• 29.07.2026

Набзи ғазали имрӯз

 Набзи ғазали имрӯз

Ғазал яке аз жанрҳои куҳантарин, зеботарин ва маъруфтарини адабиёти тоҷик буда, аксари шоирони классику муосири мо маҳз бо ин навъи шеър ифтихор карда, бо он шуҳратёр гаштаанд. Чунончи Мавлоно Бадриддини ҳилолӣ бо ишора ба ҷойгоҳи ин жанри шариф дар осори худ фармудааст:

Нақди ганҷинаи сухан ғазал аст,
Шукри Борӣ, ки назми ман ғазал аст.

Ва ё устод Мирзо Турсунзода дар арзёбии осори Рӯдакӣ гуфта:

Ғазалҳои равони ҷовидона
Аз ӯ монданд дар олам нишона.

Дар раванди рушди адабиёти мо ғазал то сатҳи олӣ суфта шуда, чун жанри комилу меъёрӣ тамоми талаботу хусусиёти он муайян ва рӯшан гаштаанд. То ҷое, ки барои офаридани як ғазали комил шоир бояд ҳам аз назари санъату ҳунари шеърӣ ва ҳам аз назари муҳтавою паём дар сатҳи шоиста қарор дошта бошад.

Ба мушоҳида мерасад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ғазал дар адабиёти мо бо як эҳёи дигар рӯбарӯ гашта, шоирони мо бори дигар ба ин жанри суннатӣ рӯй овардаанд. Ин раванд сабаб гардидааст, ки  жанри ғазал ва набзи ғазалсароии имрӯз пайваста мавриди таҳлилу баррасии аҳли илму адаб қарор гирад.

Дар ин росто, рӯзи 23-юми июли соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзуи «Бурду бохти ғазали имрӯз» ҳамоиши васеи илмиву адабӣ баргузор гардид, ки дар он миёни шоирону пажуҳишгарони шеър атрофи вазъи имрӯзи ғазал дар адабиёти тоҷик суҳбатҳои судманд сурат гирифтанд. ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» низ шумораи навини худро бештар ба таҳлилу баррасии ин жанри нафису номвари адабиёти пешину навини тоҷик бахшида, дар баробари он намунаҳои беҳтарини ғазали имрӯзи Тоҷикистон ва ҳамзабононро пешкаш менамояд, то хонандагони азиз маҷмуае аз маводи нақдию таҳлилӣ ва сафинае аз ғазалҳои нобро барои ошноиву баррасӣ дар ихтиёр дошта бошанд.

Гардонандаи ҳамоиш, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Толиби Луқмон бо шодбошии ин маҳфил ва  иштирокдорони он, баррасии вазъи ғазал дар фазои адабии имрӯзро чунин оғоз бахшид:

– Барои дигаргуниву таҳаввули ғазали мо, баъд аз бузургоне, ки дар саргаҳи адабиёти муосирамон қарор доштанд, ба монанди Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва дигарон, хусусан Лоиқ Шералӣ ва чанд шоири дигар ғазали суннатиро бо рӯзгори муосир, муҳтавои шеъри давр хеле нозуконаву зебо пайванд доданду як зина онро боло бурданд. Имрӯз низ, хушбахтона, ҳамин масир, албатта, дигаргунатар идома дорад.

Вале чунон ки дар идомаи суханронӣ Толиби Луқмон афзуд, дар ин маврид бояд ёдрас шавем, ки нақди адабии мо чун нақди ҳамзабонони мо ҳоло ғазали нав, ғазали мудерну постмудерн ва шохаву ҷараёнҳои дигарро тақрибан таҳлилу баррасӣ ва дастабандӣ намекунад. Умуман, мутаассифона, дар илми нақди адабии мо чунин ҷараёнҳое, ки номи хос дошта бошанду як марҳаларо ҷамъбаст намоянд, хеле каманд.

Ба гуфтаи Толиби Луқмон, яке аз беҳтарин намунаҳои таҳлили набзи ғазал сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Аскар ҳаким ба дафтари ғазалҳои шоири муосири Афғонистон Муҳаммадшариф Саидӣ мебошад, ки дар он рози ғазали нав ба хонандагон аз чандин ҷиҳат муаррифӣ гаштааст. ҳоло ғазал аз муҳтавои суннатии худ то ҷое берун шуда, дар қолаби ғазал ҳам ривояту ҳикоят ва ҳам достонро мерезанд. Ғазали синамоӣ, ғазали намоишӣ ва ғазал бо сохтори нимоӣ дар адабиёти ҳамзабонон мавқеъ пайдо карда истодааст. Дар адабиёти мо Шоири халқии Тоҷикистон зиндаёд Гулназар Келдӣ якчанд ғазали нағз бо сохтори нимоӣ гуфтаанд.

Акнун ғазал дигар ғазали андӯҳу дилтангиву нигаронӣ нест. Тамоми паҳлуҳои зиндагиро фаро гирифтааст, ки каму беш дар ғазали имрӯзи мо ҳам пайдост, – иброз дошт дар поёни суҳбаташ Толиби Луқмон.

Сипас вобаста ба мавзуи ҳамоиш маърузаи мудири шуъбаи нақд ва адабиётшиносӣ Муҳриддин Сабурӣ бо номи “Дар раҳгузори ғазали муосири тоҷик” шунида шуд, ки матни он дар ҳамин шумораи ҳафтанома ба табъ мерасад.

Дар қисми музокира Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар ҳаким, Рустам Ваҳҳобзода, муовини сармуҳаррири моҳномаи “Садои Шарқ” Давлати Раҳмониён ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Абдуллоҳи Раҳнамо суҳбат карданд.

– Бояд, пеш аз ҳама, баҳсҳоеро, ки дар ин бора қаблан, аз ҷумла дар асри XX шуда буданд, ба ёд орем ва аз онҳо хулосаҳои дуруст барорем, – таъкид намуд Аскар Ҳаким. Тибқи мулоҳизаи ин шоир ва донишманд, дар Ғарб ба асари воқеӣ аҳаммияти зиёдтар медиҳанд. Агар асарҳои Мавлоно дар Ғарб хонандаи зиёд пайдо карда бошанд, сабаби асосиаш ин аст, ки сужаву воқеият доранд. Бино бар ҳамин, тарҷумаву ташвиқ мешаванд.

Аскар Ҳаким дар идомаи суҳбат аз мақолае, ки ба китоби “Садои маҳшар”-и Муҳаммадшариф Саидӣ навиштааст, ёд оварда, гуфт, ки муаллиф дар ин маҷмуа чил ғазал бо сужаҳои алоҳидаро ҷо дода, фазою муҳит ва муҳтавои гуногун интихоб кардааст, ки як роҳи тоза кардани ғазал мебошад.

Хулосаи Аскар Ҳаким ҳамин шуд, ки агар хоҳем адабиётамон бештар дар кишварҳои дигар муаррифӣ шавад, бояд жанрҳои дигарро фаромӯш накунему аз онҳо низ кор гирем.

Рустам Ваҳҳобзода дар навбати худ аз шуҳрати ғазал, ҷойгоҳи вазну қофия ва радиф дар ғазал, ҳамчун матни суруду тарона истифода гардидани ғазал сухан карда, ин жанрро навъи беҳтарини шеър номид: – Дар бораи ғазали имрӯз он чи ки мегӯем, дар матни фарҳанги имрӯз аст. Шоири тоҷик дар муҳити хеш барои фазои худ суханеро ироа карда, бояд итминон пайдо намояд, ки он аввал маърифат мешавад, дувум муассир қарор мегирад. Мо бештар ночор муваззаф ҳастем, ки маърифати муҳити худро дар вақти гуфтани як сухан дар назар дошта бошем, чӣ бояд гуфт ва чӣ тавр бояд гуфт.

Барои ҳамин матни ғазал ҳамчун беҳтарин барги паёми шоир қарор гирифтааст. Чунки таркиби ғазал ба сурати табиӣ ба сохтори забон бисёр муносиб мебошад. Забони мо аз воҳиди калима иборат аст. Воҳиди маъноии ба ҳам набаста, парешон вақте ба ҳам баста мешавад, соҳиби паём мегардад, ба ҷумла табдил меёбад. Як воҳиди ғазал як байти он ба шумор меравад. Яъне вақте ки як паёмро медиҳем, ҳатман он аз ҷумлаҳо иборат аст, ки дар ғазал байтеро ташкил медиҳад. Ғазал маҷмуаи байтҳои ё пайваста ё ба ҳам баста аст…

Имрӯз агар тасодуфан калимаеро ба забон орем, он ҳатман ба сифати радифи ду-се ғазал вуҷуд дорад. Душвортарин кор пайдо кардани радифест, ки бо он ғазале набошад. Шоири ҷавонтарини мо, ки ҳанӯз узви Иттифоқи нависандагон ҳам нест, Мусо Азизӣ дар як ғазалаш радифи “падар, хона биё”-ро истифода кардааст, ки тамоми муваффақияти ғазал дар ҳамин радифи комёб ҳисобида мешавад. Ин ғазал мисли шуълае дар ҷомеаи мо дар гирифт ва то имрӯз дар 10-12 вариант ба оҳанг даровардаву суруда шудааст.

Дар аксари ҳол матни суруд будани ғазал онро мондагор намуда, боис гаштааст, ки бо вуҷуди ҳуҷумҳо ба зиддаш дар таърихи адабиёт боқӣ мондан, боз қад алам кунад. Шояд 95 дарсади сурудҳои мо бар матни ғазал бошад. Зеро шакли ғазал муносибтарин, маъмултарин ва таҷрибашудатарин матни суруд аст.

Аҷиб ин аст, ки беҳтарин ғазалҳоро дар таърихи адабиёти мо боз шоироне гуфтаанд, ки ғазалгӯии аз ҳад зиёдро мазаммат мекарданд. Ба монанди Нодири Нодирпур, Ғаффор Мирзо, Бозор Собир ва ғайра.

Ситез доштан ба якнавохтии ғазал хуб аст. Шоирро водор месозад, ки дар қолаби ғазал корҳои ҷиддитаре анҷом диҳад. Айниву Лоҳутӣ низ беҳтарин шеърҳои инқилобиро дар қолаби ғазал гуфтаанд. Яъне ғазал беҳтарин сохторест ҳам дар адабиёти мо, ҳам дар забони мо, ҳам дар матни фарҳанги мо ҷойгоҳи хос дорад ва дар маҷмуъ, беҳтарин навъи шеър аст.

Дар идомаи муҳокимаи мавзуъ Давлати Раҳмониён андешаҳояшро дар бораи вазъи ғазали муосир чунин баён сохт: – Ғазал дар доираи ягон таъриф намегунҷад. Ба касе гуфта намешавад, ки ту ин хел ғазал навис ё он хел, ин таркибро истифода куну онро не.

Фақат барои ғазали хуб гуфтан нубуғи шоирӣ даркор аст.  Агар суннат набошад, ғазал ба ин азамат ҳифз намешавад. Бо вуҷуди роиҷ шудани ғазали намоишиву синамоӣ, вақте ғазал хонданӣ мешавем, боз ба китобҳои Раҳӣ, Шаҳриёр ва Симин рӯ меорем. Ҳар чизе дар ҳаққи ғазал дар дар қаламрави адабиёти Эрон мекунанд, якпорчагии ғазалро аз байн мебарад. Ғазалро синамоӣ, намоишӣ, нимоӣ карда, то ҳадде мерасонанд, ки гап тул мекашад. Дар ғазал вақте сухан тул ёфт, он дигар ғазал нест. Якпорчагӣ танҳо дар шакл не, бояд дар байт ҳам ҳифз шавад. Як калима агар ба сифати ҳашв ояд, он байт дигар байти ғазал буда наметавонад. Бояд адибони тоҷик ҳамон суннати худ, яъне тоҷикона ғазал гуфтанро фаромӯш накунанд. Бо таркибҳои баргирифта тоза кардани ғазал хатост. Бо ашё пур кардани даруни ғазал лирикаву самимиятро аз байн мебарад.

Абдуллоҳи Раҳнамо бо овардани андешаҳои зер ғазалҳои ватандӯстонаи худро қироат намуд:

– Таваҷҷуҳи махсусе, ки насли мову имрӯз бар ғазал доранд, ҷузъе аз раванди эҳёи миллист. Дар нимаи дувуми асри бист, ки як андоза раванди дубора баргаштан ба суннату арзишҳои миллӣ оғоз ёфт, ғазалҳои Лоиқу Бозор, Гулрухсору Аскар ҳаким ва дигарон руҳияи баланди миллӣ гирифтанд. Масалан, ғазали “Ало шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт” як намунаи ғазалҳои равони миллӣ буд. Ҳаҷму гунҷоиши байти охири он тамоми рисолати адабиёти моро баён мекунад.

Вобаста ба замон ва раванди пуршӯри эҳёи миллӣ боз ҷойгоҳи ғазал дар адабиёти мо устувор шуд. Чӣ қадар дар барои либосу хӯроки миллӣ суҳбат мекунем. Дар ҳамин руҳия ғазал ҳам як сабки суннатии миллӣ буда, комилтарину зеботарин шакли баёни эҳсосу андеша дар адабиёти мо ба шумор меравад. Ва суннати миллӣ бояд бо тамоми бузургию зебоияш ҳифз гардад. Асолат бо тамоми мактабаш бояд нигаҳ дошта шавад. Агар ҳунар дар сатҳи камоли адабиёти форсӣ бошаду паём дар сатҳи зарурати ҳамин ҷомеа ё инсон, пас, ғазал ҳатман нақшашро иҷро мекунад.

Дар охир аъзои маҳфили адабии Иттифоқи нависандагон Марзбоналӣ ва Шодмон чун намояндагони насли ғазалсароёни ҷавон намунаи ғазалҳои худро хонданд. Ҳамоиш бо баҳрамандӣ аз суҳбатҳои устодони шеър ва пажуҳишгарон ба поён расид.

Дар поёни ҳамоиш сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Абдуллоҳи Раҳнамо изҳор дошт, ки барои рушди ин жанри машҳуру суннатии адабиёти мо ҳафтанома озмуни ғазали солро эълон менамояд, ки тамоми аҳли шеъру адаб метавонанд намунаҳои беҳтарини ғазалҳои тозаи худро ба он фиристанд. Озмун дар охири соли ҷорӣ зери назари ҳайати босалоҳияти ҳакамон ҷамъбаст хоҳад шуд.

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН

Дигар хабарҳо