ШОҲВАЛӢ САЙИД­ҶАЪФАР

ШОҲВАЛӢ САЙИД­ҶАЪФАР 5 июли соли 1944 дар деҳаи Ҷирабулоқи ноҳияи Восеъ ба ҷаҳон омадаааст. Соли 1951 ба мактаби миёнаи №3 рафта, курси пурраи онро соли 1961 тамом кардааст. Солҳои 1962-1963 дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №4 шаҳри Ленинобод таҳсил кардааст. Солҳои 1963-1964 дар мактаби миёнаи №12 ноҳияи Фархор сарпешоҳанг, ҳамзамон, устоди таълими меҳнат будааст. Моҳи августи соли 1964 шомили факултаи филологияи Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко шуда, солҳои 1964-1965 дар шаҳри Краснояр адои хидмати ҳарбӣ кардааст. Соли 1969 донишкадаро бо дипломи оъло ба итмом расонда, солҳои 1969-1971 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Энсиклопедияи советии тоҷик дар вазифаҳои лаборант ва муҳаррир кор кардааст. Солҳои 1971-1974 вориди аспирантура шуда, роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти сухангустари охирҳои асри XVII-и форсизабони Ҳиндустон тадқиқот бурдааст. Соли 1978 дар Шӯрои илми Институти шарқшиносии АН СССР рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Аз моҳи августи соли 1974 то охири ҳаёташ дар Донишкадаи давлатии омӯзгори Кӯлоб омӯзгорӣ мекард.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

4 январи соли 2007 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо