«СЕ ШОҲКОР» ДАР ТАРҶУМАИ АДИБИ ТОҶИК
Аз тариқи нашриёти «Истеъдод»-и шаҳри Душанбе армуғони пурарзише пешкаши хонандагони тоҷик шуд. Романҳои Луиҷи Пиранделло – «Шодравон Маттиа Паскал», Френсис Скотт Фитсҷералд – «Гэтсбии муаззам» ва Ҳерман Ҳессе – «Гурги даштӣ» дар як муҷаллад ба забони тоҷикӣ интишор ёфтанд. Тарҷумаи ин романҳои бузургу оламгир, ки муаллифонашонро дар саросари офоқ номвар гардонидаанд, ҳосили захматҳои тўлонӣ ва миёншикану тавонфарсои шоир ва нависандаи шинохтаи тоҷик Салими Зарафшонфар мебошад. Китоби мазкур дар ҳаштсад саҳифа ва бо теъдоди 240 нусха (яъне хеле кам!) аз чоп баромад ва бетардид дар бахши тарҷумаи бадеии мо дастоварди камназир ва навгонии нишотовар мебошад.
Ба ин далел нишотовар гуфтем, ки ин романҳо ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудаанд ва сартосари сайёраамонро дарнавардидаанд ва инак ба забони тоҷикӣ низ ба дасти мо расиданд. Мунаққидон ва суханшиносони сатҳи ҷаҳонӣ бо дарназардошти арзиш ва мазмуну ғояи баланди бадеӣ ва тозагиву ҷаззобияташон ин романҳоро дар радифи асарҳои беҳтарини дунё дастовардҳои муҳими адабиёти ҷаҳон донистаанд.
«Шодравон Маттиа Паскал» яке аз машҳуртарин романҳои нависанда ва драматурги бузурги итолиёӣ, дорандаи ҷоизаи Нобел Луиҷи Пиранделло мебошад, ки дар охири қарни 19 ва оғози қарни 20 зиндагиву эҷод кардааст. Адабиётшиносону мунаққидон романи мазкурро аз ҷиддитарин ва марказитарин осори нависанда ба шумор овардаанд ва ба мазмуну мундариҷаи он баҳои баланд додаанд. Роман соли 1904 эҷод шуда, ба муаллифаш обрўву эътибори зиёд овардааст. Тавре ки аз навиштаҳои тарҷумонҳои рус маълум шуд, тарҷумаи «Шодравон Маттиа Паскал» кори хеле душвору заҳматталаб буда ва на ба ҳар тарҷумони камзарфе муяссар мешудааст, зеро мазмуни амиқи фалсафии асар, хислати мураккаби қаҳрамонон ва олами мураккаби ботини онҳо ҳангоми тарҷума сангиниҳои зиёдеро пеши рў меоварад ва ниҳояти диққату камоли фаросатро тақозо мекунад. Бинобар ин, заҳмати тарҷумони чирадастамон Салими Зарафшонфар қобили мулоҳизаи хос аст ва шоистаи арҷгузорӣ.
Романи дувум – «Гэтсбии муаззам»,ки ба қалами нависандаи машҳури амрикоӣ Френсис Скот Фитсҷералд тааллуқ дорад, аз замони иншо шуданаш то кунун шуҳрати худро заррае гум накардааст. Ба таври мукаррар ва ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудани он далели ҳамин фикр аст. Гузинаи аввали дастнависи «Гетсбии муаззам» соли 1923 ба нашриёт супурда шуд, муаллиф маслиҳатҳои ноширонро вобаста ба тағйиру такмил додани баъзе қисматҳои роман ба назар гирифта, пухтатару комилтараш намуд ва, ҳамин тавр, китоб соли 1925 пешкаши хонандагон шуда, ба зудӣ дар доираҳои адабии замон ғулғулаҳо афканду номи муаллифашро вирди забонҳо намуд. Ҳарчанд ки пеш аз иншои ин роман номи Фитсҷералд ба хонандагон ошно буд, вале баъди интишори он шуҳрати нависанда дучандон афзуд. Аз рўи романи мазкур дар солҳои гуногун, ҳам дар қарни бистум ва ҳам дар садаи бистуякум филмҳо бардоштанд. Филми охире, ки соли 2013 дар асоси роман аз сўи коргардони амрикоӣ База Лурман таҳия шуд, муваффақияти бештар ёфту бинандагони хеле зиёдро ба сўи худ ҷалб кард. Нақши Гетсбиро дар ин филм ҳунарпешаи машҳур Леонардо Ди Каприо иҷро кардааст. Соли 1998 романи «Гетсбии муаззам» дар феҳристи 100 романи беҳтарине, ки ба забони англисӣ эҷод шудаанд, мавқеи дувумро ишғол намуд ва ҳамчунин ба феҳристи 100 романи беҳтарини қарни бистум низ шомил гардид. Бо дарназардошти ин ҳама, месазад гуфт, ки тарҷумаи ин роман кори хеле муҳиму пураҳамият мебошад. Ҷойи ҳайфу дареғ мебуд, агар хонандагони тоҷик аз мутолиаи ин романи оламшумул ба забони тоҷикӣ бенасиб мемонданд.
Романи дигар – «Гурги даштӣ»-и соҳиби Ҷоизаи Нобел, нависандаи бузурги олмонӣ Ҳерман Ҳессе бо мазмуни амиқи фалсафӣ ва психологии худ хусусиятҳои мутафовит дорад. Роман бори нахуст соли 1927 дар Олмон мунташир ва баъди андаке ба чандин забони дунё тарҷума шуд. Баъзе пажўҳишгарон «Гурги даштӣ»-ро романи шарҳиҳолӣ ва як навъ тавбаномаи муаллиф номидаанд. Нависанда талқин мекунад, ки инсон худро чунонки ҳаст, бо ҳама айбу иллат ва ғаму шодиҳояш бояд бипазирад, бо биму ҳарос ва мушкилоти худ мубориза барад.
Мутолиаи «Гурги даштӣ» аз хонандаҳушмандии хос мехоҳад, зеро ин асар, ба истилоҳ дарунгароёна ва пурумқу мураккаб аст. Ба забони тоҷикӣ тарҷума шудани ин романро, бешак, метавон падидаи муҳим донист.
Тарҷумони пухтакору варзида Салими Зарафшонфар ҳар се романро бо забони салису рангин ва хеле устокоро- на тарҷума кардааст. Мураккабтарин пораҳои ҳар се роман, ки чирадастии зиёдро аз тарҷумон тақозо мекунанд, равшану дақиқ тарҷума шудаанд. Пайдост, ки тарҷумони пуртаҷрибаи мо асарҳоро вожа-вожа ва сатр-сатр дар зеҳну шуури худ ба хубӣ ҳазм карда, барои пайдо кардани баробарҳои дақиқи ҳар ҷумла заҳмат кашидааст. Таҷрибаи ғании кори шоириву нависандагӣ ба ў имкон додааст, ки асарҳоро бо баде- ияти вижа ва бо забони тарошхўрдаву сайқалдида тарҷума кунад.
Бояд гуфт, ки фаъолияти тарҷумонии адиби шинохтаамон Салими Зарафшонфар аз оғоз бо фаъолияти шоириву нависандагии ў ҳамроҳ ҷараён гирифтааст ва хонандагони тоҷик аз тарҷумаҳои зиёдаш баҳравар шудаанд. Дар баробари тарҷумаи ашъори шоирони зиёди кишварҳои дигар, вай романҳои «Ҷейн Эйр»-и Шарлоттта Бронте, «Гора»-и Робиндранат Такур, ҳикояву қиссаҳои нависандагони ма- шҳури ҷаҳонӣ Акутагава, О. Генри, Пйер Лагерквист, Александр Куприн, Стефан Свейг, Эржебет Галготси ва ғайраҳоро дар сатҳи баланд тарҷума кардааст. Боз чандин тарҷумаҳои нашрношудаи ў интизори чопанд…
Умедворем, ки китоби тозанашри «Се шоҳкор» ба хонандагони тоҷик таассуроти нек мегузорад ва лаззати маънавӣ мебахшад.
Толиби ЛУҚМОН