Хумӯши гӯё
…Бо ў ҳанўз аз замони донишҷўиям шинос будам. Ҷавони хушқаду қомати тануманд, ситорагарм, хандонрў бо қиёфаи ҷиддӣ. Ҳунарпешаи аллакай муваффақу машҳури Театри ҷавонон Шодӣ Солеҳ. Ў хоксорона хомўш буд. Баъди хатми донишкада ба ҳамин театр ба кор омадам. Ҳарду дар донишкадаи театрии Маскав ГИТИС таҳсил кардаем. Мактаби ҳунарии устодони бузурги се насли ҳунарпешагони театри тоҷик О. И. Пижова ва Б. В. Бибиковро сидқан омўхтем ва то ҳоло ба ин мактаб содиқем. Дар тўли солҳои фаъолиятам дар ин театр ҳамеша нигоҳи гарм ва дасти нарми бародаронаи ўро эҳсос мекардам. Шодӣ Солеҳ дар пешаи худ воқеан устод аст. Устоди пухтакор, бобарор ва мондагор. Дар ду намоиш бо ў ҳамбоз будаам. Дар намоишномаи “Як пула савдо, сад пула ғавғо”-и В. Шекспир дар тарҷумаи С. Улуғзода, таҳияи Ш. Қиёмов ва дар намоишномаи “Эътирози 17 нафар”-и Ю. Лиманов дар тарҷума ва таҳияи М. Хаёлов. Дар намоиши дувум мо нақшҳои мансабдорони (жандармҳои) Русияи подшоҳиро иҷро мекардем, ки вазифаашон назорат, таъқиб ва ҷазо додани гурўҳи навтаъсиси инқилобчиён бо сарварии В. И. Ленин буд. Рутбаи «жандармии» Шодӣ Солеҳ баланд буду рутбаи ман пасттар. Ў ҳисоботҳои маро чунон нозукона қабул мекарду чунон қотеона фармон медод, ки гўӣ жандарми ҳақиқӣ бошад. Ман нақшамро бисёр дўст медоштам ва бояд иқрор шуд, ки онро аз таҳти дил бозӣ мекардам. Чаро ки аз бозии Шодӣ Солеҳ илҳом мегирифтам. Ў бо истифода аз нозукиҳои дунёи ботинӣ ва зоҳирӣ актёрӣ нақшашро моҳирона иҷро мекард. Ҳамоно хоксорона хомўш буд.
Дар як барномаи театрӣ бо Шодӣ Солеҳ ва зиндаёд Амонулло Қодиров қариб ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафарҳои ҳунарӣ мерафтем. Минётураҳои “Шодӣ ва Ҳодӣ” ва намоиши “Хостгорӣ” бо иштироки ҳунарпешаҳои машҳур Гулсара Абдуллоева, Мавлуда Обидова ва мани ҳунарпешаи нисбатан ҷавон тамошобинони толорҳоро ба ваҷд меовард. Маҳбубияти Шодӣ ва Ҳодӣ то ҳадде буд, ки баъди ҳар барнома болои сарамон гул мекоштанду пеши поямон гўсфанд мекуштанд. Аксари ин минётураҳо ба қалами Шодӣ Солеҳ тааллуқ дошт. Ў ҳамоно хоксорона хомўш буд. Ҳамин буд, ки ў баъдтар ба навиштани намоишномаҳои калонҳаҷми драмавӣ рў оварда, даҳҳо асарҳои саҳнавӣ навишт. Аксари онҳо дар театрҳои ҷумҳуриамон бо муваффақият рўйи саҳна омадаанд. Дар ду намоишномаи Шодӣ Солеҳ нақшҳои марказиро бозидаам. Дар аввалин асари саҳнавии ў бо номи “Умед” нақши Искандар ва дар намоиши “Ҳукм” нақши Азимовро бозӣ кардаам. Нақши Азимов, ки як шахси худхоҳ, молу ҷоҳпарвар ва айёри боҳунар аст, барои бозидан дорои имкониятҳои фаровон буда, ҳунарпеша метавонад олами ботинӣ ва зоҳирии ўро басо рангин ба намоиш гузорад. Мавзўи ин асар имрўз ҳам масъалаи доғ мебошад. Ин намоиш басо муваффақ буд, ки комиссияи мутахассисони Маскав аз байни намоишҳои театрҳои Тоҷикистон маҳз “Ҳукм”-и Шодӣ Солеҳро интихоб карданд. Он дар қатори беҳтарин намоишҳои ҷумҳуриҳои Шўравӣ тавассути телевизиони Маскав ба намоиш гузошта шуд. Ин муваффақияти бузурги драматурги тоҷик гардид. Аммо ў чун ҳамеша хоксорона хомўш буд.
Театр маконест пурбаҳс. Баҳсҳои эҷодӣ. Аксаран баҳсҳои солим. Аммо баъзан баҳсҳои гуногуни дигар ҳам рух медиҳанд, чун дар ҳама ҷо. Ҳунарпешаҳо (хусусан актёрҳо) мардумони ҳассосанд ва баъзан чунин баҳсҳо басо пуршўр ҷараён мегиранд ва натиҷаҳои мағшуш ҳам ба бор меоваранд. Аз мушоҳидаҳои ман Шодӣ Солеҳи Зиё агар ба ин баҳсҳо ҳамроҳ шавад, одатан ором ва бо далелу мантиқ сухан мегўяд. Марди ҳассос аст Шодӣ Солеҳ, аммо эҳсосро ба дигарон бор намекунад, балки фурў мебарад. Дар ботинаш меҷўшад эҳсос, вале зоҳири орому табассуми ба ў хос ин ҳассосиятро зебо ва қобили қабул мегардонад.
Заминро дўст медорад. Забони онро нек омўхтааст. Боғи дилкушое дорад. Шояд розу ниёзашро дар решаҳои дарахтонаш ниҳон карда, ки онҳо меваҳои рангину ширин ба бор меоваранд.
Ҳунарпешаи олиҷаноб ва драматурги муваффақ Шодӣ Солеҳ ҷавонмарди соҳибдил аст. Борҳо оҳи дили ўро шунидаву чашмони ба ашк моили ўро дидаам, ки сабаб беадолатии одамон ва марги бармаҳали ҷавонон будааст. Соҳиби дили нозуки ҳассос ва қалами буррои чун алмос аст Шодӣ Солеҳ. Вале ҳамеша хоксорона хомўш.
Инак панҷоҳ соли фаъолияти эҷодии Шодӣ Солеҳ ба панҷоҳсолагии таъсисёбии Театри давлатии “Ҷавонон”-и ба номи Маҳмуд Воҳидов баробар омад. Дар намоишномаи Шодӣ Солеҳ “Туҳфа аз муҳоҷират”, ки ба ин санаи муборак бахшида шуд, муаллифи 75- сола дар иҷрои нақши марказӣ, падари хушқаду қомати тануманд, ситорагарм, хандонрў бо қиёфаи ҷиддӣ дили тамошобинонро ба ваҷд овард, чунонки панҷоҳ сол қабл чунин мекард. Вале ў ҳамоно хоксорона хомўш аст.
Зинда бод ин хомўшии гўё.
Шодиё, фарзанди Солеҳи Зиё,
Эй ҳунарманду адиби хушадо,
Бо ҳунар, бо қиссаҳои саҳнавӣ
Ҷо гирифта дар дилу дар дидаҳо.
Марди солеҳӣ натанҳо дар сухан,
Дар амал ҳам собитӣ рўинатан.
Ҷашни панҷоҳсолаи эҷоди ту
Бод табрики туву бар мову ман.
Ибодулло МАШРАБ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон