ШОҲИНЕ ДАР ҲАВОИ БАЛАНДПАРВОЗОН
Низом ҚОСИМ
Шамсиддини Шоҳин аз охирин ҳалқаҳои заррини силсилаи шоирони классики мост, ки як давраи бузурги адабиётамонро анҷом мебахшад ва ҳамроҳ бо Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Нақибхони Туғрал, Ҳоҷӣ Ҳусайн ва Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳусни хотимаи он мебошад. Дар ин ҳамоиши илмию адабӣ ҷиҳатҳои муҳимми ҳаёту эҷодиёти ў ҳатман мавриди таҳлил қарор мегиранд, мо танҳо як ҷиҳати он — эҳсосу идроки шахсияти адабии хеш ва фарозу фуруди тафохури шоирии Шамсиддини Шоҳинро иҷмолан зикр кардан мехоҳем.
Маълум аст, ки Шоҳин дар оғози фаъолияти шоирӣ аз эҷодиёти пурбори Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз ва Мирзо Бедил сахт мутаассир шудааст. Дар ин ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, чунки кутуби он бузургворон китобҳои дарсии мактабу мадрасаҳои замон буданд ва Шоҳини наврас аз онҳо хуб баҳра бардоштааст. Таассурот аз Хоҷа Ҳофизу Мирзо Бедил дар ду ғазали аввали девони шоир равшан ба назар мерасад. Бо ишора ба ин дар байте тасвирӣ мефармояд:
Маро зи файзи бузургон бувад таваққуъ аз он,
Ки оби баҳр талотум кунад, ба ҷў гузарад.
Оид ба муносибаташ ба Мирзо Бедил ишораҳои зиёд дорад ва дар мавриде сареҳан гуфтааст:
Чи нисбат аст ба Бедил камина Шоҳинро,
Ки қатраро натавон ҳаминони қулзум кард.
Як ғазали Шоҳин бо мақтаи
Хирад ба шеъри ту, Шоҳин, аз он бувад вола,
Ки як ҳадису ҳазораш нукоти муҳтамал аст
баёни ҳофизона, бахусус ғазали «Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст, Суроҳии майи нобу сафинаи ғазал аст»-ро ёдрас мекунад.
Шоир ғазале дорад бо мақтаи зерин, ки шояд марбути давраи аввали эҷодаш бошад:
Ҳар нафас, Шоҳин, ба ақди наварўси маъние
Хаҷлаи андеша ороянду домодам кунанд.
Луғати байт беихтиёр ғазали машҳури Хоҷа Ҳофиз, бахусус мисраи «Хаҷлаи ҳусн биорой, ки домод омад»-ро хотиррасон мекунад.
Иродати Шоҳин ба Шайх Саъдӣ чандон аст, ки аз ў ба ҳар сон фаровон ёд мекунад. Дар бахши аввали чунин байту пораҳо ин ёдкард ба сурати миннатдориву миннатгузорист, ки асли ҳақиқат ҳам ҳаст. Масалан, дар ин байт:
Маро гар дар ин пеша дасте расост,
Ҳам аз дасти ёрии Саъдӣ бихост.
«Дасти ёрии Саъдӣ» воқеан дар осори Шамсиддини Шоҳин зиёд эҳсос мешавад ва равшанбаёнӣ, ҳадафмандӣ, лутфи суханаш аз файзи он аст.
Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки Шамсиддини Шоҳин мактаби бузурги омўзише дошт дар мисоли эҷоди Хоҷа Ҳофизу Мирзо Бедил ва дигар бузургони шеъри гузаштаамон, ки ўро батадриҷ ба пояи шоири номвари замонаш бардоштанд ва аз чунон эътирофу эҳтироми ҳамзамонон бархурдор карданд, ки битавонад бигўяд:
Гашт ҳосили Шоҳин шавкати фалотунӣ,
Баъд аз ин ба Хатлон ҳам гирудори Юнон шуд.
Оҳангҳои зикри шахсияти инсониву шоирии хеш ва тафохур аз ин ба ҳар ранг дар эҷоди Шамсиддини Шоҳин зиёд дучор меоянд. Дар қисме аз онҳо ин зикр бисёр заминиву фурўтанона аст ва комилан ҳақиқати ҳолро бозгў мекунад. Масалан:
Ҳар касе рафт, нишоне ба ҷаҳон монд аз ў,
Лек, Шоҳин, зи ман ин як-ду рақам мемонад.
Дар ин сатрҳо камолоти инсониву шоирии ў эҳсос мешавад, шоир вазифаи суханварии хешро амиқ дарк карда, бо мондани «як-ду рақам» ҳосили умраш самимона қонеъ асту меболад. Чун дар ин байтҳо, ки маншаи ифтихори шоир заминиву маҳсус аст:
Табъи Шоҳин, ки ба ширинсуханӣ машҳур аст,
Ҳама аз лаъли ту омўхт шакархоиро.
Ё:
Кунад ба шеъри ту, Шоҳин, ақидаи комил
Касе, ки мухлиси ашъори табъи мавзун аст.
Ё:
Намекунам тамаи фатҳ аз касе, Шоҳин,
Зибас ба ганҷи маонист килки ман мифтоҳ.
Ё:
Шарафи хусравии мулки сухан Шоҳинро
Файзи шогирдии устоди ҷаҳонгири ман аст.
Ё:
Шеъри Шоҳин шуҳра з-он рў дар малоҳат гаштааст,
К-аз намакпарвардагони суфраи эҳсони туст.
Дар бахши дигари чунин ашъор ифтихори шоирии Шамсиддини Шоҳин бо боли маънавӣ ба авҷи тасаввуру хаёл мепарад ва дигар вуруди амиқу огоҳии дақиқе аз шеъри ў мебояд, ки он нуктаҳо эҳсосу идрок ва қабулу мақбул бишаванд.
Ба чанд мисол таваҷҷуҳ бикунед:
Ҳар он ки ёфт пару боли маънии Шоҳин,
Агар ба тораки гардун расад,шикори ман аст.
Ё:
Ҳарифи табъи расои ту кас нашуд, Шоҳин,
Зибас ягонаи офоқ дар сухандонист.
(Мантиқан «сухандонист» бояд «сухандонӣ ҳастӣ» бошад.)
Ё:
Шоирам чандон, ки натвон дар сухан аз ман гузашт.
Қаблан аз иродатмандии аёни шоир ба Шайх Саъдӣ ва дасти ёрии ў ба Шоҳин гуфтем. Батадриҷ он оҳанги гуфтор тағйир мепазирад ва ба гўш сухани шоире мерасад, ки худ дасти боло дорад:
Ба тақлиди Саъдӣ сухан густарам,
Ки гўӣ яке Саъдии дигарам.
«Тақлид» дар ин корбурд, албатта, ба маънои асли ин калима нест, ки шоиронро аз он ор аст, балки тобиши сабуктари маънои он — пайравӣ, аз баъди касе бо роҳи ў рафтанро дорад. Ин роҳ масири ҳамагонист, ҳама ҳақ дорад бо он биравад ва дар он пасоянд метавонад аз пешванд чобуктару фарсангсипартар ва бешравтару пешравтар бошад. Воқеан, Шоҳин натанҳо мамдуҳаш — амирро ба шоҳ Атобак ташбеҳ медиҳад, балки табъи хешро дар чобукӣ ҳамтарозуи табъи Саъдӣ медонад:
Туро поя беҳ аз Атобак бувад,
Чу Саъдӣ маро табъи нозук бувад.
Беш аз ин, дар муаррифии манзумаи «Туҳфаи дўстон» мефармояд:
Ман ин дастаи гул, ки бо дўстон
Ниҳам туҳфа, кам набвад аз «Бўстон»!
Ин болоравии батадриҷ дар самти мазкур шоирро ба авҷи муқоиса мебарад ва ў дар айни шиддати эҳсоси баҳс бо як шоири муосираш ба ин хулоса мерасад:
Ман, ки н-орам ба назар Анвариву Саъдиро,
Шиква аз Фитратам оё ба кӣ бовар бошад?!
Фахрияҳои Шоҳин дар мавриди зикру муқоисаи дигар шоирони номвари мозӣ ҳам дучор меоянд. Дар қисме аз онҳо ин санъат баэътидол, зебо ва бо лутфи шоирона адо шудааст. Масалан, дар ин байт:
Диҳам «Маснавӣ»-ро низом ончунон,
Ки рўҳи Низомӣ шавад шодмон.
Ё худ:
Маро дар сухан гар тамомӣ бувад,
Бувад, кай ба қадри Низомӣ бувад.
(Аз назари мо калимаи «бувад»-и оғози сатри дуюм ҳашви аён аст.)
Дар ин бахш низ ташдиди гуфтори шоир эҳсос мешавад ва хаёле муътадила ба муҷодала мепайвандад:
Гирам, ки зиёда з-он ду ҳам нест,
Гар нест зиёда, низ кам нест.
(Дар ин ҷо низ ҳашви аён ба назар мерасад — қисми аввали сатри дуюм зиёдатист.)
Ва:
Сурудам ба тарзи Низомӣ калом,
Суханро бад-ин тарз додам низом.
Боз:
Фузудам дар ин пеша аз Анварӣ,
Ки ў муҳрагар гашту ман гавҳарӣ.
Бад-ин тариқ, батадриҷ дар фахрияҳо муболиғаву иғроқ ба санъатҳои дўстдоштаи шоир мубаддал мешаванд ва ў ба тариқе рў меорад, ки дар авҷи қасидагўиву мадҳиясароиву фахрияпардозиҳо, яъне ҳафт-ҳашт қарни қабл роиҷ буданд. Чанд мисол:
Пардаи дидаи тори назари Хоқонӣ
Рақами килки маро сафҳаи мистар бошад.
Дар мадҳи амир мегўяд:
Гарчи Муиззӣ сутуд пояи Санҷар, вале
Хомаи Шоҳин суруд мадҳи ту з-он хубтар.
Бечора Мушфиқиву қисмати зери теғаш ингуна ёд шудаанд:
Манам он маъракаорои сухан, к-аз дастам
Ҳанҷари Мушфиқӣ омодаи ханҷар бошад!
Боз ба мадҳи амири муосираш пардохта, ўро дар ҷашнороӣ аз ниёгони дар созандагӣ номвар муқаддам медонад:
Ҷашне дар ў зи лутфи ту барпост, пеш аз ин
Ҷашне Каён надошт бад-ин гуна гирудор!
Шоҳин аз тахаллуси зебои хеш зиёдаву арзанда меболад ва онро дар фахрияе пурдаъво барҷо истифода мекунад:
Он, ки афзуда маро рутбаи шоҳинӣ, гуфт:
Дигарон пеши ту камтар зи кабўтар бошад!
Ва дар ин болоравӣ ниҳоят ба авҷи ифтихор аз хеш мерасад:
Гар бувад Унсуриву Асҷадиву Фирдавсӣ,
Бо манаш нисбати хармуҳра ба гавҳар бошад!
Албатта, ин ҳама даъвиҳои батамом муҷаррад нестанд ва ҳар кадом дар паси худ даҳҳо сатру байтҳо ва забону баёне доранд, ки беш ё кам асоснокашон мекунанд. Ба ифодаҳои соф тоҷикона, расму оин, зарбулмасалу мақол, ибораҳои рехтаи ин байтҳо таваҷҷуҳ кунед:
Ё раб, он абруи пайваста саломат бошад,
Рухи чун гул, лаби чун писта саломат бошад.
Аз тазодмаъноии «чеҳраи хуб» ва «чашми бад» чи хел хуб истифода кардааст:
Бипўш чеҳра зи ағёр, з-он ки чеҳраи хуб
Ҳамон беҳ аст, ки аз чашми бад ниҳон бошад.
Ё ин таносуби комили аз ашк об задану бо нафас рўфтан ва чашмчорӣ ба қабули меҳмони хонаи дилро бубинед:
Ҳаст аз ашку нафас рўфтаву обзада
Хонаи дил, магар имрўз касе меояд?
Дар байти зерин ҳам тоби (оташи) хашми маъшуқ равшан пеши назар меояду ҳам кабоби дили ошиқ ва ҳам мушти намаке, ки бо хандаи намакин ба кабоб андохтанаш аён тасаввур мешавад:
Кабоб шуд дили Шоҳин зи тоби хашми ту, лек
Биханду мушти намак бар дили кабоб андоз!
Ба корбасти ибораи машҳури «ганҷ дар вайрона» мутаваҷҷеҳ бошед:
Табъи Шоҳин, ки ба алтофи сухан машҳун аст,
Ҳаст вайронаву карданд ба ганҷ ободаш.
Ва низ корбурди мақоли «некӣ куну дар об андоз»-ро бубинед:
Ҳамеша хуни дили худ нисори дида кунам,
Ки гуфтаанд: накўӣ куну дар об андоз.
(Чӣ гуна атри шеъри Хоҷа меояд!)
Ва ифодаи соф тоҷикие:
Ҳаргиз огаҳ нашуд аз сирри муҳаббат зоҳид,
Ман надонам, ба чӣ ин каллаварам мемонад!
Байтҳои зер низ хеле муносибу мутаносиб ва дилрасу шавқбарангезанд:
Сад чаман гул атсазан бархезад аз домони хок,
Гар сабо орад насиме аз гиребони шумо.
Як сару гардан нигори ман чу аз гулшан гузашт,
Обро оби хиҷолат аз сару гардан гузашт.
Дил ба завқи холи ў аз туррааш маҳрум монд,
Аз барои донае ин аблаҳ аз хирман гузашт.
Шарҳи шавқат менавиштам, дидаи хунбор гуфт:
Ҷои сурхиҳош бигзорӣ, ки ман хоҳам навишт!
Оби равон, ки бўса занад пои сарвро,
Изҳори бандагӣ ба қади ёр мекунад.
Ин ҳама ва боз бисёр латофату назокатҳои дигари воқеан шоиронаи хотирмону зеҳноро ба шоир иҷоза додаанд, ки гуфтааст:
Сазад ба хеш тафохур кунӣ аз он, Шоҳин,
Кам аст, чун ту сухансанҷи нуктагў гузарад!
Ва ё:
Ҳар касе дида саводи қалами Шоҳинро,
Вола гардад, ки дигар тарҳи чи мазмун резад?!
Мавзўи фахрияҳои шоирон ва таносубашон ба осори худи онҳо хеле доманадору ҷолиб ва барои раванди солими адабиёт бисёр муфиду зарурист ва умед дорем, ки дар оянда аз ҷониби мутахассисон васеътар мавриди баррасӣ ва хулосабарориҳои дақиқтар қарор мегирад.
Дар мавриди фахрияҳои Шамсиддини Шоҳин бошад, бо мушоҳидаи амиқи устод Айнӣ хулоса мекунем, ки дар «Намунаи адабиёти тоҷик» овардааст: «Шоҳин чун дар ҳоли ҳаёти худ аз тақдиру таҳсини фазлу камолаш маъюс мешавад, ба мукофоту истеҳсони бериёи баъд аз вафот дил мебандад ва дар ин бора дар як мақтаи ғазал менависад:
Пас аз вафоти ту, Шоҳин, суханварон сўзанд
Ба ҷои шамъ туро дар сари мазор ангушт.
Дарвоқеъ, Шоҳин баъд аз вафот ангуштнамои арбоби дониш шуд, натанҳо ангуштнамо шуд, ҳар аҳли фазле, ки қабри Шоҳинро ба ангушт ишора мекунад, аз ҳарорати таҳсину офарин ангушташ чун шамъи сари мазор месўзад.»
Чунонки ангушту дилҳои аҳли назар аз ишораву ёди ҷавонмардони ҷавонмарги адабиётамон — Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Пўлод Толис, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло низ ҷовидона хоҳад сўхт.
Ёдашон ба хайр ва осорашон вирди забонҳо бод. Шамсиддини Шоҳин аз охирин ҳалқаҳои заррини силсилаи шоирони классики мост, ки як давраи бузурги адабиётамонро анҷом мебахшад ва ҳамроҳ бо Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Нақибхони Туғрал, Ҳоҷӣ Ҳусайн ва Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳусни хотимаи он мебошад. Дар ин ҳамоиши илмию адабӣ ҷиҳатҳои муҳимми ҳаёту эҷодиёти ў ҳатман мавриди таҳлил қарор мегиранд, мо танҳо як ҷиҳати он — эҳсосу идроки шахсияти адабии хеш ва фарозу фуруди тафохури шоирии Шамсиддини Шоҳинро иҷмолан зикр кардан мехоҳем.
Маълум аст, ки Шоҳин дар оғози фаъолияти шоирӣ аз эҷодиёти пурбори Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз ва Мирзо Бедил сахт мутаассир шудааст. Дар ин ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, чунки кутуби он бузургворон китобҳои дарсии мактабу мадрасаҳои замон буданд ва Шоҳини наврас аз онҳо хуб баҳра бардоштааст. Таассурот аз Хоҷа Ҳофизу Мирзо Бедил дар ду ғазали аввали девони шоир равшан ба назар мерасад. Бо ишора ба ин дар байте тасвирӣ мефармояд:
Маро зи файзи бузургон бувад таваққуъ аз он,
Ки оби баҳр талотум кунад, ба ҷў гузарад.
Оид ба муносибаташ ба Мирзо Бедил ишораҳои зиёд дорад ва дар мавриде сареҳан гуфтааст:
Чи нисбат аст ба Бедил камина Шоҳинро,
Ки қатраро натавон ҳаминони қулзум кард.
Як ғазали Шоҳин бо мақтаи
Хирад ба шеъри ту, Шоҳин, аз он бувад вола,
Ки як ҳадису ҳазораш нукоти муҳтамал аст
баёни ҳофизона, бахусус ғазали «Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст, Суроҳии майи нобу сафинаи ғазал аст»-ро ёдрас мекунад.
Шоир ғазале дорад бо мақтаи зерин, ки шояд марбути давраи аввали эҷодаш бошад:
Ҳар нафас, Шоҳин, ба ақди наварўси маъние
Хаҷлаи андеша ороянду домодам кунанд.
Луғати байт беихтиёр ғазали машҳури Хоҷа Ҳофиз, бахусус мисраи «Хаҷлаи ҳусн биорой, ки домод омад»-ро хотиррасон мекунад.
Иродати Шоҳин ба Шайх Саъдӣ чандон аст, ки аз ў ба ҳар сон фаровон ёд мекунад. Дар бахши аввали чунин байту пораҳо ин ёдкард ба сурати миннатдориву миннатгузорист, ки асли ҳақиқат ҳам ҳаст. Масалан, дар ин байт:
Маро гар дар ин пеша дасте расост,
Ҳам аз дасти ёрии Саъдӣ бихост.
«Дасти ёрии Саъдӣ» воқеан дар осори Шамсиддини Шоҳин зиёд эҳсос мешавад ва равшанбаёнӣ, ҳадафмандӣ, лутфи суханаш аз файзи он аст.
Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки Шамсиддини Шоҳин мактаби бузурги омўзише дошт дар мисоли эҷоди Хоҷа Ҳофизу Мирзо Бедил ва дигар бузургони шеъри гузаштаамон, ки ўро батадриҷ ба пояи шоири номвари замонаш бардоштанд ва аз чунон эътирофу эҳтироми ҳамзамонон бархурдор карданд, ки битавонад бигўяд:
Гашт ҳосили Шоҳин шавкати фалотунӣ,
Баъд аз ин ба Хатлон ҳам гирудори Юнон шуд.
Оҳангҳои зикри шахсияти инсониву шоирии хеш ва тафохур аз ин ба ҳар ранг дар эҷоди Шамсиддини Шоҳин зиёд дучор меоянд. Дар қисме аз онҳо ин зикр бисёр заминиву фурўтанона аст ва комилан ҳақиқати ҳолро бозгў мекунад. Масалан:
Ҳар касе рафт, нишоне ба ҷаҳон монд аз ў,
Лек, Шоҳин, зи ман ин як-ду рақам мемонад.
Дар ин сатрҳо камолоти инсониву шоирии ў эҳсос мешавад, шоир вазифаи суханварии хешро амиқ дарк карда, бо мондани «як-ду рақам» ҳосили умраш самимона қонеъ асту меболад. Чун дар ин байтҳо, ки маншаи ифтихори шоир заминиву маҳсус аст:
Табъи Шоҳин, ки ба ширинсуханӣ машҳур аст,
Ҳама аз лаъли ту омўхт шакархоиро.
Ё:
Кунад ба шеъри ту, Шоҳин, ақидаи комил
Касе, ки мухлиси ашъори
табъи мавзун аст.
Ё:
Намекунам тамаи фатҳ аз касе, Шоҳин,
Зибас ба ганҷи маонист килки ман мифтоҳ.
Ё:
Шарафи хусравии мулки сухан Шоҳинро
Файзи шогирдии устоди ҷаҳонгири ман аст.
Ё:
Шеъри Шоҳин шуҳра з-он рў дар малоҳат гаштааст,
К-аз намакпарвардагони суфраи эҳсони туст.
Дар бахши дигари чунин ашъор ифтихори шоирии Шамсиддини Шоҳин бо боли маънавӣ ба авҷи тасаввуру хаёл мепарад ва дигар вуруди амиқу огоҳии дақиқе аз шеъри ў мебояд, ки он нуктаҳо эҳсосу идрок ва қабулу мақбул бишаванд.
Ба чанд мисол таваҷҷуҳ бикунед:
Ҳар он ки ёфт пару боли маънии Шоҳин,
Агар ба тораки гардун расад, шикори ман аст.
Ё:
Ҳарифи табъи расои ту кас нашуд, Шоҳин,
Зибас ягонаи офоқ дар сухандонист.
(Мантиқан «сухандонист» бояд «сухандонӣ ҳастӣ» бошад.)
Ё:
Шоирам чандон, ки натвон дар сухан аз ман гузашт.
Қаблан аз иродатмандии аёни шоир ба Шайх Саъдӣ ва дасти ёрии ў ба Шоҳин гуфтем. Батадриҷ он оҳанги гуфтор тағйир мепазирад ва ба гўш сухани шоире мерасад, ки худ дасти боло дорад:
Ба тақлиди Саъдӣ сухан густарам,
Ки гўӣ яке Саъдии дигарам.
«Тақлид» дар ин корбурд, албатта, ба маънои асли ин калима нест, ки шоиронро аз он ор аст, балки тобиши сабуктари маънои он — пайравӣ, аз баъди касе бо роҳи ў рафтанро дорад. Ин роҳ масири ҳамагонист, ҳама ҳақ дорад бо он биравад ва дар он пасоянд метавонад аз пешванд чобуктару фарсангсипартар ва бешравтару пешравтар бошад. Воқеан, Шоҳин натанҳо мамдуҳаш — амирро ба шоҳ Атобак ташбеҳ медиҳад, балки табъи хешро дар чобукӣ ҳамтарозуи табъи Саъдӣ медонад:
Туро поя беҳ аз Атобак бувад,
Чу Саъдӣ маро табъи нозук бувад.
Беш аз ин, дар муаррифии манзумаи «Туҳфаи дўстон» мефармояд:
Ман ин дастаи гул, ки бо дўстон
Ниҳам туҳфа, кам набвад аз «Бўстон»!
Ин болоравии батадриҷ дар самти мазкур шоирро ба авҷи муқоиса мебарад ва ў дар айни шиддати эҳсоси баҳс бо як шоири муосираш ба ин хулоса мерасад:
Ман, ки н-орам ба назар Анвариву Саъдиро,
Шиква аз Фитратам оё ба кӣ бовар бошад?!
Фахрияҳои Шоҳин дар мавриди зикру муқоисаи дигар шоирони номвари мозӣ ҳам дучор меоянд. Дар қисме аз онҳо ин санъат баэътидол, зебо ва бо лутфи шоирона адо шудааст. Масалан, дар ин байт:
Диҳам «Маснавӣ»-ро низом ончунон,
Ки рўҳи Низомӣ шавад шодмон.
Ё худ:
Маро дар сухан гар тамомӣ бувад,
Бувад, кай ба қадри Низомӣ бувад.
(Аз назари мо калимаи «бувад»-и оғози сатри дуюм ҳашви аён аст.)
Дар ин бахш низ ташдиди гуфтори шоир эҳсос мешавад ва хаёле муътадила ба муҷодала мепайвандад:
Гирам, ки зиёда з-он ду ҳам нест,
Гар нест зиёда, низ кам нест.
(Дар ин ҷо низ ҳашви аён ба назар мерасад — қисми аввали сатри дуюм зиёдатист.)
Ва:
Сурудам ба тарзи Низомӣ калом,
Суханро бад-ин тарз додам низом.
Боз:
Фузудам дар ин пеша аз Анварӣ,
Ки ў муҳрагар гашту ман гавҳарӣ.
Бад-ин тариқ, батадриҷ дар фахрияҳо муболиғаву иғроқ ба санъатҳои дўстдоштаи шоир мубаддал мешаванд ва ў ба тариқе рў меорад, ки дар авҷи қасидагўиву мадҳиясароиву фахрияпардозиҳо, яъне ҳафт-ҳашт қарни қабл роиҷ буданд. Чанд мисол:
Пардаи дидаи тори назари Хоқонӣ
Рақами килки маро сафҳаи мистар бошад.
Дар мадҳи амир мегўяд:
Гарчи Муиззӣ сутуд пояи Санҷар, вале
Хомаи Шоҳин суруд мадҳи ту з-он хубтар.
Бечора Мушфиқиву қисмати зери теғаш ингуна ёд шудаанд:
Манам он маъракаорои сухан, к-аз дастам
Ҳанҷари Мушфиқӣ омодаи ханҷар бошад!
Боз ба мадҳи амири муосираш пардохта, ўро дар ҷашнороӣ аз ниёгони дар созандагӣ номвар муқаддам медонад:
Ҷашне дар ў зи лутфи ту барпост, пеш аз ин
Ҷашне Каён надошт бад-ин гуна гирудор!
Шоҳин аз тахаллуси зебои хеш зиёдаву арзанда меболад ва онро дар фахрияе пурдаъво барҷо истифода мекунад:
Он, ки афзуда маро рутбаи шоҳинӣ, гуфт:
Дигарон пеши ту камтар зи кабўтар бошад!
Ва дар ин болоравӣ ниҳоят ба авҷи ифтихор аз хеш мерасад:
Гар бувад Унсуриву Асҷадиву Фирдавсӣ,
Бо манаш нисбати хармуҳра ба гавҳар бошад!
Албатта, ин ҳама даъвиҳои батамом муҷаррад нестанд ва ҳар кадом дар паси худ даҳҳо сатру байтҳо ва забону баёне доранд, ки беш ё кам асоснокашон мекунанд. Ба ифодаҳои соф тоҷикона, расму оин, зарбулмасалу мақол, ибораҳои рехтаи ин байтҳо таваҷҷуҳ кунед:
Ё раб, он абруи пайваста саломат бошад,
Рухи чун гул, лаби чун писта саломат бошад.
Аз тазодмаъноии «чеҳраи хуб» ва «чашми бад» чи хел хуб истифода кардааст:
Бипўш чеҳра зи ағёр, з-он ки чеҳраи хуб
Ҳамон беҳ аст, ки аз чашми бад ниҳон бошад.
Ё ин таносуби комили аз ашк об задану бо нафас рўфтан ва чашмчорӣ ба қабули меҳмони хонаи дилро бубинед:
Ҳаст аз ашку нафас рўфтаву обзада
Хонаи дил, магар имрўз касе меояд?
Дар байти зерин ҳам тоби (оташи) хашми маъшуқ равшан пеши назар меояду ҳам кабоби дили ошиқ ва ҳам мушти намаке, ки бо хандаи намакин ба кабоб андохтанаш аён тасаввур мешавад:
Кабоб шуд дили Шоҳин зи тоби хашми ту, лек
Биханду мушти намак бар дили кабоб андоз!
Ба корбасти ибораи машҳури «ганҷ дар вайрона» мутаваҷҷеҳ бошед:
Табъи Шоҳин, ки ба алтофи сухан машҳун аст,
Ҳаст вайронаву карданд ба ганҷ ободаш.
Ва низ корбурди мақоли «некӣ куну дар об андоз»-ро бубинед:
Ҳамеша хуни дили худ нисори дида кунам,
Ки гуфтаанд: накўӣ куну дар об андоз.
(Чӣ гуна атри шеъри Хоҷа меояд!)
Ва ифодаи соф тоҷикие:
Ҳаргиз огаҳ нашуд аз сирри муҳаббат зоҳид,
Ман надонам, ба чӣ ин каллаварам мемонад!
Байтҳои зер низ хеле муносибу мутаносиб ва дилрасу шавқбарангезанд:
Сад чаман гул атсазан бархезад аз домони хок,
Гар сабо орад насиме аз гиребони шумо.
Як сару гардан нигори ман чу аз гулшан гузашт,
Обро оби хиҷолат аз сару гардан гузашт.
Дил ба завқи холи ў аз туррааш маҳрум монд,
Аз барои донае ин аблаҳ аз хирман гузашт.
Шарҳи шавқат менавиштам, дидаи хунбор гуфт:
Ҷои сурхиҳош бигзорӣ, ки ман хоҳам навишт!
Оби равон, ки бўса занад пои сарвро,
Изҳори бандагӣ ба қади ёр мекунад.
Ин ҳама ва боз бисёр латофату назокатҳои дигари воқеан шоиронаи хотирмону зеҳноро ба шоир иҷоза додаанд, ки гуфтааст:
Сазад ба хеш тафохур кунӣ аз он, Шоҳин,
Кам аст, чун ту сухансанҷи нуктагў гузарад!
Ва ё:
Ҳар касе дида саводи қалами Шоҳинро,
Вола гардад, ки дигар тарҳи чи мазмун резад?!
Мавзўи фахрияҳои шоирон ва таносубашон ба осори худи онҳо хеле доманадору ҷолиб ва барои раванди солими адабиёт бисёр муфиду зарурист ва умед дорем, ки дар оянда аз ҷониби мутахассисон васеътар мавриди баррасӣ ва хулосабарориҳои дақиқтар қарор мегирад.
Дар мавриди фахрияҳои Шамсиддини Шоҳин бошад, бо мушоҳидаи амиқи устод Айнӣ хулоса мекунем, ки дар «Намунаи адабиёти тоҷик» овардааст: «Шоҳин чун дар ҳоли ҳаёти худ аз тақдиру таҳсини фазлу камолаш маъюс мешавад, ба мукофоту истеҳсони бериёи баъд аз вафот дил мебандад ва дар ин бора дар як мақтаи ғазал менависад:
Пас аз вафоти ту, Шоҳин, суханварон сўзанд
Ба ҷои шамъ туро дар сари мазор ангушт.
Дарвоқеъ, Шоҳин баъд аз вафот ангуштнамои арбоби дониш шуд, натанҳо ангуштнамо шуд, ҳар аҳли фазле, ки қабри Шоҳинро ба ангушт ишора мекунад, аз ҳарорати таҳсину офарин ангушташ чун шамъи сари мазор месўзад.»
Чунонки ангушту дилҳои аҳли назар аз ишораву ёди ҷавонмардони ҷавонмарги адабиётамон — Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Пўлод Толис, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло низ ҷовидона хоҳад сўхт.
Ёдашон ба хайр ва осорашон вирди забонҳо бод.