Эй ҷавонони ватан, ҷони ману ҷони шумо!

 Эй ҷавонони ватан, ҷони ману ҷони шумо!

Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон, ки аз 21 то 24-уми октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, навқаламони гӯшаву канорҳои мухталифи кишварамонро ба ҳам овард. Дар даври ниҳоии он касоне ширкат варзиданд, ки дар даври аввал баҳои хуб гирифтанд. Аз ҳар минтақаи кишварамон шоирону носироне пайдо шуданд, ки табъу қареҳаи хуби суханварӣ доранд ва дар нигоштаҳояшон ҷарақаи истеъдоду ҳунар чашмрабоӣ мекунад. Аз бадахшон, хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, пойтахт ва вилояти Суғд ҷавононе ҷамъ омаданд, ки бешубаҳа, ҳар яке аз онҳо истеъдоди хоссе доштанд. яке аз тафовутҳои асосии машварати имсола афзунии шумораи ҷавонон ва кашфи бештари соҳибистеъдодҳо буд, ки албатта, мояи хушҳолист. Ин далолат мекунад, ки солҳои охир фазои фарҳангиву адабии кишварамон хеле хуб ва барои ташаккули завқи адабии ҷавонон хеле мусоид аст. Тарғиби китобу китобхонӣ бо роҳи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дигар тадбирҳои муҳимме, ки аз сӯйи ҳукумати мамлакатамон андешида мешаванд, бешак, ба раванди ташаккули истеъдоду маҳорати ҷавонадибон таъсир гузоштаанд. Бештари ҷавононе, ки дар машварат баҳои хуб гирифтанд, ширкаткунандагони собиқи ин озмуни пурманфиат мебошанд. Яъне, мо самари ин озмун ва манфиати онро ба адабиётамон ба таври амалӣ дидему дарёфтем.

Субҳи рӯзи 21-уми октябр, вақте ки автобус аз Душанбе ба самти Хуҷанд роҳ пеш гирифт, хушҳолии аҷибе дохили онро фаро гирифта буд. Ҷавонон бо ҳамдигар шинос мешуданду меболиданд, ки дар чунин рӯйдоди фараҳбахш ва ҳамзамон имтиҳони ҷиддӣ иштирок доранд.

Автобус аз шӯру шаафи ҷавонӣ саршор буд. Яке шеър мехонду дигаре хушгӯйӣ мекард ва бо вуҷуди дурии роҳ касе эҳсоси хастагӣ наменамуд. Баъзе аз ин ҷавонон бори аввал ба вилояти Суғд сафар доштанд ва барояшон ҷолибу хотирнишин буд. Ҳамин гуна бо шеърхониву суҳбатҳои ширини адабӣ роҳи тулониро тай кардему ба Хуҷанд расидем.

Бори сеюм аст, ки Машварати адибони ҷавон дар маркази вилояти Суғд баргузор мешавад ва ин рамзист, зеро шаҳри Хуҷанд аз қадим хостгоҳи шеъру адаб ва гаҳвораи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ буд ва имрӯз, хушбахтона, ин мақомаш боз ҳам болотар рафтааст. Ин бор ҳам Хуҷанди бостонӣ бо ҳузури ҷавонони қаламкаши тамоми ҷумҳурӣ шавқу шӯру ҷавонии тоза ёфт ва ба маҳалли ваҳдату ҳамдилию ҳамфикрии онҳо мубаддал гардид.

Шоми ҳамон рӯз дар Кохи Суғдиён маҳфили ёдбуд ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ баргузор шуд ва ҳама адибони ҷавон дар он ширкат доштанд. Суҳбати омӯзандаи устодон Низом Қосим ва Аҳмадҷони Раҳматзод роҷеъ ба сифатҳои инсонию эҷодии адиби зиндаёд сабақи хубу амалие барои ҷавонон буд.

Субҳи рӯзи 22-юми октябр дар Кохи Рӯдакӣ маросими ифтитоҳи Машварат сурат гирифт ва дар он раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода суханронии муфассалу пурҳарорат кард. Ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми раиси вилоят ба аҳли адаб дар ҳар суханаш эҳсос мешуд. Мавсуф аз ҳузури адибони ҷавони кишвар дар маркази вилоят самимона ибрози хушнудӣ ва  умедворӣ намуд, ки ин Машварат онҳоро ба эҷоди асарҳои тоза ва такмили маҳораташон таҳрик медиҳад. Устод Низом Қосим низ иброз дошт, ки Машварати ҷумҳуриявии адибон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини адабӣ ва фурсати хубе барои кашфу муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод аст. Эҳдои ҷоизаҳои адабии вилоятӣ ба як зумра адибон ва сипосномаҳои ИНТ чорабиниро ба ҷашнвораи ҳақиқии адабӣ табдил дод.

Маҳфили 80-солагии устод Аскар Ҳаким, ки ҳамон рӯз дар Кохи Рӯдакӣ баргузор шуд, воқеан барои ҷавонон дарси судманду таъсиргузор буд. Устод тамоми шеърҳояшро бе таваққуф аз ёд мехонд ва ин дар замони мо, ки аз коғаз хондани шеър маъмул шудааст, воқеаи нодирест.

Ҳофизаи қавии шоир, тарзи шеърхонӣ ва саҳнаороии ӯ барои адибони ҷавон қобили омӯзиш ва намунаи равшани ибрат аст.

Баъди анҷоми қисми расмӣ кори Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон дар китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар бахшҳои назм ва наср оғоз ёфт. Беш аз 50 нафар дар ду бахш ширкат доштанд.

Теъдоди шоирони ҷавон, албатта, бештар буд ва ин дар сарзамини шоирхезу шеърпарвари мо амри табиист. Дар бахши назм ашъори ҷавононро устодон Низом Қосим, Ҳақназар Ғоиб, Фарзона, Озарахш, Давлати Раҳмониён, Абдуллоҳи Раҳнамо, Ховари Абдулҳай ва Муҳриддин Сабурӣ таҳлилу баррасӣ карданд.

Боиси хушҳолист, ки имсол бахшҳои ИНТ дар минтақаҳо ба Машварат муносибати ҷиддӣ зоҳир карда, касонеро интихоб намудаанд, ки воқеан истеъдоди шоирӣ доранд ва аз муқаддамоти шеър огоҳанд. Тамоми шеърҳое, ки хонда мешуданд, аз ҷиҳати забону баён, вазну қофия, таносуб ва дигар меъёрҳо нисбатан камхато буданд. Устодон ҳар як шеърро бо таваҷҷуҳ гӯш кардаву аз бастаҳои пешниҳодшуда хонда, ибрози назар карданд. Барои ҷавонон низ шунидани андешаҳои устодони варзида айни муддао ва ғанимат буд. Дар байни шоирони ҷавон, хушбахтона, касоне пайдо шуданд, ки суханашон пухтаву дилрас, шеваи баён ва нигоҳашон тоза аст. Аксари онҳо саводи хуби шоирӣ доранд ва кӯшиш мекунанд, ки ба роҳи тақлиду такроргӯйӣ нараванд. Ин худ ҷасорат аст ва ҷиддияти муносибаташонро ба шеър нишон медиҳад. Баъди муҳокимаву баррасиҳо шоирони ҷавони зерин дар байни иштирокдорони Машварат беҳтарин дониста шуданд: Одинамуҳаммади Сӯфӣ, Нурӣ Муҳаммади Истам, Шукронаи Эраҷ, Шодмони Субҳон, Баҳманёр Муяссарзода, Назархудои Назархудо, Кароматулло Садирзода, Марзбоналӣ Қурбонзода, Мусо Азизӣ, Ҳабибулло Назариён, Фазлиддин Носирзода, Муслимаи Маннон, Муҳаммадиқболи Ҷонибек, Мадина Кенҷаева, Саидаи Рамазон, Мадина Қодирова, Фаридуни Ёқуб, Шаҳбози Шавкат, Хуршеди Азиз ва Кибриё Солеҳзода.

Дар ашъори ҳар яке аз ин ҷавонон андешаву тасвири тозаеро метавон пайдо кард. Онҳо аз меъёрҳову талаботи шеър, албатта, яке камтару дигаре бештар, хабар доранд. Дар ин миён Нурӣ Муҳаммади Истам, Баҳманёр Муяссарзода ва Одинамуҳаммади Сӯфӣ таҷрибаи бештар доранд ва шеърашон аз ҷиҳати истеҳкому пухтагӣ фарқ мекунад.

Кӯшоиву ҷӯёии як гурӯҳ ҷавонони дигар низ қобили таваҷҷуҳ аст ва дар ин ҷо, пеш аз ҳама, зикри аъзои маҳфили омӯзишии Иттифоқи нависандагон, ки зери роҳбарии устод Рустам Ваҳҳобзода амал мекунад, зарурист. Шеърҳои аъзои ин маҳфил Шодмони Субҳон, Шукронаи Эраҷ, Ҳабибулло Назариён, Марзбоналӣ Қурбонзода, Фазлиддин Носирзода, Саидаи Рамазон, Фаридуни Ёқуб ва чанди дигар бо бозёфтҳои тозаашон ҷалби таваҷҷуҳ карданд ва баҳои хуб гирифтанд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки нақши мактаби адабӣ дар тарбияи адибони ҷавон то чӣ ҳад муҳим аст. Шодмони Субҳон, ки навиштаҳояш қаблан дар нашрияҳои адабӣ ҳам чоп шуда буданд, бештар ғазал мегӯяд ва кӯшиш мекунад, ки ғазалҳояш ҳамнаво бо ғазали нави имрӯзи форсӣ бошанд. Ғазали “Дар азои кабӯтар”-и ӯ, ки аз сӯи устодон баҳои хуб гирифт, дорои сужаи хос аст ва ин сужа бо забони равону равшан нақл шудааст. Чунин ғазалҳо, ки далели огоҳии шоир аз равишу ҷараёнҳои нави ғазали форсиянд, дар дафтари Шодмон кам нестанд.

Шукронаи Эраҷ ҳам, ки навиштаҳояш дар Машварат хуб истиқбол шуданд, талош мекунад, ки ҳузури хосси худашро дар шеър нишон бидиҳад ва дар ин масир то ҷое муваффақ шудааст. Шеъри ӯ, тавре ки устодон ҳам зикр карданд, латофату назокат ва отифаи махсус дорад. Ӯ ҳам мисли ҳамқаламони фаъолаш талош дорад, ки худро аз равишу ҳинҷорҳои маъмуливу умумии шеъргӯйӣ канор кашад. Дар ғазал баъзан вазнҳоеро таҷриба мекунад, ки дар шеъри мо хеле камкорбурданд ё аслан истифода нашудаанд. Ин хусусиятҳо дар матлаи ин ғазалаш маълуманд:

Аз шабнами гулбаргҳои субҳ омӯхтам дарси раҳо кардан,
Аз баргҳои зарди пойизӣ худро фидои ғунчаҳо кардан…

Баъзе аз ин ҷавонон шеърҳои кӯтоҳ мегӯянд ва мекӯшанд, ки дар ин кӯтоҳнавиштаҳо андеша, эҳсос ё тасвиреро, ки ҳосили дарёфти худашон аст, бигунҷонанд. Рубоии зерини Ҳабибулло Назариён ҳамин гуна аст:

Ҳар васл дар ин даҳр ҷудоӣ дорад,
Ҳар чиз шуруъу интиҳое дорад.
З-ин қоидаҳо дарахт ҳангоми хазон
Дар ҳар барге панди тилоӣ дорад.

Дар Машварат пешниҳод шуд, ки ба ҷойи калимаи “чиз” дар мисраи дувуми ин рубоӣ “кор” бошад, беҳтар аст ва воқеан, ин пешниҳод дурусту мантиқист. Шеърҳои Мусо Азизӣ ҳам аз тарафи устодон бо хушнудӣ пазируфта шуданд. Ин шоири ҷавон мекӯшад, ки ҷузъиёти шеърашро аз муҳиту фазои рӯзгори худаш интихоб кунад ва аз ин рӯ дар навиштаҳояш садои тапиши дилашро мешунавем. Шеъри ӯ бо воқеияти зиндагӣ пайванди мустақим дорад, он чӣ дар шеърҳои дигарон камтар дида шуд. Дарвоқеъ, шеъре, ки аз замину замон, аз батни зиндагӣ моя мегирад, рангу бӯ ва таъсири дигаргуна дорад. Таваҷҷуҳ кунед ба чанд байти ин ғазали Мусо:

Ҳама пазмони рухи туст, падар, хона биё,
Шаби мо аз ту шавад боз саҳар, хона биё.
Чашм бар роҳи ту доранд чу хоҳарҳоям,
Ногаҳон дар зада, бе пайку хабар, хона биё.
Қаламам дур зи ту тифлаки гирён шудааст,
Сӯхтам дар сари як дафтари тар, хона биё.
Чашми модар шуда шӯробтарин чашмаи мулк,
Оҳ, эй абри муҳоҷир, зи сафар, хона биё.

Яке аз шоирони кӯшои дигар, узви маҳфили омӯзишии ИНТ Марзбоналӣ Қурбонзода аст, ки қоидаҳои назарии назмро хуб медонад ва шеърҳои хубу матлуб мегӯяд. Ғазали “Ҳасрати дарахт”-ӯ намунаи хуби ғазали сужадор ва ҳамзамон тасвирӣ дар байни ғазалҳои ҷавонон аст. Хушоянд аст, ки  шоири ҷавон дар ин ғазал аз тасвирҳову суханҳои обшуставу такрорӣ парҳез намуда, мекӯшад дарахтро ба забон оварад ва чизеро мушоҳида кунад, ки ба чашми дигарон аён нест. Чанд байт аз ин ғазал:

Эй барги зард, меравию ман чи мекунам?
Урёну шармсор ба барзан чи мекунам?
Дар сабз буданам ба фироқат гумон набуд
Ҳатто ба қадри як сари сӯзан, чи мекунам?
Бо хайли хеш тунд равӣ чун савори бод,
Бо бекасии гӯшаи гулшан чи мекунам?
Захми табар агарчи таҳаммул кунам, вале
Вақте кашанд ҷониби гулхан, чи мекунам?

Марзбоналӣ ҳамзамон ягона мунаққиди ҷавон дар байни иштирокдорони Машварат буд. Чанде аз тақризҳояш дар нашрияҳои адабӣ чоп шудаанд. Мутаассифона, мо шоҳиди зуҳури ноқиди дигаре дар Машварат нашудем.

Ҳарфҳои нағзу сара ва бозёфтҳои шоирона дар шеърҳои Мадина Кенҷаева, Саидаи Рамазон, Мадина Қодирова, Кибриё Солеҳзода, Фазлиддин Носирзода, Хуршеди Азиз, Шаҳбози Шавкат, Муҳаммадиқболи Ҷонибек ва чанди дигар низ ба назар расиданд ва бовар дорем, ки бо кӯшиши бештару омӯзиши амиқтар дар арсаи адабиёти мо чеҳранамоӣ мекунанд. Ҳадафи Машварати ҷумҳуриявӣ низ ҳамин аст: такон додани адибони ҷавон барои эҷоду офариниш ва заҳмату талоши доимӣ.

Дар миёни ширкаткунандагон як гурӯҳ ҷавононеро вохӯрдем, ки эҳсоси баланди ватанпарастӣ, мавқеи дурусти шаҳрвандӣ доранд ва ин хусусият дар навиштаҳояшон равшан ифода ёфтааст. Назархудои Назархудо, Кароматулло Садирзода, Азимҷони Алӣ, Муҳаммад Ғанизода ва чанди дигар аз ҳамин зумраанд.

Ин шоирон бо самимият дар бораи Истиқлолу Ваҳдат, корномаҳои Пешвои миллат ва дигар мавзуъҳои марбут ба ватанпарастӣ як силсила шеърҳое гуфтаанд, ки хубу хонданӣ ва барои тарғиби ғояҳои ватандорӣ муфиданд. Хусусан Назархудои Назархудо ва Кароматулло Садирзода, ки бори дувум дар Машварат ширкат варзиданд, дар ин росто, таҷрибаи бештару назари васеътар доранд. Устод Низом Қосим зимни баррасии ашъори онҳо дурусту бамаврид иброз дошт, ки имрӯз мо ба шоирони суруднависе, ки дар барномаҳои давлатӣ фаъол бошанд, ниёз дорем. Шоирони ҷавони мазкур бо ҳузури худ метавонанд ин фазои холиро пур кунанд.

Дар байни ҷавонон ҳамагӣ як нафар шоири кӯдак ҳузур дошт:  донишҷӯйи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Умар Мирсалимов.

Умар дар навиштаҳояш то ҷое тавонистааст аз рӯзгори ширину рангини кӯдакон пораҳо ва воқеаҳои ҷолибу шавқоварро бо забони наздик ба тифлон тасвир кунад. Устодон ба ӯ маслиҳат доданд, ки ҷиддитар кор кунад ва бо омӯзиши пайваста маҳораташро сайқал диҳад.

Дар Машварат бахши вижаи адибони узбекзабон ҳам амал кард ва дар он ҷавонони узбекзабони вилояти Суғд иштирок доштанд. Ба гуфтаи ҳайати тадорукоти ин бахш, дар навиштаҳои онон низ нишонаҳои маҳорату истеъдод аёнанд. Яке аз онҳо Зиёвиддин Сатторов мебошад, ки шеърҳояш аз тарафи масъулон баҳои шоиста гирифтанд. Ҳузури чунин ҷавонон аз он мегӯяд, ки арсаи адабиёти ҷавони узбекзабон дар кишварамон холӣ нест ва ҷавононе ҳастанд, ки дар оянда барои рушди он метавонанд хидмат бикунанд.

Дар рӯзи охири Машварат дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маросими ҷамъбасти он баргузор шуд. Ҷавонон ғамгин аз он буданд, ки ин маъракаи зебо зуд поён меёбад ва ҳама парешон мешаванд.

Устод Низом Қосим дар суханронии муфассали хеш аз ҷараёни кори Машварат изҳори хушнудиву қаноат намуда, таъкид кард, ки ҷавонон бояд ба кори эҷод бо камоли ҷиддият муносибат намуда, ба ҷанбаи ҳунарии навиштаҳояшон бештар диққат диҳанд ва моро бо асарҳои хубу хонданияшон шод кунанд.

Сипас кори Машварат натиҷагирӣ шуд ва шоирони ҷавони зерин ба узвияти Иттифоқи нависандагон пешниҳод шуданд: Раҳмон Авезӣ, Одинамуҳаммади Сӯфӣ, Нурӣ Муҳаммади Истам, Баҳманёр Муяссарзода, Шукронаи Эраҷ, Шодмони Субҳон, Кароматулло Садирзода, Назархудои Назархудо, Мусо Азизӣ.

Ин шоирони ҷавон соҳибкитобанд ва намунаҳои ашъорашон қаблан дар нашрияҳои адабӣ чоп шудаанд. Умедворем, ки пайвастани онҳо ба сафи аъзои ИНТ боиси пурбортар шудани адабиётамон хоҳад шуд.

Ҳамчунин, ба ҳама иштирокдорони Машварат гувоҳиномаи Иттифоқи нависандагон тақдим шуд, ки ҳадяи арзишманде ба онҳост.

Машварат имкон дод, ки баъзе чеҳраҳои ноаён, вале равшан, адибони пуртаҷрибаи солдидатар низ муаррифӣ шаванд ва аз ҳузури худ дарак диҳанд. Аз ҷумла, аз шаҳри Истаравшан шоир Раҳмон Авезӣ ба таври истисно дар Машварат иштирок дошт ва бо шеърҳояш устодонро мутмаин кард, ки шоистаи узвият ба Иттифоқи нависандагон аст.

***

Аз оғоз то анҷоми Машварат устодон кӯшиданд, ки муносибаташон бо ҷавонон нарму меҳрубонона бошад ва бештар ба ҷиҳатҳои хуби эҷоди онҳо таваҷҷуҳ кунанд, зеро ин рӯйдод то ҳадде хусусияти ҷашнӣ дорад ва ҳадафаш дилгарм кардани ҷавонон ба адабиёт аст. Истиқболи гарм аз навиштаҳои ҷавонон ва баҳои хуб додан ба онҳо на ба он маъност, ки ашъорашон аз камбуду норасоиҳо орист. Дар ҷараёни кори машварат ҳам ҷо-ҷо устодон ба баъзе заъфҳои навиштаҳои онон нарм ишора карданд ва фаҳмонданд, ки пайи ислоҳи хатоҳо кӯшиш кунанд.

Ҳоло мо баъзе камбудҳои умумиеро, ки дар ҷараёни кори Машварат мушоҳида кардем, ба таври мухтасар баён медорем:

— Гароиши аз ҳад зиёд ба ғазал.

Ин боис шуда, ки гуногунрангии жанрӣ аз байн биравад. Майли аз ҳад зиёд ба ғазал зеҳни шоири ҷавонро метавонад қофиямеҳвар кунад ва ӯро аз қолабҳои наву озодтар дуртар созад. Албатта, ғазалсароёни хубу муваффақ дар байни онҳо ҳастанд, вале касоне, ки аз шеваҳои тозаи ғазалгӯйӣ кор бигиранд, камтаранд;

— Тарҷеҳ додани “мани фардӣ” ба “мани иҷтимоӣ”. Дар навиштаҳои аксари онҳо масъалаҳои хусусие, ки умумӣ нашудаанд, ба назар мерасанд. Ба таври дигар бигӯем, баъзе аз онҳо натавонистаанд “мани фардӣ”-и худро ба “мани иҷтимоӣ” табдил диҳанд. Ин боис шудааст, ки доираи мавзуъ ва фарогирии шеърҳо маҳдудтар шавад. Албатта, бо касби таҷриба ин камбуд рафъшуданист;

— Тамоюл ба сабки шоирони ҳамзабон. Дар шеърҳои баъзе аз ин ҷавонон дилбастагияшон ба шеъри имрӯзи эрониён мушоҳида мешавад.

Албатта, таъсир нагирифтану баҳра набардоштан аз осори шоирони ҳамзабон имконнопазир аст, вале вақте ки ин таъсиру баҳрабардорӣ ба ҳадди тақлид мерасад, шеъри тоҷикӣ ба назар ғарибу бегона менамояд. Чунин тақлид хусусан дар тарзи баёни баъзе аз ҷавонон ба назар расид.

— Дурӣ ҷустан аз зиндагӣ. Шеъри тоҷикӣ бо пайванди қавияш ба зиндагӣ ва реша доштанаш дар умқи зиндагӣ имтиёз дорад. Шеъре, ки аз зиндагӣ маншаъ мегирад, бегумон, ба дилҳо роҳ меёбад ва дар лаҳзаҳои мухталиф ба дарди инсон мехӯрад. Ҳамин хусусият дар шеъри ҷавонон камрангтар аст.

Зеҳниятгароии аз ҳад зиёд ва фурӯ рафтан ба таваҳҳумоти береша ба нуқтаи заъфи баъзе шеърҳои онҳо табдил ёфтааст. Умедворем, ки аз ин торикӣ андак-андак худро берун хоҳанд кашид.

— Камшумор будани ашъори ватандӯстона. Шеърҳои ватанпарастона камтар ба назар расиданд.

Мо таъриху тамаддун, фарҳанги ғаниву дерина ва кишвари соҳибистиқлолу ваҳдатмеҳвар дорем, ки барои эҷоди ашъори зебову пурмазмун маводи фаровон медиҳанд.

Мутаассифона, аз ин ҷиҳат ашъори ҷавононамон чандон ғанӣ нест.

Хулоса ҳамин гуна дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва самимияту хушҳолӣ машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон ба поён расид. Вақти хушбошиву хайрбод чеҳраҳои ҷавонон ғамгин ба назар мерасиданд. Ҳеҷ яке аз онҳо намехостанд, ки ба ин зудӣ  ҷашнвораи адабӣ анҷом ёбад. Навиштаҳои пурмеҳре, ки баъдан аз сӯйи иштирокдорон дар фазои маҷозӣ интишор ёфтанд, нишонаи равшани онанд, ки машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон дар соли 2026 дар сатҳи хеле баланд ва ҷолибу хотирмон баргузор гардид. Барои чунин фазову муҳити фарҳангиву созанда, ки имрӯз дар саросари кишварамон фароҳам омадааст, мо бояд, пеш аз ҳама, аз давлату ҳукумат ва Пешвои фарҳангсолори миллатамон сипосгузору шукргузор бошем.

Толиби ЛУҚМОН,
муовини якуми Раиси Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон

 

Дигар хабарҳо