Адибе, ки ҳамдили бачаҳост
Имрўз агар аз бачаи китобхон суол кунем, ки китобҳо ва адибони дўстдоштаашро номбар кунад, дар қатори адибони маъруфи Тоҷикистон Азизи Азиз ва китобҳои ўро низ ба забон меоранд. Дар номинаи адабиёти бачагонаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» довталабе нест, ки асарҳои ўро мутолиа накарда бошад. 18 қисса, даҳҳо ҳикояву афсона, зиёда аз 200 чистону тезгўяки Азизи Азиз бачаҳо, умуман, хонандагони асарҳои бадеиро мафтун кардааст… Чун ҳамроҳи ў дар кўча қадам мезанед, мардум ҳар замон салом медиҳанд ва ё бо эҳтиром аз дур нигоҳ мекунанд. Гоҳо падаре ё модаре Азизро бо эҳтиром боздошта, барои ину он асар ё барномаҳои телевизиониаш ташаккур мегўяд, дигарон барои хотира акс мебардоранд…
Вақте нависанда ба мактабе меравад, он рўз он ҷо ид хоҳад шуд. Дар бисёр деҳаю мактаби Тоҷикистон китобхонон ўро мешиносанду дўст медоранд. Бесабаб нест, ки Сироҷиддин Иқромӣ – мудири бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар як маҳфил махсус қайд карда буд, ки қиссаи нави Азиз «Як қадам он сў»-ро пиру барно бетанаффус, ба қавле, бо як нафас, мехонанд ва ин қисса мисли дигар асарҳояш хонандаро ба худ мекашад.
Боре чистонҳои ўро хондам.
Дўкон ба дўкон кофтем,
Оқибат онро ёфтем.
Пул додему харидем,
Овардему партофтем. (Қолин)
Чистони дигар:
Ҳазор сўзан дораду якто қарз намедиҳад. (Хорпушт)
Ё ин чистон чӣ қадар аҷиб аст:
Навишта мешаванд,
Хонда намешаванд.
(Аломатҳои китобат)
Соли 1986 як афсонаи Азиз бо номи «Аз ҳама зўр» дар нашрияи «Адабиёт ва санъат» чоп шуд. Он замон ба ин нашрия олимону шарқшиносони кишварҳои дуру наздик обуна мешуданд. Афсонаро шарқшиноси машҳур Иржи Бечка ба забони чехӣ тарҷума ва дар нашрияи бачагонаи «Огничек»-и Чехословакия чоп кард. Иржи Бечка ба дўсташ Василий Георгиевич Белан, ки муқими Душанбе буд, навиштааст: «Азизро суроғ кунед, агар ҷавону навқалам бошад, ба кор ҷалб намоед…» Ва ҳамон сол Камол Насрулло Азизи Азизро аз мактаби кунҷи кўҳистон ба кор даъват карда, муҳаррири калони маҷаллаи бачагонаи «Чашма» таъйин намуд…
Асрори комёбии Азиз чист? Азиз омўзгори синфҳои ибтидоист, имрўз ҳам як пояш аз мактаб канда нест ва гоҳо дарс мегўяд. Инчунин, ў аз табиату забони кўдак огоҳ аст ва худро ба адабиёти хурдсолон батамом бахшидааст. Боре худаш гуфта буд:
– Ба лаби дарё рафта, дасту рў шуста, изҳор кардан, ки оббозӣ кардаӣ, хатост, бояд ба об ғўта зад… Баъзе адибони бачаҳо лоақал «Тобистон»-и Пўлод Толисро нахонда, китобнависӣ мекунанд…
Бори дигар гуфт:
– Дар адабиёти тоҷику ҷаҳон сад асар ҳаст, ки нахондану надонистан айб аст… – ва чандеро номбар кард.
Панҷ сол қабл, вақте ки Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим Азизи Азизро ба кор даъват кард ва мудири бахши адабиёти бачаҳо таъйин намуд, дар фаъолияти бахш ҳамоно тағйирот ба амал омад. Нахуст ў ба гўши бехабарон таснифи адабиёти хурдсолонро расонид, яъне навқаламон, балки баъзе адибон, фаҳмиданд, ки ин адабиёт аз адабиёти калонсолон тафовут дорад. Барои мисол, қиссаи аҷиби «Паррончакҳо»-и Абдулҳамид Самад ҳам барои ҷавонон ва ҳам барои калонсолон асари фаҳмиданист, вале асаре, ки барои бачаи ҳафтсола эҷод шудааст, барои бачаи шашсола мафҳум нест. Аз ин сабаб адабиёти бачагонаро метавон ба 6-7 давра тасниф намуд ва барои ҳар синну сол адибе лозим аст. Азиз бо ҳикоя ва афсонаҳои хурду бузургаш исбот ҳам намуд, ки ину он асар барои кадом синну сол эҷод шудаанд. Акнун имрўз ўро бачаҳо мехонанду дўст медоранд, зеро ҳам барои чаҳорсола навиштаасту ҳам барои 14-солаҳо…
Бо Азизи Азиз бештар дар толори адабиёти бачагонаи Китобхонаи миллӣ вомехўрам. Машғули мутолиа ё ҳамроҳи бачаҳои хурдсол саргарми суҳбат аст. Боре китоби расмҳояш ҷолибу рангаро ба даст гирифта гуфт:
– Бинед, ба бачаи хурдсоли имрўз чӣ гуна китоб лозим аст!? Агар мо ҳамин гуна китобҳои рангаю зебо ва ба синну соли кўдакон мувофиқ нашр намоем, дўстдорони китоб меафзоянд.
Азизи Азиз ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар бораи адабиёти кўдак ҳамин тавр соатҳои дароз дилсўзона андешаронӣ мекунад. Ба андешаи вай, дар замони пешрафти илму технология китобҳои бадеӣ ва асарҳои ҷолиб соле то сад-дусад номгўй бояд ба нашр расанд, вале китобҳои муосири бачагона хеле камшуморанд. Гоҳо барои бачаҳо китобе пешниҳод мегардад, ки танҳо дар пешгуфтораш “бачагона” навиштаанд, гоҳо ин гуна асар аз сухани беҳуда ва баёни хушку холӣ иборат аст. Ва қанд занеду эрод гиред.
Азиз боре қисса кард, ки ба ду ҷумлаи як навқалами 50-сола эрод гирифт ва маслиҳат дод, ки панҷ сол китоб хонда, забон омўзаду баъд қисса нависад. Ду ҷумлаи ин қисса чунин будааст: «Ронандаҳо мошинҳои худро дар канори роҳ бетартиб қатор гузошта буданд. Одамон аз миёни мошинҳо ба худ базўр роҳ кушода, роҳ мерафтанд…»
– «Роҳ кушодан» дигар асту «роҳ ёфтан» – дигар, – мефаҳмонад Азиз. – Шумо навиштаед, ки «бетартиб қатор гузошта буданд…» Агар «қатор гузошта» бошанд, «бетартиб» нодуруст аст. Шумо чӣ навиштанатонро сарфаҳм рафтед?!
Муаллиф ба шўр меояд…
Бори дигар «адиб»-еро, ки 65 китоб ба нашр расондааст, ба узвияти Иттифоқи нависандагон пешбарӣ накард. Он «адиб» ба боло арз кард. Лозим омад, ки чанд шеъру достони «адиб»-ро дурусттар таҳлил намуда, фаҳмонад, ки ҳарчӣ ў навиштааст, вазн дорад, қофия дорад, мазмун ҳам дорад, вале шеър нест.
Ҳангоми таҳияи чунин китобҳо инкишофу диди кўдак ва завқу ҷаҳонбинии вай ба эътибор гирифта намешавад. Айби ноширон низ ҳаст, зеро онҳо ба сифати китобу ороиш ва ҳатто андозаи ҳуруф аҳамият намедиҳанд. Мутаассифона, дар ҷумҳурии мо, ки қариб чор миллион кўдак ҳаст, ҳар сол барои бачаҳо ҳамагӣ 20-25 номгўй китоб нашр мегардаду халос. Барои кўдакони 3-5- сола қариб чизе наменависем.
Азизи Азиз баробари адиби боистеъдоду заҳматкаш будан, инсони хеле самимӣ ва дўсти беғараз мебошад. Инсонро дар сафар мешиносанд. Ман ҳам борҳо ҳамроҳи ў сафар кардаам. Моҳи майи соли 2019 ба минтақаи Рашт сафари эҷодӣ доштем. Ҳини сафар Азиз ҳар куҷо хурдсолонро медид, ҳатман ҳамсуҳбат мешуд, зеро бачаҳо ўро шинохта, наздик меомаданд. Дидаам, ки дар деҳаи дурдасте бачаҳо машғули гулчинӣ буданд. Азиз аз мошин пиёда шуда, назди онҳо рафт. Аз атроф бўи баҳор меомаду насими гулбез мевазид. Азиз ба онҳо салом дод ва гуфт:
– Офарин, бачаҳо, чӣ қадар гул чидед?!
– Ҳамаашро чидем, – ҷавоб доданд бачаҳо ва ба бағали пургули худ ишора карданд.
Азиз андаке ба фикр рафту гуфт:
– Ин гулҳоро тамоман решакан кардед, увол аст! Магар ба шумо нафаҳмонданд, ки гулҳоро решакан намудан дуруст нест! Акнун соли дигар дар ин ҷо гул чида наметавонед…
Ана, ҳамин хел, инсони некдил ва адиби дардошно аст Азизи мо. Ўро Худованд маҳз барои бачаҳою адабиёти бачаҳо офаридааст. Азиз пайваста асар эҷод мекунаду аз тариқи телевизиони “Баҳористон” барои бачаҳо барномаҳои ҷолиби адабии омўзишӣ пешниҳод менамояд. Азизи Азиз барҳақ марди хушбахт аст, аз пурхонандатарин адибони бачаҳост! Ў 12 феврали соли 1960 дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ ба дунё омадааст, хатмкардаи факултаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи давлатии омўзгории Хуҷанд мебошад. Баъди солҳои омўзгорӣ фаъолияташро пурра ба адабиёти бачаҳо бахшидааст. Муаллифи китобҳои “Афсона ва ҳикояҳо”, ”Хандонак”, ”Қарзи Сарлашкар”, ”Донишманд ва девдарахт”, ”Афсонаи об”, ”Шаш ва нуҳ” ва ғайра мебошад. Афсонаҳои вай ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ, чехӣ, қирғизӣ тарҷума шудаанд. Ба ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сазовор гардидааст. Ҳамчунин, аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифу илм мебошад.
Чанд моҳ пештар аз номбурда қиссаҳои нави «Аниса, Алиса ва ман», «Ду рўз дар яхдон» ва «Саёҳате, ки интизораш набудам»-ро, ки нав ба табъ расидаанд, гирифтам. Китобҳоро мутолиа намуда, ба ҳунару заҳмати Азизи Азиз қоил шудам. Ҳама бо забони тозаю самимӣ ва содаи ба хонандаи хурдсол фаҳмо иншо шудаанд. Гирем, қиссаи “Аниса, Алиса ва ман”-ро, ки хеле дилнишин мебошад. Дар ин қисса духтараки тоҷик Аниса бо дугонаи русаш Алиса ва Нуъмон, ки меҳмони онҳост, ба замбурўғчинӣ рафта, дар ҷангали деҳаи Леснаяи Русия роҳгум мезананд. Барои онҳо сафар намудан дар бешазори анбўҳ хеле мароқангез буд. Онҳо дар беша бо хирс дучор меоянд, чанд хатари дигар аз пеш мебарояд ва танҳо доноӣ ва зиракии Алиса бачаҳоро наҷот медиҳад. Аниса тимсоли духтараки донои тоҷик аст, ки дар кишвари дигар маҳбуби дилҳо шудааст… Хатти сужаи қисса хеле диққатҷалбкунанда буда, дар он табиат, дору дарахтон ва гулу буттаҳо хеле табиӣ тасвир ёфтаанд ва зуд ба дили хонандаи хурдсол роҳ меёбанд.
Қиссаҳои Азиз ҳаётӣ ва боварбахшанд, муҳобот намекунад. Дар қиссаи «Ҷузвдон» писараке 45 ҳазор сомонӣ ёфта, даступохўрда мешавад ва ҳафтае чӣ кор карданашро намедонад, дар қиссаи «Ду рўз дар яхдон» писараке андаруни қуттии яхдони куҳна дар мемонад, қаҳрамони қиссаи «Дурўғ» барои ба мактаб нарафтан баҳонае ҷуста, садҳо нафарро сарсону овора мекунад…
Хусусияти хоси қиссаҳои Азизи Азиз ин аст, ки қаҳрамонон мушкили худро одатан ва бештар худашон ҳал мекунанд. Метавон тахмин зад, ки Азиз сабку услуб ва забону оҳанги эҷодро аз нависандаи рус Николай Носов, ки муаллифи «Қиссаҳои Нодонхўҷа» мебошад, зиёд омўхта, вобаста ба шароити имрўз ва шавқу завқи бачаҳои кишвари худ такмил додааст.
Азизи Азиз боз як кори хайр анҷом дод: ў барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ қиссаҳо навишт. То имрўз мо мегуфтем, ки хурдсолон бояд ҳикоя ва афсонаҳои хурд-хурд мутолиа кунанд. Албатта, дуруст аст. Тасаввур кардан душвор аст, ки дар панҷ-шаш соли охир Азиз барои онҳо 10 қиссаи тоза эҷод кардааст!
Барои дарки мазмуни ҳикояҳои Азиз дахолату ёрии калонсолон тамоман зарур намешавад, ҳарчанд калонсолон низ онҳоро бо завқ мутолиа мекунанд. Забонаш содаю дилчасп аст. Ҳикояҳояш одатан басо кўтоҳанд. Аммо мо Азизи Азизро бештар чун афсонанавис мешиносему меписандем. Ў адибест, ки афсонаи зиёд (зиёда аз 100-то) гуфтааст. Афсонаҳои Азиз ширину пурмазмунанд. Онҳо кўдаконро ба дунёи пурасрор мебаранд ва ба дилҳо шодию фараҳ мебахшанд. Дар афсонаҳояш Азиз наврасонро бо қаҳрамонҳои худ аз наздик ошно намуда, онҳоро аз пайи худ ба кўи мурод, ба дунёе, ки он ҷо кўдаконро мефаҳманд ва дўст медоранд, мебарад. Рисолати адабиёти кўдак ҳам тарбия ва инсондўстӣ мебо- шад. Дар ин роҳ Азизи Азиз қадамҳои устувор мегузорад, вале афсўс, ки эҷодиёти ў аз мадди назари мунаққидону муҳаққиқон дур мондааст.
Маҷид САЛИМ,
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ