Бозгашти Аҳмади Дониш

 Бозгашти Аҳмади Дониш

Санаи 2-юми ноябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аҳли илму адаб бо доктор Одил Аҳмад – абераи мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш ва соҳибкори маъруфи мисрӣ дидор доштанд.

Одил Дониш муқими Миср буда, шаҳрванди Миср ва Фаронса аст. Раиси ширкатҳои «Smart Villages» ва «Silicon Waha» мебошад ва дар Миср ӯро «падари ҳуши маснуӣ» меноманд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Миср Парвиз Мирзозода, ки меҳмонро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, ки «талошҳои сафорат беш аз як сол идома ёфт, то пайвандони Аҳмади Дониш дар Миср муайян шаванд. Маълум гардид, ки меҳмони мо Одил писари Рашид писари Муҳаммад писари Аҳмад писари Дониш абераи Аҳмади Дониш мебошад. Моҳи апрел дар Миср бо ҷаноби Одил вохӯрдем ва ӯ дар бораи худу хешовандонаш маълумот дода буд».

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим меҳмононро ба даргоҳи устодони аҳли адаби Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, афзуд, ки мо имсол 35-солагии Истиқлоли ҷумҳуриамонро ҷашн гирифтем ва яке аз ҳадафҳои Истиқлол бозёфти ҳамватанони хориҷиамон аст. Имрӯз бисёр шод шудем, ки ҷаноби доктор Одил Дониш ба ватани аҷдодиашон омадаанд.

Низом Қосим дар идома зикр кард, ки Тоҷикистон бо Аҳмади Дониш робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳар вақте меҳмонон дар фурудгоҳи Душанбе аз ҳавопаймо мефароянд, аз хиёбони Аҳмади Дониш гузашта, ба маркази пойтахт мерасанд. Ба номи Аҳмади Дониш кӯчаю мактабҳо гузошта шудаанд. Яке аз пажуҳишгоҳҳои машҳури Академияи миллии илмҳо – Пажуҳишгоҳи таърих ва бостоншиносӣ ба номи Аҳмади Дониш аст.

Ӯ дар бораи гиромидошти Аҳмади Дониш афзуд:

– Адибони бузурги мо, аз ҷумла устод Айнӣ, ки бо Аҳмади Дониш ошноӣ дошт ва борҳо дар бораи ӯ навиштааст, узви ҳамин Иттифоқ буданд.

Инчунин, дар бораи Аҳмади Дониш аъзои Иттифоқ шеъру ҳикояҳо ва романҳо эҷод кардаанд. Бузургтарин асар дар ин хусус романи нависанда ва донишманди маъруфи мо Расул Ҳодизода «Ситорае дар тирашаб» аст. Аз рӯи ин роман «Тоҷикфилм» филми машҳур бардоштааст.

Устод Сотим Улуғзода ҳам дар бораи Аҳмади Дониш драмаи бисёр машҳур дорад, ки Театри академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ солҳои 70-80-уми асри гузашта тақрибан ҳазор бор намоиш дод.

– Дар Маркази тарҷумаи бадеӣ, ки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон амал мекунад, асарҳо аз тоҷикӣ ба арабӣ ҳам тарҷумаҳо мешаванд. Мақсад гузоштаем, ки беҳтарин намунаҳои адабиётамон бо ин забон муаррифӣ шаванд. Дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Миср, Ироқ, Сурия китобҳои адибони мо чоп шудаанд ва дар қатори аввал асарҳои Аҳмади Дониш бо забонҳои дигар тарҷума мешаванд, – гуфт Низом Қосим.

Доктор Одил Дониш дар назди ҳозирин ба сухан баромада, изҳор дошт, ки барояш ифтихор ва шарафи бузург аст, ки бо олимону нависандагон дидор дорад.

– Ҳангоме ки дар бораи бобокалонам Аҳмади Дониш дар Тоҷикистон мешунавам, масъулияти бузург маро фаро мегирад. Мехоҳам осори ӯро бо забонҳои хориҷӣ нашр кунам, – гуфт ӯ.

Мавсуф афзуд, ки падараш Рашод Дониш ду бор сафири Миср дар Малайзия ва Юнон будааст.

Пайвандони Аҳмади Дониш имрӯз ҳудуди 60 нафаранд, ки аз сивупанҷсола боло ҳама унвони доктору профессор доранд. Онҳо дар Миср, Британия, Фаронса, Амрико зиндагӣ мекунанд. Одил Дониш ваъда дод, ки дар сафарҳои оянда бо аҳли оила ва дигар пайвандонаш ба Тоҷикистон меояд ва ҳамкориҳоро ба роҳ хоҳад монд.

Гумон мекардем, он рӯз Аҳмади Дониш дар долонҳои Иттифоқи нависандагон қадам мезад, балки руҳи ӯ дар фазои даргоҳи устодони адабиёт парвоз дошт. Ӯ ҳоло ҳам он ҷост. Дар саҳифаҳои китоби кушода, дар суҳбатҳои адибон, дар ҳар дарде, ки нависандагон барои миллат мекашанд.

Аҳмади Дониш намурдааст, танҳо ҷисман рафтааст. Вақте ки мо дар бораи мерос менависем, вақте ки мо барои ояндаи неки Тоҷикистон қалам мебардорем, Аҳмади Дониш аз дасти мо мегирад ва барои амалӣ шудани тарҳҳои бузург ба сӯи ободию шукуфоии Тоҷикистон моро ҳамроҳӣ мекунад…

Дигар хабарҳо