МАРДИ РОҲИ ШЕЪР
«Марди роҳ» китоби шоирест, ки воқеан худ марди роҳи шеър буд ва кўлвори пур аз дастовардҳои бузург дошт. Китобест, ки нафақат дар эҷодиёти устод Лоиқ, умуман дар адабиёти мо мавқеи бисёр равшан дорад. Устод Лоиқ завқи баланди шоирӣ, ҳувияту ифтихори дурахшони милливу ватандорӣ дошт. Мавзўъҳои муҳимтарини рўз, ки ба ҳар дил мерасанд, дар шеърҳои устод корбаст шудаанд. Бинобар ин, шеъру мактаби адабиаш ҷовидона аст».
Бо чунин суханронии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар толори ИНТ бо унвони «Марди роҳ — таконбахши шеъри замон» бахшида ба 40-солагии маҷмўаи «Марди роҳ»-и Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили илмиву адабӣ оғоз гардид. Дар маҳфили бошукўҳ адибон, адабиётшиносон, рўзноманигорон ва дўстдорони шеър иштирок карданд.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким доир ба вижагиҳои шеъри устод Лоиқ ва мавқеи маҷмўаи «Марди роҳ» дар эҷодиёти ў маърўзаи пурмуҳтавое кард. Номбурда, аз ҷумла, зикр намуд:
«Ҳамеша дарки ҳаёт дар эҷодиёти устод Лоиқ дуҷиҳата аст: ҳаёт-мамот, шодӣ-ғам, висол-ҳиҷрон… Ин гуна тазод дар эҷодиёти устод Лоиқ бисёр табиӣ ба ҳам омадааст.
Мунаққидону адабиётшиносони рус мегўянд, ки вақте эҷодиёти Пушкин рўйи коғаз омад, дигар барои русҳо шеърнависӣ осон шуд. Чунки асрори шеърнависиро Пушкин бо таҷрибааш кушод. Баъд аз Пушкин дар адабиёти рус як олам шеър ба вуҷуд омад. Айни ҳамин кор дар мо ҳам ҳаст. Агар ашъори устод Лоиқро мисол орем, мебинем, ки баъд аз ў шеърнависӣ барои шоирони зиёде осон шуд. Зеро сиррашро аз эҷодиёти устод Лоиқ дарёфтанд».
Нависандаи халқии Тоҷикистон, яке аз дўстони наздики Лоиқ Шералӣ Абдулҳамид Самад низ аз бузургиву хоксории шоири миллӣ ёдовар шуда, гуфт, ки ҷомеаи мо дар он замон ба худшиносиву ифтихор ниёз дошт ва китоби мазкур аз аввал то охир ин рўҳияву оҳангро дорост. Дар он аз фурўтаниву шикастанафсӣ ҳам сухан меравад. Аз ин китоб ҳар шеъре, ки хонем, он ба имрўз низ ҳамсадоӣ дорад.
Шоир ва донишманди маъруф Рустам Ваҳҳобзода чунин ибрози назар кард:
— Ў яке аз шоиронест, ки репертуари вазни шеъраш ғанитарин аст. Шоироне дорем, ки дар тамоми осори манзумашон шояд ҳамагӣ 5-6 вазн бакор рафта бошаду халос. Агар болои вазни шеъри устод Лоиқ кор карда шавад, камтар вазн боқӣ мемонад, ки ў дар шеър истифода накарда бошад. Хусусан, агар тарҷумаҳои устодро ба назар гирем, як эҳсоси олии вазну ритму мусиқӣ доранд. Ҳатто дар шеърҳои сафеди устод ҳам ин бартарӣ мушоҳида мешавад. Масалан, дар тарҷумаи зер:
Манам Уолт Уитмен,
Бузургу пурсаховат
чун табиат…
симфонияи бисёр муҳташам аст, ки аз номи Уолт Уитмен ҳосил шудааст ва ин ном бо ҳамон пуррагӣ дар қолаби арўз нишастааст. Ин истеъдоди дурахшони донистани корбурди арўз аст.
Ё дар ҷойи дигар устод Лоиқ мегўяд:
Гарчи мониқалам Рафоэлло…
Номи Рафоэлло он қадар зебо нишастааст дар қолаби вазн, ки гўё гавҳаршинос нигинро дар нигинхона нишонда бошад.
Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ва нависандаи шинохтаамон Бахтиёр Муртазо низ оид ба рўзгор ва осори шоир андешаронӣ карданд.
Дар охир шоири ҷавон, ровии Телевизиони «Тоҷикистон» Кўҳзоди Фатҳулло барои боз ҳам болидахотир гаштани иштирокдорон як шеъри дар овони донишҷўӣ навиштаи устод Лоиқ Шералиро қироат кард. Маҳфил бо баҳрабардорӣ аз андешаҳои ҷолиби адибону муҳаққиқон ва дигар алоқамандони шеър ба анҷом расид.
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»