Айнӣ ва Шакурӣ
Ба муносибати 100-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ
Устод Садриддин Айнӣ шогирдони зиёде тарбия карда, ба воя расонидааст. Профессор Расул Ҳодизода шогирдони устод Айниро ба се гурӯҳ тақсим намудааст:
- Шогирдоне будаанд, ки дар ғайби ӯ аз осору мактаби эҷодии ӯ таълим гирифтаанд ва таҷрибаи эҷодии ӯро омӯхтаанд.
- Мисли Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Фотеҳ Ниёзӣ шогирдон ва мухлисони ӯ будаанд, ки бо устод Айнӣ мулоқот доштанд, ӯро бисёр эҳтиром мекарданд, аз ӯ маслиҳатҳо мепурсиданд, аз ӯ ибрат ва омӯзиш меёфтанд.
- Шогирдоне низ буданд, ки бевосита дар паҳлуи ӯ буданд. мисоли Раҳим Ҳошим ва Абдусалом Деҳотӣ.
Шоир Абдусалом Деҳотӣ навиштааст: «Пандҳо, хотиррасониҳо ва танқидҳои дар ҳаққи ҳар кадоми мо нависандагон гоҳо меҳрубонона буданд, чунон ки ба падарони меҳрубон хос аст, гоҳе коҳишу сарзаниши аламкунанда монанд буданд, чӣ тавре, ки хусусияти муаллимони сахтгир аст дар ҳаққи шогирдони худ. Ҳамеша меҳрбонона бошанд, хоҳ сахтгирона, дар табиати мо, дар гӯшаҳои мо маҳкам ҷой гирифтаанд, ки симои устоди бузургро ҳамеша дар пеши назари мо зинда медорад. Камина баъд аз мутолиаи хотирот ва мақолаву рисолаҳои ба устод Айнӣ бахшидаи ду адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаи замони мо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ва устод Расулхон Ҳодизода ба ҳамин хулоса омадам, ки эшонро низ ба ҳамин гурӯҳи сеюм ворид кардан мумкин аст. Зеро чунон ки худи онҳо қайд кардаанд, аз устод Айнӣ раҳнамоии зиёд дидаанд ва аз он баҳраҳо бардоштаанд. Ҳоло мехоҳам дар бораи раҳнамоии устод Садриддин Айнӣ ба ду чеҳраи тобноки илму адаби мо, ҳамкорони мо, устодони мо Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Расул Ҳодизода, ки ҳам ба шахсияти онҳо ва ҳам ба ҷомеаи Тоҷикистони азизи мо самараҳои нек овардаанд, ба гуфтаҳою навиштаҳои худи онҳо такя карда, чанд сухан гӯям.
Ҳам Шакурӣ ва ҳам Ҳодизода дорои истеъдоди камназири фитрӣ ва худодод буданд. Шояд ақлу фаросати салим ва баъзе хислатҳои неки инсонӣ ба эшон аз аҷдодонашон, ки шахсиятҳои фозилу хирадманд буданд, ба ирсият гузаштааст. Аз тарафи дигар, ба ҷуз заҳматписандии худи онҳо раҳнамоии устод Айнӣ буд, ки барои нашъунамо ва сабзиши эҷодии онҳо мусоидат кард. Раҳнамоии устод Айнӣ баъзе паҳлуҳои истеъдоди ҳам Муҳаммадҷон Шакурӣ ва ҳам Ҳодизодаро такон дода, дар ташаккули шахсияташон ҳамчун олим нақш гузоштааст. Муаллим Шакурӣ имкон дошт, ки борҳо бо Садриддин Айнӣ ҳамсуҳбат шавад, ба суолҳояш ҷавоб гирад ва аз маслиҳатҳояш «Ёддоштҳо»-и ӯро мавриди таҳқиқу тадқиқ қарор дода буданд. Устод Айнӣ низ чун истеъдодшиноси бузург он касро ҳамчун ҷавони қобилиятнок дарёфта, дар ҳар мавриди муносиб дастгирӣ мекард, ба роҳи дурусти таҳқиқ ва пажуҳиш роҳнамоӣ менамуд.
Муаллим Шакурӣ дар китоби «Мактаби одамият» ду лаҳзаи мулоқоти худро бо Садриддин Айнӣ зикр кардаанд. Он кас, аз ҷумла навиштаанд, ки дар муҳокимаи китоби Айнӣ «Мирзо Абдулқодири Бедил» дар Института забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ иштирок намуда, ба ташвиқи як корманди ин пажуҳишгоҳ ба он китоб чанд эрод гирифтаанд ва баъд мақсади он одамро аз ин муҳокима фаҳмида, аз кардаи худ пушаймон шудаанд, ва чанд вақт азоби руҳӣ кашидаанд, ки ба рӯи Садриддин Айнӣ чӣ тавр нигоҳ мекунанд. Вале дар мулоқоти навбатӣ устод Айнӣ он муҳокимаро ба хотир намеорад ва ба суолҳои он кас доир ба ҳаёту эҷодиёти худаш муфассалан ҷавоб мегӯяд.
Муаллим Шакурӣ дар ин маврид навиштаанд: «Гӯё воқеае pyx надода буд ва муомилаи устод ба камина тамоман монанди пештара давом мекард. Фақат дар охир, ки нишонаҳои аз суҳбати монда шуданаш намоён шудан гирифт, гуфт, ки дар кори илмӣ ба мавзуъҳои майда бисёр овора нашуда, мавзуъҳои калонтар гирифтан даркор».
Ниҳоят ба ман муваффақият хост ва ба ҳамон оҳанги хайрхохӣ гуфт:
– Лекин ба кадом мавзуъ, ки даст занед, ба чӣ коре, ки машғул шавед ба асобағал одат накунед. Дар ҳар сурат бе асобағал гаштанро ёд гиред… Донистам, ки итобу хитобаш ҳамин аст. Шубҳае намонд, ки дар маҷлиси муҳокима ба далолати корманди нави пажуҳишгоҳ барои суханронии айбҷӯёнае ҷуръат кардани маро устод аз куҷое фаҳмидааст ва акнун падарона насиҳат мекунад, ки дар зиндагӣ ба ақли худ амал кардан даркор аст, на ба гапи мардум. Он гуфтаи устод то имрӯз дар гӯшам аст ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард».
Дар мулоқоти дигар устод Садриддин Айнӣ аз як мақолаи муаллим Шакурӣ таассуроти худро чунин изҳор мекунад: «Муҳаммадҷон, мақолаатонро хондам. Мақолаи нағз навиштаед. Дар бораи забони радио гапҳои дуруст гуфтаед. Баракаллоҳ! Ҳамин тавр навиштан гиред». Баъд ба Мирзо Турсунзода муроҷиат намуданд: Рафиқ Турсунзода, Муҳаммадҷон шуданӣ менамоянд. Ин касро тарбият кардан даркор.
Мирзо Турсунзода бо нишони қабулдошт cap ҷунбонд. Садриддин Айнӣ бештар дар атрофи вазъи таҳсил ва шароити зиндагонии донишҷӯёни эшон, дар мавзуи барномаҳои тоҷикии радио ҷараён меёфт. Устод дар бораи забони тоҷикии радио, барномаҳои адабию мусиқӣ фикру андеша ва нуктаҳои интиқодии худро мегуфт…
Хуршеда ОТАХОНОВА



