Аз арш ба фарш?
Шеър каломи муқаддас аст.
Агар ин муқаддасот шикаста шавад, руҳи миллат низ мешиканад.
Замоне буд, ки шоир будан, ҷон ба каф гирифтан буд. Шеър гуфтан маънои бар дӯши худ гирифтани масъулияти ҳақиқатро дошт. Ҳар мисраъ метавонист сарнавишти як миллатро дигар кунад, тахтеро биафканад ё подшоҳеро ҷовидона гардонад. Дар таърихи башар ҳеҷ ҳунаре ба андозаи шеър қудратманд набудааст. Шамшер сарҳадҳоро фатҳ мекард, аммо шеър дилҳоро. Тахтҳо бо зӯрӣ сохта мешуданд, вале бо сухан нигоҳ дошта мешуданд. Подшоҳон ҳазорҳо сарбоз доштанд, аммо аз як шоири ҳақгӯ бештар метарсиданд.
Чаро? Зеро шамшер танҳо танро мебурид, вале шеър ақлро бедор мекард. Аз ҳамин сабаб аст, ки таърихи адабиёти мо таърихи ранҷи шоирон низ ҳаст.
Мегӯянд, Рӯдакиро дар поёни умраш кӯр карданд. Новобаста аз баҳсҳои таърихӣ дар бораи чигунагии ин ҳодиса, як ҳақиқат мусаллам аст: падари шеъри форсӣ рӯзгори осон надид. Ӯ бо як қасидаи машҳури «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» тавонист амир Наср ибни Аҳмадро аз Ҳирот ба Бухоро бозгардонад. Магар имрӯз чанд мисраъ метавонад нафареро аз қарораш баргардонад?
Фирдавсӣ сӣ сол умри худро сарфи «Шоҳнома» кард. Сӣ сол! На барои сарват, барои он ки таъриху забон ва ҳувияти миллатро аз нобудӣ наҷот диҳад. Ба ҷои қадрдонӣ ранҷ дид, аз дарбор рӯйгардон шуд ва бо қалби пурдард аз ҷаҳон гузашт.
Мавлоно Муҳаммад Ҳилолӣ бошад, ба таври фоҷиабор ба қатл расид. Ӯ қурбонии ҷаҳолат ва таассуб гардид. Гуноҳаш танҳо андеша ва сухани баланд дар ашъораш буд.
Насимии бузургро танҳо барои ақида ва ашъораш зинда-зинда пӯст канданд. Айнулқузоти Ҳамадониро ба дор овехтанд. Суҳравардиро ба қатл расониданд…
Дар таърихи адабиёти мо кам нестанд онҳое, ки барои як сухани ҳақ, барои як мисраи рост, барои як андешаи озодҷон бохтаанд. Зеро он рӯзҳо шеър минбари ҳақиқат буд. Шеър силоҳ буд. Шеър қудрат буд. Бо як қасида шоире метавонист подшоҳеро ба адолат бихонад. Бо як ҳаҷв метавонист обрӯи золимеро то абад барбод диҳад. Бо як ғазал метавонист муҳаббатро дар дилҳои ҳазорҳо инсон зинда кунад. Шоирон дарборҳоро ба ҷунбиш меоварданд, мардумро ба бедорӣ мехонданд ва миллатҳоро ба худшиносӣ даъват мекарданд. Онҳо барои калима ҷон медоданд. Имрӯз баъзеҳо барои калима нархнома доранд. Замоне шоир будан шараф буд. Имрӯз барои бархе танҳо шуғл шудааст. Замоне шоир пеш аз навиштани як ғазал шабҳоро бо китоб, тафаккур ва дарди инсон мегузаронд. Барои ёфтани як ташбеҳ даҳҳо девон мехонд. Барои сохтани як байт илми арӯз, қофия, бадеъ, таърих, фалсафа ва забонро меомӯхт. Имрӯз бошад…
Имрӯз дарде ҳаст, ки қалби ҳар дӯстдори адабиётро месӯзонад. Шеър аз арши маънӣ ба фарши бозор афтода истодааст. Ҳар касе, ки чанд ҷумлаи бевазну беқофияро дар чанд сатр мешиканад, худро «шоир» мехонад. Ҳар касе, ки чанд калимаи ошиқонаи такрориро паҳлуи ҳам мегузорад, худро «эҷодкор» мешуморад. Гӯё шоир шудан дигар на истеъдод мехоҳад, на дониш, на мутолиа ва на ранҷи солҳо.
Бадтар аз ҳама он аст, ки барои бархе аз чунин «шоир»-ҳо шеър дигар рисолат нест, тиҷорат аст. Онҳо шеър намегӯянд, «фармоиш» иҷро мекунанд.
Имрӯз барои ҳар сарояндаи кӯчагӣ дар чанд дақиқа матне менависанд, ки на вазн дорад, на қофия, на хаёл, на образ, на паём ва на руҳ. Фардо ҳамон матн бо оҳанги баланд аз ҳар гӯша садо медиҳад ва баъзеҳо онро «санъат» меноманду «ҳай» гуфта, каф мекӯбанд.
Мутаассифона, вақте меъёри шеър нархгузорӣ мешавад, завқи ҷомеа низ оҳиста-оҳиста фурӯхта мешавад. Аз ин рӯ, имрӯз шеър дигар василаи тарбияи инсон нест, василаи ҷамъ кардани тамошобин шудааст. Қофия дигар ҳунар нест, тасодуф шудааст. Маънӣ дигар арзиш нест, қурбонии оҳанг гардидааст.
Устод Садриддин Айнӣ навишта буд, ки адабиёт оинаи зиндагии миллат аст. Агар ин оина шикаста шавад, миллат чеҳраи худро намебинад. Устод Мирзо Турсунзода шоирро фарзанди халқ медонист, на хизматгори бозор. Устод Лоиқ бо тамоми ҳастӣ аз покии забони тоҷикӣ ҳимоят мекард. Ӯ шеърро ибодати калима меҳисобид. Агар имрӯз он бузургон зинда мебуданд, шояд аз баъзе чизҳое, ки ба номи шеър дар шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳнаҳо ва маҳфилҳо паҳн мешаванд, дардмандона сукут мекарданд. Зеро шеър пеш аз ҳама, масъулият аст. Шеър фарҳанг аст. Шеър виҷдон аст. Шоир будан танҳо қофия бастан нест, шоир будан эҳсоси дарди мардум аст. Шоир будан ҳифзи забон аст, нигоҳбонии фарҳанг аст. Шоир будан дар назди Худо, миллат ва таърих ҷавобгар будан аст.
Мо мухолифи навоварӣ нестем. Адабиёт бояд рушд кунад, шаклҳои тоза пайдо намояд. Аммо навоварӣ маънои аз байн бурдани меъёрҳоро надорад. Озоднависӣ маънои бесаводӣ нест. Шеъри сафед ҳам қонун дорад, мантиқ дорад, мусиқии дохилӣ дорад, тасвир дорад, андеша дорад. Агар инҳо набошанд, он дигар шеър нест, балки чанд ҷумлаи пароканда аст. Вақте дар ҷомеа ҳар навиштаи бемазмун «шеър» номида мешавад, арзиши шеъри воқеӣ низ коста мегардад. Ва вақте ҳар нависандаи тасодуфӣ «шоир» хонда мешавад, заҳмати бузургони адабиёт зери суол меравад.
Хатарнок он нест, ки шеърҳои суст навишта мешаванд. Аз ҳама хатарноктар он аст, ки завқи мардум ба ҳамин сустӣ одат мекунад. Вақте гӯш ҳамеша сухани бемазмун мешунавад, дигар аз сухани баланд лаззат намебарад. Вақте чашм ҳамеша матни бадеъро намебинад, дигар зебоиро намешиносад. Ин фоҷиаест, ки ором-ором миллатро аз дарун холӣ мекунад.
Миллате, ки шеърро арзон кунад, дер ё зуд забонашро низ арзон мекунад. Миллате, ки шоири ҳақиқиро бо «шоир»-и бозорӣ баробар гузорад, дер ё зуд меъёри зебоишиносӣ, фарҳанг ва худшиносии худро аз даст медиҳад.
Миллате, ки Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Бедил, Айнӣ, Турсунзода, Лоиқ ва Бозор Собирро дорад, ҳақ надорад меъёри шеърро то сатҳи навиштаҳои кӯчагӣ поин оварад.
Биёед шеърро ба ҷойгоҳи воқеии худ баргардонем. Бигузор боз ҳам шеър инсонро бедор кунад, на танҳо гӯшро машғул. Бигузор шоир боз ҳам виҷдони миллат бошад, на фурӯшандаи калима.
Зеро калима амонат аст. Ва амонатро ба бозор намебаранд.
Қурбон АҲМАДЗОДА,
журналист



