• 17.09.2026

Пайкараи сухан

 Пайкараи сухан

Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ин ноҳия – шаҳраки Ғарм ҳайкали Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устоди зиндаёд Меҳмон Бахтӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи ҳайкал Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ Фузайлшо, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Нурмаҳмадзода ва раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуданд.

Дар пояи ҳайкал суҳбати ҳозирин доир ба рӯзгор ва осори Меҳмон Бахтӣ, иҷрои сурудҳо дар асоси матнҳои ӯ ва рақсҳои ҳунарпешагони ноҳия қисмати фарҳангии чорабиниро гармтар карданд.

Ҳайкали адиби маъруф Меҳмон Бахтӣ ҳамчун нишони эҳтиром ба аҳли қалам ва арҷгузорӣ ба адабиёт ба муҳити фарҳангии шаҳраки Ғарм ҳусни тоза зам карда, барои таҳкими ҳисси худшиносӣ, таваҷҷуҳи хос ба мероси маънавӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву адабпарварӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

Дигар хабарҳо