ЗАРАФШОНФАР САЛИМ
САЛИМИ ЗАРАФШОНФАР 5 августи соли 1963 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд ёфтааст.
Соли 1988 Душанбе омада, дар нашриёти «Ирфон» ба кор пардохтааст. Минбаъд, солҳои гуногун, дар маҷаллаҳои «Шифо»-ву «Фирӯза», ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Радиои тоҷик, муассисаҳои нашриявии «Деваштич», «Ҳумо», «Эҷод» ифои вазифа намудааст.
Чанде тарҷумони ҳафтаномаи «Муҳаббат» ва корманди маҷаллаи «Истиқбол» буд.
Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ – «Хунбаҳо» бо пешгуфтори устод Лоиқ соли 1990 дар нашриёти «Адиб» чоп шудааст.
Маҷмӯаи дувуми шеърҳояш «Сад най фиғон» соли 2003 аз чоп баромадааст.
Салими Зарафшонфар дар ҷодаи наср низ қувва меозмояд. Се қиссаи хурди ӯ: «Зери заҳрханди Аҳриман», «Ду овора» ва «Шоҳасп» дар шакли китобҳои алоҳида дастраси хонандагон гардидаанд.
Соли 2007 «Мунтахаби назму наср»-аш аз чоп баромадааст. Соли 2013 маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳояш «Нақши нахустин»-ро нашриёти «Адабиёти рус» ба табъ расондааст. Ҳамчунин, муаллифи романи «Ангезаи охирин» мебошад. Аз рӯи қиссаи «Ду овора» дар Студияи телевизиони «Сафина» филми ҳунарии «Доғ» ба навор гирифта шудааст.
Ҳамроҳи Ҳасани Ёрзод маҷмӯаҳои «Ориённома» (иборат аз ду ҷилд) «Зи «Шаҳнома» гетӣ биёростаст» ва «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй»-ро тартиб додаву мунташир гардондааст.
Намунаҳои ашъору ҳикоёти чанде аз адибони рус, белорус, олмон, турк, ҷопон, чечен ва ғайраро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст.
Тарҷумаи романи нависандазани инглис Шарлотта Бронте «Ҷен Эйр», романҳои нависандагони фаронсавӣ Ги де Мопассан «Дӯсти дилнавоз», Эмил Золя «Саҳифаи муҳаббат», қиссаҳои нависандагони рус И.Тургенев «Обхези найсон», А.Куприн «Дастпонаи ақиқнигин» ва нависандаи швед Пер Лагерквист «Марианна» зодаи заҳмати ӯстанд.
Ҳамчунин, пораҳоеро аз осори фалсафии А.Шопенҳавэр, Ян Фейеш, К.Сиолковский, намунаҳоеро аз ашъори Маҷнун (Қайс ибн ал Мулавваҳ), Ф.Петрарка, Р.Бёрнс, И.В.Гёте, Ш.Петефӣ, Р.Такур, К.Балмонт ва диг. аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст.
Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода.
Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.