ШОҲЗАМОНИ РАҲ­МОН

ШОҲЗАМОНИ РАҲ­МОН 14 апрели соли 1946 дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1967 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1967-1968 дар мактаби таҳсилоти умумии зодгоҳаш аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Солҳои 1968-1991 корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, 1971-1973 муҳаққиқ–коромӯзи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, 1991-1992 дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Душанбе, 1993-1995 ходими калони илмии ҳамин донишгоҳ будааст. Соли 1987 дар мавзӯи «Мусаммат, таҳаввул ва ташаккули он» рисолаи номзадӣ, соли 1997 дар мавзӯи «Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсу тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.

Чанде мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Душанбе (1994), мудири кафедраи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳо (1997-1999), профессор (1998), сармуҳаррири рӯзномаи «Ганҷинаи сухан», мудири шуъбаи забон, итилоот ва матбуоти Вазорати маорифи мамлакат (1999-2003) будааст. Ҳоло профессори кафедраи забонҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ҳамзамон, сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мебошад.

Муаллифи рисолаву монографияҳои «Байт ва мақоми он дар шеър» (1980), «Мусаммат, таҳаввул ва ташаккули он» (1987), «Таҳаввули воҳидҳои лирикӣ» (1988), «Шеър ва Айнӣ. Дигаргуниҳои сифатию созмонӣ дар лирикаи муосири тоҷик» (1994), «Сухане чанд аз лирикаи форсии тоҷикӣ» (1999), «Таҳқиқ ва нақд» (2005), «Бародарони ҷонӣ» (2005), «Се кори муҳим ва бахайри Устод Садриддин Айнӣ» (2007), «Маърифати забон» (2008), «Ақидаҳои адабию бадеӣ ва назарӣ-эстетикии Устод Айнӣ» (2008) ва ғ. мебошад.

Маърӯзаву мақолаҳояш ба таҳқиқи масъалаҳои гуногуни назарияву амалияи шеъри классикиву имрӯзаи тоҷик бахшида шудаанд. Мураттибу муҳаррири маҷмӯаи мақолаҳо ва китобҳои «Ҷӯстуҷӯҳои эҷодӣ дар адабиёти ҳозираи тоҷик» (1988), «Ҷашнномаи Айнӣ» (ҷ. 7-8, 1991), «Куллиёти Абулқосими Лоҳутӣ» (ҷ. 6), «Раҳим Ҳошим» (дар ҳаммуаллифии А. Юнусов, Н. Кароматуллоева, М. Умарова; 1988), Барномаи забони давлатӣ барои мактабҳои олии ғайрифилологӣ (2001), «Фурӯғи субҳи доноӣ» (1997), «Феҳристи осор»-и Носири Хусрави Қубодиёнӣ (2004) буда, дар конфаронсу симпозиумҳои ватанию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзидааст. Ба муносибати 130-солагии Устод Айнӣ ва 1150-солагии Устод Рӯдакӣ рисолаҳо таълиф намудааст. Яке аз мураттибону муаллифони «Донишномаи Рӯдакӣ» мебошад.

Узви Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини раиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, котиби масъули Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию таърихӣ аст.

Бо Ифтихорномаҳои Вазоратҳои маорифу фарҳанги ҷумҳурӣ, нишони фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ордени «Дӯстӣ» (2001) қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо