Нахустмояи бунёдкорӣ (Музокирот аз маҷлиси Садорати ИНТ)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали гирифтани зимоми давлатдорӣ созандагию бунёдкориро ба сиёсати марказии давлатӣ табдил доданд.
Мо борҳо шоҳид гардидем, ки Пешвои миллат асбоби кор ба даст шахсан дар шинондани ниҳол, кишт кардани зироат, ғундоштани ҳосил, ба намоиш гузоштани маҳсулоти кишоварзию саноати бевосита иштирок намудаанд. Яке аз барҷастатарин намунаҳои ширкати Ҷаноби Олӣ дар чунин маъракаҳо паси фармони булдозер нишаста, рехтани сангу шағали нахустин ба рўдбори Вахш барои сохтани садди НБО-и “Роғун” мебошад, ки аз ҳеч гуна шоҳкори аксбардории бадеӣ кам нест.
Ба шарофати ин сиёсат на танҳо Тоҷикистон боғзору гулистону шукуфону чароғон гардид, балки психологияи маскунони он ҳам тағйир ёфт. Мардум аз қабзаи яъсу навмедӣ, дилшикастагию ошуфтагӣ раҳо шуд, ҷониби умедворию хушбинию руҳбаландию саодатмандӣ раҳ сипорид.
Муҳити нави муттакӣ бар Истиқлол, Ваҳдат, Худшиносӣ, Ватандорӣ, Миллатдўстӣ, Ободкорӣ, Бунёдсозӣ ба шоирону нависандагон, тавассути онҳо ба адабиётамон таъсир гузошт. Андешаҳои бадеӣ ҳам иваз гардиданд. Адабиёти мо аз банди шикваю бечоранолӣ, ки дар муддати ҳазор сол бар он нуфузи вофир дошт, озод гардид. Нолишу шиква хосси кист? Оне, ки барои беҳбуди ҳаёти худ мубориза намебарад; оне, ки ихтиёри худро ба дасти шахсе ё маслаке додаву дар интизори илтифоту мусоидат ба сар мебарад.
Бинобар ин, мавзуе, ки имрўз дар Садорат муҳокима мегардад, барои ҷомеаи мо ниҳоят муҳим, барои адабиётамон нақши муассир дорад.
Ҳанўз дар аввали солҳои Истиқлоли давлатӣ адибони мо ба сароиши бунёдкорию созандагӣ ҷиддан рў оварданд. Пас аз соли 2000-ум он дар адабиётамон хислати сартосарӣ гирифт, ки аз ин миён ба унвони мисол аз насли калонсол, мо аз эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ чанд мисол мезанем:
Эй Душанбе, эй гулафшон аз гули наззораҳо,
Лолаҳоят бехазон аз лолаи рухсораҳо.
Пойтахти пораи садпораи хоки Аҷам,
Эй ту хайёти гиребони гиребонпораҳо.
(«Эй Душанбе»)
Оне, ки саҷда мебарад аз хоки ту, манам,
Як умр дар сифоти ту, дар гуфтугў манам.
Моҳӣ бурун фитод зи дарё, завол ёфт,
Оне, ки кардааст ба хоки ту хў, манам.
(“Тоҷикистон”)
Шоирони ҷавонтарамон, ки дар аввали солҳои 2000-ум ба адабиёт қадам гузоштанд, ин мавзуъҳои муҳимро амиқтар ба таҳқиқи бадеӣ гирифтанд.
Мисол аз Файзи Ашўр:
Ман омадаам, ки меҳрубонӣ бикунам,
Бо халқ дуруст зиндагонӣ бикунам.
Нонию забониянд агар, он ҳамаро
Коре бикунам, ки ёри ҷонӣ бикунам.
Бузургмеҳри Баҳодур мегўяд:
Тоҷикистон, Кишваре чун ёдгории қадим,
Порае кўчак зи Турони азим,
Гар ту бошӣ зинда, аз маргам чи бим?
Рўйи пойи хештан маҳкам биист!
(“Даъват”)
Чора ин нест зи ҳам дур шавем,
Назди миллат ҳама маъзур шавем.
Чора ин нест, ки бекор шавем,
Остин барзада, дар кор шавем.
(“Чора ин аст, ки дар кор шавем”)
Тасвири бунёдкорӣ, итминон ба ояндаи дурахшону ободи Ватан дар ашъори шоирони навқалами имрўз ба таври вофир ҳузур дорад. Ин чунин маъно дорад, ки насли нави адибон ҳомил ва ноқили боэътимоди андешаи созандаи миллӣ, мубаллиғони ояндаи ин ҷаҳонбинии зиндагисоз мебошанд.
Ба ин байтҳои шоири ҷавон Парвиз Қаюмӣ таваҷҷуҳ намоед:
Дуо кунед, ки ҳоли замона хуш бошад,
Ба шохсори ҷавонӣ ҷавона хуш бошад.
Дуо кунед, ки ҷанги ҷаҳон тамом шавад,
Ҳаёти одамиён бебаҳона хуш бошад.
(“Дуо кунед”)
Бо гиря ғами сина бурун рафт?
Нарафт,
Бо ханда зи дил кина бурун рафт?
Нарафт,
ад сол гадо нишаста, талбид?
Чӣ шуд?
Аз ҷомаи садпина бурун рафт?
Нарафт!
(“Рубоиёт”)
Ҳамин маъниро шоири дигари ҷавон Ҳусайн Ҳамид ба ин тарз таъйид мекунад:
Ҳар ки аз некӣ ба қалбаш барқ зад,
Олами зулмотро бар фарқ зад.
Гар бисозӣ дур аз дил айбро,
Боз созӣ равзани он ғайбро.
(Шеъри “Марями пар-пар”)
Агар инсон андешаю нийяти накукорию созандагиро аз сар дур намояд, худаш, атрофиёнаш, халқаш, мулкаш ба гирдоби балоҳои мухталиф мепечанд. Андешаи бад одамонро бадбахт месозад. Ин андеша дар романи устод Сорбон – “Маздак” таҷаллӣ мезанад.
Бинобар ин, инсон бояд ба гуфтори раҳнамоёни хирадманди худ роҳ биҷўянду аз он кор бигиранд. “Зардуштия фармуда, ки, – менависад устод Сорбон, – дар дунё чизи асосӣ Замин бувад: ҳамаро хўронад ва пўшонад. Билохира, ҷисмро дар оғўши худ ҷой диҳад. Заминро азизу пок бояд дошт.” Авҷи муҳаббати азалии миллати тоҷикро ба киштукор, боғпарварӣ ва сабзкорӣ дар ҳикояи воқеии Сироншоҳи Диловар – “Ҳокими Яхчисор” (Садои Шарқ, № 1, 2026) мушоҳида кардан мумкин аст: Бобои Ҷамол бо амри дили худ, дар мавзеи касногузари Девдараи Дарвоз пинҳонӣ гўшаеро обод кард. Ҳатто занаш намедонист. “Замоне ки, – иқрор меоварад ба занаш Бобои Ҷамол, – дар маркази ноҳияи Қалъаихум кор мекардаму рухсатӣ мерафтам ё аз кор ҷавоб мегирифтам, ба аҳли хонаводаю дигарон барои ифшо нагаштани роз мегуфтам, ки ба Кўлобу Муъминобод ё Даштиҷуму Душанбе меравам. Вале пинҳонӣ ба Яхчисор меомадам. Албатта, ба ҷойҳои гуфтагиам ҳам мерафтам, аммо на ба хотири меҳмонию сайру саёҳат, балки барои харида овардани ниҳол. Ниҳолҳоро дар ҷоҳое, ки дарахтон хушк шуда буданд, мешинондам…
Холаи Маҳина нақли ҳамсарашро бо диққату тааҷҷуби зиёд гўш карду гуфт: – Солҳо боз Самаки айёр будаиву мани сода бехабар… Хайр, ҳеч гап не, мардак, ҳоло ки ҳамин боғҳои дилкушо, киштаҳо, чашмасорону ҷўйҳои равон, ин макони сабзу хуррами Яхчисорро мебинам, беҳад шоду мамнунум”.
Достони “Зиндагӣ”-и Зиё Абдулло ҳарф ба ҳарф чакомаи озодӣ, худшиносӣ, ватандорӣ, ободкорӣ мебошад.
Он ба қаҳрамонони варзиш Сайидмуъмин Раҳимов ва Зебуннисо Рустамова бахшида шудааст, ки ҳар ду намоди ғуруру шаҳомати Тоҷикистонанд. Ба ин пора таваҷҷуҳ кунед:
Даштҳое марди майдон хостанд,
Дасти деҳқон аз куҳистон хостанд.
Деҳқону боғи дил омад ба кор,
Бо арақҳои ҷабини обшор.
Аз Сари Хосори як пора биҳишт,
Бо биҳиште дар дилу ҷону сиришт,
Гўиё чун чашмаҳояш рехтанд,
Даштҳоро ордосо бехтанд.
Киштҳо шуд, хиштҳо шуд, хона шуд,
Боғҳо шуд, меваҳо шуд, дона шуд…
Барои адиб зиндагӣ танҳо аз бунёдкории моддӣ – сохтани роҳу нақбу пулу боғу бино иборат нест. Шоирону нависандагон дар баробари тасвири ин гуна иншоот худ ба созандагии ботинӣ рўй меоваранд. Зеро вақте созандагӣ дар ботини инсонҳо ҷой мегирад, онҳо ҳатман созанда, бунёдкор, зиндагиоро мегарданд. Чунин мазмунро манзумаи “Базми бузургон”-и Кароматулло Олимзода ба хонандагон манзур месозад. Он манзумаи муассирест дар боби руҳан ба ҳам омадани бузургони тоҷик дар Наврўз ва ёдкарди ҳиссаи онҳо дар гулшукуфти илму адабиёт:
Дар бари устод Айнӣ ҳалқасон
Ҷамъ гардиданд пирону ҷавон.
Сотиму Мирзою Боқӣ, Миршакар,
Хомаро чун шамъ карда шуълавар.
Осимӣ хушдил зи Наврўзи Аҷам, –
Миллат озод аст аз ҷавру ситам.
Ҳам Шакурӣ дорад ин ҷо ифтихор, –
Тоҷикистон гашт рамзи навбаҳор…
Ба ҳамин маънӣ Раънои Мубориз ҳам ният кардааст, ки:
Бимон, ки зиндагӣ хушранг бошад,
Ҷаҳон пур аз фару фарҳанг бошад.
Бимон, ҷону дили ҳар сокини даҳр
Пур аз номусу ору нанг бошад.
Бари гунҷондани шодии мардум,
Бимон, дунёи паҳно танг бошад…
Романи Шералӣ Мусо – “Тирукамон” ҳам дар хусуси ободсозию бунёдкорист. Танҳо марҷаи тасвири нависанда на замину кишту боғу пулу нақб, балки хонаводаи инсон аст. Нависанда такопўи писаракеро бо камоли маҳорат тасвир менамояд, ки аз маъшуқа доштани падараш огоҳ шуда, барои пойдору обод мондани оилаи худ азоби зиёд кашида, дар охир падарашро ба хона бармегардонад.
Мутаассифона, ин мушкили саъби на танҳо ҷомеаи имрўзии мо, балки тамоми ҷаҳон аст. Яке аз сабабҳои бадрафтор, иртиҷоӣ ва кинатўз шудани инсон дар хонаводаи нокомил ба воя расидани ў мебошад. Аз чунин оилаҳо шахси муваффақу зиндагисоз ба нудрат мебарояд. Бинобар ин, хонаводаи комил на танҳо нахустмояи ҷамъият, балки нахустмояи бунёдкорию созандагӣ ҳам мебошад.
Ато МИРХОҶА
Душанбе – меҳвари ободонӣ
Бо тантанаи Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистони азизи мо айёми гулшукуфт, замони суруру шодмонӣ даррасид ва барои бо илҳоми саршор ва камоли ифтихор сухан гуфтан шароити созгору деринтизор фароҳам омад. Дар ин замина адабиёти деринсолу баландпояи мо ба марҳалаи нав ворид гашт, ки яке аз махсусиятҳои он иртиботи қавию самарвор бо воқеият, бо тозатарин рухдодҳои замон ба шумор меояд. Хушбахтона, бо устуворгардии Ваҳдати миллӣ ҷараёни созандагию бунёдкорӣ дар кишвари маҳбубамон суръат афзуд ва ободонии Ватан ба ормони ҳамагонӣ табдил ёфт.
Бадриддин Ҳилолии хушбину некусуханро байтест чунин:
Ҳайф аст, ки ин гули шукуфта
Аз дидаи мо шавад нуҳуфта.
Албатта, ин ҳама ободкориҳои кишвар дар меҳвари нигоҳу андеша, баҳрабардориҳои аҳли қалами ҷумҳурӣ қарор гирифтанд ва асарҳои шоиставу баландпоя арзи ҳастӣ карданд. Бунёдкориҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, муқаддамтар аз ҳама, бо ибтикору ташаббус ва дастурҳои меҳанпарастонаи Пешвои миллат иртиботманданд. Ва барои ба миён омадани коргоҳу сохтмонҳои азим – неругоҳҳои барқи обӣ, шоҳроҳу нақбҳо, корхонаҳои пуриқтидор, боғҳову варзишгоҳҳои зебову муҳташам ва амсоли инҳо мусоидат карданд.
Бунёдкориҳо дар мафкураву зеҳни адибони мо такомуле ба вуҷуд оварданд ва тафаккури воқеъгароӣ дар онҳо вусъат ёфт. Фаъолияти аксари қаламкашон бо сиёсати созандаи замон ҷўр гашт ва осори дар ин замина эҷодшуда такя ба хештаншиносиву ифтихори миллӣ доранд.
Бисёр муҳим аст, ки адибони мо зимни инъикоси бадеии бунёдкориҳои замон иртиботро бо таърихи миллат, афкори ҳикматрези ниёгон гусаста накардаанд ва пайваста ёдовар аз он шудаанд, ки халқи тоҷик табиатан созандаву хушниҳоду тамаддунпарвар аст. Бунёдкориҳо дар кишвар ҳудуди мавзуъҳо ва тасвирҳои осори адибонро густариш бахшиданд, ки боиси бештар ғанӣ шудани муҳтавои адабиёт ва таҳкими ҷусторҳову бозёфтҳо дар он гардиданд, доираи жанрҳо низ густариш пайдо кард.
Албатта, мавзуи нав, мушоҳидаву баррасиҳои тоза дар забону тарзи баёни эҷодкорон низ бетаъсир намемонад.
Дар бозтоби комёбиҳои Ватан ва раванди бунёдкориҳо адибони ҳаҷвнигор низ барканор намондаанд. Бо маҳкум кардани нотавонбинону зиёноварони ҷараёни ободонии кишвар ва танқиди шадиди ин тоифа дар ҳаҷвиёти хеш онҳо ба суръатафзоиҳо ва бегазандии бунёдкориҳо дар диёри арҷмандамон ҳиссагузорӣ мекунанд. Як адиби ҳиҷогўямон дар ҳаҷвияе меоварад, ки шахсе пас аз ҳамагӣ се соли ҳиҷрат ба зодгоҳаш – шаҳри Душанбе бармегардад.
Чун даъвои «панҷ панҷаам барин медонам Душанберо», ки дошт, аз касе напурсида, ба маҳалли дилхоҳаш рафтан мехоҳад ва ба манзараву муҳити дигаргунаву пуршукўҳ бархўрда, раҳгум мезанад ва меандешад: Шояд ман ба Душанбе не, ба ягон шаҳри рушдёфтаи кишвари дигаре афтодаам?! Танҳо бо хондани шиоре дар танаи бинои 32 қабатае бо мазмуни «Душанбе – меҳвари бунёдкориҳо дар Тоҷикистон» дармеёбаду бовар ҳосил мекунад, ки ин ҷо, воқеан, Душанбест ва иқрор меоварад:
Аз хоб мебояд хест,
Париж не, ин Душанбест.
Ба ин гуна ҳазлу танзи малеҳ илҳом ба бунёдкорони Ватан мебахшанд адибоне, ки қалами ҳаҷвиянавис дар даст доранд.
Абдурауф МУРОДӢ
Дарёи нур
Бо файзи Истиқлол кишвари мо рўз то рўз рушду нумуи тозае пайдо менамояд, нақбу роҳҳои нав, қасру кохҳои наве бунёд мегарданд. Замони истиқлоли кишвар замони гулшукуфтанҳо, пешрафтанҳо, сохтанҳост. Бо боварии комил метавон гуфт, ки яке аз файзҳои истиқлол сохтану бунёд кардан аст. Адибони тоҷик низ кўшиданд ин дастоварди таърихиро дар нигоштаҳои худ ҷой диҳанд. Мардуми тоҷик аз ин фурсат пурсамар истифода намуда, тавонист ватани худро ба хишти ҷони хештан бисозад. Тоҷикистон дар як муддати кўтоҳ тавонист ба ин муваффақият ноил гардад.
Дар радифи адибони дигар адибоне, ки барои бачаҳо менависанд тавонистанд барои онҳо ҳикоя, достон, шеърҳои хуб дар ин замина биёфаранд ва хонандаи хурдсолро дар руҳияи меҳнат кардан, дўст доштани Ватан, сохтану обод кардан тарбият намоянд.
Дар адабиёти кўдаки замони истиқлол ин мавзуъ то андозае матраҳ гардидааст. Адибон Убайд Раҷаб, Юсуфҷон Аҳмадзода, Латофат Кенҷаева, Сайқал Самеъзода, Муҳаммад Ғоиб, Муродалӣ Собир ва дигарон ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намудаанд. «Роғун»-ро барҳақ иншооти аср унвон додаанд. Зеро Роғун аз соири иншооти дигар аҳаммияти бештаре дорад. Аз ин рў, вақте сухан аз иншооту ободкориҳо сухан меравад, пеш аз ҳама НОБ-и Роғун пеши назар меояд. Дар бораи Роғун асарҳои зиёде дар адабиёти тоҷик рўйи кор омаданд.
Достони “Роғун”-и адиби маъруфи бачаҳо Убайд Раҷаб бисёр самимӣ, дилрас эҷод гардидааст. Достон дар бораи сафари падару писар ба Роғун аст. Писар мехоҳад мисли падараш бинокори Роғун гардад.
Достон бо чунин мисраъҳо оғоз гардидааст:
Бахти ман, ҷўра, хандид,
Толеи ман омад кард,
Падарҷонам аз Норак
Маро ба Роғун овард.
Тасвири табиати Роғун» дар асар бисёр равшан аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар адабиёти кўдак достони “Роғун”-и Убайд Раҷаб яке аз беҳтаринҳо ба шумор меравад. Баъзе аз навиштаҳо бо гузашти солҳо аҳаммияти худро аз даст медиҳанд, вале достони мазкур, баръакс, рўз аз рўз аҳаммияти бештаре касб мекунад.
Шеъри “Роғун” навиштаи Юсуфҷон Аҳмадзода буда, дар қолаби тарона эҷод гардидааст. Шоир Роғунро дарвозаи Шарқ ва дарвозаи барқ хонда, ояндаи онро дунёи нур, дарёи нур медонад:
«Роғун» саломи
Овозаи Шарқ!
«Роғун» саломи
Дарвозаи барқ!
Оянда «Роғун»
Дунёи нур аст.
Оянда «Роғун»
Дарёи нур аст
Таронаи мазкур равону хушоҳанг буда, барои суруд матни бисёр муносиб аст.
Шеъри тозаи Муҳаммад Ғоиб, ки ба «Роғун» бахшида шудааст, “Афсонаи нав” унвон дошта, дар бораи корномаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, лаҳзаи ба булдозер нишастан ва пеши дарёи Вахшро бастан тасвир ёфтааст. Ин лаҳзаро бори нахуст дар шеъри адабиёти кўдак Муҳаммад Ғоиб ворид намудааст:
Ин куҳанафсона нест,
Аз мурғи белона нест.
Аз хирсу аз асал нест,
Аз зиракии кал нест,
Афсонаи навин аст,
Аз Вахши хашмгин аст.
Афсонаи Роғун аст,
Қиссаи пурмазмун аст.
Васфи марди ҷасур аст,
Дар ҳама ҷо машҳур аст.
Дар булдозер нишастаст,
Пеши дарёро бастаст.
Шеъри “Афсонаи Роғун”-и Сайқал Самеъзода аз баъзе ҷиҳатҳо ба шеъри Муҳаммад Ғоиб монандиҳое дорад.
Ақидаи гузаштан аз афсонаи қадим ва рў овардан ба афсонаи навро, ки афсонаи Роғун аст, дар ду шеър дидан мумкин аст. Порае аз шеъри Сайқал:
Гўям кунун афсонае,
Афсонаи фарзонае…
Аз бою хидматгор не,
Аз чўби сандалвор не.
Афсонае акнун шунав,
Афсона аз Роғун шунав.
Мавзуи бунёдкориҳо дар адабиёти кўдак бо мавзуи Роғун хотима намеёбад.
Адибони кўдак дар бораи дигар иншоот низ эҷод намудаанд. Дар ин ҷода Муродалӣ Собир пешсафтар аст. Мавсуф кўшиш ба харҷ додааст, ки дастовардҳои истиқлолро чи дар назму чи дар наср инъикос намояд. Дар ҳикояи “Кохи беназир” Муродалӣ Собир хонандаро ба сайри Кохи Наврўз мебарад, ки дар ҳақиқат кохи беназир аст. “Мўйсафеди Солеҳ бо дидани манзараи берунии кох бовар кард, ки дар ҳақиқат ин Тоҷмаҳали Ҳиндустон нею “Тоҷмаҳали Тоҷикистон” аст”. Хуб мебуд муаллиф номи ҳикояро “Тоҷмаҳали Тоҷикистон” мегузошт.
Дар бораи Бурҷи Истиқлол, ки дар Майдони Истиқлол қомат афроштааст, ягона шеъре, ки дастраси мо гардид аз Муродалӣ Собир аст. Шеър бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад:
Эй бурҷи Истиқлоли мо,
Эй давлату иқболи мо,
Дар шоҳроҳи зиндагӣ
Уммеду истиқболи мо.
Гарчанде адибони кўдак барои бозтоби дастовардҳои истиқлол, бунёдкориву созандагӣ кўшиш ба харҷ дода бошанд ҳам, суханҳои ногуфта зиёд аст. Мутаассифона, адибони кўдак камтар ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намудаанд. Дар осори баъзе аз адибон дар бораи бунёдкориҳо аслан ишорае мавҷуд нест. Яке аз талаботи шеъри имрўз инъикоси замон дар шеър аст, ки мутаассифона, аз ҷониби баъзе аз адибон риоя намешавад.
Бозтоби бунёдкориҳо дар шеър барои мухотабони хурдсол дарси худшиносиву созандагӣ аст, ки онҳоро дар роҳи дўст доштани Ватан, меҳнату ободкорӣ тарбият мекунад.
Насимбек ҚУРБОНЗОДА



