ДАРГУЗАШТИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК ВАЛӢ САМАД
Валӣ Самад — донишманди нуктасанҷ, пухтакор, ҷўянда ва заҳматкашу фидокор, пайвандгари риштаҳои фарҳангӣ, аз барҷастатарин муҳаққиқони ҷўянда ва ёбандаи гавҳарҳои ноёби тамаддуни миллӣ, фирдавсишинос ва шоҳномапажўҳ, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, муаллифи даҳҳо монография ва мақолаҳои илмӣ, 24 октябри соли 2019 пас аз беморӣ дар синни 83-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Валӣ Самад 20 январи соли 1936 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара таваллуд ёфта, баъд аз хатми мактаби зодгоҳаш соли 1956 таҳсилро дар Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом ба поён расонид. Соли 1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Хуҷандро хатм карда, нахуст ба ҳайси референти Ҷамъияти «Дониш»-и вилоят, сипас ба сифати муаллими донишкадаи мазкур фаъолият намуд.
Соли 1964 аспиранти Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе шуда, курси асосиро дар шуъбаи робитаҳои адабии Институти адабиёти ба номи Низомии АИ Озарбойҷон гузаронид ва соли 1976 дар мавзўи «Масъалаҳои умдаи пайванди адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX» рисолаи номзадӣ дифоъ кард.
Осори ў дар мисоли «Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX» (ба забони русӣ; Боку-Душанбе, 1975), «Пайвандҳои адабӣ — омили муҳимми рушди адабиёт» (1976), «Тўшаи ҳамдилӣ» (1989), «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал» (1992), «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар Қафқоз» (Теҳрон, 2000), «Дурахши як ахтари сўзон» (ҷ.1, 2001; ҷ.2, 2013), «Бозгашт ба Ироншаҳр» (Ереван, 2003; дар ҳаммуаллифии Вика Аракелян), «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский» (2004, 2005), «Меҳрнома» (бахшида ба ҷашни 80-умин солгарди зодрўзи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ; Теҳрон 2007) аз беҳин дастовардаҳои илмию адабии Валӣ Самад буда, рисолаи охир сазовори Ҷоизаи ҷаҳонии «Китоби сол»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон (2005) гардидааст. Ҳамчунин, китоби мазкур дар «Озмуни дувуми байналхалқии давлатҳои муштаракулманофеъ дар боби фарҳанги китоб» (Маскав, 9 сентябри 2005) сазовори дипломи дараҷаи 3 гардида, соли 2012 бо хатти форсӣ дар Теҳрон чоп шуд.
Валӣ Самад узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ (аз июли 1989), узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон (аз октябри 1993), узви ифтихории Ассотсиатсияи ховаршиносони Арманистон (аз марти 2003), узви раёсати Анҷумани дўстии Эрону Тоҷикистон (аз марти 2003), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Рўдакӣ» (Эрон, 2000) ва маҷаллаи «Адаб» (Тоҷикистон, 2001) буд.
Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Хотираи дурахшони олими маъруф Валӣ Самад дар ёди аҳли адаб ва ихлосмандони сухан абадӣ боқӣ хоҳад монд.
РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ ДЎСТИ АЗИЗТАРИНАМ ВАЛӣ САМАД:
Ҳама ин кори ҷаҳонро, ки намедонам ман.
Ба Худо марди Валиӣ, ки ту хуб медонӣ.
Шеърҳое, ки навиштам, ҳама рафт аз ёдам,
Ту вале он ҳамаро гашта ба ман мехонӣ.
Бозор СОБИР
***
Навиштаҳои Валӣ Самад барои амиқрафти худшиносии миллии мардуми тоҷик аҳаммияти махсус дорад, зеро имкон медиҳад, ки тоҷикон худро дар оинаи дигарон бубинанд, ба дили худ бо чашми дигарон бингаранд, худро аз назари дўстони маънавиятҷўи меҳрпарвар бисанҷанд. Бегумон, дар ин сурат чизҳое мебинанд, ки аз ин пеш надида буданд.
Аз ин ҷост, ки ҷустуҷўҳои илмии Валӣ Самад, ҷўяндагию ёбандагии ў натанҳо арзиши баланд дорад ва хусусан имрўз, ки гўё дар худогоҳии мардуми тоҷик марҳилаи наве фаро мерасад, нақши муассире дар номаи аъмоли вай метавонад гузошт.
Академик Муҳаммадҷон ШУКУРОВ
***
Истеъдод ва қобилияти Валиҷон Самад ҳанўз дар солҳои донишомўзӣ дарак медод, ки ўро ояндаи нек ва борваре интизор аст. Меҳнатдўстӣ, ҷўяндагӣ, сабру тоқат дар роҳи дарёфти масъалаҳои бикру тозаи адабиёт ўро ангуштнамои ҳамсабақон гардонида буд.
Узви вобастаи АИ ҶТ
Худоӣ ШАРИФЗОДА
***
Валӣ Самад ҳисобро дўст медорад. Дар навиштаҳои ў шумор зиёд аст. Агар вай адабиётшинос намебуд, риёзидон мебуд монанди чандин ҳамдиёрони номиаш дар муҳити ҳисобпарвари Исфара. Мавсуф агарчи ҳисобдон нашудааст, аммо чизҳои зиёдеро аз олами ҳисоб ба коргоҳи адабиётшиносӣ бо худ овардааст.
Яке аз онҳо дақиқкорист. Валӣ Самад ба ҳар коре, ба ҳар мавзўе, ба ҳар масъалае, ки даст бизанад, онро бо ҳавсалаи тамом ҳамаҷониба тафтишу таҳқиқ менамояд. То хурдтарин хабару гузоришро дар замина аз бойгонии китобхонаҳои кишварҳои дуру наздик ва одамони ҷудогона пайдо мекунад ва онҳоро мўшикофона меомўзад. Борҳо шудааст, ки вай барои аниқ ва дақиқ намудани санаде, рўйдоди алоҳидае, ҷузъиёте сафарҳои илмии такрор ба такрор ва тўлоние доштааст.
Профессор АбдунабӣСАТТОРЗОДА
***
Шеъру адаби форсӣ-тоҷикӣ дар Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои Қафқоз аз қадимуззамон таъсири босамаре доштанд. Ин таъсир то ҷое амиқ аст, ки Озарбойҷон яке аз сарзаминҳои парвариш ва густариши ин адабиёт буд. Ва паямбарони шеъри форсӣ аз ин марзу бум ҳастанд. Вале ин суннатҳои муқаддас зери таъсири сиёсати корӣ дар ҳар замон бо ниятҳои хурд ва ѓаразнок таъбир ва маънидод шудаанд. Барои равшанӣ андохтан ба ин мавзўи муҳим меҳнати ҳалоли Валӣ Самад лозим буд.
Муъмин ҚАНОАТ
***
Валӣ Самад як тан аз пажўҳишгарони пайвандҳои адабӣ буда, зиёда аз ним аср аст, ки дар ин самт фаъолият мебарад ва маҳсули заҳматҳои мўшикофонаи ў, ки дар қолаби мақолаву маърўзаву гузориш ва монографияҳои арзишманд ба дастрасии муштоқони илм пешниҳод гардидааст, боиси эътирофу арҷгузорӣ ва истиқболи гарми донишмандони ватаниву хориҷӣ шудааст.
Адабиётшинос Муртазо ЗАЙНИДДИНЗОДА