НИЗОМ НУРҶОНОВ
НИЗОМ НУРҶОНОВ 18 декабри соли 1923 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Соли 1931 ба Душанбе омада, соҳиби маълумоти миёна гардидааст. Баъдан, солҳои 1942-1945, дар сафи Артиши Шӯравӣ ҳимояти Ватан кардааст. Феврали соли 1945 дар мудофиаи Конфаронси таърихии се давлати бузург (Иттиҳоди Шӯравӣ, Инглистон, ИМА) дар Ялта ширкат варзидааст. Соли 1947 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро ба баҳои аъло, соли 1951 аспирантураи Институти этнографияи ба номи Миклухо-Маклайи Академияи илмҳои СССР-ро дар Санкт-Петербург ба итмом расонда, дар мавзӯи «Сарчашмаҳои театри халқии тоҷик» диссертатсия ҳимоя карда, сазовори дараҷаи номзади илмҳои таърих гардидааст.
Соли 1968 дар Институти таърихи санъати Маскав дар асоси рисолаи калонҳаҷми нашршудааш «Таърихи театри шӯравии тоҷик (1917-1941)» рисолаи илмӣ ҳимоя карда, ба дарёфти дараҷаи доктори илми санъатшиносӣ муваффақ шудааст. Соли 1973 профессори кафедраи актёрии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода интихоб шуда, солҳои 1967-1995 ба тарбияи шогирдон машғул будааст.
Аз соли 1951 дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардушиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҷумҳурӣ кор мекунад. Дар он ҷо нахустин шуъбаи таърихи санъатро таъсис дода, сию панҷ сол мудири он будааст.
Фаъолияти илмию адабии Низом Нурҷонов аз соли 1948, бо тадқиқи масоили этнография ва санъати халқии тоҷик шурӯъ гардидааст. Дар ин ришта нахустин рисолаи тадқиқотии ӯ «Театри халқии тоҷик» (Маскав, 1956) ва чанд боби сеҷилдаи «Тоҷикони Қаротегину Дарвоз» таълиф ва чоп шудаанд. Сипас тадқиқу мавзӯи масъалаҳои театри анъанавии тоҷикро идома додааст, ки дар авроқи рисолаҳои «Драмаи халқии тоҷик» (1985), дуҷилдаи «Санъати мусиқии Помир» (ҳамроҳи Ф. Кароматов; Маскав, 1978, 1986), бобҳои ҷудогонаи «Тамошо ва театри халқии тоҷикони Қаротегину Дарвоз», «Ниқобҳои театрии Помир» (дар ҷ. 3-4 китоби «Санъати халқи тоҷик»), «Театри анъанавии тоҷик» (дар китоби «Театри фолклории халқҳои СССР») ва «Нахустин театри касбии тоҷик» (ҷ. 1-2, 2014), «Санъати мусиқии Помир» (дар 5 ҷилд; ҳамроҳи Баҳринисо Қобилова; ба забонҳои тоҷикию русӣ), рисолаҳои «Маҳорати драмаофаринӣ» (2013), «Эътирофи умумиҷаҳонии Малика Собирова» (2014), «Ҳаёти театрӣ ва мусиқии пойтахти давлати Сомониён»(2001). «Олами беканори рақси тоҷик»(2006), «Опера ва балети Тоҷикистон» (2011), «Мактаби актёрии тоҷик» (2011), «Мавригӣ» (2005; дар ҳаммуаллифии Баҳринисо Қобилова) ва чандин мақолаи муфассали илмӣ таҷассум ёфта, иддае аз онҳо дар маҷаллаи бонуфузи «Мусиқии Осиё» (ИМА) мунташир гардидаанд.
Дар баробари ин, пайваста ба тадқиқи масоили умдаи санъати театрӣ, драматургияи тоҷик ва эҷодиёти ҳунарпешагони барҷастаи саҳна шуғл варзидааст. Дар ин соҳа асарҳои тадқиқотии ӯ «Таърихи театри шӯравии тоҷик» (дар ду ҷилд; 1967-1990), «Театри тоҷик» (Маскав, 1968), «Театр ва драматургия» (ҳамроҳи Л.Н.Демидчик, 1957), «Рангомезии саҳна» (1983), «Муҳаммадҷон Қосимов» (1955; Маскав, 1960; Душанбе, 1978, 2007), «Аслӣ Бурҳонов» (1982), «София Тӯйбоева» (1993, 2013), «Маликаи рақс» (1992), як бахши калони «Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов» (1982), «Тӯҳфа Фозилова» (1998, 2012), «Малика Собирова» (2001), «Ҳоҷиқул Раҳматуллоев» (2005), «Ато Муҳаммадҷонов» (2010) ва ғ. дастраси хонандагон гардидаанд.
Китобҳои илмӣ-оммавии ӯ «Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» (1957, 1968), «Дар олами балет» (1975), «Ним асри пурсамар» (1980) ва ғ. хонандаро бо дунёи зебои санъат ва офаринандагони он ошно месозанд.
Саҳми мунаққиди номӣ дар инкишофи танқиди театр пурарзиш буда, мақолаҳои калони проблемавӣ ва тақризҳои мутаъаддиди ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи гуногуни Тоҷикистону Русия ва берун аз онҳо ба табъ расидаанд. Умуман, шумораи китобу рисолаву мақолаҳои мухталифи муаллиф то имрӯз беш аз 900 номгӯйро ташкил медиҳад, ки гувоҳи равшани соҳибҳунарӣ ва заҳматписандии беназири ӯстанд.
Низом Нурҷонов дорандаи чандин нишони ҳукуматӣ, Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаю ҷамъиятҳои гуногун мебошад.
Соли 1974 сазовори унвони фахрии Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон гардидааст.
Соли 2004 дар Теҳрон, дар Озмуни «Китоби сол», асари дуҷилдаи ӯ «Театри суннатии тоҷикон» сазовори мукофоти байналхалқӣ гардидааст.
Соли 2006 барои китоби «Олами беканори рақси тоҷик» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ гардонида шудааст.
Аз соли 1961 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1968 узви Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон, аз соли 1986 узви Созмони байналмилалии эҷодиёти халқ аст.
Низом Нурҷонов моҳи марти соли 2017 аз олам даргузашт.