НИШОНИ БУХОРО

 НИШОНИ БУХОРО

Ба муносибати 100-солагии  академик Муҳаммадҷон Шакурӣ

Донишманди арҷманд устод Муҳаммадҷон Шакурӣ аз зумраи фарзандони ҷоннисори пажуҳиши илму адаби тоҷик аст. Эшон дар Бухорои Шариф дар хонадони шахсияти маъруфу маорифпарвари овозадор Садри Зиё ба дунё омад, вале аз ҷабру ҷафои таърих замони авҷи шикори равшанфикрону аҳли саводи тоҷик чун унсури бегона ба сохти нав падару модарашро зиндонӣ карданд. Сипас ҳам падари донишманд, ҳам модари ғамгусор дар зиндон ба ҳалокат расиданд. Хабари ҷонсӯз. Ӯро, ки шашсола буд, аммаи даҳшатзадааш ба Душанбе овард. Ҷудоии якумрӣ аз зодгоҳи азизаш Бухорои Шариф.

Имрӯз устод аз Бухорои бар асари инқилоби сурх ба савдову яғмо рафта, аз даргоҳи падари донишманду шоир, ки мактаби адабӣ ҳам буд ва оромгоҳи волидайн, танҳо хотироти талху пурҳасрате дораду бас. Ва гоҳе аз ноадолатиҳои таърих, зиндаҷудоӣ аз зодгоҳаш – гаҳвораи тамаддун – Бухоро, коҳидани забони модарӣ ва фарҳанги ниёгон дар ин шаҳри бостонӣ сухан равад, вай, ба қавле, мисли чӯби тар бедуд дарун-дарун месӯзад. Ин табиист. Ва дарду алами ӯ дарду алами як донишманди бедордилу меҳанпараст аз фоҷиаи гӯшношуниди таърих ба мардуму зодгоҳаш, ки дар сарчашмаҳо чун гаҳвораи тамаддуни миллат сабт ёфтааст, мебошад. Ба таъбири маъмул, ба он буттае, ки оташ афтода бошад, сӯхтанашро худаш медонад.

Зимнан аз сари инсоф пеши назар биёрем, ки писараки нозпарвареро аз хонадони падари донишманду воломақом, ки ба ҳама равшанфикрони Бухоро иртибот дошт, қозӣ Садри Зиё ва модари меҳрубони босаводу заковатманд дар овони чор-панҷсолагӣ талхком ва дар чорроҳаи зиндагӣ нагунбахт, сарсону овора мекунанд, дарду фоҷиаи  Шакуриро андаке эҳсос мекунем. Падараш Садри Зиёро, ки аз ашрофзодагони номвар, донишманду соҳибмансаб буд, бо тамғаҳое зиндонӣ мекунанд, модарашро низ. Ва ӯ аз оғӯши гарму меҳрубониҳои падару модар абадан бенасиб мемонад. Бахтбаргашта. Хона ва амволи онҳо мусодира мешавад. Сипас хабари ҷонсӯзи марги модар дар зиндон ба гӯш мерасаду баъдтар қатли падар ҳам. Ба қавле, по аз замин меканаду даст аз осмон. Ва аммаи китобхони босаводаш ӯро, нишонаи бародари гиромиашро барои аз ҷабру ҷафои марговари душманони хонадон раҳонидан, ба диёри амну осуда, ба пойтахти Тоҷикистони навтаъсис – Душанбе меорад.

Боре зимни як суҳбати, ба қавле сарипоӣ аз устод Шакурӣ пурсидам:
– Аз падари бузургвор ва китобхонаи овозадораш ягон хотирае доред?

Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки дар назарам ҳамеша хомӯшӣ ва сукути кӯҳро дошт, сар аз андешаи гарон бардошта, бо дарду алам, дар дил оҳу воҳ, посух дод:
– Омаданду китобҳоро бо ғазаб аз ҷевону сандуқҳои китобхона бароварда, намоишкорона бардошта бурда, ба аробаҳо партофтанд. Вақте аробаҳо бо шитоб мерафтанд, китобҳои муқоваҳояшон чармии гуногунранг ба роҳ меафтоданд… Ҳар касе мехост, китобе мегирифт.

Хотираи талху мудҳиш.

Ва ба рағми ҳама ҷабру ҷафоҳои сарнавишт, таърихиву сиёсӣ Муҳаммадҷон Шакурӣ тамоми умр неруи ҷавонӣ, андӯхтани донишу малакаи таҳқиқгарияшро ба кори эҷодӣ, пажуҳиши осори бадеӣ, рушди илми адабиётшиносии навини тоҷик ва таълифи китобҳои маорифпарварӣ мебахшад. Дар ин ҷода вай чун пайрави падараш Садри Зиё, ки шогирди аллома Аҳмади Дониш буд ва чун иродатманди устод Садриддин Айнӣ аз равандҳои эҷодии адибон, масъалаҳои мубрами мактабу маориф, вазъи забони модарӣ дар нигоштаҳояш басо ҷонсӯзона бонги изтироб мезанад. Ва гоҳе аз лағзишҳо дар пажуҳиш ва пазириши сарзанишҳо дарси ибрат мегирад… Ба назари ман пажуҳишҳои даҳсолаи охири умри устод аз андешаҳои жарфи худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, сабақ гирифтан аз шикасту рехт ва нокомиҳои гузашта, ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони Истиқлол, рушди фарҳангу маънавият, масъалаҳои доғи мактабу маориф дар замони муосир саршору судманданд.

Росташ, ки таъкидҳои пайвастаи академик Муҳаммадҷон Шакуриро дар маҳфилу ҳамоишҳои аҳли илму адаб оид ба покизаву беолоиш ҳифз кардани забон на ҳама хуш мепазируфтем. Бешак, ин нишонаи як андоза бепарвоӣ ва камогоҳӣ аз сарнавишти печидаи забонамон дар марҳалаҳои доғи таърихӣ буд. Фавҷи “забонгумкардагони худбехабару худобехабари манфиатҷӯй…” (таъбири устод Лоиқ) аз даъватҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ нохуш шуда, бо гиреҳу чини ҷабин ӯро мазаммат низ мекарданд. Вале ҳақиқат ин буд, ки соҳибзабонони шаҳрҳои бостониямон дар замони Шуравӣ аз фориғболӣ ганҷи шойгон – забонашонро гум карданд. Фоҷиа!

Хушбахтона, чун Президенти муҳтарам, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон забонро рукни давлату ҳастии миллат эълом карданд, эҳтирому омӯзиши онро барои хурду калон, махсусан соҳибони забон, ҳатмӣ шумурданд, манзараи хушоянд пеш омад. Пирӯзӣ!

Албатта, дар олами илму ҳунар ҳар фард аз рӯи армон ва орзуе, ки дар дил мепарварад, ба қадри зарфияти донишу заковат,  хираду тавоноии хеш барои дар ин ё он шакл, – таълифи китобу рисолаҳо, кашфиёту роҳҳои усули тозаи табобат ба суди миллат, – талош меварзад.

Ҳадафи бузург. Ва дар роҳи мақсадҳои шоиста гоҳе кас ба ихтилофи назар, муқовимати афкор, баҳсу мунозираҳои шадид низ дучор меояд. Ин сарнавишт мероси азалии инсонҳои илмпеша будааст, ки аз аҳди қадим то кунун аз насл ба насл мегузараду олами афкор ва фардҳои донишмандро пухта, рангину комил месозад. Билохира гирудор ва часпу талошҳои хушу нохуши илмиро парвезани таърих бафурсат мебезаду ҳар касро ба андозаи хизмату арзиши офаридаҳояш дар маснади сазовор мешинонад. Вале мо шукргузорем, ки аз дудмони Садри Зиё чун Муҳаммадҷон Шакурӣ донишманди заҳматписанде дорем.

Ба назари банда аз оғози роҳи таҳқиқу пажуҳиш бо тамкину сабру таҳаммул ба воситаи иншои мақолаву рисолаҳои пурмағзу хонданӣ пиромуни шахсият ва осори гуногунпаҳлуи устод Айнӣ, вижагии маҳорату офарандагии С. Улуғзода, Р. Ҷалил, Ҷ. Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев, Ӯ. Кӯҳзод, С. Турсун, М. Хоҷаев, Сорбон, Баҳром Фирӯз… ҳамчунин, таъкидҳои эътибор додани аҳли сухан ба покиву беолоишии забон дар навиштор “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”, “Забони мо – ҷаҳони мо”, “Инсонгаройӣ. Омӯзиш ва забони миллӣ” ва боз нигоштаҳои афзунаш оид ба падидаҳои андешаи миллӣ дар осори адибон ворису номбардори сазовори падари донишманду бузургвораш Садри Зиё ва фарзанди вафодор ва асилу бухорозодаи тоҷик будани Муҳаммадҷон Шакуриро исбот мекард. Устод инро на танҳо рисолати пажуҳишгарӣ, балки қарзи фарзандии худ мешумурд. Посух ба сарнавишти печидаи пурфоҷиаву заҳрогин, давои доғу дарду аламҳои сӯзон, чун ҷигарбанди покдили миллат аз худ ному осори нек ба ёдгор гузоштан…

Бешак, Муҳаммадҷон Шакурӣ дар роҳи пуршебу фарози пажуҳиш аз файзи маърифат ва ба сарзанишу хӯрдагириҳои ноҳақ тоб овардани устодони пешин баҳраҳо мебардошт. Ва боз таънаву тамғагузории ҳасудон “қозибача”-ро низ бо фурӯтанӣ ва офаридаҳои нав пӯшонд. Чӣ чора, ки захми теғи забони нотавонбинон ба аҳли донишу офариниш ҳамеша мерасидааст…

Пас аз расидан ба истиқлоли давлатии миллӣ, ки орзуи ҳазорсолаи миллату фарзандони бедордилу озодихоҳи тоҷик буд, чун бисёр муҳаққиқон Муҳаммадҷон Шакурӣ низ мавзуъ ва роҳу равиши пажуҳишро  каме дигар кард. Иқрор мекунам, ки он вақт ин иқдоми устод ба камина низ нафорид.

Аммо алҳол дар ин замони пурҳодиса, ки берӯёна, яғмогарона ғасб кардани абармардони илму кашфиёт, фарзанд ва сарвати маънавии миллии худ шуморидани онҳо аз ҷониби бегонаҳо авҷ мегирад, банда асарҳои пурмӯҳтаво ва бо хуни дил офаридаи устод “Хуросон аст ин ҷо”, “Фитнаи инқилоб дар Бухоро”, “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии халқи тоҷик”-ро варақ мезанам, ба руҳи поки эшон борҳо дуруду таҳният мефиристам. Ва боз иқрор мекунам, ки дар ин мавзуъ ва масъалаҳои доғу ҷигарреш танҳо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ сухани ҳақро гуфта метавонист ва хайрият, ки навишт. Ҳушдор ба содалавҳӣ ва гумроҳиҳои пешин.

Ман аз оғози солҳои ҳаштодуми асри 20 бо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ гоҳ-гоҳ ҳусни нишасту суҳбат доштам, – баъзан дар Иттифоқи нависандагон, гоҳе дар манзили эшон. Вай ҳангоми суҳбат басо боназокат андешаҳояшро оид ба навиштаҳои банда аз шахсияту осори устодон С. Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев… иброз медошт, камина аз «Рӯзнома»-и Садри Зиё ва тақдири китобхонаи қиблагоҳаш чизҳое мепурсидам. Ботамкин посухҳое медод. Солҳои охир, ки заъфи беморӣ хаставу бистарияшон карда, нури чашмонаш низ коста шуда буд, гоҳе ҳамсараш Дилафрӯз Икромӣ занг зада меогоҳонид: “Муаллим шуморо мепурсанд”. Ба зиёраташ мерафтам.

Боре пас аз чунин даъват ба дидани устод рафтам. Ҳамсараш дарро кушода, нарм гуфт, ки муаллим дар хуҷра машғули коранд. Дароед. Ба ҳуҷраи ошно, ки бо акси Садри Зиё, баъзе ашёи ёдгорӣ ва ҷилд-ҷилд китоб оро ёфта буд, қадам ниҳода, шоҳиди манзараи дигаре шудам.

Устод сари по рост истода, чашм аз шишаи асбобе наканда, дастхатеро мехонд. Чун салом додам, сар аз мутолиа бардошта, хушҳол, аммо каммаҷол ба салом посух дода, ба нишастан ҳидоят карда гуфт:
– Ин заррабинро аз Теҳрон фиристоданд. Нисбат ба заррабинҳои пештара ҳарфҳоро хеле калон, равшану хоно нишон медиҳад. Солҳои пеш агар дастрас мешуд, хондани бисёр дастхатҳоро осон мекард…

Ман ба чеҳраи коҳидаи устод нигариста, дар дил мегуфтам: “Танҳо фидоии асили илму пажуҳиш ба чунин заҳмати сангин тан медиҳад”.

Зимни ин суҳбат боз аз Бухорову хонаи падарияш сухан ба миён омад.

Устод пас аз хаёлу андешаи мармуз бо ҳасрат гуфт:
– Боре бо ҳайате Бухоро рафтем ба маҷлис. Аз кӯча ва назди дарвозаи худамон гузаштан иттифоқ афтод. Дилам гум зад. Хостам, ки хонаву ҳавлии даврони бачагиямро як назар бубинам. Ба дарвоза ҳалқа задам. Марде дарро кушод. Пас аз салом фаҳмондам, ки ман дар ҳамин хона таваллуд шуда, то шашсолагӣ зистаам. Мехоҳам, ки даромада, як лаҳза онро бубинам. Авзоаш дигар шуду дарро ба рӯям пӯшид. Ана, ҳамин тавр сарнавишти талху дарди сӯзон.

Оре, фитнаву дасисаҳои инқилобу пантуркизм беҳтарин овони ширинии бачагии М. Шакурӣ ва садҳои дигар мисли ӯро дуздиду поймол, онҳоро аз меҳру навозиши волидайн маҳрум, бесарпаноҳ, ятиму дур аз зодгоҳ овораву дарбадар кардааст. Ӯ ин ҷабру ҷафоҳоро бо дарду алам фош намесохт, гуноҳ мешуд, гуноҳи азим.

Ин дардҳо ва шикасту рехтро нисбат ба ҳамаи мо Муҳаммадҷон Шакурӣ то мағз-мағзи устухонаш медонисту азияти равонӣ мекашид. Пояш аз зодбум канда, забони ҳазорсолаи модарӣ дар шаҳри қадима ба боди фаромӯшӣ рафта.

Дар ин росто андешаеро барои ҳамзамонон ва наслҳои оянда мехоҳам иброз дорам. Инсон, хосса аҳли илму фазл соҳиби ватани ҷуғрофӣ ва меҳани таърихист. Бешак, арзишҳои миллӣ чун ҳимояи марзу буми ватани ҷуғрофиямон – Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ҳар нафас қарзи бошарафона аст. Аммо донистану шинохтани ватани таърихӣ, ки мероси ҳазорсолаи ниёгони арҷманди мост ва аз ватани ҷуғрофиямон басо паҳновар аст,  бароямон ҳатмӣ мебошад: худогоҳӣ, худшиносӣ, хотираи таърихӣ. Дар куҷо пайдо шудем, чӣ сохтему бунёд кардем? Чӣ рузгореро аз сар гузарондем ва то куҷо расидем? Ибрат аз роҳи тайкардаи ниёгон дар масири таърихи пургирудор. Зимнан ҳар фард ҳуқуқи комил дорад, ки ватани таърихияшро биёмӯзаду донад. Ин амал барои ҳушёриву зиракӣ, дурандешиву ба қадри дастоварду арзишҳои миллӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ расидан хеле зарур аст. Ҳадафи пажуҳишҳои солҳои охири академик Муҳаммадҷон Шакурӣ чун донишманди маърифатпарвару равшангар ҳамин аст.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ нишони Бухорост, Бухорое, ки даҳҳо нобиғаҳои илму адаб ва сиёсатмадорони оламшумулро ба миллати тоҷик дода.

Вай дар радифи донишмандони яккатози соҳаи адабиёти муосирамон солҳои зиёд бо фазлу заковати зотияш барои рушди илму фарҳанги миллӣ, тарбияи олимону адибони ҷавони Тоҷикистон хидматҳои арзишманд кардааст. Ҳар қадар солҳо сипарӣ мешаванд, ҷилои шахсият ва осори мондагори Муҳаммадҷон Шакурӣ бештар хоҳад шуд.

Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо