МИРЗО МУЛЛОАҲМАД
МИРЗО МУЛЛОАҲМАД 20 феврали соли 1948 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1969 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба поён расондааст. Аз соли 1969 дар зерсохторҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон дар вазифаҳои ходими хурду калони илмӣ, мудири шуъбаи эроншиносӣ ва ҳиндшиносӣ, муовини директори Институти шарқшиносӣ, аз соли 1993 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи таърихи адабиёт фаъолият бурдааст. Муовини Саркотиби илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буда, ҳамзамон, дар донишгоҳҳои гуногуни Тоҷикистон ва, муддате, дар Донишгоҳи Исфаҳони Эрон дарс гуфтааст.
Доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, адабиётшинос ва эроншиноси шинохта буда, перомуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, забон, таърих ва фарҳанги тоҷику форсу Шарқ, роҷеъ ба адибони даврони мухталиф тадқиқот анҷом додааст. Асарҳои илмии ӯ «Фаррухии Систонӣ» (1978), «Нишот ва Миҷмар» (1983), «Лирикаи Адибулмамолик Амирӣ» (1985), «Фурӯғии Бастомӣ ва ғазалиёти ӯ» (1967), «Қоонии Шерозӣ» (1992), «Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт» (2008) дар нашриёти «Дониш», «Инсон. Адабиёт. Фарҳанг» (1993), «Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» (2012) дар нашриёти «Адиб», «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), «Дар олами эроншиносӣ» (2005), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…» (2011) дар нашриёти «Деваштич», «Бузургдошти инсони нек» (2011) дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ба табъ расидаанд.
Матни мунтахаби оммавии «Қобуснома»-и Унсурмаъолӣ Кайковус (1979, 2007), «Рубоиёти Умари Хайём» (1983), «Баргузидаи ашъори Шаҳриёр» (дар ҳаммуаллифӣ, 1984, 2006), «Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон» (дар ҳаммуаллифӣ, 1986, 1988), «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл»-и Абдураҳмони Мустаҷир (дар ҳаммуаллифӣ, 1989), «Гулбонги навҷавонӣ»-и Лоҳутӣ (дар ҳаммуаллифӣ, 1991), «Андарзномаи Рӯдакӣ» (1992), «Ғазалиёти Фурӯғии Бастомӣ» (1993), «Донишнома»-и Майсарӣ (1999), «Андарзномаи Ҳаким Носири Хусрав» (2003), «Дахунома» (2003), «Гулчини девони Ҳофиз» (2006), «Андарзҳои Ҷалолиддини Румӣ» (2007), «Ашъори мунтахаб»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), «Дар партави Хуршед» (2011), «Ҳикматномаи Носири Хусрав» (2013) ва ғ.-ро ба чоп расондааст.
Баъзе аз асарҳои илмиаш дар Маскав, Теҳрон, Вашингтон, Боку, Машҳад, Қарочӣ, Кобул, Тошканд ва ғ. чоп шудаанд. Яке аз муаллифони нашри академии «Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои ХIХ-ХХ» (Маскав, «Наука», 1999) мебошад.
Китобҳои ӯ «Ёди ёри меҳрубон» (Теҳрон, 2001), «Хубони порсигӯй» (Теҳрон, 2003), «Андарзҳои Рӯдакӣ» (Теҳрон, 2008), «Садои Осиё» (2011) ва ғ. хонандагони эрониро бо намунаҳои осори шоирони маъруфи тоҷик ошно кардаанд. Дар нашрияҳои муътабари Эрон асарҳои илмии ӯ «Ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома» (2005), «Рӯдакӣ ва суханварони ҳамрӯзгори ӯ» (2008, дар ҳаммуаллифӣ), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…» (2010) нашр шудаанд.
Ҳамчунин, рисолаи маъруфи ховаршиноси ленинградӣ Абдураҳмонов «Рӯдакӣ. Ҳаёт ва эҷодиёт» дар тарҷума ва тавзеҳи ӯ боре дар Душанбе (2008) ва ду маротиба дар Теҳрон (2012, 2014) ба табъ расид.
Ба қалами ӯ беш аз 450 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ тааллуқ дорад, ки аз онҳо 15 монография ва маҷмӯаи мақолаҳо, беш аз 30 маҷмӯаи гуногун аз осори адибони гузаштаву муосири форсизабон мебошанд.
Дар ташкили конфаронсу ҳамоишҳои илмӣ фаъолона ширкат варзида, котиби масъули Симпозиумҳои байналмилалии «Ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (1994), 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон» (2001), Анҷумани панҷуми байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷику форс» (2006), «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» (2008) будааст. Дар беш аз 30 конфаронсу симпозиуми байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни олам баргузор шудаанд, ширкат варзидааст. Аз ҷумла, дар толори Созмони милали муттаҳид (Ню-Йорк, 18 июни 2008) дар мавзӯи «Рӯдакӣ – шоири бузурги башардӯст» суханронии илмӣ кардааст. Рӯдакишиносӣ яке аз самтҳои фаъолияти илмии номбурда буда, «Донишномаи Рӯдакӣ» таҳти сарварии ӯ таълифу чоп шудан дорад.
Дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ саҳми арзанда мегузорад. Таҳти роҳбарии ӯ 14 нафар рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ кардаанд.
Узви ҳайати таҳририяи «Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ», маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Теҳрон), фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии «Пажӯҳишномаи таърих»-и Донишгоҳи озоди исломии Буҷнурд (Эрон), маҷаллаи Муассисаи фарҳангии ЭКО (Теҳрон), шӯрои дифоъи рисолаҳои доктории Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон, узви раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва ғ. мебошад.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ.
Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Мирзо Муллоаҳмад 25 январи соли 2023 аз олам даргузашт.