САНО БОД!

 САНО БОД!

Хушхабаре, ки ба дили пиру барнои Тоҷикистон шодиву нишот бахшид ва ба мардуми аз ҷангу хунрезӣ безори ин ё он гӯшаи дунё писанд омад, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар асоси пешниҳоди башардӯстонаи Президенти Тоҷикистони соҳибистиқлол, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” (2027-2036) мебошад. Воқеан, дар ин замоне, ки дар гӯшаҳои олам оташи ҷангу хушунат доман мегустурад ва аз истифодаи силоҳҳои даҳшатангез риштаи ҷони ҳазорҳо одамон, бештар кӯдакону наврасон ва ҷавонон барканда мешавад, қабули ин пешниҳод аҳаммияти бузурги инсонпарварона дорад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Президенти сулҳу ваҳдатпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанг ва анъанаҳои неки башардӯстонаи гузаштагони хирадмандамон содиқ буда, барои ба ин ҳадаф расидан пайваста талош меварзанд. Ба фармуди устод Мирзо Турсунзода: “Шодам, аммо мехурам ғамҳои халқи дигаре”. Боиси ифтихор ва сарфарозии аҳли адаби тоҷик аст, ки қабули ин Қатънома бо пешниҳоди Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ басо хуш пазироӣ ёфт ва ин иқдом обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонист, дучанд афзуд. Сулҳу суботи сарзамин ва саросари дунё орзуи миллати тоҷик аст. 

Бо талошҳои зиёду бардавоми Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зодбум, диёри орзуву ормонҳояшон овардани мушти хоки фарзандони фидоии миллат, нахустмуборизони бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустроҳбарони давлату ҳукумати Тоҷикистон дар айёми хунрезу пурдасиса, нахустқурбонӣ ва нахустшаҳидони роҳи ҳақталошиву худшиносӣ бо тамғаи миллатпарастӣ ё душмани халқ Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад (нахуствазири мактабу маорифи Тоҷикистон) саҳифаи наву дурахшон дар самти ворисӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба фардҳои азият ва ҷабру ҷафокашидаамон барои ҳақталошӣ, ҳуқуқи миллату сарзамини худро талаб кардан ва ҳифзи шараф, арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки он замони пурдасиса чунин фарзандони босавод, шердилу ҳақталош ва хайрхоҳи миллати мо ангуштшумор буданду душманони сиёҳкору бадхоҳашон дар дохили Ҷумҳурӣ ва берун аз он бешумор…

Чун Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияту эҳтироми хосса дар фурудгоҳи байналмилалии басо ороставу перостаи шаҳри Душанбе мушти хоки ин абармардонро пешвоз гирифтанду пазируфтанд, дар ин лаҳзаи пурҳаяҷону шодивор бо оби дида ба ёд овардам, ки ҳанӯз беш аз чил сол пеш дар қиссаи «Аспи бобом», ки бо забонҳои гуногун борҳо нашр шудааст, перомуни ба деҳа расидани хатти сиёҳи сегӯша аз марги сарбозони шаҳидшуда дар ҷанги зидди Олмони фашистӣ ин пораро навишта будам: «…Номи қурбониёни ҷанг ҳар лаҳза дар забонҳо садо медод. «Сад дареғи ҷавонмард, ба хироҷи мамлакат меарзид», – мегуфтанд. «Бе ному нишон рафт, сад доғу алам дар дилу ҷигари падару модар монд… – аз гиря гулӯгир шуда, нолишомез пичиррос мезаданд кампиракҳо: – Баъди сари падару модар кӣ онҳоро ба ёд меорад, кӣ ғамашонро мехӯрад?» «Ҳама, то зиндаем мову шумо, баъд агар тамизу инсоф дошта бошанд, навасаву абераи мову шумо! Хаёлат, ки шаҳидони ҷанг фаромӯш мешаванд? Не! Онҳо дар роҳи ҳақ, барои осудагии мову фардоиён қурбон шудаанд. Ҳа, касе онҳоро аз ёд барорад, ноасл аст, аз нутфаи шайтон аст!» – таскиномез мегуфтанд пирамардон. «Хуни нофашон дар ҳамин замин рехта буд… Манзили охираташон бояд дар ҳамин макон мешуд. Лекин тақдири талх, ҷанги беамон хӯрд сарашонро… Руҳи покашон ҳамеша дар Шикоргаҳ, дар сурати парвона ё шоҳпарак гирди чароғи фурӯзони падару модар, фарзандон ва хешу наздикон сайр мекунад. Мебинанд моро, мешунаванд суханҳоямонро. То кай? То замину осмон, то насли Инсон ҳаст!» – қатъӣ гуфт пири деҳа ва баъди хомӯшии вазнин илова кард: «Дар ҷойи намоёни мазор, дар шафати бобову бобокалонҳо барои ҳар як шаҳид манзили охират ҷудо мекунем. Ҳа, бо ҳама суннатҳош… Лахти ҷигари мо буданд, руҳашон ҳам то абад бояд дар бари мо бошад…»

Дар Шикоргаҳ он хел рӯзи маҳшарро касе ёд надошт. Деҳа хомӯши хомӯш гашт. Аз ҷойҳои дур одамон пурандӯҳ ба ҷаноза меомаданду ба хонаҳои азодор даромада, таъзия баён мекарданд. Аз мотамхонаҳо навҳа ба гӯш мерасид. «Уқоби тирхӯрдаи оча…» — менолид кампири Зикамоҳ. Рӯйи кундае сархаму ноҷунбон нишаста, чашмони намнокашро дам ба дам пок мекард Дароз.

То чошт дар теппаи рӯ ба рӯи Шикоргаҳ, дар паҳлуи қабрҳои куҳна, дар таги арчаҳои сарсабз чор гӯри нав пайдо шуд… Баъди пешин пайи ҳам тобутҳоро бардоштанд. Сар-сари китф, даст ба даст то мазор рафтанд тобутҳои ороста, вале сабук. Мӯйсафедон бо навбат тобутҳоро кушода, чизи кафанпечеро бо эҳтиёт рӯи даст гирифта, ба номи соҳибаш бо эҳтиром ба лаҳад мениҳоданду пичиррос мезаданд:

«Ором бихоб, писарам, ҷоят ҷаннат шавад. Дидорҳо дар қиёмат…» Одамон хок мепартофтанд ба турбати шаҳидону ба овози аранге шунаво мегуфтанд: «Ҷавонмарди хуб буд. Дили бараҳм, дасти кушод дошт…»

Чор қабри холӣ, чор қабри пур аз ормону ҳасрат, чор қабри ҷавондори ғарибмарги шаҳид таги арчаҳои сабз пайдо шуд ва ҳар касе аз бари мазор мегузашт, албатта, онҳоро бо дуо ёд мекард.» Албатта, ин хаёлу ормони бадеӣ ба ҳолати ғамзо, шаҳиду ғарибхок шудани ҳазорҳо ҷигарбандони миллати тоҷик дар ҷанги зидди фашизм буд. Лекин баъди қариб як аср ба сарзамини аҷдодӣ овардани хоки қаҳрамонони миллат ва бо шукӯҳу эҳтироми олӣ аз ҷониби Сарвари давлат, Пешвои миллат пешвоз гирифтану бо тантана дар мазористони Лучоб – паҳлуи дигар қаҳрамонон ба манзили охират супоридани эшон беҳтарин намунаи қадршиносӣ ва пос доштани хизмату хотираи неки абармардони шаҳиди миллат аст.

Руҳи поку озурдаи онҳо ва ҳамсафони ҳақталошашон чун Абдулқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев… солҳо ҳамин суроғу ворисиро аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистони акнун озоду соҳибистиқлол интизор буданд. Сано бод ба Президент, Пешвои миллат, ки ин нияти хайрро амалӣ карданду руҳи озурдаи қаҳрамонон, фарзандони шаҳиди тоҷикро шоду сарфароз гардонданд.

Файзу баракати ин рӯйдоди воқеан таърихӣ барои такон бахшидани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба хизмати содиқонаи шахсиятҳои фидоӣ ба манфиати миллату давлат, бешак, меҳанпарастӣ низ садчанд мерасад. Зимнан хизмати содиқонаи фардҳои сиёсӣ, роҳбарони давлату ҳукумат ба суди миллат ва сарзамини хеш дар марҳалаҳои сарнавиштсоз то абад фаромӯш нашуда, ном ва кору пайкори онҳоро зиндаву ҷовид нигоҳ медорад. Ва оромгоҳи нахустроҳбарони дурандешу шердил, қаҳрамонҳои миллати соҳибфарҳанги тоҷик дар дили пойтахти Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр – шаҳри Душанбе ба зиёратгоҳи муқаддаси пиру барнои имрӯзу фардо табдил ёфт.

Руҳи пок, вале озурдаи ин қаҳрамонон – шаҳидони роҳи талаби ҳаққи ҳалоли миллат, ҳуқуқи сарзамини аҷдодӣ мудом дар фазои Тоҷикистон сайр мекард. Ва багумон руҳи поки онҳо аз созандагиву шукуфоии Тоҷикистони озод дар айёми истиқлоли давлатӣ шод мешуд. Акнун хоки поки онҳо ба хоки муқаддаси Ватан омехт. Муборак шавад!

Чи хуш бошад, ки баъд аз интизорӣ
Ба уммеде расад уммедворе!

Абдулҳамид САМАД

Дигар хабарҳо