ХОЛИҚ МИРЗОЗОДА

ХОЛИҚ МИРЗОЗОДА 11 майи соли 1911 дар деҳаи Равонаки ноҳияи Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1935 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Баъдан муаллим, мудири кафедраи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, ходими калони илмӣ ва мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи илмҳои омӯзгории Тоҷикистон будааст.

Соли 1946 дар мавзӯи эҷодиёти Шоҳин рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Муддати мадиде мудири кафедраи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, чанде директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои омӯзгории Вазорати маорифи ҷумҳурӣ будааст.

Солҳои охир дар зодгоҳаш зиндагию эҷод карда, ба навиштани хотираҳояш машғул буд.

Соли 1968 рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.

Мақолаи аввалинаш соли 1934 ба табъ расидааст. Дар масъалаҳои умда ва мубрами адабиёт мақолаҳои зиёде навиштааст, ки дар китобҳои «Аҳамияти адабиёт дар тарбияи атеистӣ» (1961), «Мулоҳизаҳо дар бораи адабиёт» (1963), «Ақидаҳои зиддидинӣ дар адабиёти тоҷик» (1966), «Адабиёт аз нуқтаи назари ҳаёт» (1973), «Афкори рангин» (1982), «Адабиёт, таълим ва тарбия» (1983) ва ғ. гирд омадаанд.

Рисолаҳои «Шамсиддин Шоҳин» (1956), «Рӯдакӣ – асосгузори адабиёти классикии тоҷик» (1958), «Адабиёти классикии тоҷик» (1958), «Ҳабиб Юсуфӣ» (1960), «Материалҳо аз таърихи адабиёти тоҷик» (1962), «Мирсаид Миршакар» (1962) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Дар офариниши «Очеркҳои адабиёти советии тоҷик» (1957) ва «Таърихи адабиёти советии тоҷик». Инкишофи жанрҳо» (1984) саҳми шоиста гузоштааст.

Мунтахаби осори Ҳофиз (1957), Шоҳин (1959), Убайди Зоконӣ (1963)-ро барои чоп омода кардааст. Муаллифи чанд китоби дарсӣ будааст.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1978), Муаллими шоистаи Тоҷикистон (1958). Бо нишону ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Аз соли 1944 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Моҳи декабри соли 1994 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо