Сӯгворӣ. Адиби маҳбуби бачаҳо, Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошимӣ даргузашт
Сӯгворӣ. Нависандаи шинохтаи тоҷик Ғайрат Ҳаким аз олам даргузашт
21-уми октябри соли равон баъди бемории тулонӣ рӯзноманигор ва нависандаи шинохтаи тоҷик Ғайрат Ҳаким аз олам чашм пӯшид.
Ғайрат Ҳаким 18-уми июли соли 1947 дар ноҳияи Ӯротеппа (ҳоло шаҳри Истаравшан) ба дунё омада, баъди ба итмом расонидани факултаи филологияи Институти педагогии Ленинобод ба номи С. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) фаъолияти хешро ба сифати мухбир дар рӯзномаи “Зарбдор” оғоз намуда, баъдан дар рӯзномаҳои гуногун фаъолият доштааст.
Мавсуф дар рушди насри детективӣ саҳми бориз дорад. Дар асарҳои адиб мо бо дунёи ҷинояткорон, муборизаи беамони кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ ва фош намудани ҷиноятҳои гуногун ошно мешавем. Ӯ муаллифи маҷмуаи қиссаю ҳикояҳои “Вохӯрӣ дар роҳ”, “Сиришки сурур”, “Дод аз дасти фалак”, “Тирамоҳи вопасин”, “Ифшогари асрор”, романи сегонаи “Ахтари рахшон”, “Байни обу оташ”, “Ганҷ дар вайрона” ва ғайра мебошад. Баъзе асарҳояш ба забонҳои русӣ, олмонӣ, англисӣ, туркманӣ ва узбекӣ тарҷума шудаанд.
Аз соли 1987-ум узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Хидматҳои Ғайрат Ҳаким дар рушди матбуоту адабиёти тоҷик бо Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил, Ҷоизаи адабии ба номи Ҳоҷӣ Содиқ ва унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд.
Ёдаш гиромӣ бод!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



