МУШТ– НАМУНАИ ХИРВОР

Ҳабибулло Нозирӣ беш аз 40 сол боз хомафарсоӣ мекунад, вале маҳсули «эҷодиёташ» чанд пораи ҳавоиву беҳадафи манзум ва чанд ба ном дубайтии тақлиди рӯиросту урёни Бобо Тоҳири Урён асту бас. Аз мисолҳо бармеояд, ки ӯ натанҳо аз табъу завқи ибтидоии адабӣ, аз мантиқу таносубу маънӣ фарсахҳо дур аст, балки вазну қофияро ҳам намедонаду саводи оддии беғалатнависӣ ҳам надорад.

Тақриз ба навиштаҳои Ҳ.Нозирӣ дар нашрияи ИН чоп шуд ва мо барои дубора ба хонанда бор накардани таҳлилу муҳокимаҳои зиёд аз нашри дубораи он худдорӣ намуда, танҳо мисолҳоеро манзур менамоем, ки сатҳу савияи эҷоди ӯро равшан нишон медиҳанд. Ҳ.Нозирӣ такрор ба такрор изҳор кардааст, ки пири маънавиаш Карим-Девона аст. Дар ҳақиқат, аз навиштаҳояш маълум аст, ки дар роҳи омӯзишу илҳом дармонда, ҷуз маҷмӯаи он шоири шӯридаи мардумӣ дигар ба китобе назари лутф надӯхтааст. Унвони обшустаи навиштаи пурдаъвояш далели ин аст. Таваҷҷуҳ кунед ба намунаҳо (имлои муаллиф нигоҳ дошта мешавад, то сатҳу саводаш маълум бошад):

Дар базми харон харигарӣ ёд нашуд,

Ман хар набудам чу доду фарёд нашуд!

***

Ёри ман хам картабозӣ мекунад,

Картаро нодида бозӣ мекунад…

Ёри ман чун картабозӣ мекунад,

Дар миёни карта бозӣ мекунад.

***

Хастии мо ончунон озурда дорад ёди кас,

Дар чунину дар чунон шояд, ки Инсон будаем.

Аз ману ту чун сухан ояд сухан ҷон асту хаст,

Хастиро дар хаст дида, мо Мусулмон будаем.

***

Сад арза хайма дорад, сар то сари вуҷудам,

Харфе бурун наояд чун дар вуҷуд набошад.

Моро чи чои шубха он шубха худ набошад,

Ин нолае,ки дорам банди суруд набошад.

***

Чун бар касе нагуфта аз догу ҳасрати худ,

Дар ҷони одамият сад шеваи хари аст.

Ҳарчанд дилбари ман оростае набуда,

Аммо ба чашми Маҷнун Лайлоякаш пари аст.

Дарди саре,ки дорам ин дарди бесари аст,

Чун тифли бепарастор, ин дарди хутсари аст.

***

Туро гам мехурад аз безабони,

Гами ман мешавад аз шоди афзун.

***

Чу дидам номусулмоне қадам монд,

Ба даргохи ман аз дунёи сарди.

Дарего, ман забон барбаста будам,

Вале ту он замон аккос кардӣ.

Дар он як лаҳза гӯё кӯру кар буд,

Тамоми ҳастиям чун миллати ман.

Чу лаб накшодаму дунё раҳо рафт,

Маро мекушад охир иллати ман.

Чакиди чониби хар кас ту бесуд,

Аё хангомапардоз, эй саги ман.

Ба сӯи ман бичак з-ин баъд танхо…

***

Харчанд ҷои узре чун бехудо набошад,

Бошад набошад инсон, хамрохи мо набошад.

Ин даргоҳи Худоро бо ҷону дил бипайванд,

Чун дарди одамиро бе ҷон даво набошад.

***

Хамзоди гамхо гаштаам, дар хуни шабхо гаштаам.

***

Гуфтам: макан ин лоларо, ин духтари кинголаро,

Гуфто: ки хар нозандае дар чанги мардак мезана.

Гуфтам: ки эй хусни замон пеш-о, ки огушат кунам,

Вар-не ба сахрои дилам, гулхои зардак мезана.

Чун абр сарсон мешава, чун барк рахшон мешава,

Вакте ки лабхои маро бар сина нармак мезана.

***

Гамбоди хавасхо маро нолаву шӯрест,

Чун абри баҳорам, ки ба парвоз бигирям.

Ин киссаи мо аввалу анҷом надорад,

Бодо,ки ба ёд ояду пурноз бигирям.

***

Айёми бахор асту чаман чамбари гулхост,

З-он дастагул як гули рухсор надорам.

Ба сафхаи дил рози дили хеш набиштам,

Чун мӯкалами мохаму осор надорам.

Шармест дар ин шӯру шарар бо гами дилхо,

Шахсе ба дилу дидаи дилдор надорам.

***

Эй тулӯи бомдоди боз-о бар хонаам,

Дог-догам ончуноне барфишури хинаро.

Субхро бингар, ки аз рӯйи вафодории хеш,

Мекашад аз гӯри шаб он хӯшаи парвинаро…

Бандии хасрат намудам решаҳои кинаро.

***

Оне, киякҷо мешавад, аз ҷо беҷо мешавад,

Ай ҷой бечо чун шавад, баргашта якчо мешавад.

Ин киссаи буду набуд, бар умри мо дорад шабах,

Розу ниёзи одами гумгашта пайдо мешавад.

Таърихро бикшову бин, ин гуфтаи носуфтаро,

Онро, ки бечо дидаи, баргашта якчо мешавад.

***

Мавлои мавлонои ман ҳар руз пайдо мешавад,

Бо нури хуршеди барин дар субҳ якҷо мешавад.

Донам, ки хар бинандае ӯро набинад чу ман,

Ман дида гуям акси ӯ нодида бино мешавад…

Донам, ки насли одами побанди одам гаштааст,

Асрори Ҳақ дар синааш чун хоби руъё мешавад.

Мавлои мавлонои ман ҳар рӯз пайдо мешавад,

Байни замину осмон як лахза гӯё мешавад.

***

Дар ин дунё Карим-Девонае буд,

Аҷаб як шоири бехонае буд.

Ватандорон чу дардаш мешуниданд,

Хироҷи ҳасраташ афсонае буд.

Бигӯ паймони мардонро ки дора?

Вафои дӯстдоронро ки дора?

Ба монанди Карим-Девона хар ҷо,

Хавои боду боронро ки дора?

Чизе, ки Ҳ.Нозириро ин қадар «машҳур» ва ин қадар худдонаму пурдаъво кардааст, таронаҳои овозхони пуровоза Кароматулло Қурбон бар матнҳои ӯст, вале як чиз мусаллам аст, ки агар навоҳои марғубу садои дилошӯби шодравонро бигирем, матнҳое мемонад содалавҳона, бемаънӣ ва бемантиқу подарҳаво чун намунаҳои пешниҳодшуда.

Дигар хабарҳо