АБДУЛЛОЗОДА РАЗИЮЛЛО
РАЗИЮЛЛО АБДУЛЛОЗОДА (Расмӣ) 13 марти соли 1912 дар шаҳри Итаравшани вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) таваллуд ёфтааст.
Соли 1930 Техникуми иқтисоду саноати Тошканд, соли 1941 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст.
Аз соли 1930 то охири умраш омӯзгорӣ кардааст.
Дар Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент, Омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа ва мактаби миёнаи ба номи М.Горкийи шаҳри Истаравшан дарс гуфтааст.
Хабару мақола, шеъру ҳикоя ва лавҳаю очеркҳо навиштааст.
Мураттиби китобҳои «Зарбулмасалу мақолҳо дар асарҳои С.Айнӣ» (1958), «Ашъори мунтахаб»-и Обидхоҷаев Лутфӣ (1959), «Маҷмӯаи шеърҳо»-и Нойил Шерзода (1961), «Фарҳанги ибораҳои халқӣ» (1974), «Луғати мухтасари адабии тоҷик» (барои мактабҳои миёна; 1973), муаллифи китобҳои «Панди Оқилӣ» (1982), маҷмӯаи очеркҳои «Ёде аз айёми гузашта» (1983), қиссаҳои «Шогирди усто» (1992), «Хӯшаи пурбор» (1992), асари пандуахлоқии «Футувватнома» (1994) мебошад.
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.
Соли 1959 ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
19 феврали соли 1995 аз олам даргузашт.