ШАХСИЯТ – МАҲСУЛИ ТАЪРИХ
16-уми ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намунаи ин муҳаббату хирад ҳамин аст, ки мардум дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати Тоҷикистон ва роҳбари давлат дар симои мардум такягоҳи неруманди ин давлатро мебинанд.
Файласуфони юнонӣ ҳунареро бо номи риторика ё суханварӣ ба вуҷуд оварданд ва принсипи асосии онро низ мушаххас карданд: инсон мизон ё милоки ҳама гуна ашёст. Меъёри ташхиси ҳама гуна, воқеоту ҳодисот, ҳама падидаҳои зиндагӣ, чи дар шакли аёнӣ ва чи абстрактӣ, танҳо инсон аст, инсоне, ки дорои хираду шуур буда, метавонад тавассути ин ду неруи бузург ҳаққу ботил, неку бад, пасту баландро аз ҳам ҷудо кунад.
Бале, таърихро инсонҳо месозанд, одамон амал мекунанд, то ки ба мақсадҳои хеш бо дарназардошти эҳтиёҷот ва манфиатҳояшон бирасанд. Ҳадафҳои аз нигоҳи субъект муҳим тақозо мекунад, ки аз дигар мақсадҳои боқӣ даст кашад, ҳама энерҷии ирода ва характери хешро сарф намояд.
Маркс ва Энгелс андешаи Гегелро ба хотир меоранд, ки ҳаводиси бузурги таърихӣ ва шахсиятҳои таърихӣ ду маротиба – дар шакли фоҷиа ва ҳам фарс рӯ мезананд. Сабақи таърих ин аст, ки ҳар миллате бояд ба тариқи худтаҳлилу худтанқид ба таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ назари ибрат афканад ва вазъи собиқаи худро ба тарозуи ақл баркашад.
Таърихи пешини мо низ аз чунин моҳият истисно нест. Ҳуҷуми Қарахониён ба давлати бузурги Сомониён дар соли 999 ва шикасти он тоҷиконро тули ҳазор сол аз раҳбарӣ ба давлати миллӣ маҳрум сохт.
Бино ба нақли муаррихи он давра Ҳилол ас-Сабиҳ, уламои дин, онҳое, ки масъулияти бедор намудани мардум ва ташкили ҷунбиши зидди душманро доштанд ва боистӣ, ки ба аксуламали оммавӣ ва ҳимояти умумӣ фатво медоданд, баръакс, мардумро ба оромӣ кашиданд, бад-ин маънӣ ва далел, ки ин баҳси байни ҳокимони давр аст ва ба ислом ҳеҷ робитаву дахле надорад.
Ҳамин тавр, Гегел ба ин ақида буд, ки мантиқи ҷараёни таърих на натиҷаи хоҳишҳо ва ниятҳои одамон аст. Маркс, баръакси Гегел, ба ин назар буд, ки “таърих шахсияти хоссае нест, ки инсонро ҳамчун воситаи ба даст овардани аҳдофи хеш истифода кунад. Таърих чизе нест ба ҷуз фаъолияти ба мақсади муайян равонашудаи инсон…”.
Ҳамин тариқ, дар ин қисмати навишта ба хулосае меоем, ки нақши шахсият (ҳамоно шахсияте, ки бо такя ба иродаи мардум ирода ва масъулияти раҳнамоии ҷомеаро дошта бошад) дар таърих инкорнашаванда аст. Чанд намуна, ки андешаро тақвият мебахшад: “Дар таърих ду қонун амал мекунад: қонуни рақамҳои бузург ва қонуни шахсиятҳои бузург” (И. Левин), “Аз одамони бузург чизи зиёде, ки башарият аз уҳдаи он намебарояд, талаб кардан ҷоиз нест” (Ф. Фенелон), “Таърихро шахсиятҳо месозанд, агар онҳоро миллионҳо дастгирӣ намоянд” (А. Давидович), “Шахсиятҳои бузург сарлавҳаҳои китоби зиндагии башаранд” (Ф. Геббел), “Ҳаёти шахсиятҳои фавқулода шоиста мазмуни таърихро фароҳам меорад” (Э. Фромм) ва ғайра.
Бояд дар назар дошт, ки таърихи рушди ҷомеаҳои шарқӣ ва ғарбӣ ба куллӣ тафовут дорад ва ин омил ба рӯ задани шахсиятҳои сиёсӣ дар Шарқ монеа эҷод мекард. Дар Аврупо ҳанӯз дар асри XVIII як силсила идеяҳои иҷтимоӣ – волоияти қонун, ҳукмрони одилу маърифатпарвар, баробарии иҷтимоӣ, парламентаризм, фаъолияти иродавии шахсият, афзалияти ҳуқуқҳои табиии инсон, парастиши хирад ва ғайра манзур гаштанд.
Дар Олмон ҳанӯз дар ибтидои асри XVIII, ки беш аз 300 мулки пароканда иборат буд, идеяи худшиносии миллӣ ва давлати мутамарказ идеяҳои ҳам миллатсозу ҳам давлатсоз шуданд, яъне ваҳдати ҷомеа ва давлатро фароҳам оварданд. Ба қиёс бигирем, ки он замон Шарқ чӣ ҳолате дошт… Зулму истибдод то андозае буд, ки ба ҷуз аз тариқи маҷозу рамз ва аллегорияҳо сухани воқеӣ гуфтан барои фозилони вақт имкон надошт.
Бино ба қавли олими фаронсавӣ А. Галлан, ҳукмрони Порс аз вазираш сахт меранҷад. Ӯ вазирашро аз мансаб дур намуда, мефармояд, ки бо ҳама дороиаш дар ҳар маконе аз ин мулк, ки мехоҳад, сукунат ихтиёр кунад. Вазир дар посух мегӯяд: бигзор ба ман маконеро, ки биёбон ва ё нообод бошад, дарёфт кунанд, то ки боқии умрамро баҳри ободии он ҷо сарф кунам. Баъди ҷустуҷӯи зиёд надимон ба ҳукмрон мегӯянд, ки дар саросари мулк чунин ҷойи нообод нест. Ниҳоятан, вазир изҳори матлаб мекунад: ман медонистам, ки дар саропои ин ватан ягон ҷойи номатлуб нест ва мехоҳам, ки зимоми вазириро ба касе бидиҳӣ, ки ҳамчунин ҳисобот дода тавонад”.
Ҳамин тавр, дар охири асри XIX назарияи ҷунбиши маорифпарварӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ (дар мисоли “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш ва баъдан нақшаҳои ислоҳотҷӯёнаи ҷадидон) дар Бухоро ба вуҷуд омад, аммо бо сар задани инқилоб ва истилои Бухорои шариф, Хуросони бузург тиккаву пора шуд. Дар қисми шарқии он бо талошҳои ҷонфидоёнаи чанде аз фарзандони барӯманди миллат ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт…
Танҳо баъди касби истиқлол намудани Тоҷикистон ва шуруъ аз соли 1992, баъди Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олӣ, сарзамини куҳанбунёди Тоҷикистон раҳбари харизматикии хешро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт ва роҳи дурусти рушдро интихоб намуд.
Тули 35 соли истиқлол кишвари Тоҷикистон аз як вазъи пурхатари ҷисмиву руҳӣ ба давлати озоду обод, дунявию ҳуқуқасос ва рӯ ба тараққӣ табдил дода шуд.
Бидуни раҳбари дурандешу комилхирад, раҳнамои фавқулода закиву донишманд, шахсияти фарохназар ва пурҷасорат, дар маҷмуъ – шахсияти сиёсии шоистаи ибрат ва ба маънои томаш таърихсоз чунин таҳаввулот ғайриимкон буд. Заминаи бавуҷудоӣ ва касби камол кардани чунин шахсият воқеияти иҷтимоие буд басо душвор, ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам маънавию ахлоқӣ ва ҳам амниятӣ.
Мутафаккири бузурги рус Н.Г. Чернишевский дар фаҳму дарки шахсияти бузург андешаи басо ҷолиби таваҷҷуҳ дорад: “Дуруст дарк намудани неруҳо ва талошҳои ҳама аносири такондиҳандаи ҷомеа, қонеъ намудани он манфиатҳое, ки қонунӣ ва моҳиятдоранд”.
Ба андешаи ин олим, шахсияти сиёсӣ бояд тавре рафтор кунад, ки ҳар як амалаш ба давлату ҷомеа танҳо фоида орад, ӯ бояд бошараф, накухислат ва пуркор бошад. Ҳамин тавр, агар назарияҳои фалсафии дастрасро хулоса кунем, чунин андеша ҳосил мешавад, ки барои бузург шудани шахсият ҳадди ақал ду шароит лозим меояд: яке – бояд истеъдодаш ӯро нисбат ба дигарон барои эҳтиёҷоти марҳала афзалтар бошад ва дигаре – сохти иҷтимоии мавҷуда набояд монеи роҳи шахсият бошад ва ӯ қобилияташро пурра ба он фаъолиятҳое бахшида тавонад, ки барои ҳамон марҳала зарур ва манфиатбахшанд.
Як нафар хеле беҳтар метавонад ирода ва руҳияи мардумро нисбат ба сарҷамъи дигарон ифода кунад. Ин барҷастатарин далели таърих аст. Ин гуна шахсиятҳо дар вазъияте зуҳур мекунанд, ки кишварҳои алоҳида ба фоҷиа гирифторанд ва сарнавишти давлатҳо дар тахтаи шатранҷи абарқудратҳои бозингар уфтодаанд.
Дар маҷмуъ, ду омил метавонад такягоҳи онҳое бошад, ки ба сотсиум раҳи дарёфти рушноиро таъмин мекунад: яке – шӯру шавқи беандоза барои наҷоти миллату давлат, ки аз муҳаббати самимӣ нисбат ба ватан об мехӯрад ва дигаре – хиради фитрӣ ва заковате, ки манбаи он фарҳанг ва тамаддуни ҳамон миллату кишвар аст.
Таърихи 35-соли ташаккул ва таҳаввули давлати миллии Тоҷикистон ба таври қотеъ собит кард, ки ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин ду омил – яке муҳаббати самимии худи Сарвари давлат ба миллату давлат ва дигаре – хиради азалии мансуб ба ҳамин тамаддун ба таври хеле шоиста мусоидат кардаанд.
Ҳафиз РАҲМОН



