гузоштаанд. Дар ин мақолаҳо муҳимтарин вижагиҳои сабкиву ҳунарӣ ва асолати ашъори шоирони бузургсолу ҷавони имрӯзаи мо ва ҳамчунин равишҳои насри имрӯз ва паҳлуҳои мухталифи матншиносӣ таҳлилу баррасӣ ва зикр гардидаанд. Дар баробари баррасии мавзуъҳои мухталифи ҳаёти адабӣ, назари худи шоирону нависандагон ба тамоюлҳо, ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои адабии замони мо баён ёфта, ки ба раванди нақди адабиамон бетаъсир нест.

Мақолаҳои пажуҳишии Атахон Сайфуллоев «Мо баҳри дилшиносон шеъру тарона ҳастем», Шоҳзамон Раҳмон «Шеър ҳам хонандаро пайванд созад бо Ватан», Бахтиёри Муртазо «Душанбе – Ҳироти Ҷомиву Навоӣ», Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода ва Умар Сафар «Аз моварои солҳо», Абдунабӣ Сатторзода «Суханро қудрати ҷонофарин бояд», «Нодирпур, шеъри нав ва «Дарахти калони кундапаҳн» (таърихчаи ташаккули шеъри нав дар Тоҷикистон), Матлубаи Мирзоюнус «Дилбанди пайвандҳои адабӣ», Низом Қосим «Шоири муҳаббату адолат», «Нуқтаҳои сабзи пайванд», «Посдори адабиёти бузург», Аламхон Кӯчарзода «Анъана ва навоварӣ», Рустам Ваҳҳобзода “Марши ҳуррият – шафақи субҳи шеъри нави тоҷик”, «Ҳувияти адабӣ дар осори Муъмин Қаноат», Муҳаммадалии Аҷамӣ «Нек бишнохтан ва нек дидан», Умеда Ғаффорова «Пайвандгари адаби Арабу Аҷам», Ҳафиз Раҳмон «Айнӣ ва Сервантес» ва ғайра чигунагии осори ҳунарӣ ва кайфияту мазияти он дар меҳвари кор қарор дода, бисёр масъалаҳои муҳимми адабиро мавриди пажуҳиши илмиву адабӣ қарор додаанд.

Баҳсе, ки дар атрофи шеъри сафед миёни устодони ДМТ Урватулло Тоирову Мирзо Солеҳов ва шоири сапедсарои тоҷик Доро Наҷот ба миён омад, бисёр ҷолиб буд. Агарчи моҳиятан масъалаи бамиёнгузошташуда нав нест, дар ҷавоби шоир мушоҳидаҳои ҷадиду нуктаҳои ҷолиби зиёде баён шуданд.

Инчунин, мақолаҳои мубоҳисавии зиёде, ба монанди мақолаи Юсуф Акбарзода, Абдухолиқ Набавӣ дар посух ба мақолаи Ҷамолиддин Саидзода «Намунаи адабиёти тоҷик» «Шоҳнома»- и дигар аст»), Асрори Раҳмонфар «Гиламанд не, мутаассифам (ё ҳарфе чанд оид ба ду тақризи як муқарриз)» ва ғайра, ки майдони баҳсро дар рӯзномаҳои адабӣ гарм карданд, нақду баррасиҳое дар худ доштанд, ки барои пешрафти нақди адабӣ муфиду зарур арзёбӣ мешаванд.

Баррасии адабиёти кӯдак низ аз доираи таваҷҷуҳи нақди адабӣ берун намонд. Неъматҷон Файзуллоев марбут ба баррасии шеъри бачагонаи Гулназар Келдӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Нозирҷон Боҳирӣ ва дигарон мақолаҳои зиёде таълиф намуданд. Дар ин бахш метавон аз мақолаи Низом Қосим «Масъалаҳои калони адабиёти хурдсолон» ёд кард, ки дар он муҳимтарин мушкилот ва монеаҳои рушди адабиёти кӯдак баррасӣ гардида, роҳи ҳалли онҳо пешниҳод мешавад. Ҳамчунин, навиштаҳои Абдураҳмон Абдуманнон, Абдушукури Абдусаттор, Азимҷон Аминов, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азизи

Азиз, Азим Байзоев ва дигарон дар даҳ соли охир таваҷҷуҳи бевоситаи нақди адабиро ба ин бахши адабиёт нишон медиҳад. Иттифоқи нависандагон ба хотири беҳбуди вазъи адабиёти кӯдак дар мавзуъҳои гуногуни адабӣ ва баррасии китобҳои дарсӣ (аз синфи панҷ то ёздаҳ) чандин “мизи мудаввар ” ва маҷлисҳои васеъ баргузор кард ва маърузаву гузоришҳои зиёде аз ин ҳамоишҳо дар маҷаллаву рӯзномаҳои « Садои Шарқ», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор» ва ғайра ба табъ расиданд.

Иҷтимоиёт (публитсистика)

Дар даҳсолаи гузашта интишорот ва тадорукот дар ин бахши фаъолиятҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ривоҷи назаррас дошт. Аз ҷумла метавон аз интишороти муҳимми зерин ёдоварӣ намуд:

Дар бораи пешгирии терроризму ифротгароӣ: мақолаҳои А. Раҳнамо, Ҷ. Қуддус, Садриддин Ҳасанзод, Ёқубҷон Абдуманнонзода;

Ба муносибати Рӯзи Президент: Низом Қосим «Пешвои барҳақ», А. Сайфуллоев «Пешвои миллат – фарҳангсолори бузург», Раҳматуллоҳи Раҳмон – «Посдори бахти миллат», Сайидаҳмади Зардон «Гуфтори сеюм аз шаш гуфтор. Дар бораи модарони қаҳрамонҳои Тоҷикистон». Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мақолаи «Адабиёт бояд ҳамқадами замон бошад» вазифаҳои умдаи адибону публитсистонро муайян кардааст. Диловари Мирзо дар мақолаи «Шабе дар Назарайлоқ» оид ба мушкилоти истифодаи кони ангишт мулоҳизоти муҳим баён намудааст.

Силсилаи мақолаҳо дар саҳифаҳои “Адабиёт ва санъат” ва “Садои Шарқ”, ҳамчунин асарҳои алоҳидаи публитсистӣ муҳимтарин интишороти ин давра ҳастанд, ки мавриди таваҷҷуҳи махсуси хонандагон қарор ёфтаанд. Аз ҷумла навиштаҳои М.Имомзода, А.Азимов «Истиқлолу Ваҳдат – бақои давлат», Ато Мирхоҷа «Акнун навбат мерасад», А. Самад «Армони ҷигарбанди миллат», Ҷ. Қуддус «Иродаи нек – калиди амният”, “Публитсистика чист ва публитсист кист?”, Мансур Суруш «Маърифат зидди ҷаҳолат», Гурез Сафар «Даст ба дасти ҳам диҳем», Мурод Муродӣ «Мардистони мардсито», «Руҳи замон ва публитсистика», Ато Мирхоҷа “Дар роҳи Истиқлол”, Равшан Махсумзод «Рушди соҳаи маориф масъалаи муҳим аст», Маҷид Салим «Роғун-мазҳари нур», «Боғи ҷаҳони Президент», Ато Ҳамдам «Насими боғи устод», Султонмуроди Одина «Боғи сабзи истиқлол», ҳамчунин мақолаҳои марбути Аламхон Кӯчарзода, Абдуқодири Раҳим аз ин қабил ҳастанд.

Нақди публитсистика

Дар давоми даҳ соли охир асарҳои муҳими зерин иншо гардиданд:

Дар мавзуи сохтмонҳои бузург, ватану ватандорӣ: Бахтиёри Муртазо – «Хӯшаҳо аз киштаҳо», Шералӣ Мӯсо – «Мардистон» (2013, 2020), Қиёмиддин Абдуллозода – «Хоки покат тӯтиё созам, Ватан!» (2012), Мираҳмади Амиршоҳ – силсилаи роману қиссаҳо аз ҷа- раёни сохтмони НБО-и Роғун, Раҷабалӣ Аҳмадзода — «Руҳи матин», «Манзили меҳр» (2014), Роғун — кафолати зиндагии шоиста” (2016), “Дурдонаҳои диёри нурафшон” (2021), Раҷаб Мардон «Кохи ҳуҷҷатҳои муқаддас» (2013), Ҳанифаи Муҳаммадохир — «Роҳ ба сӯйи нур», «Аз Сангтӯда то Роғун» (2012), Садриддин Ҳасанзода — «Роғун: баҳс ва воқеият»;

Оид ба сулҳу ваҳдати миллӣ, нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон: Шералӣ Мӯсо «Чеҳраи модар» (2012), «Президенти мо» (2014), Усмонҷон Ғаффоров — «Иҷлосияи муждарасони наҷот», «Иҷлосияи тақдирсози миллат» (2012), дар ҳаммуаллифӣ бо Ф. Каримов).

Дар мавзуи таҳкими ҳувияти миллӣ ва бузургдошти ашхоси таърихӣ: Қурбоншоҳи Аламшоҳ «Шоҳтемур дар адабиёти тоҷик» (2012), «Достони муаллим», «Шириншо Шоҳтемур дар таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон», (2013, ба забони русӣ), Диловари Мирзо «Қисмат», «Нусратулло Махсум», «Али Хуш», «Кайфар» (дар бораи нусратулло Махсум), Раҷаб Мардон «Сабри ӯ амали комил дошт» (2013), «Сайдулло Хайруллоев» (2012), Маҷид Салим «Алӣ Хуш» («Шуриши Усмон»), «Дарёнавард» (2015), Карим Мӯсо «Ҷабри таърих», (2012), «Бузургбонуи матбуоти тоҷикӣ» (2012), «Орифе аз зодгоҳи орифон» (2013), «Ошиқи миллати ишқниҳод» (2022), Султонмуроди Одина — «Меҳргон», «Қиссаҳо аз таърихи Ҳисор» (2012), «Наврӯзи Аҷам» (2013), «Ҳисор: аз бостон то ин замон» (ҳамроҳи Ф. Азиз, 2013), «Талош» (2013), Амир Сайиди Мункӣ «Ҳазрати Ҳоҷӣ Ёқуби Сачиёнӣ» (2014), “Файзобод-диёри файзбору одамони номдор” (2019),

Оид ба табиати Тоҷикистон ва рушди сайёҳӣ: Холназари Муҳаббат «Инсон ва сарватҳои табиат» (2012), силсилаи мақолаҳо, Маҷид Салим «Санговдавак» (2012), «Ёхсу» (2014), Александр Яблоков, очеркҳо;

Дар мавзуъҳои дигар: Наҷмиддин Салоҳиддинзода «Чакомаи Наврӯз» (2012), Ато Ҳамдам «Ҷон дар кафи даст», очеркҳо дар бораи иштирокчиё- ни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Сайидаҳмади Ҳасан «Накӯном» (2014), Холмурод Шарифов, сафарномаву ёддоштҳо. Мирзо Шукурзода «Тӯшаи умри падар» (2013) нашр шудаанд.

Публитсистика ҳамеша мадди назари ҷомеа ва муҳаққиқони маъруфи соҳа буд ва дар чанд самт – адабиётшиносӣ, журналистика, таърих ва сиёсатшиносӣ пажуҳиш шудааст.

Тайи даҳ соли охир асарҳои олимон Наргис Усмонова (Ҳақиқати таърихӣ ва оҳанги публитсистии романи Ҷумъа Одина «Гузашти айём», 2012), Насиба Кӯчарова (Хусусиятҳои жанрӣ ва услубии публитсистикаи Абдулҳамид Самад, 2012), С. Гулов, «Махсусияти очерки муосири тоҷик» (2012) Б. Қутбиддин «Воқеияти тасвир» (2014), Н. Солеҳов “Нақби Истиқлол” ва проблемаҳои замони муосир» (2013), Муродов, М. «Публитсистикаи ҳаҷвӣ» (2015), Р. Шоҳзамон «Шаҳритӯс — ҳавзаи таърихӣ, илмию адабӣ ва фарҳангӣ» (2016) ва ғайра нашр шудаанд.

Ҳар сол зимни ҳисоботи солона ва суханронии роҳбарияти ИНТ дар анҷуманҳои адибон, ҷаласаҳои садорат жанри очерку мақолаҳои публитсистии дар нашрияҳои адабии «Садои Шарқ», «Адабиёт ва санъат», «Помир» ба табърасида баррасӣ мешаванд.

Нақди публитсистика низ дар «Садои Шарқ», «Адабиёт ва санъат» фаъол буда, ҳангоми баррасии ҳарсолаи муҳтавои онҳо низ арзёбӣ мегардад, аз ҷумла, тақризу мақолаҳои Н.Кӯчарова «Шеваи баёни публитсистикаи Абдулҳамид Самад» (№2 2014,) Аъзамҷон Азимов «Инъикоси Ваҳдати миллӣ дар осори публитсистӣ (2017). Маҷид Салим «Жанри ҳамқадами ҳаёт» (2017), Наргис Усмонова «Матолиби иҷтимоии «Садои Шарқ» (2017) ва ғайра ба табъ расидаанд.

Густариш ва нақди робитаҳои адабӣ ва осори тарҷума

Дар даҳсолаи ахир робитаҳои адабиёти тоҷик бо адабиёти кишварҳои хориҷӣ қадам ба қадам эҳё шуда, пайвандҳое, ки дар солҳои аввали Истиқлол дар фазои кишварҳои пасошуравӣ аз байн рафта буданд, барқарор гаштанд. Илова бар ин, дар робитаҳои адабӣ самтҳои наве дар ҳамкорӣ бо адабиётҳои кишварҳои хориҷаи дур ба вуҷуд омад.

Ба таври куллӣ, дар даҳсолаи охир бо ташаббуси адибони тоҷик осори беш аз 100 нафар нависандагони кишварҳои дигар ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гаштааст.

Дар нашриётҳои кишвар дар ин давра тарҷумаҳои Ҷуъмабой Азизқулов «Саргузашти сарбози чолок Швейк»-и Ярослав Гашек, Абдулҳамид Самад романи нависандаи Украин Григорий Тютюник «Климко», «Чаҳор қулла» – осори саҳнавии Софокл, Шекспир, Готси ва Брехт дар тарҷумаи Низом Қосим, «Афъимори марҷонӣ»-и Темур Зулфиқоров дар тарҷумаи Нур Табаров ва ғайра ба чоп расиданд.

Ҳамчунин, ин солҳо китоби «Қалби Мадина» – ҳикояҳои нависандагони муосири Озарбойҷон (тарҷумон Азимқул Насимов), «Садо ва сухан»-и Георгий Марчук (тарҷумон Истад Қосимзода), «Бехазонгул»-и Микола Метлитский (тарҷумонҳо Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Одина Мирак), «Рост аст, ки мо абадӣ мемонем?»-и Сергей Козлов (тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат) аз чоп баромаданд. Ҳикмат Раҳмат боз тарҷумаи романи Чингиз Айтматов «Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд»-ро дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расонд. Ҳамчунин, тарҷумаҳои Рафоати Саидаҳмад «Нафири Ҳинд», Шарафбону Пӯлодова «Армуғони Ҳинд», Ато Ҳамдам «Афғонистон»-и Генадий Соловитский, Абдулҳамид Самад «Кукарача » — и Нодар Думбадзе, Ҳабибулло Имодӣ «Лолаи сиёҳ»-и Александр Дюма, марҳум Шариф Шараф «Отсеола — пешвои семинолҳо»-и Майн Рид ва ғайра дастраси хонандагон гаштанд.

Соли 2018 осори баргузидаи классики адабиёти беларус Максим Богданович «Сӯсӯи шабнам» дар тарҷумаи шоир ва тарҷумони тоҷик Салим Зарафшонфар ба шакли китоби алоҳида ба нашр расид.

Тарҷумаи се асари нависандаи Амрикои Лотинӣ, дорандаи Ҷоизаи Нобел Габриэл Гарсиа Маркес «Сад соли танҳоӣ», «Ба полковник касе нома наменависад», «Одами хеле пире, ки болҳои бузург дорад» аз тарафи Абдуғаффори Абдуҷаббор, романҳои “Бозгашт ба Панҷрӯд”-и Сергей Волос ва “Азобҳои ҷаҳаннам”-и Акутагава бо қалами Абдулқодири Рустам, романи “Ғуломони озод”-и Томас Манн бо қалами Саидмурод Расулӣ, тарҷумаи асарҳои «Шодравон Матита Паскал»-и Луиҷи Пиранделло, “Гетсбии муаззам”- и Френсис Скотт Фитсҷералд ва “Гурги даштӣ”-и Ҳерман Ҳесе аз тарафи Салими Зарафшонфар, ки дар маҷмуаи “Се шоҳкор” (Душанбе, нашриёти “Истеъдод”, 2021) ҷамъ омадааст, аз дастовардҳои муҳимми ин самт дар солҳои охир ба шумор мераванд.

Маҷмуаи калонҳаҷми “Ҷовид” (нашриёти “Мубориз”, 2021), ки тарҷумаи намунаи повесту ҳикояҳои адабиёти даҳ халқи ҷаҳон бо қалами Саидмурод Расулиро дар бар мегирад, низ аз дастовардҳои ҷиддии ахири тарҷумаи адабиёти хориҷӣ ба забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад.

Дар самти назм дар канори тарҷумаи шеърҳои алоҳидаи адибони хориҷӣ аз сӯи адибони тоҷик маҷмуаҳои муфассале низ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, ки намунаи муваффақи он тарҷумаи маҷмуаи ашъори шоири рус Иван Переверзин “Гулҳои муҳаббат” ба қалами Ато Мирхоҷа мебошад. Ин шоири тоҷик ҳамчунин аз осори шоирони русзабоне чун Мусо Ҷалил, Александр Блок, Коста Хатегура ва ғайра низ намунаҳо тарҷума кардааст. Дар ин давра аз тарафи адибони тоҷик ҳамчунин маҷмуаи осори назмӣ ва насрии адибони муосири ӯзбек бо номи «Армуғони муҳаббат» тарҷума шуд, ки дар ниҳоят соли 2022 ба нашр расид.

Албатта, ин ҷо сухан маҳз дар бораи тарҷумаи осори адабиёти хориҷӣ ба забони тоҷикӣ меравад, зеро дар ин ин марҳала осори зиёди адибони тоҷик низ ба забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр шудаанд, ки он мавзуи ҷудогона аст.

 ***

Илова бар тарҷума ва чопи худи асарҳо, талошҳо барои арзёбии вазъияти робитаҳои адабӣ ва нақду баррасии осори тарҷумашуда низ ба роҳ монда шудаанд. Сифати асарҳои тарҷумашуда дар чанд ҷаласаи васеи ИН Тоҷикистон баррасӣ шуд. Мунаққидон Абдунабӣ Сатторзода, Азимҷон Аминов, Мубашшири Акбарзод, Юсуф Акбарзода, Сорбон, Абдулҳамид Самад андешаҳояшонро оид ба тарҷумаҳои нав гуфтанд.

Дар солҳои охир бошад, дар ин самт, аз ҷумла муҳаққиқон ва муаллифони тоҷик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Абдунабӣ Сатторзода, Иброҳим Усмон, Абдураҳмон Абдуманнон, Муртазо Зайниддинзода, Мирзо Насриддин, Рустам Ваҳҳобзода ва ғайра ба нақду баррасии осори тарҷумашуда пардохта, намунаҳо ва паҳлуҳои гуногуни онро арзёбӣ намуданд.

Ба таври намуна, дар мақолаи фарогири адабиётшинос Абдуҷаббор Раҳмонзода бо унвони «Равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷик ва ӯзбек. Собиқаи маънавӣ ва ояндаи равшан», ки ҳамчун сармақолаи шумораи махсуси маҷаллаи миллии “Садои Шарқ” дар соли 2019 ба нашр расидааст, ҳамзамон бо баррасии таъриху анъанаҳои робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек, вазъи робитаҳо ва масъалаҳои рушди он арзёбӣ гаштаанд.

Тарҷумаи се асари Габриэл Гарсиа Маркес «Сад соли танҳоӣ», «Ба полковник касе нома наменависад», «Одами хеле пире, ки болҳои бузург дорад» бо қалами Абдуғаффори Абдуҷаббор, ки дар як ҷилд фароҳам ва чоп шуда аст, мавриди истиқбол ва нақди адабии васеъ қарор гирифтааст. Дар ин миён метавон аз нақду навиштахои Иброҳим Усмон, Муртазо Зайниддинзода, Абдуррауф Муродӣ, Маҷид Салим, Ҳамроҳи Авлиёпур, Ғаффоралӣ Раҷаб, Мирзо Насриддин ва ғайра ба ин китоб ва ин тарҷума ёдовар шуд, ки дар ин солҳо дар нашрияҳои “Адабиёт ва санъат”, “Омӯзгор”, “Баҳори Аҷам”, “Азия плюс” ва ғайра ба нашр расидаанд. Ба миён омадани даҳҳо нақду назар дар бораи ин китоб нишон медиҳад, ки асари ҷид- дӣ ва заҳмати ҷидди мавриди истиқбол ва нақди ҷиддӣ низ қарор мегирад.

Тарҷумаи романи “Бозгашт ба Панҷрӯд”, ки бо қалами Абдулқодири Рустам анҷом шуд, низ аз тарафи муҳаққиқон боиси таваҷҷуҳи зиёд шуд. Дар миёни нақдҳои нашршуда хусусан мақолаҳои Мирзо Насриддин дар “Адабиёт ва санъат”(2021) ва Носирҷон Салимӣ ва Шамсиддии Солеҳ дар ҳафтавори «Тоҷикистон», 2021) дар сатҳи нақди касбӣ ва воқеъбинона таҳия шудаанд.

Нақду баррасии муфассали китоби тарҷумаҳои “Се шоҳкор”-и Салим Зарафшонфар аз тарафи профессор Иброҳим Усмонов натанҳо моҳият ва ҷанбаҳои қавию такмилталаби ин тарҷумаи арзишмандро ба миён мегузорад, балки онро бо маҷмуаи масъалагузориҳояш ҳамчун намунаи ҷиддии осори нақдӣ шуморидан мумкин аст.

Дар байни осори илмӣ ва адабиётшиносие, ки маҳз ба нақди робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи бадеӣ бахшида шудаанд, навиштаҳои профессор Муртазо Зайниддинзода мақоми махсус доранд, зеро ин муҳаққиқи пурмаҳсул ин мавзуъро ба таври касбӣ ва пайваста пайгирӣ карда, дар солҳои охир силсилаи васеи мақолаҳоро дар ин боб ба табъ расонидааст. Маҷмуаи мақолаҳои М.Зайниддинзода, ки ба арзёбии робитаҳои адабӣ бахшида шудаанд, ахиран дар маҷмуаи “Дурахши муҳаббат” (Душанбе, “Адиб”, 2022) ба нашр расиданд, ки як қадами муҳим дар ин самти мушаххаси адабиётшиносии тоҷик аст.

***

Бо вуҷуди дастрас будани як силсила корҳо дар ин самт, дар айни замон бояд эътироф намуд, ки ҳоло нақду баррасии осори тарҷумашуда ба забони тоҷикӣ нисбат ба ҳаҷми ин осор хеле маҳдуд буда, аксари осори тарҷумавии солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва нақди адабӣ қарор нагирифтаанд. Илова бар ин, аксари нақдҳои нашршуда ба осори тарҷумавӣ онҳоро маҳз аз назари ҳунари тарҷумонӣ ва забони тарҷума арзёбӣ намуда, ба мазмуну муҳтаво ва аҳаммияти худи асар таваҷҷуҳи кофӣ намекунанд.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар оянда нақди асарҳои тарҷумашуда, ки ба хонандаи тоҷик пешниҳод мешаванд, ба таври ҷиддитар ба роҳ монда шуда, тарҷумаҳо натанҳо аз назари забону санъати тарҷумонӣ, балки аз назари мазмуну мундариҷаи асар, аҳаммияти адабӣ ва арзишии худи асар, паём ва аҳаммияти он барои хонандаи тоҷик ва ғ. низ нақду барррасӣ гарданд.

Хулоса

Имрӯз аксар аз коҳиши сатҳи осори нақди адабӣ суҳбат мекунанд ва аксаран далели аслии коҳиши сатҳи адабиётро ба буҳрони он марбут медонанд. Агар воқеан бипазирем, ки чунин падидае дар ҷомеаи имрӯзи мо воқеият дорад ва дар пайи ҷустуҷӯйи омилҳои он бароем, ба сабабҳо ва иллатҳои бешуморе рӯбарӯ мешавем, ки дар муносибат ба аҳли адаб онҳоро асосан ба ду гурӯҳ метавон ҷудо кард:

  1. Омилҳои айнӣ (объективӣ). Яъне он чи хориҷ аз ирода ва салоҳияти худи аҳли адаб мебошад ва эшон ба сари худ ин мушкилро ҳал карда наметавонанд.
  2. Омилҳои зеҳнӣ (субъективӣ). Он чи дар доираи салоҳият ва иродаву ихтиёри аҳли адаб ворид мешавад ва дар сурати ба амал пайвастани иродаву ихтиёри муттаҳидона ва муттафиқона ин камбудҳоро метавон рафъ намуд.

Умдатарин омили айнии (объективии) коҳиши сатҳи маънавӣ ва ҳунарии осори адабӣ нисбат ба даврони пешин аз доираи мудирияти босалоҳият хориҷ мондани бахши азиме аз фаъолиятҳои ба истилоҳ “эҷодӣ” ва интишоротӣ мебошад. Агар дар гузашта тамоми интишороти имконпазир дар нашрияҳои маълуме мутамарказ шуда, ин нашрияҳо бидуни машварати ҳайатҳои босалоҳият ба чопи китобе иқдом намекарданд, пас имрӯз даҳҳо нашрияҳо ва чопхонаҳои хусусӣ ҳамарӯза бо чопи чизҳое ба номи китоб шуғл доранд, ки шояд ҳатто худи кормандон ва масъулони ҳамин нашрияҳо ва чопхонаҳо аз матн ва мазмуни онҳо ғофиланд. Дар асл инҳо ба бастабандии саҳифаҳое ба номи китоб шуғл доранду бас. Ногузир ва ҳатман бархе аз ин навъ китобҳо ба китобхонаҳои умумӣ ва ҳатто расонаҳои гурӯҳӣ роҳ меёбанд ва матнҳои онҳо чун матни адабӣ мавриди истифода қарор мегирад, пахш мешавад.

Аксари ин навъ интишорот аслан қобили нақд ҳам нестанд. Асаре нақд карда мешавад, ки муаллифи он ҳадди ақал камтарин имкон ва салоҳияти ислоҳи онро дошта бошад. Асаре, ки муаллиф ибтидоитарин огоҳиҳои адабиро надорад, нақдшуданӣ нест. Онро танҳо метавон ботил эълон кард.

Омили дигари айнӣ, ки бо он чи гуфта шуд, дар костани сатҳи адабиёт муттаҳид мешавад, коҳиши саводи адабӣ ва завқи адабии ҷамъӣ аст, ки ба маҳзи мушоҳидаи чизе шабеҳи китоб ва матне шабеҳи назм ё наср онро моли адабиёт мешуморанд ва агар аҳёнан мунаққиде ба танқиди воқеии он пардозад, ин амали ӯро ҳатман муғризона, беинсофӣ, дахолати густохона маънидод менамоянд ва соҳиби чунон китоберо мазлуму ҷабрдида. Чунин бархурдро ҳар касе ҳамарӯза метавонад, масалан, аз шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида намояд.

Омили дигар фосилаи зиёд пайдо кардани ҳавзаҳои илмии таҳқиқотии адабӣ ва омӯзишӣ аз адабиёти муосир ва ҷараёни зиндаи он мебошад. Ҳар сол чандин китоб ва рисолаҳои илмӣ дар ин ҳавзаҳо эҷод ва дифоъ мешавад, таърихи адабиёт навишта мешавад, муаллифи бисёре аз ин навъ асарҳо ба воситаи ин осор ба узвияти Иттифоқи нависандагон ҳам пазируфта мешаванд, аммо ин асарҳо дар муҳити фаъоли адабӣ ва масъалаҳои муҳимми он комилан беасар ҳастанд. Ё ба далели набудани унсури нақд ва тарҳи масъалаҳои муҳимми адабиёт дар онҳо ва ё сабабҳои дигаре, ки мо иттилоъ надорем. Имрӯз шояд танҳо узви вобастаи Академияи илмҳо устод Аламхон Кӯчарзода ҳастанд, ки чанд мақола мустақиман бо унвонҳои “Адабиёти даврони истиқлол” ва “Назми даврони истиқлол” навиштаанд. Ҳатто худи муаллимони мактабҳои миёна ва олӣ ба маводи таълимӣ дар ин мавзуъ шадидан ниёз доранд, то чи расад ба маводи нақд.

Зарур аст ба таври алоҳида як тарҳи комил ва ҷомеи таҳқиқотие фарогири ҳам унсури таърихию шарҳиҳолӣ, ҳам таҳлилию тафсирӣ ва ҳам нақди амалии адабӣ дар чанд ҷилд китобе, ки лозим бошад, доир ба адабиёти даврони истиқлоли тоҷик ба вуҷуд биёяд. Бидуни анҷоми ин кор мо ҳеч як асари бадеии ин давронро ба таври гусаста ва ҷудогона дурусту саҳеҳ арзишдоварӣ карда наметавонем. Ҳамчунин бидуни аҷоми ин кор уфуқҳои равшани ояндаи адабиёти мо падидор намегардад. Асарҳои воқеан бисёр арзишманде дар ин давра эҷод шудаанд, ки онҳо ҳанӯз ба таври лозим ва ҷомеъ муаррифӣ ва ҳатто интишори васеъ наёфтаанд. Ин асарҳо дар миёни анбуҳи интишороти пуртиро- жи бемуҳтаво нопадид мондаанд.

Албатта , яке аз муҳимтарин арзишҳои низоми демократӣ озодии баён аст ва сензура аз байн бурда шудааст ва барқарории он ҳам тасаввурнопазир аст. Аммо чизе бояд ба хотири салоҳи кор дар пешгирӣ аз сели харобкори осори завқзудо бошад. Дар кишварҳои пешрафтаи имрӯз завқу салиқаи ҷомеаҳо дар ҳаддест, ки ҳар як нашрия худ аз чопи осори беарзиш сахт ҳазар мекунад ва ҳама фаъолиятҳои коршиносонаро пеш аз чоп анҷом медиҳад, то колои ӯ аз бозори китоб дур андохта ва худ варшикаста нашавад. Яъне ба наҳве бозори китоб худ ин масъалаҳоро танзим менамояд.

Дар кишвари мо, ки ҳоло чунин система шакл нагирифта ва фаъол нагардидааст, мудирият дар ду маврид – дурустии забон ва сатҳи ҳунарии осори адабӣ ҳатман бояд барқарор бошад. Инҳо аз ҷумлаи арзишҳои миллӣ ҳастанд.

Омили дувуми айнӣ аз ҳимояти лозим бархурдор набудани мунаққид аст. Ӯ баъди нақди як асар бо муаллиф ва ҷомеаи башӯромада танҳо рӯбарӯ мемонад.

Омили савуми айнӣ, ки ба ҳадде омили зеҳнӣ ҳам ҳаст, беэътиноии оммавӣ ва напазируфтани салоҳияти мунаққид мебошад. Мо тақрибан касеро, ки суханаш қобили эътибор ва эътино бошад, қабул надорем. Ҳатто ислоҳи ғалатҳои машҳурро ҳам ҳозир нестем аз тарафи касе қабул бикунем.

Аммо умдатарин омили зеҳнӣ (субъ- ективӣ) коҳиши донишҳои адабӣ аст. Ва натанҳо коҳиши донишҳои адабӣ, балки аз эътино ва эътибор соқит кардани ин донишҳо . Гузашта аз ин, як кори маснуӣ, сохта ва такаллуфӣ ба шумор овардани ин донишҳо ва унсурҳои онҳо. Кор ба ҳадде расидааст, ки агар ба вазну

қофияву радифу таносуби мантиқӣ ва ҳунарии калом, риояи меъёрҳои пазируфтаи навъу жанри адабӣ, хатоҳои лафзӣ ва… эрод бигиранд, аксаран инро хурдагирӣ ва айбҷӯӣ талаққӣ менамоянд. Барои одитарин ва содатарин корҳо омӯзиш ва мактабдидагиро лозим медонем, аммо барои адабиёт не.

 Шумори зиёде қонеъ ба “истеъдод ва нубуғи модарзод”-и худ аст. Ин мавзуъ, ин худбоварии пуч таблиғ ҳам мешавад ва ин таблиғ ба табъи доираҳои перомуни адабӣ (окололитературний) ҳам шадидан асар кардааст.

Танқиди адабиро ҳам гоҳо дар ҳамин маҷро мебинем. Гоҳо танқиди адабӣ ҳам вазифаи худро иборат аз он медонад, ки ба наҳве ин хатоҳо ва заъфҳоро сафед кунад, маъно ва фалсафаи таваҳҳумии набударо, ки соҳиби асар ҳам аз он хабаре надорад, ба ин навъ чизҳои хому наозмуда бибандад ва ин корро нақди мудерн ба ҳисоб биёрад. Ин кӯшишҳо адабиётро ба мардум бегона мекунад, онро табдил ба бозии саргармӣ дар доираи маҳфилҳои кӯчак месозад. Асли асари бадеъ ҳамеша матни худи он асар аст. Агар матн солим ва комил нест, ҳеч навъ таъбиру тафсире онро наҷот дода наметавонад. Нақди адабӣ бояд барои такмил ва тасҳеҳи матн мусоидат намояд.

Бадеҳист, ки саводи адабии мунаққид бояд на кам аз саводи адабӣ ва хусусан забондонии адиб, балки ҳатто бештар аз он бошад, то битавонад миёни хонандаи пешрафта ва адиб довар ва тафсиргару ислоҳкунанда бошад. Аммо, мутаассифона, бисёр вақт акси ин ҳолро мебинем. Мақоланавис ё тақризнавис таърифу тавсифи муаллифро ба осмон мерасонад ва барои исботи суханонаш баъдан аз осори манзум ё мансури ӯ иқтибосҳое меорад, ки гуфтаҳои мунаққид дар авҷи моҳ ва ин намунаҳо дар қаъри чоҳанд. Чун намунаи забонварӣ ва суханофаринии адиб як силсила калимаву ибораҳоро қатор мекунад, ки ҳарчи аз он хато набошад, ҳатман дар фарҳангҳо ва луғатҳои машҳури забони тоҷикӣ вуҷуд дорад ва аз вуҷуди он ҳар хонандаи хушсаводи мактаби миёна хабардор аст. Аз “таркибсозиҳои шоирона”-и эшон силсилае манзур мекунад, ки бо аҷобату ғаробати худ то абад аз ҳамон ҷилди китоб берун намеоянд ва ба дарди дигаре намехӯранд.

Имрӯз дар бораи навъҳои гуногуни нақд суҳбат мешавад. Чун нақди ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ҳунарӣ, эстетикӣ, равоншиносӣ ва ғ. Аммо дар беҳтарин намунаҳои нақд унсурҳои ҳамаи ин навъҳо мушоҳида мешавад, ки дар маҷмуъ арзиш ва муассир будани як асари адабиро ба таври комил доварӣ менамояд.

Муҳимтарин меросе, ки аз адабиёти даврони пешин барои мо боқӣ мондааст, мушаххас ва ҳадафманд будани як асари бадеист ва нақди он ҳам бар ҳамин мабност. Манзур аз ин ҳадафмандӣ бигузор на идеология, балки идея – паём бошад ва ин паём ҳам агар манзуре ё ҳадафе иҷтимоӣ, сиёсӣ ё фалсафӣ ҳам нест, бигузор як ҳадафи эстетикӣ – сирф ҳунарӣ ва зебошинохтӣ бошад. Чизе бошад, ки дунёи маънавии хонандаро такмил кунад. Аммо мавҳуму тиҳӣ набошад.

Имрӯз намунаҳои нақди тарҷума ҳам рӯйи кор омада истодааст, ки бисёр муҳим мебошад. Агар дар тарҷума аз адабиётҳои дигар ба тоҷикӣ нақди муҳтавои он бо эътино ба салоҳи ҷомеаи кишвар ва фарҳанги миллӣ кори зарурӣ бошад, нақди тарҷумаи адабиёти тоҷик, хусусан, адабиёти класик ва даврони навин ба забонҳои дигар аз ҳар назаре дорои аҳаммият аст. Зеро забони модариро ҳеч мутахассисе беҳтар аз соҳибони он забон намедонад. Нақди татбиқии осори тарҷумашуда ба забонҳои хориҷӣ бо матни асли он осор кори фавқулода муҳим аст. Зеро ин тарҷумаҳо табъан муаррифи арзишҳои маънавию фарҳангии миллии мо барои ҷаҳониён мебошанд. Чи хуш аст, ки замоне фаро бирасад, ки мутахассисони забондон ва адиби худи мо осори тоҷикиро ба забонҳои дигари ҷаҳон тарҷума кунанд. Ҳоло ин кор то ҳадде дар сатҳи тарҷумаҳои илмӣ ва таҳтуллафз анҷом мешавад.

Анъанаи хуби дигаре, ки борҳо аз он ба таҳсин ёдоварӣ шудааст, пеш аз чопи асарҳо аз назари якдигар гузарон- дани ин осор мебошад, ки шояд инро битавон нақди довталабона ё машваратӣ номид. Албатта, адибоне ҳастанд, ки дар доираи маҳдуд ҳанӯз ин суннати некро идома медиҳанд. Аммо дар сурати маҷлисӣ ва дастҷамъӣ ин анъана танҳо дар баррасии рисолаҳои илмии номзадӣ ва докторӣ боқӣ мондааст. Магар шоиста нест, ки чунин тадбири созанда ба адабиёт ҳам интиқол ёбад ва соҳиби асари бадеӣ ҳам мисли он ки як муҳаққиқ рисолаи илмии худро дифоъ мекунад, асари худро воқеан дифоъ намояд, то ҳам онро бо назархоҳӣ аз ҳамкорон такмил созад ва ҳам ҳаққи худро ба субут расонад.

Дар ҳар ҳоле, бо вуҷуди ҳама мушкилот ва омилҳои гуногуни айнию зеҳнӣ, масъулияти беҳбуди вазъи адабиёт ва нақди адабӣ боз ҳам бар дӯши аҳли адаб аст ва ба ҳамдастии хайрхоҳона ин кор ба беҳтарин навъ амалӣ хоҳад шуд. Завқу салиқа ва донишҳои адабиётшиносии мавҷуд ва адибони босалоҳияти мо, ки шуморашон кам нест, ин амали хайрро ба хубӣ метавонанд анҷом бидиҳанд.

Дигар хабарҳо