Ду корномаи ҷовидонӣ
Куруши Кабир: «… Ҳамаи мардумоне, ки пароканда ва овора шуда буданд, ба ҷойгоҳи худ баргардондам. Хонаҳои вайрони ононро обод кардам, ҳамаи мардумро ба ҳамбастагӣ фаро хондам». (2500 сол қабл)
Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба шумо, ба Тоҷикистон сулҳ меорам. То як шаҳрванди мо дар хориҷи кишвар, дар ғурбат қарор дорад, ман худро ором ҳис карда наметавонам». (Моҳи ноябри соли 1992)
Соли 2012 дар Эрон будам. «Тахти Ҷамшед», «Кўҳи Рустам» ва Посоргорди куҳани афсонавиро дар остони Форс аз наздик дидам. Посоргорд дар дашти Мурғоб ҷойгир буда, он чун маҷмааи гардишгарӣ машҳуру маълум аст. Дар ин ҷо мақбараи сангини Куруши Кабир воқеъ буда, он бо гузашти беш аз 2500 сол аз боду борон газанде наёфтааст. Хишти аввали Посоргордро Куруши Кабир гузоштааст.
Дар шаҳраки Посоргорд макони фарҳангие бунёд ёфтааст, ки ҳар гардишгар аз он дидан мекунад. Мағозаи китобфурўшӣ адабиёти нашршудаи сад соли ахирро гирд овардааст. Дар як гўшаи мағоза тасвири симои Куруши Кабир, устувонаи «Эъломия»-и ҳуқуқи башар, ки ба вай тааллуқ дорад, инчунин адабиётҳои бахшида ба корнамоиҳои ин шоҳи машҳури Ҳахоманишиён гузошта шудааст. Дар ҷойи намоён суханони муаррификунандаи Куруши Кабир аз «Эъломия» бо ҳарфҳои зебои настаълиқ навишташударо хондам: «Манам Куруш — шоҳи ҷаҳон, шоҳи бузург, шоҳи тавонманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумар ва Аккад, шоҳи чаҳор гўшаи ҷаҳон». Дар ҷойи дигари ин гўша фармони Куруши Кабирро аз банди 30-юми «Эъломия» бо забонҳои форсӣ ва англисӣ ҷой додаанд, ки хеле диққатҷалбкунанда мебошад. Ин фармон ба ин зайл аст: «Ман фармон додам: тамоми ниёишгоҳҳое, ки баста шуда буд, бигшоянд. Ҳамаи худоёни ин ниёишгоҳҳоро ба ҷоҳои худ бозгардондам. Ҳамаи мардумоне, ки пароканда ва овора шуда буданд, ба ҷойгоҳҳои худ баргардондам. Хонаҳои вайрони ононро обод кардам. Ҳамаи мардумро ба ҳамбастагӣ фаро хондам».
Бузургӣ ва башардўстии Куруши Кабир ва кору пайкори Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмонро, ки шабеҳи якдигар аст, ба муқоиса метавон гирифт. Дар тафаккури онҳо, кор- намоии онҳо ва инсонияти эшон барои мардум ва ояндаи онҳо шабоҳатҳое мавҷуданд, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Худи Куруши Кабир дар «Эъломия» овардааст, ки то ў шоҳони зиёде аз дудмони Ҳахоманишиён ҳукумат карда, мисли ў ба зисту зиндагонӣ ва рўзгори мардум ва ҳуқуқҳои онҳо эътиборе надодаанд. Куруш ба ҳайси шахси диндор аз Худованд (Мардук) сипосгузор аст, вай вазъи қаламрави хешро дида мегўяд: «Мардум аз Худои бузург мехостанд, то ба вазъи ҳамаи бошандагони рўйи Замин, ки зиндагӣ ва кошонаашон рў ба вайронӣ мерафт, таваҷҷуҳ кунад. Мардук — Худои бузург ирода кард то Яздон ба Бобул бозгардад. Сокинони сарзамини Сумар ва Аккад монанди мурдагон шуда буданд. Мардук ба сўйи онҳо мутаваҷҷеҳ шуд ва бар онҳо раҳмат (неъмат) овард. («Эъломия «, банди 10). Вазъу ҳолати Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо нишондоду тасвири Куруш аз шаҳрҳои Сумар ва Аккад шабоҳат дорад. Даргириҳо боис шуд, ки як қисмати ҷануб дар инзиво қарор бигирад, рўзгори мардум табоҳ гардида, аксари аҳолӣ овораю гуреза ва аз ватан ҷудо шаванд. Хатари пора-пора гаштан, нестӣ пеш омада буд. Худованд ғами миллати моро хўрд, соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахти миллати мо дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон сарвари давлат интихоб шуданд. Дар рўзи аввали интихоб шуданашон ба ин мансаби баланд тааҳҳуд ба мардуми шарифи Тоҷикистон доданд: «Ман ба шумо, ба Тоҷикистон сулҳ меорам. То як шаҳрванди мо дар хориҷи кишвар, дар ғурбат қарор дорад, ман худро ором ҳис карда наметавонам». Ин уҳдадории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи шарифи Тоҷикистон монандӣ ва пайванди ногусастании мантиқие бо банди 30 «Эъломия»-и Куруши Кабир дорад: «Ҳамаи мардумоне, ки пароканда ва овора шуда буданд, ба ҷойгоҳи худ баргардондам. Хонаҳои вайрони ононро обод кардам, ҳамаи мардумро ба ҳамбастагӣ фаро хондам».
Барои ҳамагон чун офтоб равшан аст , ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми кори Иҷлосияи 16 — уми Шўрои Олии Тоҷикистон ба пойтахти мамлакат, ки ҳанўз хавфи ҷиддӣ барои ҳукумати барқароршуда ва худи эшон дошт, баргаштанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳволи мардум ва рўзгори талхи онҳо, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба бор оварда буд, аз наздик ошно шуданд. Мардумро ба оғўш мегирифтанд, бо пирону маъюбон суҳбат меоростанд, бо навҷавонону ҷавонон, онҳое, ки ояндаи кишвар буданд, мисли Куруши Кабир суҳбат меоростанд ва онҳоро ба зиндагии оянда дилгарм месохтанд. Мардум аз ин сиёсатмадори ҷавон хурсанд гардиданд, бовар доштанд, ки он кас ин киштии масиргумкардаро дар баҳри пурталотуми ҳаёт ба роҳи рост мебаранд. Бинед, ки дар банди 14 «Эъломия» Куруши Кабир аз идораи мамлакати хеш, ки бар пояи адолат аст, чунин овардааст: «Куруш бо ростӣ ва адолат кишварро идора мекард. Мардук, Худои бузург, бо шодӣ аз кирдори нек ва андешаи нек аз ин пуштибони мардум хурсанд буд».
Мехостам як корномаи ҷовидонии Пешвои миллатамонро, ки мардуми моро аз гуруснагӣ ва хатари марг раҳонид ва ин ҷаҳду талоши эшон бо рафтори наҷиби Куруши Кабир шабоҳати бемисл дорад, тасвир созам. Пас аз оромии нисбӣ дар Тоҷикистон солҳои 1993 ва 1994 кишвари моро хатари гуруснагӣ таҳдид намуд, маризиҳои муҳлик домангири мардум гашта буд. Эмомалӣ Раҳмон чораи далерона андешиданд; ба мардум қитъа-қитъа замин ҷудо карданд, ки пасон бо номи «замини президентӣ» машҳур гашт. Солҳои баъдӣ гуруснагӣ аз Тоҷикистон доман барчид. Куруши Кабир айнан бо чунин рафтори наҷибонаю мамлу аз хайру баракат сокинони мамлакаташро аз маргу гуруснагӣ наҷот бахшидааст. Таваҷҷуҳ мекунем ба банди 19 «Эъломия»: «Мардум сарвареро шодбош гуфтанд, ки бо ёрии ў аз чанголи марг ва ғам раҳоӣ ёфтанд ва ба зиндагӣ бозгаштанд. Ҳамаи Яздон ўро сутуданд ва номашро гиромӣ доштанд». Куруши Кабир, чунонки аз бандҳои дигари «Эъломия» бармеояд, шахси мардумнавоз, раҳмдил ва ботақвое будааст. Тавонистааст дар баробари густариши империяи бузурги Ҳахоманишиён, инчунин корҳои бузурги ободониро натанҳо дар қаламрави Форси бостон, балки кишварҳои тобеъ анҷом бидиҳад. Ўро дар таърих «Шоҳи ободгар» низ гуфтаанд. Мо ин сифатҳои Куруши Кабирро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бидуни шак дида метавонем. Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун гашт, нақбҳо, роҳҳои байналмилалӣ, неругоҳҳо бунёд ёфтанд. Шиори Президенти маҳбубамон «Тоҷикистон, ба пеш!» шиори кулли тоҷикистониён гардидааст.
«Эъломия»-и Куруши Кабир, аз 39 банд иборат буда, дар замонҳои хеле дур, 2500 сол қабл арзи ҳастӣ намудааст. Дар аксар бандҳои он аз ҳуқуқҳои инсон, эҳтиром ба одам ва арзишҳои моддӣ ва маънавии аҳли башар сухан меравад. Муҳаққиқон ин дастури давлатдории Куруши Кабирро ба ҳайси аввалин Эъломияи ҳуқуқи инсон қабул намудаанд. «Эъломия» бо фармони Куруши Кабир дар устувона, бо хатти мехӣ навишта шуда, ҳоло дар яке аз осорхонаҳои Британияи Кабир нигаҳдорӣ мешавад.
Бурҳон САЛМОН