Аз Панҷ то Днепр
Ба муносибати 60-солагии достони «Мавҷҳои Днепр»
Шаст сол пеш, соли 1966, яке аз достонҳои лирикӣ-эпикии Шоири халқии Тоҷикистон устод Муъмин Қаноат «Мавҷҳои Днепр» таълиф ёфтааст. Ба муносибати ин санаи муҳим рӯзи 3-юми июн дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили илмиву адабӣ баргузор гардид, ки дар он адибону донишмандон суҳбатҳо оростанд.
Нахуст дар бораи ин достон, ки ситоишномаи руҳи баланди меҳанхоҳию инсонгароӣ ва дӯстии беназири байни миллатҳои шуравӣ буда, муаллифро дар Иттиҳоди Шуравӣ ва берун аз он шуҳрат бахшидааст, гардонандаи маҳфил, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Толиби Луқмон андешаҳояшро чунин баён дошт:
– «Мавҷҳои Днепр» достони арзишманду аз ҳар назар мондагори адабиёти муосири мост, ки дар эҷодиёти муаллиф аз ҷиҳати ҳаҷму муҳтаво ва дарунмоя нисбатан бузургтар мебошад. Он баъд аз достонҳои устод Мирзо Турсунзода ва баъзе достонҳои шоирони ҳамнасли ӯ нақши чашмгире дар рушди шеъри муосири мо гузоштааст. Барои офарандааш яке аз таҷрибаҳои нахустин дар достоннигорӣ буда, заминаи муносибе барои эҷоди достонҳои дигараш, аз қабили «Суруши Сталинград», «Ситораи Исмат», «Гаҳвораи Сино», «Тоҷикистон – исми ман» ва ғайра ба шумор меравад.
Ба гуфтаи Толиби Луқмон, ин достон, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳатҳо қобили мулоҳиза аст, ки бо вусъат, муҳтаво, тасвир, нигаришу нигориши шоирона, забон ва ҳатто шаклу қолаб аз достонҳое, ки қаблан ба миён омада буданд, тафовутҳои зиёд дорад. Бо муроҷиат ба рӯди Панҷи худамон оғоз мегардад ва то дарёи Днепр мерасад ва аз Панҷ то Днепр ҳамоҳангӣ, ҳаммаъноии руҳиву маънавиву отифие байни мардуми мо ва мардуми шуравӣ эҷод мешавад, ки аз назари фалсафӣ ҳам ҷолиби диққат аст. Дар ин ҷо ҳамон ҳамдастиву ҳамдилӣ ва ваҳдати назариву ғоявии миллатҳои шуравӣ ба таври барҷаста аксандоз шудаанд.
Тавре ки номбурда таъкид намуд, «Мавҷҳои Днепр» дар тафовут аз достонҳои дигар гардишҳову қолабшиканиҳои хосро дорост. Хусусан, дар забон. То ҳадде омезиш ба шеъри нимоӣ ҳам дорад. Муаллиф бо достонҳояш пешоҳангу пештози шеъри нимоӣ дар кишвари мо дониста мешавад.
Сипас маърузаи шоир ва пажуҳишгар Рустами Аҷамӣ дар мавзуи «Истифодаи Муъмин Қаноат аз фолклор дар достони «Мавҷҳои Днепр» пешниҳоди иштирокдорони маҳфил гардид ва баъд аз он Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода таъкид намуд, ки «Мавҷҳои Днепр» муқаддимаи фаъолияти Муъмин Қаноат дар достонсароӣ гашт. Ин асар нишонаи барҷастаи тамоюли ӯ барои нав кардани таркиби достон ҳам буд. Аввал ин ки шеъри навро муаллиф ба достон овард ва он чиро, ки бо қолаби нимоӣ маъруф шуда буд, бори аввал дар достон таҷриба намуд. Чунки ҳамзабонони мо, мутаассифона, дар Эрону Афғонистон достоннависиро тарк карданд. Аз суннати хубе, ки дар адабиёти ҳазорсолаамон ҷойгоҳи баланд дошт, фаро рафтанд. Албатта, достонгунаҳое рӯйи кор омаданд, мисли манзумаи «Ораши Камонгир»-и Сиёвуши Касроӣ.
Муъмин Қаноат, ки суннати достонсароиро баъд аз устод Турсунзода, Ғаффор Мирзо ва дигарон идома дод, эҳсос кард, ки дигар достони мо бо он шакле, ки дорад, бо он ки мисли собиқ, монанди ҳамеша аз як хатти сужа оғоз шуда, мусалсал, якнавохт ва якмаром идома пайдо мекунад ва ба анҷом мерасад, наметавонад диққати хонандаро ба тамомӣ ҷазб намояд. Агарчи ба ин таркиб ҳам достонҳои хуби Турсунзода ва дигаронро дорем.
Чунонки донишманд афзуд, Муъмин Қаноат пуле сохт байни таркиби баллада ё силсилаи шеър ва достон. Ва як кори муҳандисиро ба сомон расонд. Дар давраи ҳукумати реализми сотситалистӣ аз унсурҳои маҷозӣ ва символизм истифода бурд. Бо ташхиси мавҷ онро ҳамчун унсури пайвандсози байни бахшҳои достон қарор дод. Албатта, ин иқдом тасодуфӣ набуд. Ин ҳаракати мавҷҳо муттасил буда, бозгӯкунандаи зиндагӣ аст. Мавҷе, ки бандҳои достонҳоро ба ҳам пайванд мекунад, худи зиндагӣ ва ҳастӣ мебошад. Мавҷи об, оҳан, пӯлод, нур, мавҷ дар пешонии поки Тарас, мавҷи бародарӣ. Ин мавҷро Муъмин Қаноат натанҳо дар тасвирҳое, ки дар достон медиҳад, ҳамчунин дар оҳангу сабк ва ҳатто вазни шеър ошкор мекунад. Хусусан, «Мавҷи бародарӣ» бисёр барҷаста рӯйи кор омадааст. Пайвастагии унсури рамзии достон, ки мавҷ аст, оҳанги достон бисёр барҷаста гаштааст. Агарчи он дард дорад, вазни гӯшнавозу дилнавозу хушбинона шукӯҳи дигараш мебахшад.
Дар ин достон танҳо ситоиши Днепр нест, балки корномаи таърихии миллати тоҷик ҳам ҳаст, ки дар достони «Суруши Сталинград» ба авҷи қулла мерасад.
Мувофиқи хулосаи Рустам Ваҳҳобзода, Муъмин Қаноат ба воситаи ин достон дар оғози фаъолияти эҷодӣ натанҳо як қадами баланде дар истеҳкоми шеъри нав ва достони нав гузошт, балки боз дурнамои ғоявии коргоҳи эҷодии худ ва бисёре аз шоирони баъдинаро таъйин кард.
Дар идомаи маҳфил сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо низ суханронӣ карда, аз ҷумла, чунин гуфт: «Муъмин Қаноат ба ҳайси як шахсияти миллӣ дар ҳар асаре, ки навиштааст, гавҳари миллиро ҳифз кардааст. Мавҷ ҳам яке аз образҳову символҳои бузурги адабиёти классикӣ ва муосири мо буда, онро мо ҳамеша ҳамчун рамзи ҳаёт, ҳаракат ва пӯёӣ медонем. Бедил нигоштааст:
Мо зинда аз онем, ки ором надорем,
Мавҷем, ки осудагии мо адами мост.
Бино бар ин, мавҷ задани Днепр ҳам ба маънои физикӣ ва ҳам ба маънои маънавӣ дар он муҳити ҷангу марг рамзи ҳаёт ва идомаи ёфтани зиндагист. – Муҳити миллӣ, забон ва фолклори мардумӣ дар достон қобили қадрдонии алоҳидаанд. Рӯйи Катеринаро чун гули наврӯзӣ гуфтан тасвири сирф тоҷикӣ ва аз маҳалли тоҷикӣ бархостааст. Ҳол он ки Катерина аз Украина буд. Ё ин ки дар достони «Мавҷи бародарӣ» таркиби «чанори соябон» истифода шудааст. Чанор шоҳдарахти тоҷикӣ ва ин образ ҳам тоҷикӣ буда, ба бузургону паҳлавонон нистбат дода мешавад, – гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо. Тибқи суханони ӯ, муаллиф тамоми таърихи миллатро медонист ва маҳз сатҳи шахсӣ ва маърифатии баланд доштанаш сабабгори эҷоди чунин достонҳоянд.
Барои ҳамин худаш гуфта:
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд,
то чунин достони муҳташам суруда шавад.
Арзиши адабиву забонӣ ва ҳунариву зебоишиносии достон низ қобили нигоҳи жарф аст.
Абдуллоҳи Раҳнамо дар хотимаи суханони худ ғояи сулҳпарваронаи Турсунзода ва идеяи зиддиҷангии Қаноатро умумибашарӣ дониста, аз он ёдоварӣ намуд, ки имрӯзҳо дар ҳоле, ки баъзан нақши тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ камранг нишон дода мешавад, достонҳои Муъмин Қаноат, аз ҷумла, «Мавҷҳои Днепр» бештар ба дард мехуранд.
Профессор Шарифмурод Исрофилниё Муъмин Қаноатро дар шумори шоирони классике чун Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз шоири устурасоз унвон карда, илова намуд:
– Агар Муъмин Қаноат достонсароии маъмулиро давом медод, ин қадар маҳбуб намегардид. Барои ҳамин навгониҳо кард. Лирикаро аз ғазал ба достон кӯчонд. Дар баробари шукӯҳи ҳамосаро нигоҳ доштан, суннатҳои классикиро идома бахшид. Муҳити тоҷикиро бо муҳити Украина ҷӯр кард. Муъмин Қаноат бо он бузургӣ танҳо ба мо марбут набуда, шоири ҷаҳонӣ низ ҳаст.
– Солҳои 70-80 вақте ҳар достони Муъмин Қаноат нашр мешуду ба русӣ тарҷума мегардид, мавзуи баҳси ҷиддии матбуоти Маскав мегашт, ки ифодагари дар сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷаҳон шоири қолабшикан будани ӯ буд, – изҳор намуд зимни суҳбат адабиётшинос Шамсиддин Солеҳ. Номбурда иброз дошт, ки муҳимтарин фазилати достонҳои устод ин аст, ки ин жанрро аз қолаби романи манзум (дар фаҳмиши аврупоӣ) озод кард. Ҳар як суруш мушкил ва мавҷ шеъри алоҳидаро низ мемонад. Ӯ тафаккури ҳамосии суннатиро бо тафаккури лирикӣ ва андешаҳои башарӣ омезиш дод ва дар як қолаби нав ҳунари комилан нави достоннависиро мерос гузошт.
Муҳаққиқ пешниҳод кард, ки бояд ҳар як достони Муъмин Қаноат аз ҳар нигоҳ ҷудогона баррасӣ шавад. Ӯ дар достонҳояш андешаҳову паёмҳои бузург дорад, ки аз шахсияти барҷаста буданаш сарчашма мегиранд.
Мудири бахши нақд ва адабиётшиносӣ Муҳриддин Сабурӣ аз он гуфт, ки руҳияи андешаҳои ҳамосӣ доштани устод Қаноат буд, ки ин силсилаи шеърҳоро ба сурати достон пешкаши хонанда кардан хост. Пеш аз ба шакли як достони мукаммал нашр шудани «Мавҷҳои Днепр» бахшҳои алоҳидааш ба табъ расидаанд.
Муаллиф ҷое ишора кардааст, ки достони «Панҷи ноором»-и Мирсаид Миршакар дар пайдоиши ин достон таъсиргузору ангезабахш буд. – Қасди муаллиф бо нигоҳи баланд, бо достонҳояш парвози густурда кардан дар паҳнои адабу фарҳанги умумииттифоқӣ буд. Ӯ шеърро дар маҳдудаи хонандаи тоҷик дидан намехост. Рисолати шоирияш бо рисолати шоирии Мирзо Турсунзода монандӣ дошт, – ишора намуд муҳаққиқ.
Дар охири маҳфил шоираи шинохта Адибаи Хуҷандӣ суханронӣ намуд ва ин андешаҳоро ба самъи ҳозирин расонид:
– Мо бояд ба эҷодиёти адибони бузургамон, аз ҷумла, ба шеъру достонҳои устод Муъмин Қаноат нигоҳи амиқ кунем ва баҳраи дақиқ бардорем.
Гуфта шуд, ки ин достон чун дигар достонҳои устод Муъмин Қаноат барои дар роҳи муҳофизати Ватан тарбия кардани насли наврасу ҷавон хидмат менамояд.
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН



