Шаҳкитоби сарнавишти мо, Ватан!
Чашмаи иқбол
Тоҷикистон, чашмаҳоят чашмаи иқбол бод!
Мурғи бахтат ҷовидона хушпару хушбол бод!
Роҳҳоят тахт боду раҳнамоят бахт бод,
Дӯстонат шод боду душманонат лол бод!
Захмҳоят дар дилу дар ҷони мо ёбад шифо,
Умри ту сад солу ҳар соли ту садҳо сол бод!
Ҳеҷ гаҳ дигар наборад бар сарат борони тир,
Бар сарат борони раҳмат то абад таббол бод!
Ҷашнҳои ту муборак, идҳои ту саид,
Мизбоно, ин ҳама меҳмони ту хушҳол бод!
Дар раҳи иқболи худ бошӣ ҳамеша мустақил,
Ҳар даму ҳар рӯзи умрат Ҷашни Истиқлол бод!
Низом Қосим
Шаҳкитоби сарнавишти мо, Ватан!
Аз фарози қуллаи иқболи мо
Медамад хуршеди истиқлоли мо!
Ҳадяи Яздон, биҳишти мо, Ватан,
Шаҳкитоби сарнавишти мо, Ватан!
«Атри «Ҷӯйи мулиён»-у накҳаташ
Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯйидаем.
Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,
Мо зи дарди Рӯдакӣ рӯйидаем!…
Дарди оламсози ишқи ҷовидон,
Дарди дерин дарди эҳёи Ватан.
Дарди ширин дарди миллатофарин,
Дарди воло дарди зебои Ватан.
Ишқи ту дар хуни мо, дар ҷони мост,
Ишқи ту дар шаҳраги имони мост.
Офтоби ишқи оташбори ту
Ҷавҳари оинаи ирфони мост.
Чист истиқлол? Иззат доштан!
Бар диёри худ муҳаббат доштан.
Дар замини шуҳрати озодагон
Донаи меҳру садоқат коштан.
Аз фарози қуллаи иқболи мо
Медамад хуршеди истиқлоли мо!
Ҳадяи Яздон, биҳишти мо, Ватан,
Шаҳкитоби сарнавишти мо, Ватан!
ГУЛРУХСОР
Ношири равшанӣ
Ношири равшанӣ бувад тоҷик,
Гарми нурафканӣ бувад тоҷик.
Дӯстиро ба даҳр пайғамбар,
Душмани душманӣ бувад тоҷик.
Оташи поксӯз бошад, лек
Рағми оташзанӣ бувад тоҷик.
Байни ҷангу ҷидоли дунёӣ
Қосиди эманӣ бувад тоҷик.
Бо фару фитрати аҳуроӣ
Хасми оҳарманӣ бувад тоҷик.
Дар забонаш ҳамеша «мо» дорад,
Дур аз манманӣ бувад тоҷик.
Боми номаш расида то гардун,
Фатҳнокарданӣ бувад тоҷик.
Толиби Луқмон
Сароиши Истиқлол
Месароям маснади волои Истиқлол,
Медамад хуршед аз фардои Истиқлол.
Чашми бад дигар наафтад сӯи мо имрӯз,
Пуштибони мо бувад Мавлои Истиқлол.
Зери бори миннати ғайре будан талх аст,
Коми мо ширин шуд аз ҳалвои Истиқлол.
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашту лек
Аз ҷаҳони ишқ буд ҷӯёи Истиқлол.
Пири Тӯсӣ кард эҳё то Хуросонам,
«Шоҳнома» худ бувад эҳёи Истиқлол.
Миллати мо зист бо фарҳанги зебоӣ,
То музаффар гашт дар дунёи Истиқлол.
Қисса шуд шеъру забони дӯстӣ моро,
Шеъри мо дорад ҳама маънои Истиқлол.
Сураҳои ишқ орам ман ба номаш беш,
Оят-оят мекунам ифшои Истиқлол.
Ҳамватан, эй ҷони ман, дастобадаст имрӯз
Саҷда бояд кард пеши пои Истиқлол.
Шаҳрия
***
Ба боғистони хуш иқбол табрик,
Фазои бози моломол табрик.
Барои миллати озоди тоҷик
Шукӯҳи ҷашни Истиқлол табрик!
Ба булбул вусъати гулшан азиз аст,
Ба ташна завқи нӯшидан азиз аст.
Ба озодӣ қасам, эй тоҷдорон,
Ки Истиқлоли ин Меҳан азиз аст!
Ҳоруни Роъун
(шоири афғон)
***
Аз он гоҳ, чун мустақил гаштаем,
Худованди ин хоку гил гаштаем.
Гироми-ш дорему варҷойванд,
Панаҳ аз ҳама зишту аз ҳар газанд.
Зи пайванди ин обу гил рустаем,
Ба пойи хирад роҳи дил ҷустаем.
Кунун он фурӯғи гаҳи бостон,
Дурахшид дар кишвари ростон.
Кунун фарраи сарвари додгар,
Барафрӯхт неруйи ободгар.
Хирад раҳнамоясту шодӣ равон,
Дар ин буми ободи озодагон.
Ба ҳар ҳӯши бегона надҳем гӯш,
Зи ҳар мӯши ҳамхона дорем ҳӯш.
Бару бумро посбонӣ кунем,
Чи ройиву ҷисмиву ҷонӣ кунем.
Ҳама сар ба сар ҷон ба шодӣ диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба боде диҳем.
Худогоҳии мо фароройи мост,
Худистоии мо Авастойи мост.
Ховари Абулҳай
***
Хома гирам бар каф зи пайи кори Ватан,
Ҳамчу сарҳадбонам, фарди бедори Ватан.
Зи гирифтории гил беҳ гирифтории дил,
Ки гирифтори дилам, ки гирифтори Ватан.
Зи радифи шуҳадо гашт Мансур алам,
Як диловези бало, ба сари дори Ватан.
Ба дилам аз ғами ӯ сӯзане дармонда,
Меканаш аз дили худ, ба ту, эй хори Ватан.
Як-ду каф об нахӯрд зи ҳамон ҷӯи дараш,
Беҳ насозад дармон ҳеҷ бемори Ватан.
Ман аз ин хоки шариф пой натвонам канд
Чу сафедори Ватан, чу сафедори Ватан!
Насимбек Қурбонзода
***
Ҷашни мелоди башар дар фарвадини тоҷик аст,
Решаи нахли тамаддун дар замини тоҷик аст.
Миллати мо аз азал некӯманиш афтодааст
В-ин маниш, то ҳаст, дини ростини тоҷик аст.
Эй ки бурдӣ чошнӣ аз шеъри ноби Рӯдакӣ,
Коми ту ширин зи лафзи ангубини тоҷик аст.
Мебарад дасти дуои модари мо тирагӣ,
Офтоби субҳ себи остини тоҷик аст.
Дафтари тасхири гардун хатм гашту муҳр шуд,
Моҳи шаб рӯшантарин нақши нигини тоҷик аст.
Ҳайкали Исмоили Сомон сутуни эътибор
Дар Самарқанду Бухорои навини тоҷик аст.
Бо хати дарё қаламравро муайян кардааст,
Ҳар куҷо Ому равад, он ҷо замини тоҷик аст.
Бузургмеҳри Ҳаким
***
Руҳи ман сад сол боз осуда нест,
Набзи Истиқлол боз осуда нест.
Оташи ҷони Самандар зинда аст,
Мурғи оташбол боз осуда нест.
Аз сиёсатҳои пурмакри замон
Давлату иқбол боз осуда нест.
Тахтро гарчи ба кӯҳ овардаем,
Тахти некӯфол боз осуда нест.
Душмани фарҳангу фарри тоҷикӣ
Бо сад истидлол боз осуда нест.
Ҷангҳои бешуморе дидаем,
Баъди Рустам Зол боз осуда нест.
Сахт метарсам ман аз бедавлатӣ,
Ин дили беҳол боз осуда нест.
Аз Хуросон бӯи хуни ман расад,
Хотири Даҷҷол боз осуда нест?!
Ман ҳамон Омуи доим дар раҳам,
Аз азал то ҳол боз осуда нест.
Васли моро рӯд барҳам мезанад,
Ҷашну истиқбол боз осуда нест.
Ту чаро дар ғафлатӣ, эй ҳамватан,
Кӯҳ бо ин ҳол боз осуда нест.
Ҳамчу набзи беқарори шоире
Набзи Истиқлол боз осуда нест.
Бузургмеҳри Баҳодур
***
Ман аз ин хок дил нахоҳам канд,
Ман аз ин хоки модарии хеш.
Ман аз ин сарзамин нахоҳам рафт
Аз пайи ишқи сарсарии хеш.
Ҳамчу хуршед агар равам рӯзе
Аз Ватан, бозпас биёям боз.
Меҳри ин бум сӯи хеш маро
Мекашад ҳамчу ресмони дароз.
Аз таги санг ризқи худ ҷӯям,
Ҷӯ канам сӯи пушта чун Фарҳод.
Ин Ватанро ба дасту панҷаи худ
Аз раҳи меҳр мекунам обод!
***
Ҳар ҷо ки равам, ҳамеша ҳамроҳи ман аст,
Дар синаи ман нуҳуфта ҳамчун сухан аст.
Он ганҷ, ки ҳар куҷо азиз аст маро,
Ёди Ватану як кафи хоки Ватан аст.
Абдумалики Абдуҷаббор
***
Манам аз насли истиқлол дар меҳан намоянда,
Суруди якдилӣ аз минбари ваҳдат сароянда.
Барои ҳастию ободияш кӯшем беминнат,
Бимонад Тоҷикистон, ин ҷаҳон то ҳаст поянда.
Агар аз дил ба дил раҳ нест, роҳи зиндагӣ ҳам нест,
Дари дил боз кун, хоҳӣ ки бошӣ раҳкушоянда.
Яке гуфто: чӣ дода шеър бар ту, кор кун.
Гуфтам: Туву имрӯзи бефардо, ману сад соли оянда!
Ба кеши ишқ побандам, бурун аз кӯчаи фандам,
Наям одам, агар бошам ба ҳар мазҳаб гароянда.
Тамоми қудрати эҷоди худро сарфи шодӣ кун,
Сафар, шеъри ту гардад доғи дилҳоро зудоянда.
Сафари Абдураҳим
Чист истиқлол?
Чист Истиқлол? – Озодии комил доштан,
Нур андар дидаҳову шуъла дар дил доштан.
Чист Истиқлол? – Андар гиру мони зиндагӣ
Дасту по дар кори хайру нек моил доштан.
Чист Истиқлол? – Дар оғӯши гарми ин Ватан
Хонаву дар, дудмони поку манзил доштан.
Чист Истиқлол? – Марзе доштан аз хубу зишт,
Зистан пурҷӯш чун дарёву соҳил доштан.
Чист Истиқлол? – Ҳамчун Носиру Мавлои Рум
Мардуми пурфазлу дониш, неку оқил доштан.
Чист Истиқлол? – Ҳангоми тавоноии хеш
Дар раҳи афтодагиҳо дасти оил доштан.
Чист Истиқлол? – Чун Рустам ба ҳифзи марзу бум
Хештанро дар қатори пеш шомил доштан.
Чист Истиқлол? – Аз пӯлоди ҷон кардан сипар,
Тан ба тан бинҳодан асту роҳи қотил доштан.
Чист Истиқлол? – Ваҳдат доштан дар ҳифзи он,
Халқи оламро ба кори хеш қоил доштан.
Баҳри фардои дурахшони Ватанро сохтан
Хештанро дар канори Шоҳи одил доштан.
Хушомади Алидод
Ватан, ишқи ман, ишқи сӯзони ман,
Ватан, номи хубу дурахшони ман.
Ватан, рӯи ту, қалби ту, хоки ту
Чи зебо – чу хатти ниёкони ман.
Ман ин ҷову он ҷо ба ёди туям,
Ба ёди ту, мулки Хуросони ман.
Расида ба ирсам зи дунё ҳамин,
Зарафшони ман, пок Хатлони ман.
Ватан, духтари нози Машриқзамин,
Туро дӯст дорам, туро, ҷони ман.
Туро мекунам нақш аз баччагӣ
Ба лавҳи дилам, Тоҷикистони ман.
Хуршеди Эҳсон



