Хидмате дар тавлиди меҳр

 Хидмате дар тавлиди меҳр

(Абдулҳамид Самад. Ёр дар бари ёр. – Душанбе, “Адиб”, 2019, 192 саҳ.)

 

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан….

 Саъдӣ

Замони муосир дар қатори музаффарияту муваффақиятҳояш, пешравиҳои бузурги илмиву техникиаш, дастовардҳои чашмраси моддиаш, оқибатҳои ногувори маънавӣ низ ба бор оварда истодааст. Костагиҳои маънавии ҷамъияти инсонӣ, ки маҳсули ҷаҳонишавии босуръат, бозоришавии иҷтимоъ, болоравии қимати моддӣ аз қимати маънавӣ, мушкилоти глобалӣ,рушди тамоюлҳои иртиҷоӣ-хурофотии иҷтимоӣ мебошад, ҳар як фарди худогоҳу равшанфикрро водор месозад, то ҳиссае дар роҳи ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ дошта бошад. Беҳуда бузургон адабиётро оинаи ҳаёт наномидаанд. Адабиёт бояд ҳама ин пешрафту костагиҳоро воқеъбинона инъикос намояд. Дар ислоҳи вазъи маънавии ҷомеа ҳаддалимкон хидмате намояд. Дар акси ҳол он ба суханпардозии хушке мубаддал мегардад. Ҳарчи хушк аст, ба ҷое намечаспад.

Ҳар як асари бадеӣ, хоҳ кўчак бошаду хоҳ бузург, рисолати инъикоси сафҳаҳои зиндагиро ба дўш дорад. Хоҳ он сафҳа бофтаи тахайюли муаллиф бошаду хоҳ заминаи воқеӣ дошта бошад. Вақте муаллиф қалами тасвир ба даст мегирад, воқеаи тасвиршавандаро пеши назари хеш мегузорад. Бахусус агар муаллиф соҳибқалам бошад, хеле хуб медонад, чӣ мехоҳад бинависад ва чӣ гуна бояд нависад. Барои ў на усули навишт, балки мақсад ва моҳияти навишт муҳимтар аст.

Маҷмўае, ки дар даст дорем, маҳсули қалами нависандаест бо кўлвори пури таҷрибаи аввалан зиндагӣ, сипас ҳикоя ва қиссанависӣ. Дар китоб чанд ҳикоя, як қисса ва як эссе ҷой ёфтаанд. Мавриди қайд аст, ки аксари ҳикояҳо асоси воқеӣ ва хотиротӣ дошта, бо либоси бадеӣ пероста шудаанд. Ин тарзи нигориш, агарчи бандубаст, мавзўъ, сужаи муайян дорад, аз нигоранда масъулияти бештар мехоҳад ва маҳдудияти хоссе низ дорад. Маҳдудият дар он аст, ки вақте рафти воқеаҳои тасвиршаванда манбаи реалӣ-таърихӣ доранд, барои ҷилваи тахайюли муаллиф имкони васеъ намедиҳанд. Муаллиф бояд аз воқеияти реалӣ дур нарафта, ба он либоси зарури бадеӣ бипўшонад ва бо он мақсаде, ки дорад сужаро ба майли ҷараёни хоста равона созад. Яъне на ҳар он чи ҳасту буд, балки чӣ мехоҳад бигўяд. Маҳорати нависанда дар моҳияти мавзўъ, яъне дар интихоби сару либос, тарзи буру дўз, орову торо ва упову ғозаи ин арўс ифшо мегардад. Хеле хушоянд аст қайд намудани он нукта, ки устод Абдулҳамид Самад чун ҳунарманд дар шона задани зулфи сухан дасти тавоно дорад.

Маҷмўа ва ҳикояи аввал бо мақсади муайян “Ёр дар бари ёр” номгузорӣ шуда, ба хотираи неки фарзанди ҷонфидои кишвар, собиқ роҳбари аввали ҷумҳурӣ Турсун Улҷабоев бахшида шудааст. Таърих гувоҳи амалкардҳои пурарзиш ва бегуноҳ гунаҳкор шудани ин шахси ҳақиқатан ҷонфидои миллат аст. Ҳарчанд заминаи ҳикоя воқеият дорад, мақсади муаллиф расидан ба умқи воқеаҳои рўйдода, таҳлили заминаҳои ин беадолатӣ (агарчи мавзўъ мубрам ва адабиётзеб аст) нест. Адиб мехоҳад маҳз мавқеи ёри ҳамсафари умрро дар шебу фарози роҳи зиндагӣ, дар вазъу ҳолатҳои гуногун таъкидан ба риштаи тасвир кашад. Таҷрибаву малакаи умри пурбаракат ба ў ин ҳуқуқро медиҳад.

Ин ҷо зарурати таҳлили таносуби калом, санъати сухану тасвир ва амсоли инҳо нест. Зеро муаллиф устоди эътирофшудаи каломи бадеъ асту ба услуби тасвираш хўрдагирӣ имкон надорад. Хусусияти хоссу мақбули забони устод А. Самад он аст, ки ҳама чиз — сабк, услуб, тарзи баён, луғат, санъати тасвир, ҳамзамон тозагиву содабаёнӣ дар он вуҷуд дорад. Нависанда тавонистааст бо тарзу усули хос симои як ҳамсари вафодорро дар ҳолати басо шигифти ноумедиву рўҳафтодагӣ, ки на ҳар мард ва алалхусус зан — ҳамсаре тавони кашидани ин борро дорад, ба қалам диҳад. Дар назари аввал рўҳафтодагӣ Зан-ҳамсарро низ шигифтзадаву сархам ва ноумед сохта. Мард, ки дар даврони савори аспи мансаб будан аксар сифатҳои неки ҳамсарро ҳатто мушоҳида ҳам намекард, ўро барои худ аз нав кашф менамояд. Мефаҳмад , ки ҳамсараш хўрокҳои болаззат мепазад, рўзгорро, бачаҳоро саришта менамояд. Вай акнун мебинад, ки дар шохи дарахтони ҳавлӣ парандагон лона доранду месароянд. Ин лаҳзаи “кушода шудани чашм” хеле пандомўз аст. Оё зарур бошад, ки пас аз бохтан ба қадри доштаву ёфта бирасем!?

Аз монологҳои худбахудии Мард маълум, ки барои хатоҳои гузашта бештар таассуф мехўраду шигифтиаш меафзояд. Ҳатто ҳолати ноумедиву шигифтӣ, дар қатори дигар аҳли оила, ба саги хона низ таъсир расонида. Косаи вай ҳам тиҳӣ гаштаву дигар касе ба вай бо меҳрубонӣ устухони мағздоре намеорад. Рўҳияи саг бо соҳибаш созгор аст.

Ҳолати рўҳии Зан аз Мард беҳтар нест. Умуман ҳолати умумии хонавода “ноумедӣ ва рўҳафтодагӣ” аст. Аммо маҳз Зан дар худ иродаи қавӣ пайдо намуда, мардро аз “ҳабси хонагӣ”, аз вартаи ноумедӣ ба берун, ба кўча мекашад:

 “- Берун бароед!… Осмон ба замин наафтодааст-ку!”- мегўяд зан. Худи ҳамин сухани басо одӣ чӣ дилбардории бузургу олиест барои дили аламзадаву ноумедгашта, корафтодаҳо мефаҳманд. Ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар асарҳои бадеӣ басо дидаву хондаем, ки ноомади кори ҳамсарон боиси хархашаҳо ва ҳатто пошхўрии оилаҳо мегардад. Басо буда, ки рўҳафтодагӣ оқибатҳои фоҷиабор низ овардааст. Аммо Зан — қаҳрамони ҳикоя дар худ қувва, ирода, матонат меёбад, то ки ноумедӣ, дилшикастагӣ, таассуф барин ҳолатҳои шиканандаи рўҳро дар худ фурў бурда, роҳи наҷот ҷўяд.

Маҳз ҳамин “берункашӣ” боиси тасодуфан вохўрӣ бо марди маъюб, аммо зиндадил — “Шоҳзода” дар ошхона мегардад, ки худ як дарси ибрати зиндагӣ аст. Дарси умед, дарси муҳаббат ба зиндагӣ. Басо буда, ки мо афсўси бохтае мехўрему шукри доштаву ёфтае намекунем! Ишораи нависанда ҳам, маҳз ба ҳамин ҳикмати зиндагӣ аст, ки ба қадри дошта бояд расид. Оре, рисолати нависанда ҳам дар он аст, ки ба хонанда сабақи зиндагӣ омўзад. Бахусус дар замони имрўза, ки ёфтану бохтан маъмулӣ гаштаву ба ҳолати рўҳонии аксари мардум таъсиргузор, ин сабақ саривақтӣ мебошад. Ёфтану бохтанро тавонистан ҳунар аст, яке аз хусусиятҳои хосси инсони худшинос мебошад. Худшиносӣ дар шахсият меъёри асосист. Чаро маҳз худшиносӣ? Зеро худшиносӣ агар тобеи манфиати шахсӣ гардад, худпарастие беш нест. Худшиносӣ ин дар як вақт дидани дигарон,шинохтани манфиати дигарон, баъзан гузаштан аз худ ба хотири манфиати дигарон мебошад. Зан дар ин ҳикоя натанҳо шахс, балки шахсиятест, ки манфиати оила, осудагӣ ва тинҷии оила барояш дар мадди аввал меистад. Маҳз шахсиятҳо метавонанд ба бешу ками зиндагӣ муносибати дуруст дошта, аз ҳар як вазъият, на дар зери таъсири ҳиссиёт, балки бо кумаки ақл худрову дигаронро аз варта берун кашанд. Муаллиф ҳам мехоҳад, ки хонанда худ хулоса кунад, ки дар вазъиятҳои ташаннуҷӣ чӣ гуна амал кардан дурусттар аст.

Мавзўи асосие , ки дар маҷмўа диққатро ба худ мекашад, масъалаи меҳру муҳаббат мебошад. Ҳарчанд дар маводҳои китоби таҳти назар мавзўи муҳаббат, яъне сўзу гудоз, дарди фироқ, нокомӣ ва амсоли инҳо ба таври кушод гузошта намешавад ва мавзўъ ҳам ба он дахл намекунад, мағзи ҳикояҳо ва қисса, инчунин эссе, муҳаббати инсонӣ аст. Муҳаббате, ки онро фақат қалб эҳсос менамояду забон ва қалам дар тасвираш оҷиз аст. Муҳаббате, ки ҳанўз ягон шоир онро ба пуррагӣ насароидааст!

Муаллиф муҳаббатро дар ҳолатҳои гуногун падид меорад. Дар ҳикояи аввал умуман доири муҳаббату дўстдорӣ қариб сухане нест. Лекин маҳз муҳаббат Занро водор менамояд дарди дили Мардро дарк намояд, қабул кунад ва барои кашидани бори вазнини вазъият китфи нафиси хешро чун муттако гузорад. Муаллиф ин муҳаббатро, ки хосси зани бовафои тоҷик аст, хеле устокорона ба қалам медиҳад. Вай ин тасвирро дар фикру хаёли Мард меофарад: “Завҷааш низ — зани нозанину ботамкин, азоб дорад; мисли ў азияти бехобӣ мекашаду ноаён оҳи бадард. Чини ҷабину гиреҳи абрў ба андомаш соя афкандааст. Чораи дигар ҳам надорад: ҳамнафасу ғамшарик аст, бовафову ғамгусор буданашро дар ин рўзҳои бебарориву дилтангӣ бештар эҳсос мекунад. Гоҳо аз чашмони ў пинҳон бесадо ашк мерезаду лаб зери дандон ноаён оби дида пок мекунад, лекин чун овоз ё садои пои мардро шунавад, бо табассум наздаш ҳозир мешавад.” Маҳз ҳамин “ҳамнафасӣ, ғамшарикӣ ва ғамгусорӣ” ифодагари муҳаббату садоқати поку беолоиши ҳамсар мебошад.

Муҳаббат дар ҳикояи “Дудила” ошкорову оташбор ва оқибат хиёнатомезу фоҷиабор мебошад. Ҳарчанд Сафари дудиларо дўстонаш ва ҳатто падари Зара, бо ишора бошад ҳам (Ҳмм… Зара ҳафт бародар дорад… Метарсам, ки ҳайф мешавад), огоҳ мекунанд, ки ин дўстдорӣ метавонад оқибати ногувор дошта бошад, гўш намедиҳад. Сафар ба қувваи муҳаббат аз андоза берун боварӣ дорад. Худи Зара ҳам аз ин муҳаббат хушнуд асту худро хушбахт меҳисобад. Аммо ин муҳаббат оқибат (ҳарчанд беисбот аст) хиёнат ва фоҷиа бор медиҳад. Рашки беасос чашми муҳаббатро кўр мекунад.

Дар қиссаи “Мистер” ҳам муҳаббат ҳаст, аммо ноаён, деҳотиёна. Ноаён ба он маъно, ки доири мавҷудияти он дар қисса сухан намеравад, балки ишора мешавад. Аз мутоибаҳо, аз гилагузориҳои рўидилакӣ ва нозу нузҳо маълум аст, қаҳрамонҳо дилсўзи ҳамдигаранд, дўстдори ҳамдигаранд. Ҳамин дилсўзӣ худ муҳаббат аст. Зеро муҳаббати ҳақиқӣ на дар забон, балки дар дил мешавад.

Мавзўи муҳаббат мавзўи калидии адабиёт будаасту ҳаст. Бузургони илми ҳикмат дар таърифи муҳаббат асосан се навъи онро таъриф кардаанд. Муҳаббати иҷтимоӣ, нафсонӣ ва рўҳонӣ. Ҳарчанд ин таъриф ба назари мо он қадар пурра наменамояд, мо онро ба асоси тадқиқӣ гирифта метавонем. Муҳаббатеро, ки муаллиф дар раванди ҳикояҳо ва қисса пайгирӣ менамояд, метавон муҳаббати иҷтимоӣ номид. Дар раванди нақл, агар ҳамин тавр гуфтан ҷоиз аст, бештар ба муҳаббати зан — ҳамсар эътибор дода мешавад. Зеро ҳамсар бар зиммаи худ масъулият дорад. Масъулияте, ки болотар аз ҳиссиёт бояд бошад. Маҳз ҳамин масъулият муҳаббатеро меофарад, ки метавон муҳаббати тиллоӣ номид. Дар оилае, ки чунин муҳаббати иҷтимоӣ ҳаст, пояи он оила мустаҳкам мегардад. Хонанда бояд дарк намояд, ки ҳар як муҳаббати ҳақиқӣ дар навбати аввал масъулият дошта бошад. Муҳаббате, ки масъулият надорад, ҳавасе беш нест ва бо аввалин боди ҳаводис фано мегардад. Муаллиф мехоҳад маҳз мавқеи иҷтимоии муҳаббати бомасъулиятро таъкид намояд.

 Аслан, муҳаббат худ чист ? Ба ин савол то ҳанўз касе ҷавоби аниқ надодааст ва дода ҳам наметавонад. Муҳаббатро ҳар як фард бо тавру завқи худ қабул ва тасниф менамояд.Чуноне ҳар фард ба худ хос аст, муҳаббат ҳам барои ҳар шахс падида ва ҳиссиёти хосси фардист.

Нависанда дар навиштаҳои зери назар чи гунае дар боло қайд намудем, се усули ифода ё худ зуҳуроти муҳаббатро устокорона ба қалам дода истода, худи мавзўи муҳаббатро ба асоси хати сужет намегузорад. Муҳаббати Зара дар “Дудила” фоҷиавист, ду муҳаббати дигар – Зан дар “Ёр дар бари ёр” ва Гулбарг дар “Мистер” маҳрамона аст. Лекин ҳамин муҳаббатҳои маҳрамона ҳам ба ҳамдигар монанд нестанд. Муҳаббати Зан подоше намехоҳад. Худфидоёна аст ва мекўшад Мардро бо меҳри занона, меҳри ҳамсарона аз вартаи ноумедиву дилшикастагӣ вораҳонад. Ба ивазаш вай оромиву пойдорӣ ва наҷоти оилаву ҳамсарро аз вазъи ногувори баамаломада мехоҳад. Аммо муҳаббати Гулбарг нисбат ба муҳаббати Зан ва Зара дигархелтар ифода меёбад. Ин муҳаббат гули хордорро мемонад. Ҳарчанд рангу бўи хуш дорад, дар ноомадҳои зиндагӣ хорашро низ мехалонад. Истеҳзову тамасхур мекунад, таънаҳо мезанад. Аммо он “халиданҳо” ҳама аз алами бебарориҳо, орзуҳову ҳавасҳои барбодрафта, шикасту рехти зиндагист. Мақсади хиёнат, шикасти оила, ё партофтани ҳамсарро надорад. Яъне, вай ба ҳамон муҳаббати иҷтимоӣ пойбанд буда, фақат аз ноомадҳо дилшикастагиашро бо ҳамин норозигӣ ва “халидан” ифода менамояд. Аммо норозигӣ ва ”халиданаш” забонӣ буда, дар замир дўстору дилсўз мебошад. Вақте Ниёз аз беэҳтиётӣ чархи аробаро ба ҷўйбор афтондаву дар ёфтану баровардани он худашро захмӣ менамояд, Гулбарг” …ҳаш-ҳаш нафаскашон бо овозаки ларзон” мепурсад:

“ — Чӣ гап шуд? Зинда аст? …. Обам диҳед, об! Қариб дилам мекафад.” – мегўяд ва худашро “халтавор” ба паҳлуи Ниёз мепартояд. Аз тарс ва ҳаяҷон ранги рўяш ”чун сафедхок” меканад. Ин ҳаяҷони рўҳӣ нишонаи ҳамон муҳаббати ноаёни иҷтимоӣ аст, муҳаббати софу дилсўзонаи ҳамсар аст. Аммо боз “хораш»-ро ҳам мехалонад:

“ — Э тавба, — Гулбарг оби косаро дам кашида, сипас бо нўги остин худро шамолдиҳон гиряомез шиква оғозид: — Хок дар сари рўзиме. Аз вақте бо сад орзуву ҳавас ҳамроҳаш ба шаҳр омадам, рўзи хуша надидам. Хуни ҷигарама хушкон- де….”

Аслан дар ин шиква на дилсардӣ, балки дилсўзии маҳрамона ва хавотирии “мабодо …” ифода ёфтааст, ки асоси муҳаббати иҷтимоӣ ва агар лозим бошад, муҳаббати соф “тоҷикона” мебошад.

 Мавзўи дигаре, ки диққати муаллифро ба худ мекашад, одаму одамгарӣ, хайрхоҳӣ ба атрофиён аст. Ин мавзўъ дар маркази диққати муаллиф қарор дорад. Одаму одамгарӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар ҷамъияти урфии тоҷикона маҳаки асосӣ ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, тайи солҳои охир ин падида нисбатан хеле коста гашта, ҷои онро дигар падидаҳои манфӣ, аз қабили худкомагӣ, молу чиз ва мансабпарастӣ, муносибат аз рўи мавқеи иҷтимоӣ ва дараҷаи имконоти иқтисодӣ, хушу- нати нораво нисбати ашхоси дар зинаи поёнтари иҷтимоӣ мавқеъ дошта ва амсоли инҳо гирифтааст. Нависанда аз зуҳури ин падидаҳо дар таассуф аст. Ин таассуфи хешро дар ҳикояи “Ёр дар бари ёр” ва қиссаи “Мистер” бармало нишон медиҳад. Масалан, муносибати шиносу ошноҳо баъди аз мансаб афтодани Мард, нокасии Фозили “Разил”, муносибати ҳавобаландонаи мизоҷони навкиса бо аробакашҳо, аз ҷумла бо “Мистер” ва монанди инҳо.

Лекин “танга ду рўй дорад”. Падидаҳои хуб низ тасвир мешаванд ва метавон гуфт, таъкид мешаванд. Масалан, муносибати хуби ёру ошноҳо бо Шоҳзода дар ошхона, ки Зан ва Мард тасодуфан шоҳиди он мешаванд. Шоҳзода бо вуҷуди нимтана будан зиндадилу шукргузор аст. Ду пой ва як даст надорад. Аммо атрофиён ўро ба чашми кам намебинанд. Бардошта беозор ба курсиаш мешинонанд. Мутоибаҳо мекунанд, шўхиҳо мекунанд. Касе аз маъюбии вай чизе намегўяд, гўшрас намекунад. Худи Шоҳзода ҳам хушбахт аст:

 “ — Аз хоб чашм кушодам, ки зиндаам. Шукр! Дасту рўй шустам. Модарҷонам ширчой дод… Либос пўшонд…. Берун баромадам… Аз ҳавои ватан нафас мекашам… Олами зеборо дидам…. Ана боз аз чеҳраи гарм, суҳбати шумо баҳраманд мешавам. Ин бахт нест магар? Аз ин зиёд чӣ лозим?” — мегўяд Шоҳзода.

Саҳнаи тасвир чӣ қадар табииву сода ва дар баробари ҳамин риққатовар! Дар худи ҳамин тасвир як олам ҳикмат нуҳуфтааст, ҳикмати зиндагӣ, ҳикмати одамгарӣ, рўҳбаландӣ, умедворӣ.

Симои дигаре, ки диққатро ба худ мекашад, симои соф тоҷиконаи Бунафша мебошад. Вай ҳарчанд дар ҳаёт танҳо мондааст, ба кўи ноумедӣ намеафтад. Ниёзу Гулбаргро самимона қабул менамояд ва беподош кумак мерасонад. Онҳоро чун умеду пуштибони охирини худ қабул мекунад. Агар ўро бо иҷорадеҳони аввала муқоиса намоем, мефаҳмем, ки дар ҳолати аввала иҷора бо мақсади ба даст овардани манфиат аст, дар ҳолати Бунафша баръакс, на маблағ, балки ёфтани ҳамнафаси танҳоӣ, ҳамдилу дардшунав сабаби ба иҷора додани гўшаи хона мебошад. Вай Гулбаргу Ниёзро чун фарзанд қабул мекунад. Ғамшарику шодишарикашон мешавад. Барои тифли аввали онҳо гаҳвора мехарад, то орзуи дилаш шиканад. Ба ивази ин ҳама аз онҳо ба ҷуз меҳри фарзандӣ чизе намехоҳад. Магар ҳамин нишони одамият нест?

Маҷмўа сар то охир чанд саҳифаи таърихи тақрибан 60-солаи ташаккули кишвар мебошад. Дар навбати аввал, ғайримустақим ҳам бошад, чӣ гуна ва бо ҷонфидоии киҳо ба вуҷуд омадани Маҷмааи агросаноатии ҷануби Тоҷикистон, яъне НБО-и Норак, заводи арзиз, маҷмааи электрохимиявии Ёвон, рушди қисмати ҷануби кишвар тасвир шудааст. Дигар, давраи солҳои баъдиҷангӣ, ки мардуми бумӣ ҳанўз дар пойтахт мавқеи намоён надоштанд ва бори миллатдорӣ бар дўши адибону зиёиён, коргарҷавонон ва донишҷўёне буд, ки номусталошӣ мекарданд. Сеюм, тасвири давраи “иҷорашинӣ”, ки аксар зиёиёни насли калон “лаззат”-и онро чашидаанд. Чорум, тасвири солҳои аввали ба истиқлол расидан ва аҳволи зиёиён дар ин давра. Билохира чанд хотира аз рўзгори симоҳои барои миллат азизу гиромӣ ва хидмат карда, ба монанди Юсуф Вафо, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ, Гулназар ва дигарон. Алалхусус дар тасвири симои Лоиқи бузург меҳр ва пазмонии хосса эҳсос мешавад. Ин меҳр аз дили муаллиф, аз забони ҳамсафарон, аз гуфтору рафтори ҳамдиёрон чун чашма фаввора мезанад. Ҳақ аст, ки бузургонро бузургон зинда медоранд. Зикри хайр ҳам нишони одаму одамгарист. Иловатан қайд бояд намуд, ки дар баробари баҳо додан ба ашъори шоирони мардумӣ (ҳарчанд” сарироҳӣ” ҳам бошад) чанд намунаи рўбоиҳои Юсуф Вафо ва таъриху вазъи эҷоди онҳо қадри эссеро чандбора афзуда, маводи хубе дар шинохти шахсияти ин шоири зариф метавонад гардад.

Ҳикояҳои “Ғамхўрак”, “Ёдгор бас”, “Дили бача” пандомўзанд. Чизҳоеанд, ки ҳар рўзашон мебинему мешунавем, аммо эътиборашон намедиҳем. Ишора ба ҳикматҳои зиндагии рўзмарраанд, ки бояд пандамон шаванд.

Забони баён басо суфта, шеваю лаҳҷаҳо ширину гуворо бастабандӣ шудааст. Баъзе ибораву калимаҳои истифодашуда, аз қабили гандум-гандум қадам ниҳодан, ғурми девор, шаби дайҷур, фис-фис карда шиштан, матал ва ғайраҳо, ки аз забони зиндаи мардумӣ гирифта шудаанд, хосси ҳунари тасвирии муаллиф мебошанд. Аз зарбулмасалу мақолҳо фаровон истифода шудааст. Махсусан “матал”-ҳои мардуми зарифи Масчоҳ басо пандомўзу бомавқеанд. Мавриди қайд аст, ки вожаи “матал”, агарчи дар байни мардуми кўҳистони Зарафшон хеле васеъ ва бо маъноҳои гуногун истифода мешавад, дар адабиёт ва ҳатто дар асарҳои тадқиқотии фолклорӣ ба он кам эътибор додаанд. Устод аз ин вожа васеъ ва бомаврид истифода бурда, бо ҳамин хазинаи забони нобро ғанитар мегардонад.

Дар маҷмўа меҳрпайвандии муаллиф ба обу хоки Ватан, ба мардуми диёр бармало ҳис мешавад. Вай мехоҳад ҳамин меҳрро дар дили хонандааш низ бедор намояд.Тасвири роҳи сафар ва манзараҳои як гўшаи диёр, тарзи ҳаёту зиндагии мардуми меҳнатқарину меҳмоннавози он, суҳбатҳои ҳамроҳон, амалу рафтори ҳамдиёрон ифшогари ҳамин меҳри беандозаву самимиянд. Ҳамаи ангораҳои ин маҷмўа саҳифаҳои таърихи диёри нозанин мебошанд. Таърихе бо ҳама торикиву равшаниҳо, болоравию пастравиҳо. Таърихе, ки бояд омўхт, донист ва дўст дошт. Ин ҳама метавонад дар худшиносӣ, маърифатнокӣ ва худогоҳии миллии хонанда таъсири хуб гузорад. Аз муҳтавои ҳикояҳову қисса ва бахусус эссе омўзгорони адабиёт, таърих, мардумшиносон метавонанд истифода баранд ва, умуман, ҳар касе ба манфиати хеш чизе бардорад.

Маҳдудият дар ҳаҷми мақола имкони тадқиқу таърифи комилтарро намедиҳад. Аммо ҳамин чанд нуктаро кифоя медонем ва ҳар касе аз ин боғи маърифат гуле мехоҳад, бояд онро варақ занад.

Дар охир ҳаминро ҳам қайд карданием, ки хатоҳои техникӣ андаке ҳусни ороишро костаанд ва ноширону муҳаррирон бояд ин камбудиро нодида нагиранд.

Муртазоалӣ МУРОДОВ

Дигар хабарҳо