• 17.09.2026

АНҶУМАНИ ПАЙВАНД

 АНҶУМАНИ ПАЙВАНД

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ ба ҷашни пайванду ҳамбастагии тамоми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил гашт. Ба ин муносибат бо даъвати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нафар ҳамзабонон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба Тоҷикистон омада, чун меҳмонони фахриву гиромӣ дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба таври васеъ иштирок намуданд. Илова бар ин, ҳазорон нафар ҳамзабонон аз саросари ҷаҳон ҳамчун сайёҳ ва меҳмон ба тамошои Тоҷикистони ҷашниву ороста ташриф оварда буданд.

Бо ширкати меҳмонони ҳамзабон дар тамоми ин давра дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даҳҳо нишасти илмӣ, муаррифии китобҳо, маҳфили шеъру сухан, базми таронаву шодмонӣ ва намоишу зиёфатҳои фарҳангиву идона баргузор шуданд. Дар ин рӯзҳо ибораи машҳури «Тоҷикистон – хонаи умеди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» бори дигар бо тамоми маънояш ба ҷилва омад.

Яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, ки дар доираи ҷашни пуршукӯҳи Истиқлоли кишвар доир шуд, баргузории нишасти навбатии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» дар шаҳри Душанбе буд.

Ҷаласаи анҷуман рӯзи 7-уми сентябри соли 2026 бо иштироки Раиси он, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифта, дар чорчӯби конфронси байналмилалии «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ» ба баррасии муҳимтарин масъалаҳои фазои форсизабон ва ҳавзаи тамаддуни ориёӣ пардохт. Мақсади асосии Анҷумани «Пайванд» иттиҳоди тоҷикону форсизабонони дунё, ҳифзи забон, фарҳанг, тақвияти адабиёт ва  таърихи онҳо буда, бо баргузории анҷуманҳо, фестивалҳо, чорабиниҳои адабию илмӣ ҳамкории ҳамзабононро тақвият мебахшад ва барои шиносоӣ бо асл ва мероси худ ҷавононро дастгирию раҳнамоӣ мекунад.

Дар ҳамоиши навбатии Анҷуман Барномаи рушди «Пайванд» барои солҳои оянда дар самтҳои забон, таърих, фарҳанг, илм, иқтисод, ҷавонон, инноватсия, рақамикунонӣ ва дипломатияи фарҳангӣ, бунёди «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз» дар шаҳри Душанбе, инчунин тасмими омӯзиши хатти форсӣ дар муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шуд.

Дар марҳалаи тозаи фаъолият дар назди Анҷумани «Пайванд» вазифаҳои нав меистанд.

Баробари ҳифзи забон, таърих, фарҳанг, тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва хотираи маънавии миллӣ, забони тоҷикӣ бояд ба забони илму технология, иқтисод, дипломатия ва фанновариҳои муосир табдил дода шавад.

Пешвои миллат, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш таъкид карданд, ки тоҷикони бурунмарзӣ сафирони фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ дар кишварҳои гуногунанд, ки дар муаррифии Тоҷикистон саҳми бузург мегузоранд.  Аз ин рӯ, Анҷумани «Пайванд» бояд ба маркази ҳамоҳангсозии неруҳои зеҳнӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикон дар ҷаҳон табдил дода шавад. Яъне мо, ворисони ин тамаддуни бузург, бояд фаъолиятамонро бо талаботи замони муосир мутобиқ намоем ва ҳамеша бо дастовардҳои хеш дар тамоми соҳаҳо парчами шарафи миллатро дар ҷаҳон баланд бардорем.

Аз рӯи барномаи тантанаҳои ҷашнӣ рӯзи 8-уми сентябр дар Театри миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавсуф кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Гуфта шуд, ки 35 соли соҳибистиқлолӣ возеҳан собит сохт, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз дорои хиради азалӣ, иродаи матин ва неруи бузурги созанда ҳастанд. Дар идома андешаҳои дигар вобаста ба барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъсиси сохторҳои низомӣ ва таъмин намудани волоияти қонун садо доданд. Ёдоварӣ гардид, ки дар баробари таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва конститутсионии давлатдорӣ, мо Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро, ки аз ҷумлаи аркони бунёдии давлатдорӣ мебошанд, дар шароити бисёр мураккаб ва амалан аз сифр таъсису ташаккул додем. Ин иқдоми тақдирсоз барои ҳифзи соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани амнияти миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа заминаи боэътимод гузошт.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши соҳибкорони боҳиммату ватандӯстро дар корҳои ободониву созандагӣ арзишманд номида, ба кулли шаҳрвандони кишвар, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои саҳми арзандаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдории самимӣ изҳор намуданд. Вобаста ба болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, эътирофи соҳибистиқлолии кишвари мо андешаронӣ карда, бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани 20 қатъномаро, ки ҳоло мавриди татбиқ қарор доранд, намунаи олии шинохти давлату миллати мо дар сайёра номиданд. Аз ҷумла, қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” як тасдиқи дигари саҳму талошҳои сулҳофарӣ ва ваҳдатпарварии давлати тоҷикон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ номида шуд.

Пешвои миллат дар назди мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсоз, озодидӯсту ватанпараст, бонангу номус, босабру таҳаммул, бунёдкору созанда, заҳматкашу қавиирода ва қаҳрамони тоҷик сари таъзим фуруд оварда, ба ҳамаи онҳое, ки дар давраи вазнини давлатсозӣ бо Роҳбари давлат содиқона ҳамкорӣ карданд, яъне вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, роҳбарони кумитаву идораҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ изҳори сипос намуданд.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.

Рӯзи 9-уми сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ – 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки 35 сол пеш Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол шуд ва мардуми тоҷик имкони соҳибихтиёрӣ, муайян намудани роҳи мустақили пешрафту тараққиёт, эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои давлатдории бостониро ба даст овард.

Дар робита ба бунёди иншооти муҳташами Варзишгоҳи миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имрӯз мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмон – ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст гардидем.

Сипас дар Варзишгоҳи миллӣ намоиши театрикунонидашуда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “35 соли сарнавиштсоз” баргузор шуд.

Дигар хабарҳо