РЕШАИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК ДАР АФҒОНИСТОН

Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,

Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Мавлоно БАЛХӢ

Тоҷикон бо фарҳанги дунёмадор ва ҳаётсозашон қалби халқи ҷаҳонро ҳақбаҷонибона дар тўли таърих тасхир намудаанд. Ҷавҳари ин фарҳанги оламшумул аз гуфтумони боадолат ва дархўри манфиатҳои ҳама қавму миллатҳое, ки ҳақдор ва соҳибони номбардори он ҳастанд, иборат мебошад. Дар замони муосир бо каме тағйир он «гуфтугўи тамаддунҳо» ва «таъсирпазирии фарҳангҳо» номгузорӣ шудааст.

Абўалӣ ибни Сино, ҳаким ва табиби тавонои тоҷик, нигоштааст: «Азбаски ҷомеа зодаи ҳамкорӣ ва ҳамраъйӣ аст, ба касе ниёз дорад, ки қонун ва адолатро муқаррар намояд ва чунин кас бояд имкони тавассути сухан ба мардум муроҷиат карданро дошта бошад ва мардумро барои риояи қонун уҳдадор созад». Ҳамин иқтидори зеҳнӣ ва пуштивонаи фарҳангӣ буд, ки дар эъмори ҷомеаҳои шарқӣ он нақши бориз мегузошт.

Мурури кўтоҳе ба таърихи Афғонистони муосир нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷик нуфузи «файзбор ва шарафосор» (Сотим Улугзода) дар ташаккули маданият ва зеҳнияти ҷомеаи кишвари ҳамсоя доштааст. Шаҳрҳои Ҳирот, Мазори Шариф, Кобул, Зобул, Самангон, Сиистон, Гандаҳор, Куҳандиж, Ҷавзгон, Ғур, Каписо, Парвон ва Ғазнӣ, водиҳои тамаддунофар, аз қабили дараи Каён, дараи Панҷшер, дараи Сўф, дараи Шимолӣ, дараи Соланг, дараи Хинҷону Андароб, дараи Ғур, Чордара, дараи Толаву Барфак, Ҷувайдара, дараи Роғистон, дараи Асмор ва ғайрае, ки ҳамчун маркази тамаддуни мардуми бумӣ қад афрохтаанд ва дар он ҷо саноат, илм ва фарҳанг шакл гирифтааст, ба таври дастаҷамъӣ то аввали асри 20-ум макони зисти тоҷикон будааст.

Як назари иҷмолӣ ба ин шаҳрҳо ҳақиқатеро бармало месозад, ки дар Афғонистон кӣ аксарият аст ва кӣ ақаллият? «Офтобро бо доман пўшонидан намешавад», ки дар шаҳрҳо аксари мардум зиндагӣ мекунад ва таҷаммўи муассисаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва муҳити созгори илмӣ-фарҳангӣ сокинони деҳотро дар ҳар кишвари дилхоҳ ба шаҳр ҷалб мекунад ва онҳо бо сарозер шудан ба ин марказҳо фарҳанги шаҳрнишиниро имтиҳон мекунанд. Элфингстон, сайёҳ ва низомии англис, вақте ки ба вилояти Нангарҳор, ки ҳоло хилофи адолати таърихӣ паштуннишин ҳисобида мешавад, дар аввали асри 19 меояд, аз 11 ноҳияи ин вилоят дар 9-тои он эътироф мекунад, ки тоҷикон сукунат доранд.

Тамоми тадқиқоти таърихие, ки аз тарафи пажўҳишгарони рус ва аврупоӣ то ҳол анҷом дода шудааст, бо такя ба далелҳои қавӣ, ковишҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, ки дар натиҷаи омўзиши ҷиддии илмӣ ба даст омадаанд, бар онанд, ки фарҳанги тоҷикон натанҳо дар таъсирпазирии халқу мардуми Афғонистон, балки дар пайдоиши халқҳои нав, ки забон ва фарҳанги тоҷиконро пурра пазируфта, дар он марҳилаи тамаддуниро гузаштаанд, саҳмгузор аст. Чунончи, ба ин қишри мардум – ҳазораҳо, паштунҳои даризабон шомил мешаванд, ки бо забони дарӣ-форсӣ-тоҷикӣ такаллум мекунанд ва фарҳанги тоҷикиро ҷузъи ҳувияти худ мешуморанд. Ҳатто дар зери таъсири фарҳанги тоҷикӣ халқе дар вилоятҳои Тахор ва Бадахшони Афғонистон сукунат доранд, ки худро «туркони порсигў» меноманд ва созише дар сарҳади ҳувиятӣ бо тоҷикон ба вуҷуд овардаанд.

Тоҷикон давлатҳои мустақил ва импе- рияи комилҳуқуқ дар ҳудуди Афғонистони Бохтар бо меҳварияти шаҳри Балх ва ё Бухдӣ, ки аз Ҳирот то Бадахшонро фаро мегирифт, нақши муассире доштааст. Аб- дураҳмони Ҷомӣ, шоири шинохтаи тоҷик дар достони «Балхнома» дар бораи нақши шаҳри Балх суханони гуворое дорад, ки саҳми «модари шаҳрҳо»-ро дар пешрафти фарҳанг ва тамаддуни минтақа ҳадафманд тараннум кардааст:

Гўянд, ки Муртазо Алӣ дар Наҷаф аст, Дар Балх биё бубин, ки байтулшараф аст. Ҷомӣ на Адан гўяду Байнулҷабалайн, Хуршед як асту нури ў ҳар тараф аст. Ин қитъаи устоди сухан Ҷомӣ дар боргоҳи дарвозаи ғарбии мақбараи Мазори Шариф ҳаккокӣ шудааст ва мансуб будани сарзамини Афғонистонро ба тоҷикон бо дадели маҳкам ва раднашаванда собит месозад.

Академики номдор аллома Бобоҷон Ғафуров менависад, ки дар «сарзамини Бохтар» маданияти ба худ хоси маҳаллӣ вуҷуд дошт, ки он аз қаъри асрҳо ибтидо мегирифт. Равобити мардуми Бохтар бо маданияти бойи Ҳиндустон, бо маданияти юнониён ва бо маданияти шарқи эллинӣ самараи бузург дошт». Инчунин илова менамояд, ки маҳз дар ҳамин давра дар Осиёи Миёна дини буддоӣ паҳн шуд. Аз рўйи хулосаи олим, бо паҳншавии буддоия оини зардуштӣ мавқеи худро аз даст надод ва он маркази шаҳри Бактура, яке аз марказҳои асосии зардуштият, ҳисоб меёфт ва аксари аҳолии маҳаллии бохтариҳо ба зардуштия эътиқод доштанд.

Дар фарҷом ба натиҷае мерасем, ки фарҳанги тоҷик ҷузъи тафаккури мардуми Афғонистон гаштааст, ки нишонаҳои он дар аъмоли завқӣ, рафторӣ, санъат, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, наққошӣ, ҳунар, умури дав- латдорӣ ва ҳувиятӣ дида мешавад. Касе, ки китоби нависандаи турк Орхан Памук «Номи ман сурх»-ро мутолиа кардааст медонад, ки он дар зери таъсири мактаби минётураи рассомони Ҳирот, аз ҷумла Камолиддин Беҳзод, эҷод шудааст, ки бори дигар гуфтаҳои мақоларо дар ин робита тасдиқ менамояд.

Ҳақ ба ҷониби парчамбардори фарҳан- ги тоҷик Ҷалолиддини Балхист, ки дар ин бора сухани волои муфиде дорад: «Эй бародар, барои он ки худро бишносӣ, ки аз кадом ҷинсӣ, хуб ҳастӣ ё бад, нигоҳ кун, ки ҷазби чӣ чиз мешавӣ ва ба сўйи кӣ меравӣ ва аз суҳбати чӣ касе масрур мегардӣ ва хулоса бингар, ки бо кадом гурўҳӣ».

У. ҚОСИМЗОДА,

 пажўҳишгар

Дигар хабарҳо