МУҲТАРАМ КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО!

 МУҲТАРАМ КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО!

Шумо пас аз хатми факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳозира Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ, 1963) ба ҳайси муаллим, ходими адабии рўзномаи “Пионери Тоҷикистон” (“Анбоз”), мудири шуъбаи рўзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (“Ҷавонони Тоҷикистон”), мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рўзномаи “Тоҷикистони Советӣ ” ( “Ҷумҳурият ” ), мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти “Маориф”, сармуҳаррир (1987-1990), директори нашриёти “Адиб”-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (1990-2004) ва шуруъ аз соли 2004 ҳамчун мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар доштед.

Аз соли 2007 то соли 2015 вазифаи сармуҳарририи ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи “Помир”, аз соли 2015 то соли 2018 директори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мудири бахши очерку публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошта, дар ин самт низ барои рушду густариши адабиёти тоҷик корҳои басо назаррасеро анҷом додед.

Шумо чандин сол ҳамчун узви Комиссияи мукофоти давлатии ба номи Рўдакии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаҳои мадании ҷумҳурӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, узви Хазинаи сулҳи Тоҷикистон, раиси комиссияи мукофоти журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, узви ҳайати таҳририя ва мушовараи чандин маҷалла ва рўзномаҳои ҷумҳурӣ фаъолият намуда, айни ҳол вазифаи раиси Шўрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошта, барои рушди насри тоҷик саҳми боризи худро мегузоред.

Аввалин ҳикояи Шумо соли 1965 бо номи “Айб аз худатон, додар” ба нашр расид, ки мавриди истиқболи гарми хонандагон қарор гирифт. Минбаъд ҳикояву повест ва романҳои Шумо пайи ҳам дастраси хонандагони сершумор гардида, номатон ҳамчун нависандаи муваффақу босалиқа вирди забонҳо гашт.

Солҳои 80-уми қарни гузашта давраи сермаҳсултарини фаъолияти эҷодии Шумо ба шумор мераванд. Дар ин давра маҷмуаи ҳикояву қиссаҳоятон “Ситораи умед” (“Ирфон”, 1980), “Маоши аввал” (“Маориф”, 1982), “Шабе дар Кабудҷар” (“Ирфон”, 1984), “Дарди ишқ” (“Ирфон”, 1986), “Суруди муҳаббат” (“Ирфон”, 1988), “Дар орзуи падар” (“Ирфон”, 1989) ба нашр расида, аз сўйи хонандагон хеле хуб пазироӣ ёфтанд.

Баъдан осори Шумо бо номҳои “Нишони зиндагӣ” (“Адиб”, 1993), “Ситораҳои паси абр” ((“Адиб”, 2005), “Диле, ки саршори меҳр аст” (“Маориф”, 2011), “Ҷилои ситораҳо” (“Ирфон”, 2012), “Деҳаро хоб мебинам” (“Балоғат”, 2014), “Зиндагӣ ҳам нафасе” (“Адиб”, 2014), “Осорнома” (“Эр-граф”, 2017), “Савори аспи сафед” (“Маориф”, 2019), романҳои “Дар орзуи падар” (иборат аз се қисмат, “Адиб”, 2010), “Марги бегуноҳ” (“Адиб”, 2012), “Моҷарои зиндагӣ” (“Адиб”, 2017), “Ишқи Сархўр” (“Адиб”, 2020) дастраси хонандагони сершумор гардиданд.

Киностудияи “Тоҷикфилм” дар асоси романи сегонаи “Дар орзуи падар” иборат аз 23 қисмат, романи “Марги бегуноҳ”, қиссаи “Нишони зиндагӣ”, қиссаи “Дарди ишқ”, ҳикояи “Меҳри модар” ва ҳамчунин романи «Моҷарои зиндагӣ» (бо номи «Баҳори хазонрез») силсилафилм ва филмҳо ба навор гирифта, пешкаши ҳазорҳо тамошобин гардонид.

Қиссаҳои “Дарди ишқ”, “Ситораи умед”, “Шабе дар Кабудҷар”-и Шумо таҳти унвони “Муки любви” соли 1989 дар Маскав ба забони русӣ (тарҷумон Ирина Ракша) ва романи “Дар орзуи падар” дар Эрон (2002) интишор ёфтанд. Осори гуногуни Шумо дар 20 маҷмуаи дастҷамъӣ ба чоп расида, ҳамчунин асарҳои алоҳидаатон ба забонҳои инглисӣ, чехӣ (тарҷумон Иржи Бечка), туркманӣ, ўзбекӣ (тарҷумон А. Ҷуманов) ва ғайра тарҷума, чоп ва дастраси хонандагони сершумор гардидаанд.

Заҳмати бисёрсолаву пурсамари Шумо бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ (1992), унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон (2002), Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (2001), ордени “Шараф” (2003), Нишони адабии ба номи Л. Толстой (2016), Нишони “30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2021), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1965) қадрдонӣ гардидааст.

Устоди гиромӣ, Кароматуллоҳи Мирзо, 80–умин солҷашнатон муборак бод!

Дигар хабарҳо