АБДУЛОВ КАРИМ

КАРИМ АБДУЛОВ 26 феврали соли 1939 дар деҳаи Сурхкати Кӯҳистони Масчоҳ ба ҷаҳон омадааст.

Баъди хатми мактаби миёна дар Техникуми молияи Сталинобод, сипас дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст.

То соли 1967 сарварии комсомолону ҷавонони ҳамин даргоҳи бузурги донишро бар уҳда доштааст.

Соли 1970 ба кори ҳизбӣ сафарбар шудааст. Солҳои 1988-1990 дотсент, докторант ва профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1991-1992мудири         Котиботи Президенти ҷумҳурӣ, баъдан, солҳои тӯлонӣ, мушовири раиси Ҳукумати вилояти Суғд, раиси шуъбаи вилоятии Ҷамъияти «Дониш» будааст.

Дар баробари фаъолияти ҳизбию давлатӣ ва пешбурди корҳои илмӣ, дар соҳаи очерку публитсистика ҳам хомафарсойӣ кардааст, ки рисолаҳои «Роҳи беҳбуд» (роҳҳои пурпечутоби давраи гузариш), «Дар ин дунё» (иборат аз дувоздаҳ ҷилд), «Сиёсатномаи асри ХХI»,       «Ягонагии       сухан       ва      амал», «Абадзинда»,  «Лоиқи  миллат», «Дарёниҳод», «Аловуддин   Бобоев»,   «Бахти      таърихӣ»,

«Асъори миллӣ» ва ғ. аз он ҷумлаанд.

Дар Олмон, Булғория, Сурия, Ироқ, Арабистони Саъудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Шри- Ланка сафарҳои расмӣ ва эҷодӣ доштааст.

Ду маротиба маносики бузурги мазҳабиро ба ҷой овардааст. Дар тарғиби маърифати ислом аз дидгоҳи дунявӣ рисолаи «Ҳаҷнома»- ро таълиф намудааст.

Аз таассуроти сафари Эрон китоби марғуби публитсистие ба қалам овардааст.

Дорандаи ордени «Нишони фахрӣ» ва се медал, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаҳои ба номи Бобоҷон Fафуров, Аловуддин Баҳовуддинов ва Абулқосим Лоҳутӣ, узви вобастаи Академияи мардумии Осиёи Марказии «Нури Хуҷанд».

Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

5 декабри соли 2010 аз дунё даргузашт.

Дигар хабарҳо