Бовафо ҷӯраи бачаҳо

 Бовафо ҷӯраи бачаҳо

Аз синфҳои 6-7 хабару мақолачаҳоямро ба рӯзномаи мактабиёни ҷумҳурӣ – «Пионери Тоҷикистон» мефиристодам. Аҷиб он буд, ки гоҳ-гоҳ чанд сатрам чоп мешуд ва аҷибтар он ки баъзан, агар дар поёнашон ному насабам намешуд, навиштаҳоямро намешинохтам!

Боре як навиштаи калонтарам чоп шуд ва ба номам 9 сӯму чанд тин омад. Баъди санҷишу ташхиси ҷиддии корманди почта, ки ҳеҷ ба пули мани мактабхон будани он маблағ бовар кардан намехост, оқибат ҳақ ба ҳақдор расид ва он рӯз бо чанд ҷӯраам серӣ «морожнӣ» хӯрдем… Соли 1974 донишҷӯи гурӯҳи рӯзноманигории факултаи филологияи Донишгоҳи давлатӣ (он вақт дар Тоҷикистон ҳамон як донишгоҳ буд) шудам. Акнун идораҳои рӯзномаҳо – дар таги бинӣ, лекин ку ҷуръат, ки ба остонаашон по бимонӣ?!

Оқибат рӯзе, беҷуръатиро пушти по зада, навиштаи навамро гирифтаму ба идораи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», ки дар кӯчаи Свириденко, 66 (ҳоло кӯчаи Бухоро, ҷои мағозаи «Ситора») воқеъ буд, рафтам. Ҷавоне (баъд фаҳмидам, ки Шараф Афзалӣ – рӯзноманигору шоири шодравон будааст, ёдаш бахайр!), варақҳоямро аз назар гузаронду «ба шуъбаи мактаб дахл дорад» гуфта, ҳидоятам кард, ки аз пасаш биёям. Дар ҳуҷраи дигар ҷавони тақрибан ҳамсоли ӯ менишаст.

– Ҷӯрабой-ако, – ба вай муроҷиат кард ӯ, – мактуби нав овардам, бо муаллифаш… – ва, мактуби маро ба муроҷеаш дода, баромада рафт.

Ҷӯрабой-ако – марди хушқадду хушсимои мӯйсараш қатрониву чашмонаш калон-калони сип-сиёҳ ба курсии паҳлуяш ишора кард, ки бишинам ва ба хондани «мақола»-и ман шуруъ  намуд.

Ҳар замон ба ин ҷою он ҷояш қалам мезаду маро торафт бештар шавқманди дидани таҳрираш мекард. «Ана, кӣ навиштаҳои маро дигар – равону хонданӣ мекардааст!» – беихтиёр гузашт аз дилам.

Баъди чанде марди калонсолтари низ хушсимову хушлибосе вориди ҳуҷраи кор шуд.

– Насимҷон-ака, ин кас – шиноси деринамон, аз Норак… – ному насаби маро гирифт Ҷӯрабой-ако. – Мақола овардааст, бад не барин…

– Ҳа, ҳамин кас мухбири норакиамон? Бисёр нағз… Бад не барин бошад, барои чоп тайёр кунед…

Шиносоии ман бо мудири шуъбаи мактабҳои рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» Насим Раҷабов (дар оянда – адиби маъруфи бачаҳо, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Насим Раҷаб) ва корманди ҳамин шуъба Ҷӯрабой Ҳошимов (дар оянда – Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Ҷӯра Ҳошимӣ) ҳамин хел сурат гирифт.

Ҳарду ҳам, ки бо зоҳиру ботини зебо, оромию тамкин ва муомилаи нарму ширин мафтуни хешам намуда буданд, гаштаву баргашта талқин мекарданд, ки дур нагардаму зуд-зуд ягон чиз навишта биёрам.

Ва ҳар «чизи» овардаамро аввал Ҷӯрабой-ако ва баъд Насимҷон-ако бо ҷиддияти тамом хонда, барои чоп тайёр мекарданд.

Боре бо навиштаи навбатиам омадам, ки Ҷӯрабой-ако гуфт:

– Насимҷон-ако шуморо пурсиданд, ҳозир меоянд.

Интизорӣ хеле тул кашид ва баъд фаҳмидам, ки Насимҷон-ако умуман «дар кӯча» хӯрок намехӯрдааст ва ҳар рӯз роҳи кироиеро тай карда, дар хонааш «обед» карда меомадааст.

– Ҳа, нағз кардӣ, ки омадӣ, – аз дар даромадаву маро дида, гуфт Насимҷон-ако ва бе муқаддима ба асли мақсад гузашт: – Ба газетаамон мусаҳҳеҳ даркор, мо туро пешниҳод кардем.

– Ман… дарс

– Баъди дарс, ним рӯз кор мекунӣ, ҳам таҷриба мешавад, ҳам ба зиндагиат ёрдам, – суханамро бурида, бо қатъият гуфт Насимҷон-ако.

– Ман низ ҳам мехондаму ҳам кор мекардам, – гапи ӯро об дод Ҷӯрабой-ако ва фаҳмидам, ки дар ин «пешниҳод» нақши ӯ ҳам ҳаст.

Ҳамин тавр, бо ташаббуси он ду марди наҷиб дар соли сеюми таҳсил корманди рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» шудам. Ҳафтоду чанд сӯм (қариб сад доллари имрӯза) вазъиятамро хеле беҳтар кард, лекин манфиати бештар сабақҳои амалие буданд, ки ҳар рӯз аз он ду фидоии пешаи рӯзноманигорӣ мегирифтам.

Ба ҳар ҳол, дар пайванди ҳамешагии «ҷонҳои мардони Худо» қонунмандие ҳаст: чун аз даргузашти Ҷӯра Ҳошимӣ огоҳ шуда, бо зикри байти муассири шоири машҳурамон – «Аҷал чун чашми шоирро бибандад, Шумо девони шеърашро кушоед» назди рафи китобҳоям омадам, бо ҳайрат дидам, ки он ду инсони шариф дар сурати китобҳои ҷолибашон – «Даргаҳи меҳру вафо» ва «Бачаҳову кӯчаҳо» он ҷо низ паҳлуи ҳаманд…

– Ҳикоячаҳо навис, – гуфт боре Ҷӯрабой-ако.

– Ҳикояча? – самимона ҳайрон шудам ман. – Наметавонам…

– Метавонӣ! – бо боварӣ гуфт ӯ. – Аз навиштаҳоят маълум, ки хаёл дорӣ…

Тавонистам ё не – масъалаи дигар, лекин бо ҳамон талқину таҳрики самимона чанд ҳикояча барои бачаҳо навиштам, ки дар рӯзномаи мазкур чоп шуданд.

Боре тарҷумаи як ҳикоячаи русиро фармуд ва хонда, гуфт:

– Бисёр нағз! Медонистам, ки метавонӣ, охир, Норак пури рус-ку!.. Фақат сарлавҳаашро фикр кардан лозим…

Ва баъди андаке андеша пурсид:

– Дар Норак кӯдакон сагчаро чӣ мегӯянд?

– Бабача, – ҷавоб додам.

– Ана! – чунон хурсандона нидо кард, ки чашмонаш барқ заданд. – «Бабача» ном мемонем ҳикоячаро! Дидӣ, чӣ хел зӯр шуд – ҳам нав, ҳам ғайримуқаррарӣ, ҳам сазовори ҳикоячаи бачагона!

«Сагча»-ро хат зада, ба ҷояш «Бабача» навишту ба ман нигарист:

– Тарҷума кардан даркор. Бисёр чизҳо медиҳад тарҷума. Пеш аз ҳама, омӯзиш аст он. Бо адабиёти дигар халқҳо шинос мешавӣ, тафаккурат васеъ мешавад…

Чунон бо боварӣ гуфт ин суханҳоро Ҷӯрабой-ако, ки ман то ҳол аз тарҷумаи назму насри аз адабиёти дигар халқҳо писандидаам дил канда наметавонам ва шояд тарҷумаҳоям аз навиштаҳои худам бештар бошанд… Маҳз бо тарғиби ду устоди шеъри кӯдакамон – Убайд Раҷабу Ҷӯра Ҳошимӣ ва мушоҳидаи бевоситаи ҳаёти кӯдаконам ба ин шеър низ рӯ овардам ва се маҷмӯача чоп кардам.

Ба гуфти Ҷӯрабой-ако «бад не барин» будаанд, ки дар чанд маҳфили шеъри кӯдак аз ӯи сахтгир таъриф ҳам шунидам.

Боре шӯхиомез пораи манзуме гуфтам ва вақте ки дафъаи навбатӣ ба коргоҳам омад, барояш хондам:

Чун ҷӯра биё ту, Ҷӯра Ҳошим,
Бар коргаҳи Низом Қосим.
Шояд, ки миёни шеъри лак-лак
Ёбӣ якучанд шеъри кӯдак!

Раъдсон садо карду барқсон дурахшид ва бо ҳамон ҳозирҷавобии самимона посух дод:

– «Якучанд» не, бисёр ёфтам, ки боз омадаам-де…

Худаш зиёд мехонд. Ва, аҷиб, ки кам менавишт. Вале чӣ гуна шеърҳо!

Дар замони Мирсаид Миршакару Гулчеҳра Сулаймонию Убайд Раҷаб барин устодони адабиёти кӯдак шеъри бачагона навиштан осон набуд, лекин Ҷӯрабой-ако батадриҷ ва бо заҳмат шеъри бачагонаи худро офарида тавонист. Ӯ аз ангуштшумор шоирони бачаҳои тоҷик аст, ки ҳама рукнҳои шеър – аз вазну қофияву оҳангнокӣ то лутфи сухану мантиқу таносубро қотеона риоя мекард.

Чанд шоири дар шеъри кӯдак муваффақ ба «шеъри калонсолон»-у ба ном қиссаву роман гузашта, комёб нашуданд, лекин садоқату устуворӣ ва ҳадшиносиву масъулиятшиносии амиқаш буд, ки Ҷӯра Ҳошимӣ аз қаламрави шеъри кӯдак берун қалам назад. Ҳарчанд ки беҳад шеъри зиёди классикону муосиронро медонист ва сари ҳар сухан барҷову дархури ҳол шоҳбайтҳое мехонд, ки мафтун мешудӣ.

Пайваста ба Иттифоқи нависандагон меомад, ба ҳар мулоқоту суҳбату маҳфиле, ки даъваташ мекардем, иштироку суханронӣ менамуд. Суханрониҳои хосси ҳадафманду муфид.

Дафъаи навбатӣ баъди аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагон якдилона ба дарёфти унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» пешниҳод шуданаш омад. Қаноатмандии миннатдоронааш аён буд, вале ваҷоҳату нигоҳи софу содааш нороҳатиеро ҳам ифода мекарданд.

– Раҳмат, лекин… Меарзида бошам?

– Меарзед! – ба услуби худаш – қатъӣ гуфтам ман ва шӯхиомез илова кардам: – Раёсати Иттифоқи нависандагон пешниҳод кардааст, Раёсат хато намекунад!

Хандаи баланди самимиаш хонаро пур кард, бархоста, дастамро гарм фишурду дигар чизе нагуфта, баромада рафт. Ҳис мешуд, ки заҳмат китфонашро хамондаасту хастааш кардааст, аммо дигар хел буда наметавонист – то нафаси охирин кор карду кор. Ҳар унвону мукофоте, ки гирифт, аз кори содиқонааш гирифт, аз заҳмати ҳалолаш гирифт, аз ҷустуҷӯю бозёфтҳои аёни эҷодиаш гирифт.

Таваҷҷуҳ кунед ба ин сатрҳо:

М як ҳарфи танҳо буд,
Як ҳарфи бемаъно буд.
Боре ҳамдам бо О шуд,
МО шуд, хеле фаҳмо шуд!

Ё худ:

Азбаски танҳо буд О,
Танҳо ҳамин О буд О.
Боре ба боғе омад О,
Аз байни роғе омад О.
Б соҳиби он боғ буд,
Чашмаш ба роҳи роғ буд.
Омад чу дар боғ О падид,
Б гуфт:
– О, хуш омадед!
О ногаҳон бетоб шуд,
Б-ро бидиду об шуд.

Тарғиби бадеию муассири дӯстию рафоқат ва ваҳдату сарҷамъӣ ҳамин будагист!

Чӣ қадар зебо, ширин, самимӣ ва болутф мегӯяд шоири кӯдакдил:

Боре бигуфто ЯК ба ДУ:
Чанд аст ҷамъи ман ва ту?
ДУ фикр карду гуфт: ҲАФТ!
Бечора ЯК аз ҳуш рафт.
СЕ мешавад ЯК ҷамъи ДУ,
Эй ДУ-и нодон, ҳайфи ту!

Бубинед, ки дар дунёи Ҷӯра Ҳошимӣ ЯК бачаякашро чӣ хел алла мегӯяд:

– Эй навбаҳорам, аллаё!
Эй сад ҳазором, аллаё!
Эй ҷон ба ҷонам, аллаё,
Эй миллионам, аллаё!
Эй бачамардам, аллаё,
Эй миллиардам, аллаё!
Эй ифтихорам, аллаё,
Эй бешуморам, аллаё!

Оё бузургии Модар нест, ки зарраякашро ҷаҳон мебинад ва қудрати Шоир нест, ки ин эҳсоси волову барҷоро заминиву самимӣ, зебову расо ва латифу эъҷозрадиф ба қалам медиҳад?

Бо ҳамин иктифо мекунам, чунки агар сухан аз чунин ашъори дилрас рафт, ҳамаи ашъори ин шоири бе муболиға соҳирсуханро иқтибос овардан лозим аст! «Бачагӣ айёми беғубори умри инсонист ва ҳар кас мехоҳад, ки боре ба он даврон баргардад», – навиштааст Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар дар сарсухани китоби бисёр хондании Ҷӯра Ҳошимӣ «Бачаҳову кӯчаҳо».

Ба ин суханони шоири маҳбуб, ки барои бачаҳо низ шеърҳои марғуб гуфтааст, ҳамин қадар меафзоем, ки як воситаи сеҳрноки ба он айёми беғубор баргаштани мо, калонсолон, шеъри хуби бачагона, аз ҷумла китобҳои Ҷӯра Ҳошимиянд.

Ёдаш ба хайр, шеъри хуби андешабарангезу завқпарвараш вирди забони хонандаҳои хурдсин боду калонсолони кӯдакботин!

НИЗОМ ҚОСИМ

Дигар хабарҳо