Номаи шодбошии ИНТ ба адиб Сайид Раҳмон
Адиб ва журналисти шинохта Сайид Раҳмон, ки бо очерку ҳикоя, қиссаву роман ва шеърҳояш ба хонандагон шинос аст, ба синни мубораки ҳаштоду панҷ расид. Ў аз адибони сермаҳсули мо маҳсуб меёбад. Муаллифи маҷмуаи ҳикояву қисса ва романҳо, аз қабили «Масъуди сипаҳсолор», «Шукронамарг», «Орзуе то ҷовидон», «Дунёи бевафо», «Зиндаҷудо», «Сафари паҳ», «Рустами Абдураҳим», «Дунё ба умед», «Хушбахти олам» ва ҳоказо мебошад.
Романи «Масъуди сипаҳсолор»-и нависанда, ки аз зиндагӣ ва муборизаи шахсияти машҳури кишвари Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ҳикоя мекунад, аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта шуд.
Ин асар бо хатти арабиасос дар Кобул ва баъди ба забони русӣ тарҷума шуданаш дар Русия низ ба табъ расид.
Хонандагон Сайид Рањмонро чун шоир низ мешиносанд.
Маҷмуаҳои шеъраш – «Сўзи дил», «Резаборони тарона», «Шуълаи шеър» низ ба табъ расидаанд ва чандин сарояндагон, аз қабили Давлатманд Холов, Сурайё Қосимова, Ҷумъахон Сафаров, ба онҳо оҳанг баста сароидаанд.
Сайид Раҳмон дастпарвари риштаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омўзгории Кўлоб аст. Баъди ба итмом расонидани донишкадаи мазкур чанд муддат ба сифати омўзгор дар мактабҳои миёна кор карда, сипас ба фаъолияти рўзноманигорӣ пардохта, ба ҳайси мухбири Радиои Тоҷикистон, радиову телевизион ва рўзномаҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон фаъолияти пурсамар доштааст.
Заҳматҳояш дар роҳи эҷод бо Ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудаанд.
Мо ҳамқалами хешро ба ҳаштоду панҷум баҳори умраш муборакбод намуда, барояш саломатӣ, саодати рўзгор ва комёбиҳо таманно мекунем!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



