Номаи шодбошии ИНТ ба Абдурофеъ Рабизода
Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) аз зумраи нависандагони сермаҳсули муосири мост, ки бо ҳикояву қисса ва филмномаҳояш дар байни хонандагон маъруф аст. Ӯ пас аз итмоми факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва Мактаби олии синамогарони Маскав ба кори рӯзноманигорӣ пардохта, дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба сифати муҳаррири барномаҳои адабӣ, хабарнигори рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Садои мардум» кор кардааст. Ҳамзамолн ба навиштани ҳикояву қисса шуғл варзида, дар ин соҳа муваффақ шудааст. Маҷмуаҳояш «Обхез», «Муҳаббат ва ҷаворнмардӣ», «Афсонаи маҳтобӣ», «Ишқи аз нав руста», «Ориёдухт», «Достони Деваштич», «Бозии қисмат», «Қабристон ҳам забон дорад», «Шаҳри муқаддас», «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» ва ғайра аз ҷониби нақди адабӣ ва хонандагон хуб пазируфта шудаанд.
Шераки Ориён дар рушди синамои тоҷик низ саҳми бориз дорад. Ӯ муаллифи чилу се филми бадеӣ ва мустанад, аз ҷумла «Дӯстонро намефурӯшанд», «Марди мутааллиқи ду зан», «Афсонаи зиндагӣ», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Чор фасли умр», «Ҳолат», «Қиссаҳо барои синамо» ва ғайра мебошад.
Асарҳояш ба забони англисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳиндӣ, олмонӣ, арабӣ, русӣ, ӯзбекӣ дар маҷмӯъ, ба чил забони халқҳои гуногун тарҷума нашр шудаанд.
Шераки Ориён барои хидматҳояш дар рушди матбуот, адабиёту синамои тоҷик бо ордени «Шараф», Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва медалу нишонҳои гуногун сарфароз гаштааст.
Ҳамқалами хешро ба муносибати 75-солагиаш табрик намуда, барояш тандурустӣ, саодати рӯзгору илҳоми саршор хоҳонем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



