Истиқлоли ҷовидон – бақои давлати тоҷикон
Оре, оқибат бахт ба рӯйи миллати соҳибтамаддуни тоҷик низ, ки асрҳо дар ҳасрату орзуи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, Истиқлоли давлатӣ буд, хандид ва он чун ҳадяву атои Худованд, ба гуфте муфт, бе талош ва ҷангу ҷидолу хунрезӣ расид. Дар нектарин рӯзи таърихии 9-уми сентябри соли 1991 дар маҷлиси боз таърихии Шурои Олӣ Республикаи Сотсиалистии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол эълон шуд. Сана ва падидаи нишотангезу ҳайратовар.
Ин магар ҳақиқати таърихист? Ин хел ҳам мешавад? Озодихоҳон, онҳое, ки дар хобу бедорӣ орзуи озодии давлату миллатро дар дил мепарвариданд ва арзиши муъҷизавии Истиқлолро мефаҳмиданд, шоду сарфароз, онҳое, ки аз эҳсоси пурнаҷобати миллатдӯстиву худшиносӣ ва соҳибихтиёрии давлату миллат бенасибу бехабар ва имону забонгумкарда буданд, дудила, балки ғамгину даҳшатзада меандешиданд: “Ин номумкин аст! Оянда бо сари худ зиста метавонанд?” Ҳолату манзараи исёни афкору андешаи нозпарварони замони шуравӣ, ба таҳлука афтодани курсинишинони ғуломтабиат, хуруҷи маҳалгароӣ, талоши қудратхоҳии роҳбарони ҳизбу ҳаракат, тарғибҳои мансабхоҳони навбаромад мардуми содадилу зудбовар ва ҷомеаи аз макру фиреби ишратхоҳон ноогоҳро гумроҳ сохтанд ва ба майдонҳои ҷангу низоъ, хусумату кинатӯзӣ кашиданд. Дареғ! Вартаи бадномӣ, харобкорӣ, бародаркушӣ, таҳлука, хатари аз байн рафтани давлату тикка-тикка шудани Тоҷикистон, аз даст рафтани армони ҳазорсола – тифли навзоди Истиқлол пеш омад.
Оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо равғанпошии душманони дохиливу хориҷӣ доман паҳн кард. Хатари нест шудани давлат… Мардуми гумроҳ ба қадри оромиву осудагӣ нарасид, фирефтаи дасисаву ваъдаҳои пуч ва гирифтори ҳазору як ғаму дард, бехонумону гуреза шуд. Хурсандиву орзупарварӣ ба дарду доғ ва ташвишу парокандагӣ табдил ёфт. Оҳу нолаи ҷигарсӯзи аҳли сухан дар ин марҳала то ба фалак расид… Муборизаи шадиди неруҳои солими миллатдӯст барои барқарор кардани давлати қонунӣ, аз шикасту ҷанги хонумонсӯзи таҳмилӣ раҳондани сарзамину мардуми сарсону овора, ҳифзи Истиқлолу шаъну шарафи давлату миллат пеш омад. Дар ин марҳалаи доғу пурфоҷиа хушбахтона, 16-уми ноябри соли 1992 дар қасри «Арбоб»-и Хуҷанди бостон Сессияи тақдирсози шонздаҳуми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор шуд ва билохира 19-уми ноябр вакилон роҳбари нави ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Чашми умеди мардуми парешонҳоли мамлакат ба ин ҳамоиш буд.
Ҳангомахоҳону мухолифон низ интизор буданд: Кӣ роҳбарии давлати харобу тороҷшударо ба даст мегирад ва ба мардуми аз ҷиҳати равониву ҷисмонӣ хаставу гирифтори дарду балоҳо чӣ ваъда медиҳад? Роҳбари нав ҷавон буд ва дар арсаи сиёсату давлатдорӣ чандон соҳибтаҷрибаву шинос ҳам не. Вале паёми пурҳаяҷон, лекин саршори меҳри муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дили озурдаи мардуми азияткашидаи Тоҷикистон мисли дармон таскину умед бахшид: “… Ман ба Шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам. Ман ба хонадони Шумо сулҳ меорам… То як гуреза дар хориҷи мамлакат азобу дарди ғарибӣ мекашад, ман ҳамчун роҳбари давлат ором буда наметавонам…” Хурду бузурги кишвар, аҳли илму сухан аз ин паёми роҳбари нави давлат хушдил, аз Офаридгор таманно мекарданд, ки ба кору ниятҳои неки Эмомалӣ Раҳмон кушоишу барор бахшад, ки аз ҷангу ҷидол, хунрезиву қонуншиканӣ вабеҳокимиятӣ бираҳанду боз рӯзгори осуда насибашон шавад. Аммо бадхоҳону душманони сиёҳкори миллати тоҷик аз дуру наздик дар кӯчаву бозор фоли бад паҳн мекарданд: “Роҳбарии ин ҷавон дароз давом намеёбад. Осон нест пас аз ин қадар хунрезиву харобкорӣ аз байн бардоштани кинаву адоват, раҳоӣ аз ҷанг, расидан ба сулҳу оштӣ…” Бешак, амалӣ шудани орзуи бузург фосила мехоҳад, хоса дар айёми авҷи ҷангу ҷидол, ангезаи пайвастаи хушунати ҷудоиандозон байни мардум ва задухӯрди неруҳои оштинопазири ба ҳам мухолиф. Дар ҳар сурат шайтон ноумед, банда баумед гуфтанду нияти нек ними давлат. Роҳбари нави мамлакат бо ҳамсафон фаъолияташро аз барқарор кардани оромиву осудагӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ва минтақаҳои ҷангзада оғоз бахшид. Вазорату ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ он замон фалаҷ, заиф буданд. Ҳар рӯз дасиса, харобкорӣ ва фоҷиае пеш меоварданд сиёҳкорон ва ғаму алами мардумро меафзуданд.
Осон набуд кор. Иродаи мустаҳкаму устувории роҳбари нави давлат дар роҳи мақсад ва боз хайрхоҳӣ ва сабру таҳаммули мардуми дурандеши тоҷик боис шуд, ки он нияти нек дар натиҷаи талошҳои пайваста, фаъолияти ҳадафманди Комиссияи оштии миллӣ, ҷустуҷӯ ва ба кор бурдани беҳтарин роҳу василаҳои созиш, додани сӣ фоизи курсиҳои мансаб дар ниҳодҳои давлатӣ ба мухолифин, ҷалби ташкилотҳои хайрхоҳи миёнарави ҷаҳонӣ, гуфтушунидҳои пуршиддат, вале муфид дар дохили кишвар ва пойтахти мамлакатҳои хайрхоҳ моҳ ба моҳ, сол ба сол самар бахшад. Ва билохира 27-уми июни соли 1997 ҳуҷҷати таърихӣ – Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон байни роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва сарони мухолифин дар Маскав ба имзо расид. Пирӯзии миллати тоҷик!Ғалабаи хираду сабру таҳаммул.
Миллату давлат аз вартаи дасиса ва хушунату парокандагиву нобудшавӣ раҳид. Адибони номварамон шодиву пирӯзии миллатро, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон чун армуғони нодир аз Маскав ба кишвар овард, ранг-ранг бо шавқу сурур тараннум карданд.
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт
Сулҳи деринтизори мо омад!..
Лоиқ
***
Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан қанди сухан омадаӣ…
Ашӯр Сафар
Ва он лаҳзаҳои саршори ҳаяҷону нишоти беинтиҳои миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон, пас аз воқеаҳои бардавоми пурдаҳшат, рӯзҳои сиёҳу талхтар аз заҳр, вақте фавҷи пиру барно бо меҳру ифтихор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи пойтахт бо ҳуҷҷати сарнавишту ояндасоз – Созишномаи аз ҷониби шахсиятҳои маъруфи тарафайн баимзорасидаи сулҳу ваҳдати миллӣ чун беҳтарин армуғон дар даст дошт, пешвоз гирифтанд, ба гардани Президент гулчанбар овехтани устод Лоиқ ҳамовозӣ, таҳсину офарин ва сипосгузорӣ аз номи аҳли адаби Тоҷикистон буд. Оштии миллӣ, аз байн, аз дилҳо бардоштани ғубори кинаву адоват насиб шуд; ҳамдигарро сангардорони ба ҳам мухолиф бародарвор ба оғӯш гирифтану бахшидан. Арзишмандтарин дастовард…
Зимнан дар ҳар сурат хулосаи соҳибназарон воқеист, ки даҳсолаи аввали Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бадбахтона, бо низоъ, пархошҳои харобиовар, авҷ гирифтани дасисаҳои гурӯҳ ва маҳалбозӣ, ҳизбу ҳаракатҳои тафриқаангезу қудратхоҳ, ки боиси сар задану доман паҳн кардани ҷанги даҳшатбори таҳмилӣ шуда, талафоти беҳисоби ҷонӣ ва харобиҳои афзун оварданд, оғоз ёфту саҳифаи сиёҳи таърихи миллат гардид.
Хушбахтона, ба рағми бадхоҳону сиёҳкорон ва оташангезони ҷанги худкушӣ ба хотири дубора барқарор кардани шаъну шарафи миллати куҳанбунёд, раҳидан аз бадномӣ ва ришханди рақибон, мардуми соҳибдили бофарҳангу дурандеш гардани шайтон шикаста, ба ҳамдигар оғӯши бародарона кушоданд ва дар хонадони бобоии худ – Тоҷикистони азиз гирд омаданду аз як гиребон сар бароварда, боз ба таъмири шикасту рехт ва созандагиву бунёдкорӣ даст заданд. Воқеан, сулҳу ваҳдати миллӣ шаҳсутун ё меҳвари устуворе шуд, ки миллати бар асари ҷанги таҳмилӣ пароканда шудаи тоҷикро беш аз пеш дар атрофи худ беҳтар муттаҳиду сарҷамъ ва ҳамдилу ҳамбаста кард. Истиқлоли давлатиро аз ташвиши таънаву маломат аз гумроҳӣ ва хатари аз даст додан раҳо бахшид. Бегумон, дар ин дастоварди камназири сарнавиштсози таърихӣ саҳми талошу ҳидоятҳои дурандешонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.
Дар ин марҳала баробари нарм шудани авзои замон офаридаҳои аҳли сухан, адибони баркамолу ҷавон, ки аз ташвиши хатари ояндаи истиқлоли Тоҷикистон, падидаҳои нафратовари ҷудоиандозӣ азият доштанд, бо тарғиби эҳсоси меҳанпарастӣ саркӯб кардани кинаву адоват, ситоиши сулҳу ваҳдат, ҳамдигарбахшӣ , шаҳомати оштиву арзиши хирадсолорӣ саршор шуда, ба ин васила ҷонпайванд будани хешро ба мардум ва сиёсати сулҳпарваронаи ҳукумату роҳбари давлат ифода кардаанд.
Даҳсолаи дуюми даврони Истиқлолиятамонро метавон фурсати нафас рост кардану ба худ омадани мардуми хаставу азияткашида, хориву таҳқирдида, афсурдаруҳ аз ноумедиҳо, паноҳҷӯ, овораву сарсон, устувор кардани пояҳои давлату ҳукумат, ба муроди дил ба роҳ мондани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, барқарор кардани мувозинати руҳиву равонии раҳбарони давлату ҳукумат, акнун дилпуронаву ҷасурона аз ҷониби Президент баланд бардоштани парчами сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, барқарор кардани ному эътибори Тоҷикистону миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон, густариши дӯстиву ҳамкориҳои судманд ба мамлакатҳои пешрафтаи дунё, эҳёи хотираи таърихӣ, худшиносӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, аз нав зинда кардани расму ойинҳои бостонӣ, бузургдошти поягузорон – шахсиятҳои тавонои илму адаб, сиёсату руҳонӣ ва даст задану равнақ бахшидан ба созандагиву бунёдкорӣ номид. Ногуфта намонад, ки маҳз дар ҳамин давра ба абармардони бузурги миллат устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Қадршиносӣ ва барқарор кардани адолати таърихӣ. Маҳз дар ҳамин давра ҳазору садсолагии нахустин давлатдории тоҷикон – Сомониён таҷлил ёфт ва дар дили пойтахтамон – Душанбешаҳр маҷмаи муҳташами Исмоили Сомонӣ қомат афрохт. Ва шоири тавоно Гулназар бо шодиву ифтихор хитоб кард:
Душанбе ҳам Бухоро шуд, муборак!
Сипас ҷашну ҳамоишҳои фарҳангии басо хотирмони “Авасто”, ҳазорсолагии шоҳасари безаволи Фирдавсӣ “Шоҳнома”дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил ёфту нашри панҷоҳҷилдаи “ Ахтарони адаб”, шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик”, бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва ғайра баргузор шуда, боиси эҷоди асарҳои хонданбоби адибону муҳаққиқон оид ба сарнавишт ва кору пайкори фарзандони шаҳири миллат гардиданд. Бо суръат сохтани шоҳроҳҳои байналмилалӣ, кандани нақбҳои бузург, бунёди пулҳо, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонд. Рафтуомади мардумро дар чор фасли сол ба ҳама ҷойи кишвар осон кард. Миллат бо чашму дил ба ҳам пайваст. Бунёди корхонаҳои хурду азими саноатӣ, оғози сохтмони бузурги Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз lурнамои дурахшони ҷумҳурии соҳибистиқлоламон башорат дод.
Бо тарҳу меъмории дилкаш қомат афрохтани Китобхонаи миллӣ, Қасри Президент, Майдонҳои нишону парчами давлатӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи “Наврӯз”, боғҳои дилкушои фароғативу гулгашт ва дигар иншоотҳо… Ва ин ҳама созандагиҳо ба беҳтарин шоиру нависандагонамон илҳоми афзун бахшида, ҳар яке ба қадри тавон асарҳои пурарзиш офариданд. Ду шеъри бо дид ва образҳои тозаву дилрас нигоштаи устод Бозор Собир “Баҳори Роғун” ва “Сангари сангини Истиқлол” намунаи беҳтарин дар ситоиши ин созандагиҳо ва талошҳои самарабахши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд:
Курсиат аз партаи мактаб,
Минбарат аз дарзаи деҳқон.
Пойандозат ба маҳфилҳо
Ҳар қадам аз пардаи дилҳо.
Пешвои миллати Зардушт,
Пешвои миллати Маздак,
Пешвои миллати Айнӣ,
Пешвои миллати Восеъ,
Ҷонишини Оли Сомон,
Қаҳрамони Тоҷикистон…
Дигар баҳор дер намеояд,
Аз теғаҳо намегузарад,
Аз ағбаҳо намегузарад,
Рост меояд,
Бо нақби Шаршар,
Бо нақби Шаҳристон,
Бо нақби Анзоб,
Бо Чормағзак рост.
Дигар баҳор дер намеояд,
Дар печухам,
Дар ҷӯю ҷар дарнамемонад,
Зуд меояд,
Бо тахт роҳи Суғд
Бо тахт роҳи Бадахшон
Бо тахт роҳи Хатлон…
Даҳсолаи сеюми даврони Истиқлоли милливу давлатиямон, ки сивупанҷсолагии онро чун иди шукуҳманд, хушбахтона, бо ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем, намои чаҳиши нарму зебои таърихӣ бо дастовардҳои бемисл дар ҳама соҳаҳо бемуҳобот нақши ҷовидонӣ гузошт. Баробари таҳкими сулҳу ваҳдат, осоишу оромӣ дар саросари кишвар, даст ба даст додани миллат ва ҳаммаромӣ авҷи марҳалаи нави созандагиву бунёдкорӣ оғоз ёфт.
Пеш аз ҳама пойдор гардидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлату ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол, густариши фаъолияти дурандешона ва судманди сиёсии Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои мардуму давлати худ, балки барои оромиву осудагии кишварҳои ҳамсояву минтақа ва сайёра обрӯйи давлату миллати тоҷикро дар маснади баланди сатҳи байналмилалӣ шинонд. Беҳтарин ва арзишмандтарин дастовард! Шоистаи сарфарозӣ! Марҳалаи нави худшиносӣ, меҳанпарастӣ, дар паҳнои дунёи пурҳодиса ёфтани дӯстони хайрхоҳ ва ҳамкории иқтисодиву сиёсӣ бо онҳо ба манфиати давлату миллат…
Ба користони ҳайратангези умумимиллӣ табдил ёфтани бунёди азимтарин иншооти афсонавии аср Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пай дар пай ба фаъолият шуруъ кардани агрегат ё чархакҳои он зина ба зина истиқлоли таъмини мардумро бо нуру рӯшноӣ ва гармӣ то ҷое таъмин карду бовари моро ба ояндаи дурахшони меҳан афзуд. Дар фосилаи начандон зиёд бунёдкорӣ ончунон авҷ гирифт ва самараҳои дилписанд дод, ки натанҳо пойтахти мамлакат ва маркази вилоятҳо, балки бисёр рустоҳои дурдаст низ шабеҳи шаҳрак ободу озода шуданд. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ, мероси илмиву адабӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, бо ибтикори Президенти муҳтарам ҳамасола баргузор шудани озмунҳои басо аҷибу маърифатбахш дар сатҳи ҷумҳурӣ, ривоҷу равнақи эҷодиёти адибони Ватану Ваҳдат, Истиқлолу Ориё, Курушу Сомонӣ ва Пешвову Роғунсаро дар саросари Тоҷикистон, иншои асарҳои хонданӣ оид ба кору пайкори ҷонсӯзонаи фарзандони фидоии миллат аз аҳди қадим то имрӯз вижагӣ ва ҳусни адабиёти даҳсолаи охири Истиқлоли давлатиямон мебошанд. Дар ин марҳала адибон дар интихоби мавзуъ, сабку шеваи нигориш, истифодаи ганҷинаи забони ғании беш аз ҳазорсолаамон билкул озодона амал карданд ва ба қадри ҳунару маҳорат асарҳои хонданӣ офариданд. Танҳо як мисол меорам. Мо перомуни рӯзгори рангину печдарпечи гузаштаи мардуми кӯҳистони Бадахшон ба ҷуз дар филм ривояту қиссаҳо мешунидем.
Ана ҳамин мавзуъ бо назари тоза дар романи бисёрҷилдаи Ато Мирхоҷа “Сарои санг” бо назари тоза, таҳқиқ ва тасвири бадеӣ пешниҳоди хонанда гардид… Маҳз дар ҳамин давра асари барои миллати тоҷик сарнавиштсози устод Садриддин Айнӣ дар замони пурдасисаву хунрез “Намунаи адабиёти тоҷик” баъди соли 1926 дубора интишор ёфт ва ба дасти хонанда расид. Лекин бо ташаббуси ҷаноби Президент бо миллионҳо нусха чоп кардани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва ба ҳар як хонадони мамлакат бахшидани ин асарҳо падидаи бузурги замони Истиқлол ва талоши аз решаву гузаштаи хеш огоҳ шудани наслҳои имрӯзу фардо ва худшинос, зираку ҳушёр, бохираду дурандеш, меҳанпарасту бошараф шудани ҷомеа мебошад. Ҳидояти аз мамлакати кишоварзӣ ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон самараҳои дилхоҳ бахшид. Ин ҳам меваи хушгувори замони истиқлол аст.
Оре, Тоҷикистон маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон шуд. Ин боиси ифтихор ва бахти бузурги миллат аст. Ва дар ин солҳо на танҳо дар таҳкими сулҳу субот ва шукуфоии сарзамини хеш ҳиссаи арзанда гузошт, балки бо пешниҳодҳои судбахш ва фаъолияти дурандешонаву назаррасаш сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷомеаи ҷаҳон ҷойгоҳи сазовор ёфт. Дар ин муддат понздаҳ пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон оид ба арзишҳои волои ҳунару фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ, нақши хизмати шахсиятҳои илмиву адабӣ ва руҳониву маърифатӣ, расму оинҳои қадима ба феҳристи ҷашнҳои ғайримоддии ташкилоти фарҳангии байналмилалии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Магар ин дастовардҳо меваи замони истиқлол ва мояи ифтихор нестанд?
Лекин аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид чанде пеш қабул кардани қатънома дар асоси пешниҳоди башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” (2027-2036) басо сурурбахш буд. Воқеан, дар ин замоне, ки дар гӯшаҳои дунё оташи ҷангу хушунат доман мегустурад ва ҳазорҳо одамонро ба марг мерасонад, ин пешниҳод ва қабули он аҳамияти бузурги инсонпарварона дорад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба анъанаҳои неки сулҳу башардӯстонаи гузаштагони хеш содиқ мебошад. Ба қавле, “Шодам, аммо мехурам ғамҳои халқи дигаре”. Ин пешниҳод аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазироӣ ёфт ва обрӯйи Тоҷикистони соҳибистиқлолу Президентро басо зебо афзуд.
Оре, Истиқлол шаъну шараф ва сарчашмаи ифтихори ҳар як миллату давлат аст. Миллати мутамаддину созандаи тоҷик дар ҳама давру замонҳо озодипараст буду фарзандони бохираду заковатмандаш ба суди ҷомеаи ҷаҳон бедареғ бо кашфиёти нодир хизмат карданд. Дар замони муосир низ ин анъанаи неки гузаштагони заковатмандамон идома дорад.
Таманно мекунем, ки Истиқлоли сивупанҷсолаи давлати тоҷикон ҳазорсолаҳо умр бинаду боиси боз ҳам шукуфоии сарзамин ва сарфарозии миллат дар байни ҷомеаи ҷаҳон гардаду адибонамон вассофи он.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон



