БАҲРОМ МИРСАИДОВ

БАҲРОМ МИРСАИДОВ 20 декабри соли 1976 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Солҳои 1984-1994 дар мактаби миёнаи ба номи М. Горкийи деҳа таҳсил карда, бо медали тилло ба итмом расондааст. Солҳои 1994-1999 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров донишомӯзӣ ва бо дипломи аъло хатмаш кардааст. Солҳои 2000-2003 аспиранти донишгоҳ буда, соли 2004 дар мавзӯи «Тимсоли бадеии парандагон дар назми ирфонии асрҳои миёна (XI –XII)» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Аз соли 1999 дар факултаи филологияи тоҷики ДДХ, Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён, рӯзномаи «Нури маърифат» фаъолият дорад.

Дар боби омӯзиши адабиёти ирфонӣ ва шеъру насри муосир рисолаи «Тимсоли бадеии парандагон дар назми ирфонии асрҳои миёна (XI-XII)» (2010), бештар аз чил мақола ва ду рисолаи илмӣ – «Поси номуси сухан» (2007), «Рӯзгору осори Ҳазрати Имоми Аъзам» (2008), дар ҳаммуаллифӣ) ба чоп расондааст. Ба омӯзиши таърихи адабиёти классикии тоҷик, бавижа, шохаи бузурги он – тасаввуф машғул буда, афкори ирфонии шуарою нависандагони сӯфия Имоми Аъзам, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Муҳаммади Ғазолӣ, Аҳмади Ғазолӣ, Санойии Ғазнавӣ ва дигаронро мавриди тавзеҳу ташреҳ қарор додааст.

Омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни адабиёти шӯравии тоҷик самти дигари фаъолияти илмии ӯ ба шумор рафта, то ин дам дар хусуси паҳлӯҳои мухталифи осори адибони маъруфи тоҷик, монанди Садриддин Айнӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ ва дигарон чанд мақолаи илмӣ таълиф намудааст.

Инчунин, перомуни китобу рисолаҳои олимону адибони маъруфи кишвар Т. Зеҳнӣ, Н.Салимов, А.Насриддинов, Фарзона, Баҳманёр, А.Раҳматзод, Б. Насриддинов, В.Набиев, М.Хоҷаев, Н.Файзуллоев, А. Набавӣ, Б.Раҳимӣ ва дигарон тақризҳо навиштааст.

Дар таҳияи маҷмӯаҳои илмии «Посдорони насри муосири тоҷик» (2009), «Шоири хуршеду дарё» (2011); дар ҳамдастии С.Аъзамзод, (Хуҷанд, 2012) саҳмгузор будааст.

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи ба номи Лоиқ Шералӣ «Падида» ва Ҷоизаи ба номи Носирҷон Маъсумӣ.

Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо