АБДУ­МАННОНОВ АБДУРАҲМОН

АБДУРАҲМОН АБДУ­МАННОНОВ 6 апрели соли 1947 дар деҳаи Боғистони вилояти Тошканд ба ҷаҳон омадааст.

Мактаби миёнаро дар деҳа хатм намуда, соли 1968 шуъбаи забони форсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расондааст.

Солҳои 1968-1972 аспиранти Институти шарқшиносии Академияи улуми ИҶШС будааст.

Дар ин миён, аз ноябри 1968 то декабри 1969, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст.

Соли 1973 дар мавзӯи «Маликушшуаро Баҳор ва анъанаи қасидасароӣ дар адабиёти форсӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Аз он вақт то имрӯз дар идораву вазифаҳои гуногун адои вазифа дорад.

Аз ҷумла, солҳои 1973-1975 корманди илмии Институти шарқшиносии АИ ҷумҳурӣ, солҳои 1975-1978 мудири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, солҳои 1979-1990 ходими калони илмӣ ва муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз апрели 1991 то марти 1998 муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон, аз марти 1998 то ноябри 2005 мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ ва Шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, солҳои 2005-2010 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ будааст.

Аз соли 2010 котиби масъули АМИТ «Ховар» мебошад.

Муаллифи китобу рисолаҳои илмии «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ҷ.1, 1984; дар ҳаммуаллифии Х.Мирзозода ва А.Сайфуллоев), «Абулқосим Лоҳутӣ» (1987; дар ҳаммуаллифии Х. Отахонова ва Ҳ.Шодиқулов), «Нуқтаи назар» (маҷмӯаи мақолаҳо; 1990), «Пиндорҳо ва ингорҳо» (маҷмӯаи мақолаҳо ва шеърҳо; 2006) ва ғ. мебошад.

Қариб дусад мақолаву тақризаш дар матбуоти ҷумҳурӣ, нашрияҳои гуногуни Маскав, Алмаато ва Тошканд оид ба ҷанбаву масъалаҳои мухталифи адабиёти форсии тоҷикӣ интишор ёфтаанд.

Асарҳои С.Баруздин «Такрори дарсҳои гузашта» (роман, 1984), О.Ёқубов «Виҷдон» (роман, 1984), Элчин «Ишқи аввали Балададаш» (қиссаву ҳикояҳо, 1986), Б.Василйев «Субҳи ин ҷо сокит аст» (қисса, 1988), Ю.Збанатский «Хорпушти олиҳиммат» (ҳикояҳо, 1988) ва намоишномаи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ «Падаркуш» (аз туркӣ, 1996)-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Ҳикояҳои алоҳидаи А.П.Чехов, Ӯ.Ҳошимов, Т.Пӯлодов, Анорро тарҷума кардааст, ки дар китобҳои дастҷамъӣ ва матбуоти даврӣ чоп шудаанд.

Намунаҳои осори Ҳофиз, Ҷомӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, М.Қаноат, Гулназар, А.Сафар, М.Шералӣ, Ш.Ёдгорӣ, Ҳ.Ғойиб, З.Абдулло ва дигаронро аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷумаи таҳтуллафз кардааст.

Барои китоби «Пиндорҳо ва ингорҳо» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2007) гардидааст.

Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), дорандаи орденҳои «Шараф» (2003), «Дӯстӣ» (2005), медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо