Сӯгворӣ. Адиби маҳбуби бачаҳо, Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошимӣ даргузашт
Аз остони Садри Зиё
Ба муносибати 100-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ
Хонавода ё худ оила муҳимтарин ва асоситарин ниҳоди тарбиятии ҷомеа буда, тарбияи ахлоқиву маърифатии ҳар фард аз муносибату ҳамбастагии хонавода сахт вобастагӣ дорад. Ба ибораи дигар, хонавода шакли хурдтарини як ҷамъияти бонуфуз аст, ки дурустиву инсиҷоми ҷомеаҳои бузург аз ҳамин ҷамъияти хурд сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон масъалаи ахлоқӣ-маърифатии хонаводаҳо дар баробари унсурҳои иқтисодӣ-иҷтимоии онҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи инсонӣ қарор доштааст.
Дар воқеъ, дар суннати фарҳангиву маданиятии хонаводагӣ донишу малака ва ахлоқу одоби ҳар инсон аз кадом оила будани ӯро ба намоиш мегузорад. Ва нақши хонаводаи бофарҳанг дар тарбияти фарзандони хушахлоқ ниҳоят бориз мебошад. Маҳз ҳамин гуна хонаводаҳо барои хидмат ба халқу миллат фарзандони хушахлоқу бомаърифат ва хидматгузорро ба воя мерасонанд. Ва ин ё он халқу миллат барои рушду тараққиёти бахшҳои гуногуни ҳаёти хоҷагии халқ ба чунин аслу насабҳо ва хонаводаҳои илмию фарҳангӣ ниёз дорад.
Ному насаби Муҳаммадҷон Шакурӣ дар миёни аҳли илму адаб ва умуман қишрҳои гуногуни миллати тоҷик ба ҳама ошност, зеро ин донишманди мумтоз ва мутафаккири маърифатпарвар барои илму адаби тоҷик хидматҳои мондагор ва шоёни қадрдонӣ кардааст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ мувофиқи ҳуҷҷат соли 1926 дар шаҳри Бухоро дар оилаи шахси донишманду фозил Шарифҷон-махдуми Садри Зиё ба дунё омадааст. Ӯ соли 1945 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо бо ихтисоси филологияи тоҷик хатм намуда, дар донишгоҳҳои давлатии омӯзгории Кӯлобу Душанбе солҳо ба ҳайси омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон машғул шудааст ва пас аз хатми аспирантура (с. 1951) солҳо дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИТ фаъолият намуда, муддате вазифаи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1971 соҳиби унвони доктори илмҳои филологӣ гардида, аз соли 1987 академики Академияи илмҳои Тоҷикистон будааст. Ҳамчунин, ӯ ба узвияти Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон низ пазируфта шудааст.
Фаъолияти илмии устод Шакурӣ ба самти таҳқиқи адабу фарҳанг ва каломи мансуру мавзуни тоҷику форс равона гардида, асарҳои бунёдӣ ва таҳқиқии ӯ ба баррасӣ ва таҳлилу таҳқиқи масоили фарҳангу таърих ва илму адаб бахшида шудаанд. Аз ҷумла, мавзуи таҳқиқоти номзадии олим «Хусусиятҳои ғоявиву бадеии “Ёддоштҳо”-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)» буда, соли 1971 рисолаи доктории худро дар мавзуи «Задачи жанров и стилей в современной таджикской прозе» дифоъ намудааст. Минбаъд фаъолияти илмии ӯ ба таҳқиқи муҳимтарин масъалаҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва адабӣ-маърифатии миллати тоҷик равона гардида, осори гаронбаҳо ва арзишманди худро пай дар пай ба нашр расонидааст, ки фарҳанги дуҷилдаи «Забони тоҷикӣ» дар ҳамкорӣ бо забоншиносони тоҷик, «Таърихи адабиёти советии тоҷик», «Сарнавишти форсӣ-тоҷикии Фарорӯд», “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”, «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ», «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист» “Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи халқи тоҷик”, “Хуросон аст ин ҷо”, “Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ” муште аз хирвори андешаҳои миллатсозу фарҳангафрӯзи ин донишманди бузург мебошанд.
Хидматҳои ӯ бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ордени «Дӯстии халқҳо» ва Ҷоизаи «Чеҳраи мондагор»-и Эрон ва ғайра қадр шудаанд. Умуман, Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳамчун як донишманди ҳирфаии риштаи худ ва як фарзанди дӯстдори ин миллат то вопасин нафас барои танвири афкори миллати тоҷик ва таҳқиқу таҳлили муҳимтарин масъалаҳои илмӣ содиқона ва холисона заҳмат кашидааст.
Чизе ки дар ин миён боиси тааммул гардидааст, ин аст, ки ин ҳама хираду дониш, фазлу ҳунар ва ахлоқу одоби намуна чӣ унсуре доштааст? Муҳити солим? Хонаводаи боаслу насаб? Ё чизи дигар? Андеша ва бовари мо бар ин аст, ки муҳимтарин унсури шаклдиҳанда ва асоситарин арзиши тарбиятгарӣ барои рушди шахсияти Муҳаммадҷон Шакурӣ хонавода ва аслу насаби поку ниёгони бузурги ӯ будааст. Муҳаммадҷон дар хонаводаи шахси фозилу бомаърифат ва бонуфузе бо номи Садри Зиё, ҳамон Садри Зиёе, ки хонааш макони тарбия ва боргоҳи донишандӯзии садҳо дӯстдори роҳи илму хидматгори фарҳанги миллӣ буд, ба дунё омадааст. Садри Зиёе, ки парвариши даҳҳо толибилмро ба уҳда гирифта, дар тарбияти маънавиву ахлоқии сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ низ нақши бориз дорад.
Ҷолибияти масъала дар ин аст, ки худи Садри Зиё низ аз хонаводаи фарҳехта ва донишманду бонуфуз дар ҷомеа будааст. Устод Айнӣ дар китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” зикр менамояд: “Зиё писари домулло Абдушакури Оят аст, ки аз мутафарридини устодҳои замони худ буда. Соҳиби тарҷума дар сояи маърифати вояи падар касби камол намуда, баъд аз вафоти падар беш аз пеш ба гирдоварии хазоини фазоил кӯшидааст”.
Аз маълумоти устод Айнӣ бармеояд, ки он ҷавҳари асоси ташаккули инсонӣ дар ниҳоди Муҳаммадҷон Шакурӣ аслу насаб ва хонаводаи бузург доштани ӯ будааст, зеро устод Шакурӣ барин шахсиятҳо аксаран аз остони чунин хонаводаҳо ба воя мерасанд.
Муҳаммадҷон Шакурӣ аз лиҳози насаби падарӣ ва ҳам аз лиҳози насаби модарӣ реша ба асли пурифтихор ва дудмони боарзиш дорад. Модараш Мусаббиҳа Шукурова духтари Ибодуллоҳ-махдум ва набераи Абулфазли Сирати Балхӣ аз зумраи шоирони Бухоро мебошад. Бародари модараш низ Ҳабибуллоҳ-махдуми Авҳадии шоир мебошад, ки устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” намунаи ашъорашро овардааст.
Вақте ки Муҳаммадҷон Шакурӣ дар хонаводае боаслу насаб ва илму дониш ба воя расиду умри азизи худро чун падари бузургвори худ сарфи хидмат ба миллати азизи хеш кард, табиист, ки дар оилаи ин марди шариф низ фарзандони бомаърифату донишманд ба воя мерасанд. Дар ин хонадон се писар таваллуд шуда, ба камол расидаанд, ки чун ниёи бошарафи худ дар бахшҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ ва табиӣ дасти расо дошта, дар хориҷи кишвар адабу фарҳанги миллии тоҷикро намояндагӣ мекунанд.
Яке аз фарзандони Муҳаммадҷон Шакурӣ – Шариф Шукуров 7-уми июни соли 1948 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, донишманди маъруфи таърихи ҳунар мебошад. Ӯ соли 1971 шуъбаи ҳунаршиносии факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм намуда, фаъолияти худро аз бахши таърихи ҳунари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ оғоз кардааст. Солҳои тӯлонӣ вазифаи мудири шуъбаи фарҳангшиносии муқоисавии Институти шарқшиносии академияи илмҳои Русияро ба уҳда дошта, дар чандин донишгоҳу донишкадаҳои Русия ва дигар кишварҳои аврупоӣ аз таърихи ҳунари мардуми Шарқ дарс гуфтааст.
Асарҳои таълифнамудаи Шариф Шукуров (чун ““Шахнаме” Фирдоуси и раняя иллюстративная традиция”, “Искусство средневекового Ирана”, “Образ Храма. Основания теменнологии храмового сознания”, “Образ человека в искусстве ислама”, “Смысл, образ, форма”, “Осиёи Марказӣ: даромаде дар руҳияи мардум” ва “Архитектура современной мечети”) ба масоили фарҳанги шарқӣ-исломӣ, ҳунару ҳунармандӣ, таъриху оинҳои милливу исломӣ бахшида шуда, ҳар яке дар зоти худ асарҳои бунёдӣ, таҳлилӣ ва илмӣ мебошанд.
Анвар Шукуров писари дигари Муҳаммадҷони Шакурӣ мебошад, ки 28-уми декабри соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Мавсуф Донишгоҳи давлатии Маскавро бо ихтисоси физикаи назариявӣ хатм намуда, рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Тавлиди майдонҳои магнитӣ дар қурс (диск)-и Галактика” соли 1982 ҳимоя кардааст. Соли 1993 рисолаи докториашро таҳти унвони “Тавлиди майдонҳои магнитӣ дар галактикаҳои спиралшакл” дифоъ намудааст.
Анвар Шукуров дар вазифаҳои гуногун дар Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ, Пажуҳишгоҳи математикаи татбиқии АИ ИҶШС, Институти таҳқиқоти кайҳонии АИ ИҶШС, Институти магнетизми замин, ионосфера ва паҳншавии радиомавҷҳо, Маркази таҳқиқоти ҳисоббарории Донишгоҳи ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Маскав кор карда, солҳои охир ҳамчун профессори кафедраи математикаи амалӣ (Applied Mathematics) дар Университети Нюкасл (Newcastle University) дар шаҳри Нюкасл-апон-Тайни Британияи Кабир фаъолият намуда истодааст. Фаъолияти илмии ӯ ба масъалаҳои тавлиди майдонҳои магнитии галактикаҳои спиралшакл равона гардида, дар ин самт соҳиби назарияи илмӣ мебошад. Мақолаҳои Анвар Шукуров дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмии ҷаҳон нашр шуда, ҳамчун таҳқиқоти арзишманд эътироф гардидаанд.
Аз дигар фарзандони ин насли бомаърифату ҳушманд Рустам Шукуров мебошад, ки 12 октябри соли 1961 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ин писари Муҳаммадҷон Шакурӣ доктори илмҳои таърих, профессор буда, рисолаи номзадиро дар мавзуи “Импиротурии Требизонд ва Шарқ (1204-1461)” ва рисолаи докториро дар мавзуи “Туркҳо дар ҷаҳони Бизонс дар асрҳои ХIII-XV”, дифоъ намудааст. Фаъолияти илмии ӯ ба муҳимтарин масъалаҳои таърих ва фарҳанги Бизонс ва Эрону Турк бахшида шуда, як қатор асарҳои арзишманди илмӣ-таҳқиқотиро рӯйи чоп овардааст. Асарҳои ӯ, аз қабили «Центральная Азия: опыт истории духа», «Великие Комнины и Восток», «Тюрки в византийском мире», «Иранские лаки в собрании Государственного музея Востока», «История средних веков: Западная Европа, Византия и ранний ислам» ва даҳҳои дигар, ки ба баррасӣ, таҳқиқ ва таҳлили таърихи Шарқ ва ҷаҳон бахшида шудаанд.
Оре, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, чӣ хеле ки худ борҳо ёдовар мегашт, аз дидори фарзандҳояш ҳеҷ гоҳ сер нашудааст. Он вохӯриҳои мухтасар, ки дар Душанбе ё Маскаву Лондон ба устод Шакурӣ ва фарзандонаш муяссар мегардиданд, падари муштоқи дидори фарзандонро қаноат карда наметавонистанд. Вале фарзандон, дар ҳар куҷо, ки бошанд, бо пайроҳаи падар қадам монда, дар хориҷи кишвар ҳам номбардори падари мушфиқ ва миллати тоҷик мебошанд. Умуман, писарони Муҳаммадҷон Шакурӣ новобаста аз он, ки дар кадом кишвар кору зиндагӣ мекунанд, бо дониш, ахлоқ, фарҳанги баланди инсонӣ ва бо эҷоди осори мондагор барои миллати хеш ва насли башар хидмат мекунанд.
Ин аст рисолати инсонии як хонаводаи соҳибфарҳанги тоҷик, ки барои анҷоми вазифаи инсонии худ хидмат аз роҳи илму донишро ихтиёр карданд.
Тавре ки зикр гардид, ихтиёри ин роҳу ин рисолат барои фарзандони устод Шакурӣ тасодуфӣ нест, балки хидмат аз роҳи илму дониш дар хуни ин хонавода ҷорист. Ин оила зиндагиро дар партави маърифат ва дониш маъно бахшида, ҳамеша бо китоб, мутолиа ва таълиф ҳаёт ба сар мебаранд. Пайванди ин хонавода бо китоб ва дӯстдорӣ бо мутолиа ончунон қавӣ будааст, ки ҳатто ҳангоми аксбардорӣ падар ба дасти Муҳаммадҷони хурдсол китоб медиҳад. Ин лаҳзаро устод Шакурӣ дар яке аз матолиби худ бо номи “Охирин акси ҳазрати қиблагоҳам” чунин баён намудааст: “Падарам маро бисёр дӯст медоштанд ва ҳангоми аксбардорӣ маро ба бағал гирифтаанд ва ба дастам китобе додаанд, ки ман онро сахт доштаам”.
Хулоса, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ умри азизи худро аз тариқи таълифи осори бунёдиву мондагор ба миллати соҳибтамаддуни тоҷик сарфи хидмат карда ва ин мероси аҷдодиро ба авлоди худ низ ба ирс гузошт. Ҳоло фарзандони барӯманд тавассути омӯзишу пажуҳиши соҳаҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ ва табиӣ муҳаббат ва садоқати хешро ба миллати тоҷику аҳли башарият идома дода, бо ҳамин рисолати хонаводагӣ ва инсонии худро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд
Аламхон КУЧАРЗОДА,
узви вобастаи АМИТ,
Ҳадиятуллоҳи АМРИДДИН,
номзади илмҳои филологӣ



