• 25.09.2026

РӮДАКӢ ВА АЙНӢ

 РӮДАКӢ ВА АЙНӢ

Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ

Устод Садриддин Айнӣ дар фаъолияти адабиётшиносии худ чун донандаи осори ғании адибони гузашта, ноқиди нуктасанҷ ва шеършиноси варзида намоён мегардад. Дар ҳақиқат, ҳангоми таҳқиқ ва баҳо додан ба осори ин ва ё он адиб афкори адабию эстетикии Садриддин Айнӣ ҳам баён ёфтааст. Агар аз ин ҷиҳат ба осори илмии рӯдакишиносии ӯ нигарем, мизони баҳо, санги маҳаки дид, арзиши бадеӣ ва зебоишиносии шеър, моҳияти каломи бадеъ ва чигунагии шеърро аз диди устод Айнӣ муайян кардан мумкин аст.

Бояд тазаккур дод, ки Садриддин Айнӣ,  пеш аз ҳама, тарафдори сабки содабаёнӣ дар шеър аст. Ба ақидаи ӯ, шеър бояд ба фаҳми хонанда наздик ва дар ғояти равонию табиӣ эҷод шуда бошад. Ӯ, пеш аз ҳама, фазилати шеъри устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар камоли содагӣ, дилчаспии он дида, баръакси Давлатшоҳи Самарқандӣ, ки ашъори ин шоири забардастро аз таъсир холӣ донистааст, чунин ибрози назар намудааст: «Лекин дар бораи паст будани ин қасида (қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён – Қ.С.)  ва аз таъсир холӣ будани ин мо ба фикри Давлатшоҳ ҳамроҳ шуда наметавонем, билъакс,  ба фаҳми мо ин қасида, қатъи назар аз он ки як шеъри дарборист, яке аз шоҳасарҳоест, ки тамоми содагии бадеӣ ва ба фаҳм наздикии табииро дар бар гирифтааст».

Садриддин Айнӣ шеърҳои Рӯдакиро аз сабаби бо санъатҳои одӣ, табиӣ ва ҳиссӣ ороста буданашон писандида, намунаи олии маҳорати суханварӣ донистааст: «Зотан, фазилати шеъри Рӯдакӣ дар ин аст, ки (чунончи Сомӣ дар «Қомус-ул-ълом» ва профессор Семёнов дар мақолаи худ мегӯянд) аз муболиғаҳои ғайритабиӣ, аз ташбеҳоти ботакаллуф, аз киноя ва истиораҳои каснофаҳм ва агар кӯтоҳ карда гӯем, аз ҳама сохтагиҳо ва сохтакориҳо дур аст. Махсусан, қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён боз ҳам содатар, табиитар ва дилчасптар афтодааст».

Шеъри ҳақиқӣ аз назари устод Садриддин Айнӣ ҳамон аст, ки ба кас ҳиссиёту ҳаяҷони бадеӣ бахшад. Аз ин лиҳоз, муътақиди шеъри ҳаяҷонангез будани Айнӣ аён мегардад. Ба ақидаи ӯ, шеъри ҳаяҷонангез ҳамон вақт ба вуҷуд меояд, ки шоир ҳангоми гуфтани он самимият дошта бошад ва аз дурӯғ гуфтан худдорӣ кунад. Маҳз унсури самимият ва сидқияти шеър дар ниҳонхонаи дили инсон ҳаяҷони пурзӯри ҳиссӣ (эмотсионалӣ) ангехта, дар ниҳодаш лаззат ва кайфияти маънавӣ ҳосил мекунад. Садриддин Айнӣ дар тақризи худ ба китоби «Адабиёти сурх»-и Абулқосим  Лоҳутӣ моҳияти шеъри ҳақиқӣ, яъне ҳаяҷонангезро чунин маънидод кардааст: «Ин китобчаи ашъор бузург нест, ҳафтоду чор саҳифа аст, лекин дар ҳақиқат шеър аст. Дар ин ҷо ба хотири хонанда хоҳад гузашт, ки мудом китобчаи ашъор аст, ҳар кас медонад, ки шеър аст, пас ба ҷумлаи «лекин дар ҳақиқат шеър аст» чӣ эҳтиёҷ аст? Фақат аз хотирҳо фаромӯш нашавад, ки бо тартиб додани суханони маънидор, бо вазну қофия шеъри ҳақиқӣ ба вуҷуд намеояд. Шеъри ҳақиқӣ ин аст, ки ба хонанда ва шунаванда ҳаяҷони ҳақиқӣ бахшад.

Ин ба даст намедарояд, магар ба шарти он ки гӯянда дар вақти гуфтани он шеър самимият дошта бошад ва шахсияти худро  тамом дар он «гуфтааш» ҳулул кунонда тавониста бошад. Дар он сурат ҳолате ки ба гӯянда дар вақти гуфтани он шеър рӯй  додааст,  ба хонанда ва шунаванда ҳам дар вақти хондан ва шунидан рӯй медиҳад».

Бояд таъкид кард, ки устод Садриддин Айнӣ моҳияти асосии адабиёти бадеиро низ дар ҳамин медид. Назар ба қавли драматург Ғанӣ Абдулло, Садриддин Айнӣ дар бораи як асар сухан ронда, гуфта будааст, ки «агар кас чизеро хонад ва ба ӯ ҳаяҷон ва таассуроти амиқ бахшад, ман онро асари бадеӣ мешуморам».

Аз ин мебарояд, ки ҳаяҷонангезии шеър ва умуман, адабиёти бадеиро устод Садриддин Айнӣ шарти аввалиндараҷаи ҳунари асили шоирӣ  меҳисобид.

Маълум аст, ки ноқидони пешини адабиёти форсу тоҷик шеъри экспрессивӣ (мутаассиркунанда)-ро ба се навъи асосӣ: ақлӣ (ратсионалӣ), зеҳнӣ (интеллектуалӣ) ва ҳиссӣ (эмотсионалӣ) тақсим намудаанд. Шеъри устод Рӯдакӣ, ки саромади сабки хуросонӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик ба шумор меравад, табиист, ки мувофиқи тақозои ин сабк  хусусияти ҳиссиро касб намудааст.

Бинобар ин, ҳангоми хондани шеърҳои Рӯдакӣ онҳо ба эҳсосоту ҳиссиёти инсон таъсир расонда, ҳаяҷони баланд  бармеангезанд. Садриддин Айнӣ азбаски худ тарафдори навъи сеюми шеър (ҳиссӣ) аст, аз ин сабаб содагӣ, дилчаспӣ ва ба замми ин, ҳаяҷонангезию лаззатбахшии ашъори ин устоди каломи бадеъро қайд карда, қудрат ва табъи баланди шеъргӯйӣ доштани ӯро эътироф мекунад. «Шеърҳои Рӯдакӣ бисёр сода ва ба болои ин бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоноваранд. Мо дар шеърҳои Рӯдакӣ тумтароқиҳои шоирони дигарро намебинем, аммо аз хондани онҳо чунон лаззат мебарем, ки бо хондани бисёр шеърҳои шоирони машҳури дигар ин лаззат кам муяссар мешавад».

Садриддин Айнӣ ба шеъри Рӯдакӣ баҳои муносиб дода, дараҷаи баланд ва арзиши бадеию эстетикии шеър ва умуман, каломи бадеъро дар таъсирнокӣ ва ҳаяҷонангезии он мебинад. «Ба фаҳми фақир», – менависад ӯ, – шеъри Рӯдакӣ дар камоли равонӣ ва дороии фасоҳату балоғат аст, ки ба хонанда ба осонӣ як ҳаяҷони бадеӣ мебахшад. Ҳамин аст дараҷаи болои шеър!» Аз ин ҷо  бармеояд, ки ба ақидаи Садриддин Айнӣ панҷ унсур: самимият, сидқият, салосат, фасоҳат ва балоғат дар якҷоягӣ шеъри ҳақиқӣ ё худ ҳаяҷонангезро ба вуҷуд меоваранд.

Дигар нуктае, ки дар  пажуҳиши илмии  рӯдакишиносии Садриддин Айнӣ ба чашм мерасад, кор фармудани истилоҳи «саҳли мумтанеъ» аст. Аҷиб он, ки Садриддин Айнӣ истилоҳоти мазкурро дар осори илмӣ ва адабиаш танҳо ҳангоми баҳо додани ашъори ду шоири забардаст: Рӯдакӣ ва Лоҳутӣ ба кор бурдааст.

Истилоҳи «саҳли мумтанеъ» бо таъбири шеъри ҳаяҷонангез робитаи ногусастанӣ дошта, маҳз саҳли мумтанеъ будан шеъри ҳақиқиро ба вуҷуд меоварад. Чунончи худи ӯ мегӯяд: «Агар мо шеърҳои Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, мувофиқ, меояд».  Ё худ дар бораи ғазалиёти Лоҳутӣ мулоҳиза ронда, дар мактубаш навиштааст: «Мо дар шеърҳои Шумо ғазалҳои равони ҳаяҷонбахшро бисёр хондаем, аммо аҳаммияти хусусии ин ғазал дар он аст, ки бо тақлид тамоман мазмунҳои бикр суруда шудааст. Ин ғазали содаи равонбахшро (ғазали «Ҷуз ишқ ҷаҳон ҳунар надорад») ҷуз «саҳли мумтанеъ» гуфтан, дигар таъбире намеёбам» (ниг. С. Айнӣ. Номаҳо ба устод Лоҳутӣ, рӯзномаи  «Маориф ва маданият», 3 декабри 1977). Истилоҳи мазкурро Садриддин Айнӣ зимни баҳогузорӣ  ба шеъри Рӯдакӣ чунин шарҳу тавзеҳ додааст: «Саҳли мумтанеъ» чизест, ки дар дидан осон ва сода менамояд, аммо кардан ва ба вуҷуд овардани вай мумтанеъ, яъне, номумкин аст. Бештарини шеърҳои Рӯдакӣ ҳамин хусусиятро доранд».

Маълум аст, ки истилоҳи «саҳли мумтанеъ»-ро  ноқидони адабиёти гузаштаи форсу тоҷик, ба мисли Унсуралмаолии Кайковус, Шамс Қайси Розӣ, Рашиди Ватвот ва дигарон истифода бурдаанд, аммо Садриддин Айнӣ аввалин ба корбарандаи «саҳли мумтанеъ» Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро ҳисоб мекунад.

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» ба ашъори Камоли Хуҷандӣ баҳо дода, «дар эроди амсол ва ихтиёри баҳрҳои сабуку қофияҳо ва радифҳои ғариб саҳли мумтанеънамост» мегӯяд. Ин маънӣ аз як ишораи номаи Садриддин Айнӣ ба Абулқосим Лоҳутӣ бармеояд: «Шеъри лирикие, ки… ба он мактуб фиристондед (ғазали «Арзандатар аз ишқ”), ҳақиқатан ба авҷи аълои лирикӣ баромадааст. Бо ин ҳама баландӣ ва содагӣ ин шеър маро аз шавқ ба ҳаяҷон овард… Ман наметавонам, ки дараҷаи софӣ, содагӣ, равшанӣ ва ба болои инҳо ин қадар баландии ин шеърро тақдир намоям.

Фақат дар тавсифи ин шеър метавонам, ки аз як таъбири танқидчиёни классик (агар фаромӯш накарда бошам, аввал ин таъбирро Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ гуфтааст) фоида барам. Ин шеър бо тамоми маънояш саҳли мумтанеъ аст». Истифодаи истилоҳи  «саҳли мумтанеъ» боз як бори дигар усулан фарқ доштани фаъолияти илмии Садриддин Айниро аз дигар ноқидони пешини адабиёти тоҷику форс ва пажуҳишгарони хориҷӣ нишон медиҳад. Аз ин лиҳоз, муҳаққиқи маъруф Иосиф Брагинский дар бораи эҷодиёти  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сухан ронда, Садриддин Айниро ягона пажуҳишгаре медонад, ки ба эҷодиёти шоир аз мавқеи дурусти ғоявию зебоишиносии замони  муосир наздик шуда, калиди маҳорати суханварии Рӯдакиро дарёфтааст. «Дар ин мулоҳиза, – қайд мекунад вай, – Садриддин Айнӣ анъанаи ба таври хушку шахшуда истифода бурдани истилоҳи асримиёнагии  «саҳли мумтанеъ»-ро, ки ба маънии санъати ҷиддан муайяну қонунгаштаи шеъри асримиёнагӣ омада, чунончи, аз қофиябандии душворфаҳму мураккаби зарифона иборат буда, сарфи назар кардааст. Масалан, олими эронӣ Муҳаммад Муин ҳангоми дар хусуси истифодаи ин санъат дар шеърҳои Рӯдакӣ, ба мисли Давлатшоҳи Самарқандӣ (дар тазкираи машҳураш) андеша рондан, ин истилоҳро ба ҳамин маънӣ фаҳмида, сода (саҳл) будани шеърҳои Рӯдакиро зикр карда, дастнорас (мумтанеъ) будани ин содагиро пай набурдааст. Вале Садриддин Айнӣ ин истилоҳро на ба маънии аслии он ҳамчун унвони санъат, балки ба маънии васеъ ва маҷозӣ чун шарҳи умуман маҳорати суханварӣ, мисли муродифи таъбири «саҳли номафтуҳ» (содагии гениалӣ) ба кор бурдааст. Бар хилофи филологизми ҷиддии маъмулӣ, ки ба таҳқиқоти шарқшиносон хос буд, чунин «худсарӣ» аз тарафи Садриддин Айнӣ чун шикасти суннату анъанаи адабӣ ба назар мерасад. Аммо аслан,  Айнӣ онро нашикаста, балки ба хотири муносибати адабиётшиносона ва дар айни ҳол аз мавқеи ғоявию зебоишиносии замони ҳозира ба  осори классикон наздик шудан, аз филологизми шаклӣ сарфи  назар карда, анъанаро бартараф менамояд».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки истилоҳи асримиёнагии «саҳли мумтанеъ»-ро Садриддин Айнӣ на ба маънои унвони санъат, балки ба маънии васеъ, чун шарҳи умумии маҳорати суханварӣ кор фармудааст. Ин як бори дигар  симои Айнии нуктасанҷ ва ноқиди варзидаро равшан месозад, ки аз мавқеи дуруст ва одилона осори классикони адабиёти форсу тоҷикро мавриди баррасӣ ва нақд қарор додааст.

Аз тарафи дигар,  бояд тазаккур дод, ки  устод дар асарҳои илмии худ ба ҷиҳати забонии осори адибони гузашта эътибори калон медод, зеро забон мавод ва тору пуди асосии адабиёти бадеӣ буда, пеш аз ҳама, содагию равонӣ ҷиҳати аслии мардумии онро таъмин мекунад.

Забони асар, ғайр аз ғояҳои он, яке аз воситаҳои асосии ба  мардум писанд афтодани эҷодиёти адибон ба шумор меравад. Бинобар ин, Садриддин Айнӣ бо ҳисси қаноатмандии бузург ба асарҳои он шоироне, ки фикри худро бо забони сода, оммафаҳм баён карда, бар хилофи адабиёти маддоҳонаи дарборӣ, дар тасвири воқеияти ҳаёт сабку услубҳои душвори ғайритабииро тарк кардаанд, баҳои баланд медиҳад. «Забони шеъри Рӯдакӣ бисёр сода ва ҳамафаҳм  аст. Ӯ калимаҳои арабиро бисёр кам кор мефармояд ва аз суханони тоҷикӣ-форсӣ ҳам бештар содатарин ва оммафаҳмтаринашонро ба кор мебарад. Рӯдакӣ хошок, дош, хархаша, фартут барин калимаҳои кӯчагии тоҷикиро ҳам ба кор даровардааст».

Баробари аҳаммияти сода ва табиӣ будани забон чун омили аслии мардумии осори суханварон Садриддин Айнӣ хидмати барҷастаи адибони тоҷикро нишон медиҳад, ки онҳо дар давраи аввали ташаккули забони адабиёти классикӣ ё худ порсии дарӣ, сарфи назар ва ҳукмронии забони арабӣ дар ҳамаи соҳаҳои фарҳангу адабиёт, мақоми забони форсиро баланд бардоштаанд.

Дар ин бобат махсусан, ба хидмати устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баҳои арзанда дода, менависад, ки  “бештарини шеърҳои Рӯдакиро тоҷикони имрӯза ба осонӣ мефаҳманд. Ҳар  гоҳ касе, ки аз шеърҳои ӯ: «Аёл не, зану фарзанд не, маунат не…» барин мисраъҳоро хонад, шунаванда гумон мекунад, ки бо ҳамдеҳаи худаш гап зада истодааст».

Хулоса, хидмати устод Садриддин Айнӣ дар  таҳқиқи ҷараёни зиндагию осори боқимонда ва барқарор  кардани мақоми  суханварии  “падари шеъри форсӣ” устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чун сардафтар ва поягузор дар таърихи адабиёти классикии тоҷику форс бузург аст.  Дар ин маврид Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар шеъри ба устод Садриддин Айнӣ бахшидааш барҳақ фармуда:

Чунин андар ҷаҳони гирдгардон,
Чунин андар ҷаҳони руҳи озодон
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

Қиёмиддин САТТОРӢ

Дигар хабарҳо