• 22.09.2026

Номаи шодбошии ИНТ ба шоир Валиҷон Акбарӣ

 Номаи шодбошии ИНТ ба шоир Валиҷон Акбарӣ

Шоир ва омўзгори пуртаҷриба, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Валиҷон Акбарӣ ба синни мубораки 75 расид.
Валиҷон Акбарӣ муддате ҳамчун омўзгор дар яке аз мактабҳои шаҳри Бохтар, дар бойгонии зодгоҳаш шаҳри Истаравшан, дар шуъбаи маорифи ин шаҳр ва дигар ниҳодҳо кор кард.
Як муддат котиби масъули Бунёди забони форсии тоҷикӣ дар шаҳри Истаравшан низ буд.
Аз соли 2001 то кунун ба ҳайси омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики гимназияи рақами 5 фаъолият мебарад.
Китобҳои ашъори «Ганҷи ороста», «Сабзаи меҳр», «Ҷилваи андеша», «Шукуфаҳои сўзу соз», «Ҷавҳари хаёл» ва ғайра ба қаламаш тааллуқ доранд.
Шоири шинохтаро ба муносибати солҷашнаш муборакбод гуфта, ба эшон тандурустии комилу табъи шукуфон таманно мекунем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо