Марди кӯҳдил ва кӯҳпайкар

 Марди кӯҳдил ва кӯҳпайкар

Муаллим Мирсаид Миршакарро дар Тоҷикистон аз ҳафт сола то ҳафтодсолаи мардуми тоҷик мешиносанд. Ҳама аз хурдӣ бо шеърҳои шоир ошноем. Осори муаллим борҳо ба забони русӣ ва забони халқҳои дигар тарҷума шуда, дар кишварҳои дуру наздик интишор ёфтааст. Муҳаққиқони адабиёт мақоми шеъри шоирро дар адабиёти тоҷик кайҳо муқаррар кардаанд. Ман дар ин мавзӯъ сухани тозае надорам.
Шоирон бисёранд ва бисёр касон худро шоир мепиндоранд, бехабар аз он, ки шоир қаблан инсони комил, инсони бузург аст. Муаллим Миршакар на фақат шоири ҳассос, балки инсони бузургдиланд, ки ҳар як амали он кас барои мо шогирдон ҳавасангез ва ибратомӯз аст.
Шоирони сухансанҷ кам нестанд, вале на ҳамаро метавон бо меҳр ва эҳтироми самимӣ ном бурд. Дарвоқеъ, агар шоири шаҳир осори муосирони худро нахонад ва аз ӯ ба онон маслиҳате барнаояд, ба бурду бохт, ба дарди адабиёти давр бепарво бошад, чи гуна метавон ӯро адиб ном бурд? Ё худ бигирем, агар шоири номвар фақат дар ғами худ аст, ӯ чӣ шеъри дилрас гуфта метавонад?! Бузургон гуфтаанд, ки инсон дар ҳаёт ҳар чизеро писандад, ба ҳамон чиз табдил меёбад.
Аз ин лиҳоз муаллим Мирсаид Миршакарро мо ҳама адибони ҷавону миёнсоли тоҷик бо эҳтироми тамом “устод” мегӯем.
Аз он айёме, ки толеъ маро мадад карду ба шиносоии муаллим шарафманд шудам, хуб медонам, ки устод осори ҳамаи адибони тоҷикро чӣ пиру чӣ ҷавон ба тааммуқ мутолиа мекунанд.
Борҳо воқеъ афтодааст, ки ман таҳсин ё сарзаниши лутфомези эшонро шунидаам ва ҳар боре баъди он суханон рӯзу шабҳо андешидаам, ба навиштаҳои худ ҷиддитар, аз дур назар афкандаам. Мехоҳам чанд лавҳаеро хотира кунам:
Соли 1968 буд. Баъди симпозиуми назми мардумони форсизабон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, шоирони ҷавони тоҷик дар пайравии ба ном “шеъри нав”-и шуарои Эрон шеър гуфтан оғоз карданд. Мисраъҳо дарозу кӯтоҳ, бандҳо бенизом, қофия харобу нотаъин, мазмун — гаҳ аз осмон меомаду гаҳ аз ресмон. Дигаронро намедонам, вале ман ҳис мекардам, ки ин тарзи гуфтор аз талабҳои ботини ман сар назадааст ва ин суханон сухани дили ман нестанд. Ба дил инчунин шубҳа шеър мегуфтам, вале равшан намедонистам, ки хонандагон меписанданд ё не. Ҳаводорони шеъри тоҷик ба ҷӯр ва ҳамоҳанги мисраъҳо, ба зарбу оҳангдории қофияи мураттаб ва маъниҳои ба воқеият наздикро меписанданд ва завқи ононро бо инчунин шеър парвардаанд.
Устод Мирсаид Миршакар аз ҳама пештар ба кӯмаки ман расиданд. Боре ду-се шеъри ба ин равия гуфтагиамро хонданду норозиёна сар ҷунбонда гуфтанд:
— Лӯккаро ёд мегирам гӯён аз йӯрғаат намонӣ… Аввал дар усули анъанавӣ ба пояе бирас, агар имконияти он тангӣ кунад, вазну қофия ва тартиби мисраъҳо барои баёни маънӣ монеъ шаванд, сипас озмой…
Дарвоқеъ, ман он айём муддате сарҳисоби корамро гӯё аз даст дода будам, заминаи шеъри тоҷикиро гум карда, саргардон худро ба ҳар сӯ мезадам. Суханони муаллим маро дубора ба даври меҳварам — ба кӯи шеъри асили тоҷикӣ боз оварданд.
Оре, муаллим марди некбин ва оқибатандешанд ва аз ин рӯ ба бурду бохти адибон бепарво нестанд.
Чунон, ки гуфта шуд, дар адабиёти тоҷик адибоне, ки осори муосирони ҷавону ҷавонтарини худро аз пеши худ пайваста мутолаа кунанд, хеле каманд ва муаллим аз ҷумлаи он нодирони давранд.
Соли 1970 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” нахустин ҳикояи ман ба унвони “Бобо” нашр шуд. Доир ба он ҳикояи нахустин пеш аз ҳама метавон гуфт, ки муаллим Миршакар изҳори ақида карда буданд. Як хислати ҳамидаи муаллим ин аст, ки пайваста осори шоиронро ва нависандагонро, чӣ хурду чӣ бузург мутолаа мекунанд. Дар чунин айёме, ки баъзе адибони мансабдор мусаввадаи адибонро барои хондан мегиранду гум мекунанд, дар ягон ҷо фаромӯш мекунанд, ман ин сифати олиҷаноби муаллимро, ки вазифадор набошанд ҳам, аз пеши худ осори шогирдонро мехонанд, фикрашонро мегӯянд, агар он асар писандашон ояд, сидқан табрик мекунанд, дар ҳар як мавриди мувофиқ аз ин хусус сухан мегӯянду диққати аҳли маъниро ба он ҷалб намуданианд, махсус зикр кардан мехоҳам. Дар замони мо хеле кам касон чунин хислати ҳамидаро доранд.
Дар айёми мо, ки аҳли маънӣ инқилоби илмию техникӣ ном кардаанд ва суръати амал бағоят тунду тез аст, андаке сухани дилбардор ва қадршиносӣ ба бузургу ба хурд зарур аст. Ҳайфо, ки бисёр касон ин ҳақиқатро ба ёд намеоранд. Муаллим Мирсаид Миршакар ҳамеша аз рӯи ҳамин ақида амал мекунанду сухан мегӯянд.
Устод Миршакар солҳост, ки ҳамчун раиси Шӯрои адабиёти бачаҳо ва наврасон ин адабиётро аз олоиши навиштаҳои беҳунарона зиракона ва босубот нигаҳдорӣ мекунанд. Вале баъзе аз адибони мо, чунон ки мегӯянд бо ҳазор нағмаи дутор осори хому халтураи ҷӯраю ҳамдиёрони худро нашр карданӣ мешаванд ва аксаран ба ин мақсади худ ноил ҳам мегарданд. Вагарна шеъри бачагон имрӯз ин қадар беқадру бехонанда намегашт, китоби адибон касод намешуд.
Боре дар шӯрои адабиёти бачаҳо Убайди Раҷаб китоби ашъори Нақиб Саид ном шоирро ба чоп пешбарӣ кард. Муаллим бар асари бетобӣ онро нахонда буданд, бинобар он, аз ман пурсиданд:
— Ту дастнависро хондӣ? Фикрат чист?
— Нахондаам ва намедонам, — гуфтам ман.
Муаллим ба аъзои шӯро рӯ оварданд:
— Баҳром хонад, сонӣ пешниҳод кунем…
Дарвоқеъ, шубҳаи муаллим ин бор ҳам асоснок будаст. Он китоб ҳанӯз шоёни ба чоп пешбарӣ кардан набуд. Бо маслиҳати рафиқон муаллиф онро як-ду бор гаштаю баргашта аз нав таҳриру такмил кард.
Муаллим Миршакар ҳамчун адиби ҳунарвар, ҳамчун инсони бузургдил ҳамеша дар пешсафи муборизонанд. Барои осори пухтаву солим, барои мазмуни баланду борик талош мекунанд, бо беҳунарону коҳилон, номпарварону худписандон аз як тараф, аз тарафи дигар бо дарду бемории солмандона пайваста талош даранд. Чунон ки яке аз файласуфони пешин гуфтааст, ҳунарвар будан ва бемор набудан имкон надорад. Ман дар ин талоши муборак ба устоди кӯҳдилу кӯҳпайкар ҳамеша зафармандӣ хоҳонам.

БАҲРОМ ФИРӮЗ
майи соли 1982

Дигар хабарҳо