Адибон дар муҳити кӯдакон

 Адибон дар муҳити кӯдакон

Дидору суҳбати адибон Муродалӣ Собир, Шаҳрия Аҳтамзод ва Раҳмат Назрӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» бо бачагону наврасон хотирмону самимӣ буд.

Сарвари муассиса Идигул Нусратуллозода ҳузури меҳмононро ба чорабинии идона эҳтироми хосса нисбат ба кӯдакон дониста, гуфт, ки онҳо гулҳои ҳаёт, неъмати зиндагӣ, идомабахши роҳи пуршарафи калонсолон ва умеду фардои миллатанд. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ин қишри ҷомеа, фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагӣ, ҳифзи саломатӣ, таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб мешавад.

Таъкид шуд, ки ҳар як кӯдак ҳақ дорад дар муҳити пур аз меҳр, эҳтиром ва имкониятҳо ба камол расад. Барномаи фарҳангии ба ин муносибат мураттабшуда, ки кӯдакон бо ҳунару истеъдоди умедбахши хеш рангин карданд, ба ҷамъомад ҳусни тоза бахшид.

Дигар хабарҳо