Вассофи рўҳи баланд

 Вассофи рўҳи баланд

БА ПЕШВОЗИ 9- МАЙ РӮЗИ ҒАЛАБА

Боре, ҳангоми яке аз суҳбатҳои муқаррарии самимона бо дўстам Муъмин, баччагиҳои ба айёми ҷанг ростомадаамонро ба ёд овардем. Нағз дар ёд дорам, чӣ гуна нақлаш дар бораи маросими фоҷиабоу дил фишори ёдбуди ашкбори қурбониёни ҷанг, ки дар зодгоҳаш – Дарвоз роиҷ аст, моту мабҳутам карда буд.

Дар хонае, ки «хати сиёҳ» гирифта буд, тамоми занҳои деҳа ҷамъ меоянд, лўлаболиштеро дар марказ мегузоранд, дар болояш шохаи беди маҷнунро устувор ва ба рўи он рўймоли гулдореро соябон мекунанд. Ва модарони солхўрдаи пурҳасрат давра гирифта, ба ёди фарзандони нокоми хеш мегирянду мегирянд.

Ин маросимро халқ «гаҳвораи ноз» номида буд. Дар номаҳои зори он замон шоири оянда гиряи модаронаи Замин, замини душворқисмату меҳрубони Бадахшонро, ки деҳқони хокпошаш, соҳиби ҷавонаш, фарзандашро гум карда буд, шунид. Он гиряи аламбор барои зиндагии нотамоме буд, ки шодиву бахту меҳрубонии беҳад каме насибаш гашт. Он суруди ёдбуди писароне буд, ки бемаҳал зиндагии ширинро падруд гуфтанд; аз канори муҳаббати нахустин, аз оғўши меҳрбори модарон, аз саҳроҳои гулрези баҳорон рафтанд, бо ишқи нима, бо хандаи нима, суруди ҳаёти худро нахонда рафтанд.

Аз гўшае бачаҳои ҳайрону хомўш ба чеҳраҳои андўҳгину ашкбори калонсолон менигаристанд. Барои онҳо ҳайратовару мудҳиш буд, ки зери чодари рангин ноаён инсони ҳанўз дар ёду хотираи онҳо зинда хобидааст. Ёд доштанд онҳо, ки вай, аз наздашон гузашта, сарашонро сила мекард, ба кафи дасташон қандаке мемонд, бегоҳӣ, дар гирди гулхан, афсонаҳои ҷолиб мегуфт. Ин маросими рамзӣ чӣ таконе буд барои тасаввуроти бачаҳои аз он маросими фоҷиабори шартӣ моту мабҳут, ки танҳо ба рамз, ба ёд, ба сояи инсони ҳазорон фарсанг дур аз ин хонаи мотамбор баҳалокатрасида менолиданд ва ҳарчанд худи ў дар ин ҷо ҳузур надошт, гўё ҳозир буд: дар ёдҳо, дар қатраашкҳои ноилоҷи занон, дар овозҳои ларзону гирён ҳозир буд.

Ин маросим чизе монанд ба қудрати пурсеҳри шеър дошт, ки сояҳоро ҷон бахшидаву хотираи инсониро бекарон карда метавонист.

«Хотира рафъ намудани нобудист» – мегўяд ҳикмати бостонӣ. Оё рафъи нобудиҳои зиндагӣ нест назми ҳақиқии ноб?

Табиист, ки ин андешаҳо баъдан, дар айёми камолоташ ба шоир даст доданд. Лекин чӣ сон зарур буд он такони дерин, ки дили ҳассосу нозуки кўдакро бедор карда, дар он донаҳое кошт, ки дар оянда чунин мисраъҳо ба бор оварданд:

Ана модар,

Ҳама олам гувоҳи ў,

Ки то ин қулла барфи

                   қулла шуд мўи сиёҳи ў,

Ба рўи хокдон истода

                   чун ҳайкал, намеҷунбад

Ва дарде, ки дар ў гунҷида,

                   дар олам намегунҷад.

Ёди шаҳидон ниёиши осмонӣ, ниёиши муҳаббату қарзи инсонист. Он натанҳо савганд ба гузаштаи пур аз қаҳрамониҳо, балки савганд ба оянда ҳам ҳаст. Маҳз аз эҳсоси шадиду муассири ин масъулият дар назди Корнамоӣ, дар назди Замон, дар назди Хотира навиштааст Муъмин достони «Сурўши Сталинград»-ро. Дар он ҳама чиз – ҳам суханоне, ки гўё дар байни шикастапораҳои хиштҳои сўхтаи биноҳои валангор, ки мурури замон ғуборашонро рўфта натавонистааст, ҳам зарби хавотиромези ба тапиши хун дар рагҳо монандаш ва ҳам образҳои муҳташами гўё дар сурби сухан рехтааш муқаддасу пок аст ва бўи хотира медиҳад.

Ин ҷанги муқаррари дар романҳои Константин Симонов нишондодашуда нест, муҳорибаҳои хунрези фоҷиабори тасвиркардаи Васил Биков нест, суханҳои ҷолибу равонсанҷонаи Владимир Богомолов ҳам нест. Қаноат дар достонаш огоҳона аз тасвири муфассали ҷангҳо худдорӣ мекунад ва натанҳо аз он сабаб, ки худ шоҳиди он воқеаҳо набуд, балки бештар ба хотири иҷрои вазифаи маънидоди ахлоқиву граждании гузашта аз мавқеи насли худ. Ин, албатта, маъное надорад, ки ў мавзуъро маҳдуд кардаву ботантана, ҷузъ-ҷузъ, носеҳона ҳал менамояд . Вусъати мазмуни ҳаётии достон худ инро рад мекунад. Яъне, корномаи Қаноат «тақлиди зиндагӣ» (таъбири Чернишевский) нест, ки дар тасвири муфассали воқеият ифода меёбад, балки таъсири маънавӣ, муассир, рамзии воқеият аст, бештар романтизм аст, на реализм ба маънои услубии он. Бе сарфи назар кардани таърихият (истифодаи далелу санадҳо) шоир, пеш аз ҳама, бунёди лирикии мавзуъро таҳия намудааст: мавзуъ дар дасти ў соатест, ки ақрабаки соатнамояш дар рўи дил асту ақрабаки дақиқанамояш ба саргузашти инсон дар ҷанг ишора мекунад. Дар тасвири Қаноат маҳаки асосӣ дил аст. Ба ёд биёрем, ки коргардонҳои сатҳӣ, ки ба эҳсоси амиқ қодир нестанд, тасвири инсонро ба пиротехника, бутафорияи ҳарбӣ, саҳнаҳои пурсарусадо иваз мекунанд. Дар асари Қаноат, ки оид ба корнамоӣ аниқ, ҷиддӣ, боэҳсос ва дар айни замон одиву заминӣ ҳикоят мекунад, ин ҳамаро намеёбед. Достон,ки дар тасвири воқеаҳои ҷанг лирикист, бисёр муқтадир, мутантан ва эпикӣ садо медиҳад.

«Зодгоҳи ман бачагист» – ин суханони Экзюпери ба ҳама ошност. Ҳар як эҷодкори воқеӣ онҳоро ба худ нисбат дода метавонад. Магар бисёр сатрҳои достони «Сурўши Сталинград» аз таассуроти бачагӣ об намехўранд? Масалан, ин мисраъҳо:

Зи рўи зинаҳои мармарин

бо ин гаронборӣ

Ба нармӣ мебароӣ, бемададгорӣ,

Ба рўи санг меҷўӣ магар

нақши ҷигарбандат?

Баландӣ мекунад

оё баландиҳои фарзандат?

Ин суханонро дар лабони он ҳама занони дарвозӣ, ки он солҳои дури ҷанг ҳамроҳи модари сарбози ноком дар сари «гаҳвораи ноз» навҳа мекарданд, тасаввур кардан мумкин аст. Тасодуф нест, ки саҳифаҳои беҳтарини достон аз рўи қудрати таъсир ба сарчашмаҳои халқии назмамон баробаранд. Чунин аст, аз ҷумла, «Сурўши Робиа». Он ба суруди нозуку ҳазине монанд аст ва дар паҳлуяш, чун тақвиятбахши мутазоди монологҳо, ки достонро ташкил додаанд, пораҳо аз рўзномаи аскари немисро мехонем; пораҳое,ки аз ҷиҳати ҳақиқати мустанад басо дурушту бераҳмонаанд, аз девонавор будани амали гитлерчиён шаҳодат медиҳанд.

Дар паси ин ду хатти сохтории асар ду дунё қарор доранд: дунёи ваҳшонияту ҳайвонӣ ва дунёи волои модарону аскароне, ки барои ҳифзи хоки поки худ бархостаанд. Бо муноҷотҳои маҳрамонатарини хеш дар пеши назари мо ҳувайдо мешаванд онҳо, монологҳои  мухталиф садо медиҳанду инсонҳои гуногун амал мекунанд. Қаҳрамони достон ҷомеа, балки тамоми халқ аст.

Дар ҳамин ҷо мехоҳем ба хусусияте таваҷҷуҳ кунем, ки падидаҳои хосси насру назмамонро ба ҳам мепайвандад. Сухан аз монолог меравад, ки натанҳо бори сохтории асарҳоро бар дўш дорад ва қисмати зоҳирии онҳоро ифода мекунад, балки шаклеро бозгў мекунад, ки ҷойгоҳаш дар услуби муосири адабиёти тоҷик муҳим аст. Дар солҳои охир ду асари бузургу дурахшони адибони ҷавонамон ин фикрро ба исбот расонд. Мавриди назари мо «Сурўши Сталинград»-и Муъмин Қаноат ва «Палатаи кунҷакӣ»- и Фазлиддин Муҳаммадиев аст. Сониян, магар асарҳои охирини адибони бузургамон, аз он ҷумла «Аз Ганг то Кремл»-и Мирзо Турсунзода, ки ҷо-ҷо аз монологҳои мухталиф ва ё ноқили беном иборат аст, ин фикрро собит намекунанд?

Асарҳои номбаршударо оҳанги публитсистии онҳо низ, ки унсури муҳимми услуб ва роҳи дарки воқеият аст, ба ҳам қарин сохтааст. Монолог дар асари Қаноат аз зарурати пурратар фаро гирифтани зиндагӣ, ифодаи оҳангҳои гуногуни он бармеояд. Дар асл «сурўш»- ҳо дар достон ба ҳамсароии воҳид табдил меёбанд ва аз образҳои қаҳрамонони он симои сарҷамъонаи ҷомеа дар он солҳои мушкил ҳосил мешавад.

Ҳар монолог муноҷоти қаҳрамононаест ва низ як новеллаи муассирро мемонад.Ҳангоми ҷустуҷўи сарчашмаҳои ин навигариҳо метавон ба таҷрибаи бузурги гузаштагони адабиётамон ишора кард. Масалан, чунин монолог– новеллаҳоро дар «Гулистон»-и Саъдӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳатто истифодаи ҷо-ҷои пораҳои насрӣ дар достонҳои Муъмин Қаноат, Андрей Вознесенский ва Олжас Сулаймонов, ки дар аввал дучори нофаҳмию танқидҳо шуд, ба ин таҷрибаи бисёрасра ишорат мекунад. Анъанаи адабӣ ба хуни тоза монанд аст, ки дар вуҷуди осор чарх мезанаду онро тозаву қавӣ нигоҳ медорад. Достони Қаноат анъанавӣ (таваҷҷуҳ кунед, ки имкониятҳои арўзро чӣ гуна равшан нишон дода тавонистааст), вале дар айни ҳол навоварона аст. Навоварии шоир дар хаёлоти шадиди ў, оҳанги мустанаду публитсистист, ки хонандаро аз ҷузъиёт то ҷамъбастҳои куллии доманадор мебарад. Танҳо шоири муосире, ки шаклро навоварона эҳсос мекунад, гуфта метавонад:

Суханро вазну тамкини

Замин бояд…

Ва ё

Ба даври хеш чун сайёра ҷунбидам,

Ба даври хона чун гаҳвора ҷунбидам.

Маҳз шоири ҳақиқӣ метавонад одиву заминӣ эҳсос кунад, ки сайёраи Замин дар хонаҳо, пайванд бо тақдири инсонҳо меҷунбад:

Чунон тангам,

Чунон бандам,

Ки дар як хона меҷунбам.

Дар бораи санҷишҳои сангини наслҳои замони ҷанг андешида, беихтиёр як хабари рўзномаҳо ба ёд меояд. Дар он омадааст, ки мурғакони дар паҳлуи фурудгоҳҳои ҳарбии амрикоӣ ошёнгузошта аз идомаи насл маҳрум мемонанд, чунки тухми онҳо аз тухми мурғакони оддӣ ду-се баробар ғафстар мешавад. Ва ин монеаест, ки табиат дар мубориза бо ғурриши ҳавопаймоҳои реактивӣ эҷод кардааст. Аз ин ғурриш ҳатто шишаи тирезаи хонаҳо, ки аз тухми мурғакон бамаротиб бақувваттар аст, фурў мерезад. Ҳамин аст, ки девораи тухми мурғакон ғафсу дурушт мешавад, чўҷаякони зору нотавон онро шикаставу берун шуда наметавонанд ва тухми модар ба мадфанашон табдил меёбад. Ин хабарро хонда, дар бораи дилҳои одамоне меандешӣ, ки дар он чор соли мудҳиш, дар он муддати маҳрумияту навмедиҳо барои аз сангшавӣ эмин монданашон бояд соҳиби девораи муҳофизатӣ мешуданд. Аз он хусус ба андеша меравӣ, ки барои эҳсосоти одии инсонӣ – меҳр, некӣ, шодӣ чӣ душвор буд он девораи мустаҳкамро рахна задан… Шояд, чуноне ки мурғакон дар тухми модар, дар маҳбаси дил мемурданд он эҳсосот? Вале на, одамони шўравӣ дар он солҳо қудрати дўст доштан, шодӣ кардан, хандиданро аз даст надоданд. Оё аз ин боб нест нақли муассири яке аз қаҳрамонони достон, муҳофизи Сталинград Аҳмад Турдиев:

«Ба рағми марг дар хонаи мо – «Хонаи Павлов» тифле таваллуд шуд. Ҳама ўро Зина, ман Зиндагӣ ном гузоштам».

Ва дар ин амал, ки ба рағми бадбахтӣ дилҳои одамон ба рўи ҳам боз монд, хидмати суруду таронаҳои одиву олии ҳамсафари роҳи мудҳишу тўлонии сарбозон ҳам ҳаст. Сурков, Симонов, Твардовскийро ба ёд биёред, ки номашонро ҳар аскари ҷабҳа медонисту ашъорашонро намояндагони миллатҳои гуногун рўнавис карда мехонданд. Назм ба инсон меҳру некӣ меомўзад. Ёрӣ мерасонад, ки бар рағми мушкилоти зиндагӣ инсон бимонад. Ҳадафи Муъмин Қаноат низ барқарории ҳамин хислатҳои беназири инсонист.

Баъд аз достони навҷавониҳояш – «Мавҷҳои Днепр», ки ба хотираи неки бародараш эҷод шудааст ва шеърҳои алоҳидаву силсилаи шеърҳо дар мавзуи ҷангу сулҳ, дар арафаи 30-солагии Ғалаба бар фашизм шоир ба эҷоди достони беҳтаринаш – «Сурўши Сталинград» расид. Мо, хонандагон, бо «сатрҳои зинадор»-аш аз пайи шоир ба ёдго ри бузургтарини матонату шуҷоати инсонӣ, ки саршори сурўшҳои андўҳбори модарони гумноми Дарвоз бар марги фарзандонашон, сурўшҳои муҳофизони қаҳрамони Сталинград ва сурўши зеботарин – сурўши умеди инсоният ба сулҳу хушбахтӣ дар сайёраи кўчаки сарсабзамон аст, қадам мениҳем ва бори дигар баландиву бузургии рўҳи инсонро эҳсос мекунем.

Тарҷумаи Сурайё АҲМАДЗОД (Аз китоби М. Муллоҷонов «Портреты в пути», «Ирфон», 1981)

Дигар хабарҳо