СУЛАЙМОНӢ ПАЙРАВ

 СУЛАЙМОНӢ ПАЙРАВ

ПАЙРАВ СУЛАЙМОНӢ 15 апрели соли 1899 дар шаҳри Бухоро ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мадрасаи форсии Марв фаро гирифтааст. Солҳои 1916-1917 дар Омӯзишгоҳи русии Когон таҳсил кардааст. Солҳои 1921-1922 дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар Афғонистон котиби дувум будааст. Баъди бозгашт ба ватан ба кори эҷодӣ машғул гардидааст. Дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон муҳаррир ва тарҷумон шудааст.

Аз 15-солагӣ ба шеъргӯйӣ сар карда, асосан шеъри суннатӣ (ғазал) гуфтааст ва Инқилобро бо шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (1920) пешвоз гирифтааст. Чанд сол шеърҳои ҳасбиҳолӣ ва ишқӣ суруда, дар қатори биҳин суханварони адабиёти ибтидои қарни бистуми тоҷик мақом гирифтааст. Таҳаввулоти эҷодии ӯ аз шеъри «Шукуфаи ирфон ё худ озодии занони Шарқ» (1926) сарчашма гирифтааст. Ҳаёти нав ва дигаргуниҳои ҳаррӯза ба шеъри ӯ рангу бори тоза ато кардаанд, ки сурудаҳои ӯ «Ду ҳуҷум», «Ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар», «Якуми Май ва МОПР», «Асира ё худ исён» ва ғ. мисоли онанд. Устод Айнӣ намунаҳои ашъори Пайравро ба «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) дохил карда, ба ӯ баҳои баланд додааст.

Ашъори Пайрав ҳамнабзи замон буда, дар онҳо ҷараёни парвозу сукути ҳаёти ҷорӣ барҷаста таҷассум ёфтаанд, ки мутолиаи шеърҳои «Як қурбонии кӯчаи буржуозии Аврупо», «Ба фалокатзадагони зилзилаи Эрон», «Ба тахтнишин», «Сарват ва меҳнат», «Мужда бод, зинда бод Ҳаштуми Март!» ин даъворо собит мегардонанд.

Муборизаи наву куҳна дар шеърҳои «Тахти хунин» (1931) ва «Манораи марг» (1932) инъикоси равшан ёфтааст.

Соли 1931 маҷмӯаи аввалини ашъораш «Шукуфаи адабиёт» баъди соле «Шеърҳо»-яш чоп шудаанд. Баъдан ашъораш дар авроқи «Маҷмӯаи шеърҳо» (1934), «Ба зарбдор» (1936), «Маҷмӯаи шеърҳо» (1941, 1949), «Мунтахабот» (1954), «Маҷмӯаи осор» (1962), «Девон» (1971), «Қаламам умри ҷовидони ман аст» (1989), интишор ёфтаанд.

Ҳикояи «Гуландом» намунаи беҳтарини осори мансури ӯст.

Асарҳои ҳаҷвӣ-танқидии шоир таҳти имзои мустаори «Шашпардор» интишор ёфтаанд.

«Муфаттиш»-и Н.В. Гогол, романҳои А. Серафимович «Сели оҳанин», Д. Фурманов ва С. Поливанов «Балво», чанд шеъри Жаров ва Л. Ҳюз аз тарафи Пайрав ба тоҷикӣ гардонда шудаанд.

Як даста шерҳояш ба русӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.

9 июни соли 1933 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо